Акнун барои шумо, хонандаи гиромӣ, аз таъриху шиносномаи ин пайкараи шигифтангез каме маълумот медиҳем.
Вижагиҳои махсуси Маҷассамаи Озодӣ
Ин муҷассама дар симои як зан бо танпӯши румӣ, тавассути тандиссози фаронсавӣ - Фредерик Огюст Бартолди тарроҳӣ шуда, тавассути Жосеф Пулитсер бунёд гардидааст. Намоди Озодӣ дар дасти рости худ машъал ва дар дасти чапаш лавҳаҳое бо навиштаҷот дорад, ки он, дар воқеъ, ҳамон таърихи тасвиби баёнияи истиқлоли Амрико (4 июли 1776) аст. Яке аз пойҳои муҷассамаи Озодӣ рӯйи занҷир қарор дорад ва ҳафт партав ё пайкони беруншудаи тоҷи муҷассама намоде аз ҳафт дарё ё ҳафт қора аст.
Иртифоъи тандис 45 метр аст, ки бар рӯйи пояи бузурге бо баландии 46 метр қарор дода шудааст ва дар маҷмӯъ, иртифоъи умумии он 91 метр мебошад. Вазни он 625 тон ва хароҷоти сохти он 250 ҳазор доллар аст, ки сохтмони он аз сӯйи давлати Фаронса маблағгузорӣ шудааст. Танҳо сохти пояи ин тандис, ки 200 ҳазор доллар буд, тавассути давлати Амрико пардохт гардид. Тандис дорои 168 зина ҳаст, ки боздидкунандагонро то болои Бурҷ роҳнамоӣ мекунад. Тоҷе, ки бар сари муҷассамаи Озодӣ қарор дорад, шомили 25 панҷара ва 7 партав ё найзаҳои нурӣ аст, ки аз он хориҷ шудаанд.
Тавре ишора рафт, ин муҷассамаро Фаронса ба Амрико дар иртибот ба солгарди раҳоии Амрико аз истеъмори Бритониё ҳадя кардааст. Сохти пояи муҷассама, ки зери назари шарики амрикоӣ Ричар Моррис Ҳант анҷом мешуд, дар 22 марти соли 1886 такмил шуд. Бартолди пеш аз ин кор тарҳи муҷассамаро дар моҳи июли соли 1884 ба поён расонида буд ва ин муҷассама, ки барои интиқол ба Амрико ба 350 бахш тақсим шуда буд, 17 июли соли 1885 ба воситаи киштии фаронсавӣ Исра (ESRA) ба Ню-Йорк фиристода шуд.
Насби муҷассама рӯйи поя ё сутуни ҷадиди худ дар Ню-Йорк чаҳор моҳ идома ёфт. Билохира 28 октябри соли 1886, яъне 10 сол пас аз садумин солгарди истиқлоли Амрико муҷассамаи Озодӣ дар ҳузури Стивен Гровер Кливланд, бистуҷаҳорумин сарвари Ҷумҳурии Амрико ва ҳазорон нафар мардуме, ки барои ин маросим ба бандари Ню-Йорк омада буданд, пардабардорӣ шуд.
Ин тандиси бузург дар соли 1924 ба номи ёдбуди миллии Амрико шиносоӣ шуд ва ҳамакнун аз иншооти шинохташуда дар Созмони ҷаҳонии Юнеско аст.
Шакли муҳандисии берунии «Тандиси Озодӣ» ба тандиси Колосуси Родос (Colossus of Rhodes) ва тандиси Карло Борромео (Carlo Borromeo) дар Италия монанд аст.
Пиромуни ҷараёни ин тандис суханҳо бисёр аст, аммо мақсади мо чистии ин муҷасасама аст ва ин ки оё дар созиши ин ҳунар созандагони он аз меросҳои фарҳанги сарзамини баяғморафтаи Эрони бузург илҳом гирифтаанд ё на?
Фаридуни Ҷунайдӣ – таърихнигори эронӣ навиштааст: «Муҷассамаи Озодии Амрико тандиси Тойис - маъшуқаи Искандари Мақдунӣ аст ва он машъали бадастгирифта ва 7 гоми бардоштаи тандис ба ин мақсад аст, ки мехоҳад тахти Ҷамшедро ба оташ бикашад». Пофишории муаррихони кунунии Эрон, аз ҷумла дуктур Ҷунайдиро дар бораи рамзи Тойис будани пайкараи Озодии Амрико наметавон бовар кард.
Александр дар миёни ғарбиён қаҳрамони бузург ва беназир шинохта мешуд, аммо дар миёни миллати форс шахсияти бадному вайронгар аст. Дар матни Зартушт аз вай ҳамвора ба унвони “гуҷаста” (малъун) ёд шуда ва ҳамроҳи Заҳҳоку Афросиёб аз коргузорони Аҳриман ба шумор омадааст. Искандари Мақдунӣ марди македонӣ буд.
Бузургтарин ва муҳимтарин ҷанги Искандар набард бо имперотурии паҳновар ва тавонманди Ҳахоманишиён буд. Набарди Искандар ва подшоҳи Эрон чанд бор ба ақибнишинии вай анҷомид, аммо саранҷом бо тазъифи рӯҳияи сипоҳиёни Эрон варақ ба нафъи юнониён баргашт ва Искандар Дориюшро дар минтақаи Гелгамиш шикаст дод.
Тахти Ҷамшед ба оташ кашида шуд…
Шаби пирӯзии Искандар ва афсаронашро дар Тахти Ҷамшед (Персеполис)- қасри бошукӯҳи эрониён ҷашн гирифтанд. Искандар ҳамвора дар сафарҳои худ чандин зани бадному раққосаи юнонӣ ҳамроҳи худ мебурд. Яке аз ин занон Тойис- канизи уршалимӣ буд, ки ба хотири зебоӣ ба дарбори Искандар роҳ ёфта буд. Вай, ки бо ҳузури шоҳ духтари асири эронӣ ва духтари Дориюши сеюм Стотира ҷойгоҳи худро дар хатар медид, кӯшиш дошт интиқоми худро аз вай бигирад.
Бинобар ин, дунболи мавқеъияте буд, ки ғурури тамоми эрониёнро бишканаду онҳоро хору ноком кунад. Дар он ҷашн, ӯ онқадар ба Искандар шароб хӯронд, ки ақли ӯро аз сараш бурду сипас аз ӯ хост, ки ба интиқоми маъбаде, ки дар Афина Хашоёршоҳ онро ба оташ кашида буд, Тахти Ҷамшед оташ зада шавад. Искандар машъали оташро ба Тойис дод ва ӯ ҳам пардаҳои ҳарири қасрро оташ зад. Дар муддати кӯтоҳ қаср ба тамом оташ гирифт. Фардои он рӯз Искандар болои теппае истода буд ва пушаймон ба натиҷаи кори худ менигарист.
Акнун Тойис ба унвони намоди Озодӣ бар обҳои Атлантик истода аст…
Ин раҳоварди шум таърихи мову шумост, ки ба дасти румиён ва фарзандонашон тозиён анҷом шуда буд.
Ҳатто мо дар асри ҳозир ҳам дар филми «300 спартанӣ»-и сохтаи Олмон мебинем, ки ба таври ошкоро ва ғайри мунсифона ба ниёкони мо туҳмат мезананду коре, ки аҷнабиён бо мо карданд, ба падарони тамаддунсози мо, нисбат медиҳанд ки ин таҳрифи таърих, душманию зишткорӣ, ноҷавонмардию беинсофӣ ва дар як сухан, хиёнат ба ҳақиқати таърихист.
Дуюм ин ки гузаштаи сӯхташудаи мо ва дастони оташафрӯзи душман моро рӯ ба рӯи ҷаҳони номаълум ва нопайдо гузоштааст, моро сахт сардаргум кардааст, ҳар туҳматеро ба мо мезанад, чун забони дифоъкунони мо ва худамонро буридаанду қалам ҳамеша ба дасти душманон будааст. Ҳазорон сол аст, ки душманони мо дар сарзамини мо ҳам ҳоким буданду ҳам ровӣ ва ҳам таърихнигору ҳам қозӣ, ҳам вакили мову ҳам ҷаллоду ҳам зиндонбони мо…
Нигоҳи дигар ба таърихсозони қалбакии ориёиситез меандозем:
Он афсонаҳои бебунёд, ба вижа он қиcсае, ки баъзе “муаррихин”-и қиссанавис аз он ёд кардаанд: Чанд зани фоҳиша, ки яке аз онҳо (Тойис) бо духтари Дориюши сеюм рақобат дошт ва тахти Ҷамшед ба ин хотир ба оташ кашида шуд, чӣ қадар масхара ва кӯдакона аст. Ин гуна қиссаи бебунёдро дар бораи духтари сеюми Яздигурд ба номи Шаҳбону низ сохтанд, ки Шаҳбону духтари Яздигурди сеюм зани Ҳусейн ибни Алӣ шуду эрониён ба ии хотир бад шуданду душмани аҳли тасаннун….
Ноогоҳӣ аз таъриху фарҳанги ноёконамон моро бисёр худбохтаю парешонҳол ва тарсую ноумед гардонидааст. Ҳамеша бегонагон дар бораи таъриху адабиёт ва чистию кистии мо ба мо дарс меомӯзанд ва аммо имрӯз мо ба номи меҳру хирад ғуборҳои зангоринро аз рӯи марвориди чистии худ канор мезанем ва гуҳари ноби ҳастӣ ва кистии худро дар ҷаҳон партавафшон мекунем.
Ман ҳангоме ки китоби «Ҳафтсин»-и Омӯзгор Меҳрофаринро хондам, ба розҳои бориктар аз мӯй огоҳ шудам ва ҳангоме ки ба ҳафт хӯшаи нур бар сари тандиси Озодӣ нигаристам, ин сухани Омӯзгор дар андешаам танин андохт:“Чаро шумораи ҳафт дар нигоҳи бисёре варҷованд (муқаддас) аст? Ҳангоме, ки бо биниши меҳру хирад ба дуртарин нуқта дар соярӯшани таърих менигарем, сипантоӣ ва тақаддуси шумораи ҳафтро мебинем, меҳронаҳои митроии Меҳрофарин чашмнавози нигоҳи меҳрхоҳи мо мешавад. Чунонки гӯё шуморагони «ҳафт» андоми ногусастанӣ аз пайкари оини Меҳр аст, чаро ки бундоди оини митроӣ бар «ҳафт меҳрпоя» бино шудааст:
Меҳрпояҳои ҳафтум дар оини меҳр чунин будааст:
Меҳрпояи Калоғ- пайванд бо Тир ё Аторуд;
Меҳрпояи Ҳамсар - намоди ситораи Ноҳид ё Зуҳра;
Меҳрпояи Сарбоз - пайванд бо Баҳром ё Миррих;
Меҳрпояи Шер - пайванд бо Ҳурмузд ё Барҷис;
Меҳрпояи Порсо - пайванд бо Моҳ ё Қамар;
Меҳрпояи Хуршед - пайванд бо Меҳр ё Шамс;
Меҳрпояи Пир - Муршид мансуб ба Кайвон ё Зуҳал;
Агар мо ин ҳафт нота: “до-ре-ми-фа-сол-я-сӣ”-ро алифбои хунё ё мусиқӣ медонем ва боваридаем, ки ҳар овоз ва нағмае бо ин вотҳо ва ҳарфҳо оғоз ва поён мегирад. Ба бовари Меҳрофарин, “Шоиста аст, ки ҳафт гоми оини меҳрро низ пазанг ё калиди сулҳи ҳамаи дин ва боварҳову мазҳабҳои осмониву заминӣ, ба вижа мазҳабҳои сомӣ, ки бештар аз ҳама аз фарҳанг ва дину оини ориёӣ баҳра бурдаанд, бидонем”. Ин суханони меҳронаи Меҳрофарин оҳанг ва ба қасди кам шумурдани ҳеҷ дину бовару мазҳабе нест, басо омиғи будманд ё ҳақиқат аст….
Ба ростӣ, то кунун андешидаед, ки чаро бузургони мазҳабҳои иброҳимӣ аз яҳудӣ ва масеҳияту мусалмон бар гирди пайғамбарону имомонашон тоҷмеҳр - тоҷи хуршедӣ (хӯша ё найзаҳои нуронӣ)-и Митроро расм мекунанд?
Посухи ин пурсишро агар аз хирадатон дарёфтед, бисёре аз кӯргиреҳҳо бароятон боз мешавад.
Оре, тандиси Озодии Амрико, бе каму кост, баргирифта аз тандиси Митро аст ва онон беҳтар аз мо медонанд, ки ниёкони мо ба ростӣ офаридгори бундоди меҳру хирад ва дӯстдори рӯшноӣ ва донистану парастандаи меҳру хирад будаанд. Митрои дирӯзи мо, дар як сухан, ҳамин пешрафти ҷомеъаи башари имрӯз аст, ки барои мо ранги мазҳаб дораду метарсем ба ин наздик шавем, чун мо ҳанӯз ҳам дар занҷири гуфторҳои нохушоянду маснӯие, ба монанди куфру ширк ва маҷус … ҳастем.
Хонандагони гиромӣ, ба ин навиштор биандешед ва нигаргоҳҳоятонро барои мо бифиристед.
Фарзонмеҳри Шерхон
ходими хурди илмии Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупо
Сарчашмаҳо
- Омӯзгор Меҳриёри Меҳрофарин. “Ҳафтсини Каёнӣ” Амрико 2007. 50.с.
- Mehryar Mehrafarin. “Civilizations build destinies” University of Mehrafarin’s (“UOM”) 2012.
- Liberty Enlightening the World. The Creation of the Statue of Liberty Khan, Yasmin Sabina 2010.
- Statue of Liberty - Wikipedia