JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 12 Феврали 2020 14:54

Муҳаммадҷон Шакурӣ ва таҳқиқи таърихи худшиносии миллӣ

Муаллиф: Беков Дидавар

  Муҳаммадҷон Шакурӣ 30 октябри соли 1926 дар Бухоро, дар хонадони фозил ва маъруфи тоҷик Шарифҷон Махдуми Садри Зиё (вафоташ соли 1932) ба дунё омадааст. Соли 1945 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии омӯзгории Душанберо хатм ва дар Донишгоҳҳои давлатии омӯзгории Кӯлобу Душанбе муаллимӣ кардааст. Баъди хатми аспирантура соли 1951 солҳои тӯлонӣ дар Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ фаъолият намудааст. Баъдан, раиси Кумитаи истилоҳоти назди фарҳангистони улуми ҷумҳурӣ кор кардааст.

  Аз соли 1971 доктори илми филология, аз соли 1987 академики АИ РСС Тоҷикистон, аз соли 1996 узви пайвастаи Фарҳангистони забону адаби форсӣ (Ҷумҳурии Исломии Эрон) буд, барои пешрафти савияи маърифати фарҳангӣ, равнақи худшиносии миллӣ, ҳифзу такомули забони модарӣ, таҳкиму густариши равобити мардуми форсизабону ориёнтабор хизмати беназир карда, дар радифи фарзандони миллат мақоми сазовор ишғол намудааст.

  Асарҳояш аз нимаи дувуми солҳои 40-ум ба табъ расидаанд. Зиёда аз 400 мақола ва сиву панҷ рисолаи илмӣ чоп кардааст. Бисёр асару мақолаҳояш дар нашрияҳои бонуфузи Русия, Эрон, Афғонистон ва мамолики дигар ба табъ расидаанд. Дар ҷодаи интихоби парвариши олимони соҳибпеша ва муҳаққиқони ҷавони соҳа саҳми босазо гузоштааст. Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон соли 1991, Барандаи Ҷоизаи давлатии Тоҷикистон ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ соли 1994. Бо чандин мукофоти давлатӣ сазовор гардонида шудааст. Аз соли 1956 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст. Рузи 25 сентябри соли 2012 аз олам даргузашт [1, 289-290].

  Саҳми устод Шакурӣ дар риштаи Айнишиносӣ хеле бузург аст. Маҳз эшон эҷодиёти устод Айниро моҳиятан амиқ ва дурусту мунтазам ва бо муҳаббату эҳтироми шогирдона ба тадқиқ гирифтаанд ва онро дар ҳар мавриди муносиб ба сифати санги маҳаки адабиёти ҷадид ва забони сараву содаи тоҷикӣ пешкаши аҳли завқ менамоянд. Китобҳои ӯ “Садриддин Айнӣ (1978, бо ҳуруфи арабиасос), “Насри реалистӣ ва таҳаввулоти шуури эстетикӣ” (1986), “Садриддин Айнӣ-равшангари бузурги таърихи халқи тоҷик” (1998), “Сарнавишти форсии тоҷикии Фарорӯд дар садаи ХХ” (2003) шомили масоили муҳимми эҷодиёти устод Айнӣ ва саҳми вай дар фарҳанги маънавии нави мардуми тоҷик мебошад” [4, 5].

 Агар дар нимаи аввали қарни 20 устод Айнӣ ба илми адабиётшиносӣ ва публитсистикаи тоҷик таҳқиқи мавзӯи худшиносии миллии тоҷиконро ворид сохта, онро тарғибу ташвиқ карда ва ба ин васила ба афкори нави миллии тоҷикӣ асос гузошта бошад, пас ба эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки устод Шакурӣ дар чаҳоряки охири қарни гузашта ва аввали қарни ҳозир таҳқиқ ва тарғиби мавзӯи худшиносии миллии тоҷиконро дар таҳқиқоти адабиётшиносӣ ва таълифоти публисистии худ идома ва инкишоф додааст.

  “Худро ба як миллат нисбат додан камаст, чун намояндаи миллат огоҳона амал кардан даркор аст”, -таъкид кардааст устод Шакурӣ. Ба қавли ӯ “худшиносии миллӣ ду ҷиҳат-ҷиҳати шахсӣ ва ҳамагонӣ дорад. Яъне вобаста ба он аст, ки аз як тараф ҳар шахс то чи андоза ба шинохти миллати худ расидааст ва аз ҷониби дигар, ҳама этнос (халқ) то чи дараҷа умумияти худ, ягонагии этникӣ, таърихӣ ва фарҳангии худро фаҳм кардааст”. Ва намунаи барҷастаи амалиёти огоҳона чун намояндаи миллат, хидмати бузурги худи устод Шакурӣ барои миллати хеш аст. Хидмат барои худшиносу худогоҳу хештаншинос кардани тоҷикон, зеро сарчашмаи пешрафти давлату миллати тоҷик (чун ҳар як давлату миллати дигар) аз худшиносу бомаърифат гардидани афроди он, аз ҳар як намояндаи он вобаста аст. Ба қавли аллома Иқбол:

Фард мегирад зи миллат эҳтиром,

Миллат аз афрод меёбад низом!

 Нафарони зиёде роҷеъ ба худшиносии тоҷикон гуфтаанду навиштаанд. Аммо ҳангоме кас бархе аз он навиштаҳоро мехонаду он гуфтаҳоро мешунавад, гумон мекунад роҷеъ ба худшиносиву худогоҳӣ, ношинохтаву ноогоҳона хома рондаанду ҳарфе гуфтаанд. Аз ин навиштаҳову аз ин гуфтаҳо набояд дар тааҷҷуб шуд, зеро дар радифи худшиносии дуруст, ба қавли устод Шакурӣ “. . . шинохти нодуруст, худшиносии носаҳеҳ низ ҳаст. Худшиносии нодуруст, номукаммал, яктарафа, рӯякӣ ва ғайра ҷамъиятро аз шоҳроҳи камоли маънавӣ ба канор мебарорад ва мумкин аст, ки ба кӯчаю паскӯчаҳои сарбаста барад”. Устод Шакурӣ дар осори худ, маҳз бо чунин “худшиносии нодуруст, номукаммал, яктарафа, рӯякӣ” дар талош шудаанд ва ба аҳли миллат, махсусан ба равшанфикрони имрӯз ҳушдор додаанд. Ба ин маънӣ, ки бояд бо роҳи дуруст, бо роҳи рост рафт, аз таърих сабақ гирифт, он гоҳ ба мақсад хоҳем расид.

 Дар понздаҳ-бист соли охир муаллифони зиёде ба ин мавзӯъ даст задаанд. Бештари муаллифон албатта ба ин мавзӯъ бо амри дил дахл намудаанд, бархе ба он сабаб, ки мавзӯи худшиносӣ ба мавзӯи “мӯд” ва рӯзмарра табдил ёфтааст. Вале бояд таъкид сохт, ки ҳеҷ нафаре дар давоми ин солҳо мисли устод Шакурӣ пайгирона, собитқадамона дар тарғиб ва асоснок кардани худшиносии миллии тоҷикӣ кӯшиш ба харҷ надодааст. Мавзӯи марказӣ, ба қавле санги бинои осори устод Шакурӣ, ки дар замони бозсозӣ ва баъдан даврони истиқлол таълиф шудаанд, худшиносиву худогоҳии миллии тоҷикӣ аст. Муболиға нахоҳем кард агар гӯем, ки устод Шакурӣ дар охири қарни 20 ва аввали қарни 21 ба афкори нави миллии тоҷикӣ ва таълимоти хоси миллии тоҷикӣ асос гузоштааст, мегӯяд муҳаққиқи тоҷик Масрур Абдулло [5, 259].

 Андешаи миллии тоҷикиро Шакурӣ дар китобҳои арзишманде, ки дар даҳаи навади қарни гузашта ва ибтидои қарни ҳозир ба табъ расонидаанд, асоснок кардаанд. Дар ин замина махсусан ду китоби устод-“Хуросон аст ин ҷо” (1997) ва “Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ” (1999)-ро бояд зикр кард. Ба китоби “Хуросон аст ин ҷо” шоири шаҳири тоҷик Лоиқ Шералӣ пешгуфтор навиштааст ва таҳти таъсири он, ба қавли худи шоир “аз баҳрае, ки аз тору пуди ин китоб гирифтааст”, яке аз беҳтарин ғазалҳояшро суруда буд, ки бо матлаъи “ҷон ба қурбони ту эй меҳани хунинкафан” оғоз мешавад.

 Агар бисёриҳо ба мавзӯи худшиносӣ баъди заиф шудани мафкураи коммунистӣ ва эълони бозсозӣ рӯ оварда бошанд, устод Шакурӣ ҳанӯз дар солҳои 60-70-уми қарни гузашта дар мақолаҳои илмӣ-адабӣ, дар ин ё он шакл, ба масъалаҳои худшиносиву худогоҳӣ дахл кардааст. Масалан, адабиётшиносон роҷеъ ба фаъолияти илмӣ-адабии устод Айнӣ мақолаҳои фаровон навишта буданд. Устод Шакурӣ ҳам ба осори адабиётшиносии устод Айнӣ зиёд муроҷиат кардааст ва дар бораи он осор таълифоти ҷудогона ҳам дорад. Фарқи таҳқиқоти ӯ аз дигар адабиётшиносони давр асосан дар он буд, ки вай ба осори адабиётшиносии устод Айнӣ бештар аз дидгоҳи проблемаҳои худшиносии миллии тоҷикон назар афкандааст. Аз ҷумла, яке аз мақолаҳои эшон, ки ба фаъолияти илмии устод Айнӣ бахшида шудааст, чунин унвон дорад: “Фаъолияти илмии устод Айнӣ ва худогоҳии миллии меҳнаткашони тоҷик” (1978). Дар замоне, ки ағлаб роҷеъ ба худшиносии синфӣ ва ё иҷтимоӣ ҳарф мезаданд, устод Шакурӣ дар радифи худшиносии синфиву иҷтимоӣ оид ба худогоҳии миллӣ, истиқлоли миллӣ ва сиёсӣ, худшиносии таърихӣ, ҳофизаи таърихӣ, ифтихори миллӣ, эҳёи миллӣ низ сухан меронд. Ба мақому манзалати тазкираи “Намунаи адабиёти тоҷик” баҳо дода устод Шакурӣ менависад: “... ин китоб дар пешрафти худшиносии таърихии халқи тоҷик ва худогоҳии миллии меҳнаткашон такони ҷиддие гардид”. Ё ба фаъолияти илмии устод Айнӣ дар маҷмӯъ чунин баҳо медиҳад: “Донишҳои амиқ ва фаровони устод Айнӣ, аз таърихи халқи худ, аз сарватҳои чандинасраи маданият, адабиёт ва забони тоҷикон ҳамаҷониба огоҳӣ доштани ӯ ба сифати як силоҳи буррои муборизаи ҷамъиятӣ амал карда, дар протсеси бедории иҷтимоӣ ва худогоҳии миллии тоҷикон чун як омили муҳим бевосита иштирок намуд”. Дар мақолаи “Бобои пуршарафи халқи тоҷик” (1980) хидматҳои устод Айниро чунин қадр кардааст: “Устод Айнӣ яке аз сарварони бузурги он муборизае буд, ки партияи коммунистӣ аз аввали солҳои бист ба муқобили пантуркизм, аз ҷумла дар роҳи устувор кардани истиқлоли миллӣ ва сиёсии халқи тоҷик давом додааст. Барои он ки халқи тоҷик худро ба сифати як узви баробарҳуқуқи хонадони азими халқҳо шиносад ва вазифаи худро дар бунёд кардани таърихи нави башарият амиқ фаҳмад, аз ҳама пеш лозим буд, ки кӣ будани тоҷикон ва чигунагии сарнавишти таърихии онҳо ба худашон фаҳмонда шавад. Худшиносии иҷтимоиву таърихӣ ва ифтихори миллӣ аз муҳимтарин шартҳои ташаккули миллати сотсиалистии тоҷик буд”. Дар поёни мақола фикри худро ин тариқ ҷамъбаст кардааст: “Оё хизмати бузурге, ки шайхурраис Ибни Сино дар замони советӣ барои худшиносии иҷтимоӣ ва таърихии тоҷикон ва худогоҳии миллии заҳматкашони тоҷик, барои устувор шудани ҳиссиёти озодихоҳиву ватандӯстӣ ва ифтихори миллии онҳо иҷро кард, пеш аз ҳама бо ғайрату ҳиммати устод Айнӣ иҷро шуд” [5, 258-261].

 Устод Шакурӣ мафҳумҳои худшиносӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ-ро аксаран, чун мафҳумҳои ҳаммаъно ба кор бурдааст. Вале бештар вожаи худшиносиро истифода кардааст. Кам-кам аз вожаи ҳувийят, ки солҳои охир аз забони форсии Эрон ба забони форсии тоҷикӣ интиқол ёфтааст, низ истифода кардааст. Вай худшиносии миллиро пеш аз ҳама як мафҳуми маънавӣ меҳисобад ва худшиносиро чун “роҳи асосии ба маънавият расидани инсон ва ҷомеа” медонад. Сониян, ба андешаи ӯ худшиносии миллӣ ба худшиносии шахсӣ бастагӣ дошта, ин ду падида ба ҳам робитаи зич дорад:

 “Худшиносии шахси алоҳида ва худшиносии ҷомеа сахт вобастаи якдигар аст. Чунонки шахс бояд худро бишносад, тамоми ҷомеа ҳам бояд аз аҳволи худ, аз моҳияти ҳастии худ огоҳ бошад.

 Худшиносии миллӣ ҳам ду ҷиҳат-ҷиҳати шахсӣ ва ҳамагонӣ дорад. Яъне вобаста ба он аст, ки аз як тараф ҳар шахс то чи андоза ба шинохти миллати худ расидааст ва аз ҷониби дигар, ҳама этнос (халқ) то чи дараҷа умумияти худ, ягонагии этникӣ, фарҳангӣ ва таърихии худро фаҳм кардааст”.

 Ҳарчанд устод вожаҳои худшиносӣ ва худогоҳиро бештар чун мафҳумҳои ҳаммаъно ба кор бурдааст, дар баъзе мавридҳо онҳоро ба ду мафҳум ҷудо намуда, зикр кардааст, ки “худогоҳӣ пояи баландтари худшиносист. Худшиносӣ як раванди мураккаби маънавӣ, кам-кам худро ва дунёро шинохтани инсон, марҳала ба марҳала моҳияти ҳастиро фаҳмидани ӯ бошад, худогоҳӣ натиҷаи ҳамин раванд аст, аз тарафи инсон дарк шудани моҳияти ҳастӣ мебошад, ки аз аввали худшиносӣ сар шуда як умр давом мекунад. Худогоҳии миллӣ чун муҳимтарин омиле ҳастии маънавии шахс ва халқро устувор карда, сари ифтихори инсонро баланд мебардорад, бозҷустҳои маънавию ахлоқии шахс ва ҷомеаро амиқ мебарад, миллатро ба пешрафт сафарбар менамояд...

 Мафҳуми худшиносӣ дар фарҳанги тоҷикон вуҷуд дошт, аммо бештар ба маъниҳои олии диниву ирфонӣ, ки шахс бояд аз тариқи худшиносӣ ба худошиносӣ бирасад [5, 262].

 Масъалаи бунёди давлати миллӣ, яке аз масъалаҳои муҳимми давлатҳои навистиқлол мебошад. Бо назардошти таърихи ташкили Тоҷикистон дар солҳои бистуми асри гузашта, барои давлати тозаистиқлоли мо ин масъалаи муҳимтарин аст. Бархе аз давлатҳои навистиқлол ҳанӯз дар даврони шӯравӣ мустақилияти бештари миллии фарҳангӣ доштанд, шуури миллии мардумонаш шакл гирифта буд, мисли ҷумҳуриҳои назди Балтик, Гурҷистону Армагистон ва аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ бештар Ӯзбекистон. Ин ҷумҳуриҳо забонҳои миллии худро то имкон доштанд дар ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷомеа истифода мекарданд, хатти онҳо кириллӣ набуд (ғайри Ӯзбекистон, ки баъди ба даст овардани истиқлолият дарҳол хатти лотиниро ҷойгузини кириллӣ намуд) ва ғайра. Табиист ки маҳз онҳо (махсусан ҷамоҳири назди Балтик) барои пош хӯрдани ИҶШС саҳми зиёд доранд ва баъди ба даст овардани истиқлол тавонистанд дар андак муддат давлатҳои миллии худро барпо кунанд. Он миллатҳо, бавежа равшанфикрон ва элитаи сиёсии онон омодаи ташкили давлати миллӣ буданд. Имрӯз баъди 15 соли аз байн рафтани императории ИҶШС инро метавон ба мушоҳида гирифт.

 Вале аз аввали сиёсати бозсозӣ ва баъдан бо ба даст овардани истиқлолияти муфт, ки имсол понздаҳ соли расо аз он сипарӣ мешавад, то ҳол давлати миллӣ дар Тоҷикистон ба пуррагӣ шакл нагирифтааст ва то ҳол мо роҷеъ ба оддитарин қазияҳое, ки дигарон кайҳо онро ҳал кардаанд, масалан оид ба зарурати ҷорӣ кардани забони давлатӣ ҳарф мезанем. Ба андешаи устод Шакурӣ чунин ҳолат сабабҳои ҷиддӣ дорад: “Мутаассифона шароити мустамликавӣ имкон надод, ки шуури сиёсии тоҷикон камол ёбад, тафаккури сиёсии онҳо ба дараҷаи кофӣ рушд кунад. Шароити номусоид ва гоҳ тоқатнопазири истеъмор, маънавиятзудоӣ ва миллияткушӣ боиси он шуд, ки ҳеҷ яке аз навъҳои шуури иҷтимоӣ ва шуури маънавӣ дар ҷомеаи тоҷикон барои рушд заминаи кофӣ пайдо накард ва худогоҳии миллӣ ба ҳолати норасидагӣ монд, миллияти тоҷикон камол наёфт, аз ҷумла фарҳанги сиёсӣ боло нарафт”. Ҷанги шаҳрвандӣ ки дарҳол баъди истиқлол сар зад ва чанд соле идома дошт, раванди ташаккули давлати миллиро ақибтар афканад. Ба ҳамин хотир, ташкили давлати миллӣ дар Тоҷикистон, ба ақидаи устод Шакурӣ ва ҷонибдорони ӯ яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа мебошад ва “тоҷикон дар остонаи қарни 21 бештар аз баъзе миллатҳои дигари собиқи шӯравӣ эҳтиёҷ ба давлати миллӣ доранд”, зеро “ташаккули мукаммали давлат бо устувор шудани давлати миллӣ имконпазир хоҳад буд ва миллатеро, ки ҳанӯз давлати хоси худро соҳиб нест, миллати комил наметавон ҳисобид. Ин аст, ки таъсиси давлати миллӣ яке аз умдатарин шартҳои мавҷудият ва рушду камоли миллат аст ва миллате, ки барои худ давлати иқтидорманде барпо наовардааст, ҳастии миллии ӯ нимҳастӣ ва номукаммал мебошад” [5, 266-268].

 Дар маҷмуъ М. Шакурӣ яке аз зиёиёне буд, ки андешаи мустақил дошт ва дар нисбати мушкилоти ҷомеаи худ назари шахсии худро изҳор мекард. Ӯ чигунае, ки масъаларо мефаҳмиду дарк мекард, ҳамон тавр онро ба хонандагон пешниҳод мекард. Ва ҳамзамон, ин андешаҳое, ки дар боло гуфта шудаанд, назар ва фикрӣ бикри устод М. Шакурӣ мебошанд.

 Беков Дидавар

Гузоришҳои  Академияи  илмҳои  Ҷумҷурии  Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №1 (005)

Адабиёт

 

  1. Адибони Тоҷикистон. Таҳия ва танзими Асрори Сомонӣ ва Маҷид Салим. Душанбе, “Адиб” 2014. -319с.
  2. Ашуров Г. Философия эпохи Саманидов. -Душанбе: Ирфон, 2006.
  3. Гулмуродзода П.. Забонва худшиносии миллӣ. –Душанбе 2007.
  4. Мамадшо Илолов. Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ. Аз китоби Абармарди илму фарҳанг. Мураттиб: Абдухолиқи Набавӣ. Душанбе “Дониш”-2006. -367с.
  5. Масрури Абдуллоҳ. Устод Муҳаммадҷони Шакурӣ ва андешаи миллӣ. Аз китоби Абармарди илму фарҳанг. Мураттиб: Абдухолиқи Набавӣ. Душанбе “Дониш”-2006. -367с.
  6. Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Инсонгароии омӯзиш ва забони миллӣ. –Душанбе 2002. -148с.
  7. Муҳаммадҷон Шакурии Бухороӣ. Садри Зиё. –Душанбе: Деваштич, 2005.
  8. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист. –Душанбе 2006. -455с.
  9. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Фитнаи инқилоб дар Бухоро. Аббос Алиев. -Душанбе, “Шуҷоиён” 2010. -139с.
  10. Саҳобиддини Сиддиқӣ. Садри Зиё ва тазкираҳои ӯ. –Душанбе 2010. -200с.
Хондан 1924 маротиба