JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 13 Феврали 2020 06:22

Пайдоиши истилоҳ ва ақидаҳои “Шуубӣ”

Муаллиф: Беков Комилҷон

 Калимаи шуубия ба таври умумӣ номи ҷунбишест, ки мӯътақид ба фазилат ва бартарии араб бар соири ақвоми олам нест ва ба таври хос иборат аз фирқаест, ки душмани аслу насаби араб аст ва ин қавмро пасттарин ақвоми олам мешуморад ва аслу насаби аҷамро бар араб афзалият медиҳад. Бинобар ин калимаи шуубия дорои се мавриди истеъмол аст, [15,c.67] ки дар боло онҳо номбар шуданд. Аз ин рӯ, таърифи истилоҳи шуубия дар адабиёти тафсирӣ ба таври гуногун шарҳу баён ёфтааст.

 Масалан, дар «ал-Иқд -ул-фарид» чунин омада: «аш-Шуубияту ва ҳум аҳлу-т-тасвия». Яъне: «Шуубия аҳли мусовот ва баробарианд».

 Дар китоби «Сиҳоҳ -ул-луға»-и Ҷавҳарӣ ва «Доират -ул-маориф»-и Бустонӣ зикр шудааст, ки «шуубия гурӯҳеанд, ки қоил ба бартарии араб бар аҷам нестанд» [12,198]. Дар «Фарҳанги араб ва фаронса» таълифи Б.Казимирский низ дар бораи лафзи шуубия ҳамин маънӣ ба кор рафтааст. Дар «Фарҳанги Анандроҷ» навишта шудааст: «Шуубӣ ба ду замима, он ки арабро ба аҷам тафзил наниҳад ва он гурӯҳро шуубӣ гӯянд» [20,195]. Ибни Ҳоҷиб дар китоби «ал-Изоҳ», ки шарҳи «ал-Муфассал»-и Замахшарӣ аст, дар таърифи калимаи «Шуубия» менависад: «Қавми мутаассибе ҳастанд, ки аҷамиёнро аз арабҳо болотар медонанд». Ибни Манзур чунин мегӯяд: «Шуубӣ касе аст, ки арабро ҳақир медонад ва барои ӯ бартарӣ нисбат ба дигарон қоил нест». Д.Б.Макдоналд ҳам дар «Доират-ул-маорифи ислом» таҳти унвони «Шуубия» ба гуфтаи Ибни Манзур истинод мекунад ва шуубияро гурӯҳе мешиносад, ки «худро дар баробари араб болотар ва бартар донистаанд ва нисбат ба араб тахфиф ва таҳқир намудаанд».

 Ҷоҳиз ва амсоли ӯ, ғолибан калимаи шуубияро бар душманони араб итлоқ мекунанд. Бинобар ин лафзи шуубия аз ҷиҳати маънии аслии луғавӣ мутаносиби тасвия (баробарӣ) ё инкори мутлақи фазилати араб аст. Ҳамон тавр душманони араб хоссатан онҳое, ки тавонистанд душмании худро ошкор кунанд, баъд аз аҳли мусовот зуҳур карданд. Номи шуубия ҳам, ки қаблан бар аҳли тасвия татбиқ мешуд, бар онҳо итлоқ гардид, ниҳоят ин ки чун дар замони Бани Умайя арабҳо нерӯманд ва ғолиб буданд, он гурӯҳ аз маволӣ, ки шуубимаслак буданд, ҷуръати изҳори ақида ва назар надоштанд ва ҳамин қадар мегуфтанд: «Мо толиби мусовот ҳастем» [22,513]. Орзуи онҳо ҳам ҳамин буд, ки бо арабҳо яксон бошанд. Чун ҷидол ва кашмакаш байни онҳо сахт шуд ва эрониён дар асри Хорун ар-Рашид ва Маъмун қудрат ва эътибори зиёде ёфтанд, ақидаи саввум, ки иборат аз таҳқири арабҳои нажодпараст буд, комилан ошкор гардид ва номи шуубия, ки махсуси аҳли мусовот буд, бар ҳар ду даста (аҳли тасвия ва шуубия) ниҳода шуд нисбат дода шуд ва иловатан душманони араб низ бештар ба номи «шуубия» маъруф шуданд [4,56].

 Е.А.Беляев ҳаракати шуубияро муборизаи идеологии мардуми ғайриараб (асосан эронитаборон)-и музофотҳои шарқии хилофат ба муқобили арабҳо арзёбӣ карда, пайравони онро муборизони баробарии ҳуқуқӣ бо арабҳо ва хатто афзалтар аз онҳо дар мақому манзалати фарҳангӣ медонад [8,c.195]. Як қатор олимони дигари рус калимаи «шууб»-ро муштақ аз матни Қуръон (сураи ХLIХ, ояти 13) қаламдод намуда, онро ҷараёни оппозитсионии халқҳои ғайриараби зери тасарруфи хилофати арабҳо қароргирифта талаққӣ кардаанд [18,c.77]. И.П.Петрушевский шуубияро наҳзати зиддиарабӣ ва ҷунбиши фарҳангии эронпарастона медонад [17,c.44].

 Бо ба сари ҳокимият омадани туркҳо дар кишварҳои исломӣ ҳаракати шуубия бо тасаввуф омехта гардид. Дар зимни тасаввуф ҳаракати шуубия худро бо истилоҳи «ринд» номгузорӣ кард. Истилоҳи «ринд» аз номи файласуф ва озодандеши Хуросон Ибни Ривандӣ гирифта шудаст, ки дар замони худ (асри VIII мелодӣ) ба муқобили Қуръон 114 китоб таълиф намуда буд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ ӯро бо номи Ибни Ровандии мулҳид низ ёдоварӣ намудаанд. Риндӣ ва риндигарӣ ба ибораи дигар рийвандигарӣ мебошад.

 Лафзи «шуубия» монанди «ровандия», «хуррамия», «қадария», «ҷаҳмия» ва амсоли онҳо, иборат аст аз фирқаи хос ва шакли занонаи калима ба муносибати фирқа ва ҷамоъат аст ва дар мавриди як нафар «шуубӣ» гуфта мешавад. Калимаи «Шуубӣ» - ба сиғаи ҷамъ ва бо тоъ-и нисбат – мансуб аст ба лафзи «Шууб», ки дар ин оят аз Қуръони Маҷид омадааст: «Эй мардумон! Шуморо аз марде ва зане офаридем ва ин ки шумо ба миллатҳо ва қабилаҳо тақсим шудаед, барои он аст, ки якдигарро бишносед (на барои тафохур ба нажод ва насаб), ҳамоно дар пешгоҳи худованд ҳар ки парҳезгортар аст, бузургвортар аст» [21,c.604-607]. Низ мегӯянд, ки калимаи «шуубия» аз шууб, ки ҷамъи «шаъб» аст, гирифта шуда ва «Шаъаб» иборат аз гурӯҳ ё қавму миллат аст, ки миқдораш аз қабила, тоифа ва ашира бештар аст. Зубайр Ибни Баккор мегӯяд: «Аввал шаъаб аст, дуюм қабила, сеюм амора, чаҳорум батн, панҷум фахз, шашум фасила» [2,57].

 Дар ин табақабандӣ навиштаҳои донишмандон ва луғатнависон бо якдигар ихтилоф дорад, лекин он чи ғолибан гуфтаанд, ин аст, ки лафзи «шаъаб» ба маънии қабилаи бузург ва ба таъбири Ҷавҳарӣ – соҳиби «Сиҳоҳ-ул-луға» абу-л-қабоил (падари қабилаҳо) аст, ки решаи ҳамаи қабилаҳо маҳсуб мешавад ва нисбати тамоми қабилаҳо бад-он мунтаҳӣмегардад. Баъзе гӯянд, ки мақсуд аз «шууб» дар ояти мазкур тавоифи Аҷам (эрониён) ва мақсуд аз «қабоил» тавоифи араб аст ва чун ҳавохоҳони Аҷам, дар ҳақиқат ҳавохоҳи шууб ва мухолифи қабоили араб буданд, ба номи «шуубӣ» ва «шуубия» номида шуданд. Олими мисрӣ Аҳмад Амин ин таъбирро дуруст намешуморад ва менависад: «Ин тафсир дар назари мо саҳеҳ нест, зеро арабҳо ҳангоми нузули ин оят, бад-он таъбир таваҷҷӯҳ накарда буданд» [5,c.58].

 Табарӣ бисёре аз ақоид ва ороъ, ки аз саҳоба ва тобеъин ривоят шуда аст, нақл карда ва ҳамаи онҳо гувоҳ ба ин аст, ки «шууб» иборат аст, аз насаби ниёгон ва қабоил ва бутун наздиктар аз он аст ва «шаъаб» гурӯҳи бузургтар ва қабила ҷамъоати камтар аст. Аз ин тафсир чунин бармеояд, ки шууб бояд аҷам ва қабоил бояд араб бошад ва ин сохтаи як нафар эронӣ аст. Мақсади ӯ бартарӣ додани эрониён бар арабҳо аст, аз ин роҳ, ки бо ин баён номи эрониён бар арабҳо дар Қуръон муқаддам (пештар) зикр шуда аст (шуубан ва қабоил). Ибни Қутайба мегӯяд: «Баъзе аҷамон лафзи «шууб»-ро дар ояти Қуръон ба тавоифи аҷам ва қабоилро ба тавоифи араб итлоқ карда мегӯянд: «Тақдим дар зикр далели фазилат ва тақаддуми рутбат аст. Ва чун «шууб» дар оят нисбат ба қабоил муқаддам омада, пас бояд эрониён муқаддам ва ё афзал бошанд. Ин далел аз ду назар саҳеҳ нест: яке ин ки муқаддам намудани лафз далел бар муқаддам будани рутбат нест, зеро дар Қуръони Маҷид чунин омада: «Ё маъшар-ал-ҷиннӣ ва-л-инсӣ» ва ҷинро бар инс (инсон) муқаддам дошта ва ҳол он ки инсон бартар ва болотар аз ҷин аст. Дуюм ин ки танҳо эрониён «шууб» нестанд. Балки ҳар қавмеро метавон шаъаб ва миллат гуфт ва арабҳо низ шуубанд» [7,c.59].

 Пайдоиши истилоҳоти ҳамаи илмҳо дар ибтидо сабабҳо ва иллатҳои муайяне доранд. Вале равиши рӯзгор ва муҳтавои ин ё он илм ба ин ё он истилоҳ маънои мушаххаси таърихӣ мебахшад. Истилоҳи «шуубия» низ тобеъи ҳамин қонуни умумии фарҳангӣ будааст.

 Замзамаи ақоиди шуубия аз охирҳои аҳди Умавӣ аз ҳамон вақт, ки Исмоил ибни Ясор дар ҳузури Ҳишом ибни Абдумалик мафохири эрониёнро мешумурд, оғоз шуд, вале дар он мавқеъ шахси халифа ва ҳамчунин соири тарафдорони араб комилан огоҳ буданд ва ба васоили мухталиф ин садоҳоро хомӯш мекарданд. Бад-ин ҷиҳат буд, ки даъвати шуубия аз оғоз бисёр пинҳону розгуна буд ва таърихи пайдоиши маслаки шуубияро ба ҳамин давра нисбат додан мумкин аст, ки минбаъд он бе сару садо пеш мерафт. Ба ҳамин сабаб Ҳошими Разӣ мӯътақид аст, ки ҳаракати шуубия аз ҳамон қарни якуми ҳиҷрӣ шурӯъ шуд ва арабу мусулмон дар ду ҷабҳа ба унвонҳои «Панарабизм» ва «Панаҷамизм» мавзеъ гирифтанд. Онҳо барои исботи мавқеъҳои худ ба ҷаъл намудани ҳазорон ҳадису ривоят пардохтанд ва ҳар ду тараф бо истифода аз он мавҷудияти худро мустаҳкам намуданӣ мешуданд. Вале чун шуубия зери фишор буданд, онҳо дар бораи Зардушт, подшоҳон, бузургон, ҳамосаҳо, адабиёт, улуми эронӣ сухану ривоятҳои бисёре аз рӯи суханҳои ислом ва имомон сохтанд. Тарафи муқобил бошад, таблиғро то ба ҷое расонд, ки издивоҷ кардани мусулмонон (арабҳо) бо яҳудиёну масеҳиён раво аст, аммо бо зани маҷусия ҳаром аст [19,c.216].

 Аз оғози хилофати Бани Аббос кам-кам ин садо баланд ва таблиғоти шуубия ҷиддитар шуд. Дар замони Ҳорун ва Маъмун ин садо шиддат ёфт ва ба мунтаҳои шиддати худ расид. Дар аҳди Аббосиён – аз хилофати Саффоҳ то поёни аҳди халифа Мӯътасим тарафдорони маслаки шуубия аксар эронӣ буданд. Онҳо бо ниҳояти шӯру алоқа машғули таблиғи мароми худ буданд ва то ҳадде, ки имкон дошт, пешрафт карданд. Аз аҳди Мӯътасим ба баъд зиддият бо араб, ки рӯҳи ақоиди шуубия буд, тарафдорони бисёр дошт ва туркон низ дар тарафгирии ин маслак камтар аз эрониён набуданд. Минбаъд суриёниён ва ҳатто худи арабҳо низ ба он дохил шуданд.

 Ҳоло бояд дид лафзи шуубия аз чӣ мавқеъ истеъмол шуда ва шӯҳрат пайдо кардааст? Қаблан баён шуд, ки маслаки шуубия ба маънии умумӣ пеш аз аҳди Аббосиён, яъне қабл аз солҳои 750 пайдо шуд, аммо барои ин мавзӯъ, ки лафзи шуубия аз чӣ таърих ва чӣ вақт ба маънои мухолифи араб истеъмол шудааст, далели қатъӣ дар даст нест ва зоҳиран миёни солҳои (750-833), яъне дар аввали давраи Аббосӣ паҳн шуда аст. Дар ин бора чанд далел вуҷуд дорад, ки дар зер баён мешавад:

 Далели аввал аз он иборат аст, ки мӯътақидон пеш аз пайдоиши қувва ва қудрат наметавонистанд душмании худро бо араб ошкор кунанд. Ононе, ки арабро ҳақир мешумурданд, пеш аз ёфтани неру ва қудрат ному нишоне надоштанд ва гумном ба сар мебурданд. Ҳар чи дар роҳи пешрафту мақсуди худ раво медиданд, комилан пинҳону махфӣ буд ва агар изҳори вуҷуде мекарданд, фавран онҳоро хомӯш ва саркӯб мекарданд [1,c.28-29]. Бар хилофи ин дар асри Аббосиён, ки комилан мақсадҳои худро ошкор карданд, ин наҳзат сурати ҳизбӣ пайдо кард. Бадеҳист, то ақидае ба сурати маслаки гурӯҳе ё мароми ҳизбе дарнаёяд, номи махсусе пайдо нахоҳад кард.

 Далели дигар ишора ба он мекунад, ки то ба ҳол муайян нашуда, ки касе дар замони Бани Умайя ин номро ба худ ё ба дигарон ниҳода бошад ва аммо ин ки Абулфараҷи Исфаҳонӣ дар китоби «ал-Ағонӣ» Исмоил ибни Ясорро шуубӣ мехонад, манзур ин аст, ки Исмоил муосири Ҳишом ибни Абдумалики Умавӣ (723-743) ошкоро бо ашъори шеваю дилнишинаш маҷду азамати ниёгони худро карда, мафосиди ахлоқии аъробро нишон дода буд, ба ҷурми ҳақгӯӣ шиканҷаи фаровон дид. Чуноне ки Салмони Форсиро сӯфӣ мехонанд ва ҳол он ки ҳеҷ кас наметвонад иддао кунад, ки дар замони Салмон тасаввуф буда ва лафзи сӯфӣ ба маънии машҳур ва мутадовили имрӯз дар он аср маъмул бошад [14,c.68].

 Масруқ, ки аз тобеъин буда ва дар замони Бани Умайя мезиста аст, ривоят мекунад, ки «марде аз шуубия ислом пазируфт, пеш аз он аз ӯ ҷизя мегирифтанд. Умар фармон дод, ки дигар аз ӯ ҷизя нагиранд». Ибни Асир қавли Масруқи тобеъиро чунин тафсир карда аст: «Мурод аз шуубӣ эрониёнанд». Аҳмад Амин менависад: «Бо вуҷуди ин мо онҳоро баъид медонем, мумкин аст, мақсуди Масруқ ин бошад, ки марде аз шууб яъне ғайр аз араб ислом пазируфт» [13,c.58].

 Ҷалолуддини Ҳумоӣ дар ин маврид менависад: «Аҳмад Амин дар китоби «Зуҳо-ул-ислом» ривояти Масруқ ва гуфтори Ибни Асир ва соҳиби «Лисон-ул-араб»-ро нақл карда ва билохира худ ин гуна изҳори ақида мекунад, ки муроди Масруқ аз «раҷулан мин аш-шууб», яъне марде аз миллатҳои ғайриараб аст. Бинобар ин лафзи шууб дар тавоифи ғайриараб истеъмол шудааст. Дар сурате, ки ҳамин муаллиф дар сафҳаи дигари китоби худ менависад: «Ин ки шуубро дар оят ба тавоифи аҷам ва қабоилро араб тафсир карданд, ба назари мо носавоб аст ва далели возеҳаш ин аст, ки араб дар ҳангоми нузули оят чунин маъное аз он намефаҳмид ва зоҳир ин аст, ки тафсири «шууб» ба аҷам сохтаи худи аҷамиҳои шуубӣ бошад» [6,58]. Ин ду гуфтор зоҳиран бо якдигар носозгор аст, агар араб аз лафзи «шууб» миллатҳои ғайри арабро намефаҳмид, чи гуна Масруқи тобеъӣ чунин ривояте аз кирдори Умар барои араб нақл кард ва агар ин тафсир сохтаи аҷамиён аст, чӣ гуна худ ба ин маънӣ гаравида гуфтед: «Мо бар ин ақидаем, ки Масруқ мардеро дар назар доштааст, ки аз халқҳои ғайри араби мусулмон будааст».

 Ҷалолуддини Ҳумоӣ сипас чунин менависад: «Нигоранда эҳтимол медиҳад, ки лафзи «Шууб» аз ҷиҳати мафҳуми луғавӣ шомили ҳамаи ақвом ва миллатҳои олам аз арабу аҷам аст валекин ҷое, ки дар муқобили қабоил афтода (монанди оят) ё тахсис ба зикр ёфта (монанди ривояти Масруқ) мансубият ба қабоили ғайриараб пайдо мекунад ва агар дар амсоли ривояти мазкур мурод ақвоми ғайриараб набошад, қайди «мина аш-шууб» фоида нахоҳад дошт ва низ эҳтимол медиҳад, ки маънии мазкур ибтидо бо қарина фаҳмида мешуда, ба тадриҷ ҳукми «маҷози машҳур» пайдо карда аст; ва агар маънии ҳақиқии «шууб» тавоифи аҷам ва маънии аслии қабоил, тавоифи араб буд, мебоистӣ зидди шуубиро «қабоилӣ» ҳам биноманд, бо ин ки чунин истилоҳ ҷое ба назар нарасидааст. Мо мункири шакли истеъмоли «шуубӣ» барои ин, ки истидлол ба ояи «шуубан ва қабоил» мекарданд, нестем, чӣ ин маънӣ мусаллам аст, бо мафҳуми луғавии шууб кор дорем» [16,1261].

 Далели дигаре барои ин ки лафзи «шуубия» дар аҳди Умавӣ ба фирқаи махсуси зиддиарабӣ гуфта намешуда, ин аст, ки ағлаби мазҳабҳое, ки дар замони Бани Умайя пайдо шуда буд, бидуни «ё»-и нисбат буд, монанди хавориҷ, шиъа, мурҷиъа, мӯътазила. Нисбат бо «ё» (монанди шуубия) дар авоили замони Бани Аббос маъруф шуд, монанди ҷаҳмия, қадария, ровандия, хуррамия, шуубия. Саид Муҳаммади Хотамӣ масъалаи истилоҳ ва амали наҳзати шуубияро ба таври хеле дақиқу равшан муайян кардааст. Ӯ дар ин бора менависад: «Шуубигарӣ, ки нутфаи он дар дили сиёсати табъизи нажодии Умавиён баста шуд ва бисёре аз норозиёнро дар баробари ҳукумат гирди ҳам овард ва дар даврони Аббосиён қавом ёфт ва ба сурати порае аз наҳзатҳои неруманд худнамоӣ кард…»[3,29].

 Қадимтарин китобе, ки дар он лафзи шуубия ба маънии фирқаи махсус ба кор бурда шудааст, китоби «ал-Баён ва-т-табйин»-и Ҷоҳизи Басрӣ (775-840) аст ва аз замони Ҷоҳиз ва баъд дар навиштаҳои муаррихон ва адибон истилоҳи шуубия ба маънои махсуси «ҳизбӣ» истеъмоли фаровон дорад, чунон ки дар китоби «ал-Иқд -ул-фарид» таълифи Ибни Абдураббиҳи ва «ал-Ағонӣ» таълифи Абулфараҷи Исфаҳонӣ ва баъзе аз осори Ибни Қутайба дида мешавад. Ба назари баъзе аз муҳаққиқони наҳзати шуубия аз қарни дуввуми ҳиҷрӣ (VIII мелодӣ) оғоз ва дунболаи он то қарни шашуми ҳиҷрӣ (ХII мелодӣ) кашид шуд ва аз он таърих ба баъд ҳизби шуубӣ дар паси пардаи дигар аҳзоби сиёсӣ ва мазҳабӣ нопадид гардид.

 Баъзе мӯътақиданд, ки суқути Бағдод ва шикасти хилофати Аббосӣ дар соли 656/1258 ба дасти Ҳалокухон ва таҳрики уламои шиъа, яке аз мазоҳири наҳзати шуубия будааст. Пешоҳангони ҳизби шуубия, ки асосан мардуми эронитабор буданд, дин ва идеологияи исломиро дар идеологияи қавмӣ ва миллӣ ғарқ карданд. Акнун қавму миллат монеаи роҳи озодии маънавӣ ва сиёсии онҳо (шуубия) шуда монд. Барои аз байн бурдани идеологияи маҳдуди миллӣ онҳо тасаввуфро ба худ ниқоб карданд. Зеро ҳаракати шиа ва тасаввуфро аз худи ҳамон аввали хилофати Умайя ҷараёнҳои оппозитсионӣ нисбат ба хилофат медонистанд. Тасаввуф акнун давомдиҳандаи бевоситаи идеологияи шуубӣ шуд. Танҳо бо ин тафовут, ки ба ҷои қавму миллати ягона ҳақиқати ягонаро парастиш менамуданд. Бо эҳёи навини наҳзатҳои миллӣ-нажодӣ дар асрҳои ХVIII-ХIХ дар ҷаҳон тасаввуф ҳам мақоми худро аз даст дод ва идеологияҳои миллатгароӣ ва нажодпарастӣ ба сиёсат ва фалсафаи давлатӣ мубаддал шуданд.

 Зикр намудани чунин нукта дар ин ҷо зарурист, ки вақте ду маслаки мухолифи якдигар ташаккул меёбад, пайравони яке аз он ҳарду даста бар зидди гурӯҳи дигар ба далелҳое даст мезананд, ки ба ҷои истидлол ва мантиқ моҷарои тарафҳо ба мадди аввал мебарояд. Ба ибораи дигар, таассуби хушк ҷои ҳуҷҷату бурҳонро мегирад, калимоти зананда ва нописанд миёни ҳарду гурӯҳ мубодала мешавад ва гоҳе истидлолҳои сусту хандаовар ҷонишини матолиби далелноку саҳиҳ мегардад. Миёни шуубия ва дастаи мухолиф (тарафдорони араб) низ ҳамин ҳолат дида мешавад. Далоили шуубия баъзе мусбат яъне мустақиман барои исботи фазилати аҷам бар араб аст ва порае манфӣ ва суст аст, ки барои ҷавобгӯӣ ва рад намудани далоили мухолифон иқома шудааст, ки дар ин ҷо ба зикри баъзе аз онҳо пардохта мешавад.

 Аҳли шуубия мегуфтанд, ки дини мубини ислом ҳеҷ миллатеро бар миллати дигар зотан фазилат наниҳода ва мояи фазилат ва кароматро дақиқан тақво ва парҳезгорӣ шумурда аст: «Инна акрамакум инда-л-лоҳи атқокум»  [9] ва чун арабҳо аз ҳар қавми дигар аз тақво дуртар ва дар куфру нифоқ шадидтаранд, Худованд дар бораи он қавм мефармояд: «ал-Аъробу ашадду куфран ва нифоқан» [11]. Арабҳо дар кофирӣ ва фитнаангезӣ аз дигар миллатҳо дида сарсахттаранд. Ва дар ҷои дигар мефармояд: «Дар зоҳир изҳори имон мекунанд, вале имон дар дилҳои онон ҷойгузин нашуда аст» [10].

 Ҷазо ва савоб дар дини ислом рӯи кирдори баду нек бино шуда, на рӯи шахс ё нажод. Мумкин аст, бандаи зархариди ҳақир агар дорои имон бошад, назди худо беҳтарин ва арҷмандтарин дараҷоти биҳиштро ишғол кунад ва хоҷаи ҳамон банда бо доштани молу ҷоҳ ва насабу хонавода дар сурати куфр дар пасттарин нуқоти ҷаҳаннам қарор гирад.

 Таълимоти ислом ҳама бар асоси адл ва бар зидди худхоҳии араб буд ва шуубия ҳам дар оғози амр ин маъниро бузургтарин аслиҳаи худ дар муқобили аслу насаби араб қарор доданд ва дар оғоз бо ҳамин силоҳ барои барқарор кардани мусовот миёни тавоиф ва миллатҳои мусулмоншудаи олами ислом кӯшиданд ва чун дар пешрафти мақсуд тавфиқ ёфтанд, ба тадриҷ қадам фаротар гузориданд, арабро ҳақиртарин миллати рӯи замин шумурданд ва бо тамоми мазоҳири араб душманӣ варзиданд.

 Ислом дар ибтидо, чуноне ки гуфта шуд, барои шуубия танҳо баҳона буд. Зери ниқоби адолати исломӣ миллатҳои дигар худро дар баробари араб ҷой доданд. Баъди ин марҳалаи дигар марҳалаи нишон додани бартарии миллӣ ва фарҳангии худ оғоз гардид. Ин марҳала дар фаъолияти миллатҳои ғайриараб то охири асри ХХ давом кард ва ҳоло ҳам идома дорад. Акнун эътибороти динӣ мақоми худро то андозае аз даст додаанд ва ҳамаи миллатҳои ҳавзаи тамаддуни исломӣ дар талоши он ҳастанд, ки ҳуввияти миллӣ ва фарҳангии худро дар бозори арзишҳои ҷаҳонӣ ба намоиш гузоранд.

 Шуубия мегуфтанд: «Ҳар миллате дорои навъе азамат ва бузургӣ аст, ки бад-он ифтихор мекунад, чуноне ки румиён бо салтанати азим, фузунии мамолик , шаҳрҳо, ободии кишвар ва тамаддуни бостонии худ менозанд. Ҳиндиҳо бо ҳикмату фалсафа ва тиб, фузунии мардум ва зиёдии дарахту ҷангал, мева, доштани руду дарё ва ободиҳои дигар сарфарозанд. Чиниҳо дорои санъату фунуни нақшу нигор ва ҳунарҳои дигаранд. Низ ҳар қавмеро мояи ифтихорест, аммо арабҳо ба ҳеҷ чиз мумтоз нестанд, саҳрои бе обу алаф ва зиндагонии талхи бадавӣ ва дурушт доранд, дар ҷоҳилият фарзандони худро аз бими фақру тангдастӣ мекуштанд ва ба сабаби қатлу ғорату таҷовузи якдигар ором набуданд. Агар аҳёнан ба касе эҳсоне кунанд ё ситамдидаеро фарёдрас бошанд, дунёро пур аз фахр ва тазоҳур мекунанд ва ҳама ҷоро аз назму наср пур ва мудом ифтихор менамоянд, ки ба фалонӣ таъом додем, ё фалон касро ёрӣ кардем. Дар сурате ки ин қабил ёриҳо хоси ҳамаи қавму миллатҳои бодиянишин ва дур аз тамаддун мебошад. Чун мардуми дур аз фарҳанг дар ҳама кор ифрот мекунанд ва ҳадди эътидолро намешиносанд. Пас саволе ба миён меояд, ки арабҳо шояд ба вуҷуди анбиё меболанд? Ҳамаи пайғамбарон ғайр аз нажоди араб буданд ва танҳо чаҳор тан (Ҳуд, Солеҳ, Исмоил, Муҳаммад) аз миёни араб бархостаанд. Оё шеърро мояи бартарии худ медонанд? Араб танҳо шеър намегӯяд. Юнониён ва румиён дорои шеъри мавзун ва таъсирбахш мебошанд. Оё ба илми хитоба, сухан ва баён ифтихор мекунанд? Ирониён ва румиён хитобаи балиғ ва сеҳромез доштанд. Пас мояи ифтихори онҳо чист? [3,c.55].Ин назари шуубия аст. Аз инсоф ба дур набошем. Нажоди араб ҳам дар ҳудуди имкониятҳои ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии худ талошҳое дар роҳи тамаддун намуда, ки наметавон онҳоро нодида гирифт. Низ шуубия мегуфтанд: «Арабҳо ба чанд чиз менозанд, аз ҷумла он ки вафову карам доранд, дигар он ки насабномаи худро ҳифз мекунанд, сеи дигар он ки оини поки ислом дар миёни эшон зоҳир гардида аст. Аммо дар караму вафодорӣ кирдорашон камтар аст аз идаояшон, ба эҳсоне хурду ночиз ва вафое андак зиёд аз ҳад худро меситоянд ва онро бисёр бузург нишон медиҳанд.

 Беков Комилҷон

Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ.  Душанбе- «Дониш»  2019, №3 (256)

Адабиёт:

  1. Ад-Дуврӣ, Абдулазиз. «Решаҳои таърихии шуубия». Бейрут, 1962.
  2. Амин, Аҳмад. Зуҳо-ул-ислом. Қоҳира,Ҷ.1.
  3. Беляев Е.А. Арабы, ислам и арабский халифат в раннее средневековье. М., 1966.
  4. Қуръон, сураи Ҳуҷурот, ояти 13.
  5. Қуръон, сураи Ҳуҷурот, ояти 14.
  6. Қуръон, сураи Тавба, ояти 97.
  7. Мумтаҳан. Наҳзати шуубия. Теҳрон, 1992.
  8. Ҳумоӣ, Ҷалолуддин. «Шуубия» Исфаҳон, 1363 (1984).
  9. Ҳумоӣ, Ҷалолуддин. Маҷаллаи «Меҳр». Соли дуюм. Теҳрон,1936.
  10. Петрушевский И.П. Ислам в Иране в VII-XV– веках. Л., 1966.
  11. Пигулевская И.В., Якубовский А.Ю., Петрушевский И.П., Строева Л.В., Беленицкий А.М. История Ирана с древнейших времен до конца ХVIII века. Л., 1958.
  12. Разӣ, Ҳошим. Ҷашнҳои об. Теҳрон, 1384 хуршедӣ.
  13. Фарҳанги Анандроҷ. Ҷилди 4.
  14. Фахри Розӣ. Тафсири Кабир. «Мафотиҳ-ул-ғайб», чопи Миср, Ҷ.7, бидуни зикри сол.
  15. Филип Ҳетте. Таърихи араб. Ҷилди 1, аз рӯйи китоби Аҳмад Амин Зуҳо-ул-ислом. Ҷ.1. Қоҳира, 1956.
  16. Хотамӣ, Саид Муҳаммад. Оину андеша дар доми худкомагӣ. Теҳрон, 1378 ҳ. (1999мелодӣ).
Хондан 4669 маротиба