(идома)
Ба ин тартиб ӯ нахустин фалсафаи таърихро ба вуҷуд овард ва нахустин иқдоми усулиро дар тарсими ҷараёноти таквин ва тавсеаи фикри аврупоӣ ба амал овард. Интизор мерафт, ки ин гуна тафсири воқеиёт тафсироти метафизикиро канор бигзорад. Таърих мақоми ҳақиқии худро ба даст намеовард, магар он гоҳ ки илоҳиёт канор биравад. Ба гуфтаи Бокал китоби Волтер пояи илми таърихи нав маҳсуб мешуд. Гибин, Нибур, Бокал ва Гарват ҳамагӣ мадюн ва сипосгузору пайрави ӯ ҳастанд ва ӯ дар раъси ҳамаи инҳост ва ҳанӯз дар майдоне, ки ӯ кашф кардааст, касе бар ӯ бартарӣ наёфтааст. Вале бояд дид, ки чаро бузургтарин китоби ӯ муҷиби табъидаш шуд? Барои он ки бо гуфтани ҳақиқат ба ҳама тохта буд. Махсусан кашишонро ба хашм овард, зеро назарияе изҳор карда буд, ки баъд Гибин онро такмил кард. Ба сабаби ин назария ғалабаи сареъи масеҳияти барбарипараст қудрати Румро аз ҳам пошид ва онро туъмаи ҳамла ва тохтутози ваҳшиён сохт. Он чи бештар кашишонро хашмгин сохт, ин буд, ки Волтер бо маҳдудият ба масеҳият аҳамияти камтаре қоил шуда, аз Чину Ҳинду Эрон ва ақидаҳои мардуми он мамолик чунон ба бетарафӣ ёд кард, ки гӯё як тан сокини Миррих дар бораи аҳли замин гуфтугӯ мекунад.
Дар охири садаи XIX бо саъю талоши Аҳмади Дониш асосҳои илмиву назарии маорифпарварӣ, марому маслак ва идеалҳои иҷтимоиву маънавии равшангарӣ ташаккул ёфт. Ба андешаи мо ин дигаргуниҳо ва талошҳои пайгирона барои ба вуҷуд омадани давраи дуюми ҷунбиши маорифпарварӣ, яъне давраи амалӣ шудани марому маслакҳои Аҳмади Дониш ва пайравони ӯ замина гузошт. Чунин ба назар мерасад, ки насли дуюми маорифпарварӣ фаъолияти худро асосан ба кушодани мактабҳои усули ҷадид, дарсномаҳои нав, чопи рӯзномаву маҷаллаҳо, тарғиби мароми равшангарӣ равона карда буданд. Ин маромҳо дар ибтидои қарни XX ба мухолифатҳои сиёсиву гурӯҳӣ рӯ ба рӯ шуда бошад ҳам, вале аҳли равшангарони тараққихоҳро дар чорчӯбаи шахшудаи бозмондагӣ нигоҳ дошта наметавонист.
Аслан Конститутсия ин санади меъёрӣ- ҳуқуқӣ буда, дорои қувваи олии ҳуқуқиест, ки муносибатҳои ҷамъиятиро ба таври мушаххас дар меъёрҳои муайян ба танзим медарорад. Дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд Конститутсия тавассути меъёрҳои муқараркардаи махсус нақши асосиро дорад. Бояд қайд кард, ки ҳангоми вайроншавии тартиботи ҷамъиятӣ ва вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тибқи тартиботи муайянкардаи Конститутсия меъёрҳои вайронгардидаро ба воситаи мақомоти дахлдор бо роҳи маҷбуркунӣ таъмин менамояд. Бахусус нақши Конститутсия дар таҳкими фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ назаррас аст, чунки он муайянкунандаи самту фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мебошад. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10 боб иборат аст, ду боби он ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бахшида шудааст. Аз ҷумла, боби 8-ум ба самти фаъолияти мақомоти Судӣ ва боби 9-ум ба мақомоти Прократура бахшида шудааст, ки ин мақомот дар таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо инсон ва шаҳрванд нақши муҳим мебозад. Яке аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки дар таъмини ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд нақши муҳим дорад, ин мақомоти судӣ мебошад, ки Конститутсия боби махсусеро ба ин мақомот бахшидааст ва он 9 моддаро дар бар мегирад.
Ҳаким Абулқосим Мансур бинни Ҳасан Фирдавсии Тӯсӣ[1] шоири бузурги ҳамосасаро буда, яке аз шоирони машҳури ҷаҳону ситораи дурахшони осмони адаби форсӣ мебошад. Соли 934 дар деҳи Божи ноҳияи Табарони Тӯс, яъне ҳамон ҷо ки имрӯз оромгоҳи ӯст, дар хонаводае аз табақаи деҳқон чашм ба ҷаҳони ҳастӣ кушод. Чунон ки медонем, деҳқонон як табақа аз моликон буданд, ки дар давраи Сосониён дар Эрон зиндагӣ мекарданд. Ба қавли Муҷтабо Минавӣ: «Деҳқон молики русто ё раиси шаҳрро гӯянд».[2] Деҳқонон табақаи фарҳангдӯсту бомаърифате буданд, ки расму ойин, одобу суннати волои Эрони бостонро ҳифз намуда буданд. Бинобар ин фарзандони онҳо низ аз таъриху фарҳанг, тамаддуну суннатҳои Эрони бостон ба хубӣ огаҳӣ доштанд.