JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Январи 2020 08:05

Нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиёсати муосири давлат хеле бузург аст

Муаллиф: Рустам Ҳайдаров

  «Аз рӯзи ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  марҳилаи нави ободкорӣ ва  созандагӣ дар кишвар дар  ҳамаи соҳаҳои  хоҷагии халқ  равнақи тоза пайдо кард. Бояд тазаккур дод, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи асосии робитаи Сарвари давлат бо мақомоти қонунгузори ҳокимият дар Тоҷикистон мебошад ва дар раванди эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд мавқеи хоса дорад. Паёми Президент ин ҳуҷҷати сиёсиест, ки мавқеи сарвари давлатро дар самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, рушди сохтори конститутсионии Тоҷикистон ва муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар бар гирифта, фаъолияти қонунгузории парлумонро роҳнамоӣ мекунанд» – иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон Рустам ҲАЙДАРОВ.

Дар идомаи суҳбат ӯ чунин изҳори назар намуд:

Чун анаъана Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти хоса дошта,  дар доираҳои сиёсӣ онро ҳамчун заминаи конститутсионӣ ва ҳуқуқии ташаккули стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморанд. Ҳамзамон, паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хусусияти як ҳуҷҷати сиёсиро доро  аст, ки бо воситаи он мавқеи   сарвари давлат оид ба самтҳои гуногуни сиесати дохилӣ ва хориҷӣ ба ҷомеа муаррифӣ мешавад. Бо итминони комил гуфтан мумкин аст,ки нақши Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташаккули сиесати муосири давлат хеле бузург аст.

Аҳамияти дигари Паёми солонаи Президент аз он иборат аст, ки дар ин ҳуҷҷат  нишондиҳандаҳои муҳимтарини давлат ва ҷомеа сабт мегарданд; самтҳои рушди минбаъдаи давлат ва ҷомеа муайян карда мешаванд; идомаи мантиқии сиёсати давлат инъикос мегардад; самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти давлатӣ муайян карда мешаванд.

Яке аз хусусиятҳои муҳими  Паёми навбатии роҳбари давлат аз иборат буд, дар он  ҷанбаҳои геополитикӣ, геоиқтисодӣ, геофарҳангӣ ва геостратегии сиесати дохилӣ ва хориҷии Тоҷикистон  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Ҷанбаи геоиқтисодӣ: Роҳбари Тоҷикистон ҳукумати кишварро  муваззаф намуд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

Мувофиқи  нуктаҳои Паёми навбатӣ сиёсати давлат дар соҳаҳои савдо ва хизматрасонӣ дар ояндаи наздик  ба се самти асосӣ — ҳавасмандгардонии содирот, таъмин намудани гуногуншаклии истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо равона мегардад. Минбаъд, роҳбарони сохтору мақомотиҳои давлатии Тоҷикистон доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи “ашёи хом — истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ — дарёфти бозори фурӯш” тадбирҳои зарурӣ меандешанд. Ин ибтикори Пешвои миллатро    як қадами қавие  дар  расидан ба ҳадафи  чоруми стратегӣ, яъне саноатикунонии иқтисодиёти кишвар ҳисобидан лозим аст.

Ҷанбаи геофарҳангӣ: бо назардошти аҳамияти ҷаҳонии мероси илмию фарҳангии тоҷикон, Президенти кишвар ба олимону донишмандони мо муроҷиат намуда, таъкид менамоянд, ки ба шинохти дурусти таърих, тарғиби мероси маънавӣ ва суннату ойинҳои мардумӣ низ, ки тайи асрҳо дар хотираи таърихии миллати тоҷик нақш бастаанд,  бояд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад.

Таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва  ҳар шаҳрванди баномуси тоҷик вазифадор аст , ки ба он арҷ гузошта, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро мавриди омӯзиш  қарор диҳад ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намояд.

Пешвои муаззами миллат дар Паёми худ, махусус қайд менамоянд, ки “дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияҳои иттилоотӣ, ки воридшавии унсурҳои бегонаро ба фарҳанги миллӣ осон гардонидааст, рӯ овардан ба таърих ва огоҳ будан аз аслу насаби хеш барои ҳар як фарди миллат, хусусан, насли наврасу ҷавон зарур ва ҳатмӣ мебошад.

Мо кӣ будани аҷдоду гузаштагони худро бояд донем, ба онҳо арҷ гузорем ва бо насли ориёӣ, яъне ориёитабор будани худ ифтихор кунем.”

Бешубҳа, тоҷикон  миллати фарҳангӣ, тамаддунсоз ва аз насли ориёӣ буда, бояд ба таърихи гузаштаи худ ифтихор намояд. Ҳифз ва рушди фарҳанги миллӣ бо дарназардошти раванди ҷаҳонишавӣ, бояд яке аз муҳимтарин вазифаҳои  наслҳои  имруза ва ояндаи  тоҷикон бошад. Аз ин ру бо итминони комил гуфтан мумкин аст, ки баргузории ҷашни 5500-солагии Саразми бостонӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол аҳамияти бузурги  геофарҳангӣ дошта, намунаи муваффақ барои ба  оламиён муаррифӣ кардани мероси фарҳангии тоҷикон ҳамчун миллати соҳибмаърифату тамаддунсоз, шаҳрсозу шаҳрдор мебошад.

Ҷанбаи геополитикӣ: яке аз нуктаҳои муҳим ва ҷолиби Паём аз он иборат  аст, ки дар ин ҳуҷҷати муҳим, дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъкид мешавад. Аз  Паёми навбатӣ  метавон хулосаи мантиқӣ намуд, ки қадамҳои асосии рушди давлати Тоҷикистон дар тӯли  даҳсолаҳои охир дар самти дуруст гузошта шуданд — ваҳдати миллат таъмин карда шуд ва намояндагони тамоми ҷомеа дар таҳияи самти рушд ҷалб карда шуданд, ки ин ба рушди  сулҳомези кишвар имкон фароҳам овард. Маҳз ин ҷанбаҳо кафолати он буданд, ки Тоҷикистон тавонист дар даврони тағйироти геополитикии пуршиддат ҳамчун давлати соҳибистиқлол боқӣ  монд.

Президенти кишвар  қайд менамоянд, ки ба шарофати сиёсати «дарҳои кушода», ки ҷавҳари равобити байналмилалии Тоҷикистонро ташкил медиҳад, тоҷикон тавонистанд бо аксари давлатҳои дунё муносибатҳои дӯстона ва ҳамкориҳои  мутақобилан судмандро ба роҳ монда, тақвият бахшанд. Аз Паёми навбатӣ баромеояд, ки Тоҷикистон минбаъд низ ин сиёсатро, бо дарназардошти воқеиятҳои нави байналмилалӣ, идома дода, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳамкориҳоямонро бо шарикони стратегӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба сатҳи сифатан нав бароварда шаванд.

Чуноне ки  Президенти Тоҷикистон қайд карданд, «рушду тавсеаи ҳамкориҳои минтақавӣ ва таъмину таҳкими амнияту субот дар минтақаи Осиёи Марказӣ яке аз рукнҳои бунёдии сиёсати хориҷии давлати моро ташкил медиҳад.” Албатта Осиёи Марказӣ дар соли 2020 яке аз макони бархурди  манфиатҳои геополитикии  абарқудратҳо боқӣ мемонад. Дар чунин шароит  ҳифзи манфиатҳои миллӣ  яке аз шартҳои  таҳкими истиқлоли  сиёсии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ваҳдати миллӣ ва фаъолияти пурсамари  сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандиро тақозо менамояд.

Қобили тазаккур аст, ки  роҳбари кишвар дар мавриди вазъи минтақа суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки идомаи минбаъдаи муноқишаву низоъ дар Афғонистон метавонад барои Осиёи Марказӣ оқибатҳои манфии дарозмуддатро ба бор орад. Аз ин рӯ  Президенти  Тоҷикистон дар Паёми худ таъкид менамоянд, ки “авзои ноороми ин кишвари дӯсту ҳамсоя тайи чил соли охир исбот месозад, ки қазияи Афғонистон роҳи ҳалли низомӣ надорад ва фақат воситаву фишангҳои сиёсиву дипломатӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ метавонанд калиди ҳалли масоили печидаи он бошанд”.

Тоҷикистон кӯшишҳои Ҳукумати Афғонистонро ҷиҳати дарёфти роҳҳои сулҳомези ба эътидол овардани вазъи сиёсиву низомӣ ва таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии он ҳамаҷониба пуштибонӣ мекунад.

Роҳбарияти Тоҷикистон боз як бори дигар  таъкид менамояд, ки тақдири Афғонистон ва роҳи ояндаи онро бояд худи мардуми ин кишвар ҳаллу фасл ва муайян созанд.

Ба ин манзур, тоҷикон аз ҳама гуна иқдомоти созандаи роҳандозӣ намудани раванди музокироти сулҳ дар Афғонистон истиқбол менамоянд ва умед доранд, ки талошҳои ҷонибҳои алоқаманд дар ин ҷода натиҷаҳои мусбат ба бор хоҳанд овард.

Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳад дод.

Ҷанбаи геостратегӣ: Дар Паёми навбатӣ махсус таъкид гардид, ки Тоҷикистон робитаҳои муассиру самарабахш ва созандаи худро бо созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, шарикони рушд ва ниҳодҳои бонуфузи молиявие, ки бо онҳо тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкориҳои судманд дорем, идома хоҳад дод. Дар ҳақиқат шаҳри Душанбе имрӯз бо шарофати  сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба маркази баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва минтақавӣ табдил ёфтааст.

Соли 2020 раёсати Тоҷикистон дар Хазинаи байналмилалии наҷоти баҳри Арал, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Раванди Истамбул оид ба Афғонистон оғоз мешавад. Ҳамчунин ҷиҳати идомаи раванди мазкур ва татбиқи ташаббуси чоруми глобалии Тоҷикистон — Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор”, барои солҳои 2018-2028 дар пойтахти кишварамон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мегардад.

Ҳамчунин бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри таъмини сулҳу субот дар ҷаҳон, муқовимат ба терроризми байналмилалӣ ва экстермизми хушунатомез ва дигар проблемаҳои глобалӣ  фаъолона дар  чорабиниҳои байналмилалӣ иштирок хоҳад. Ин самти геостратегии   фаъолияти  ҳукумати Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Дар охирсухан, ҳамин нуктаро қайд кардан мумкин аст, ки  шаҳрвандони кишвар аз Паёми имсолаи Пешвои миллат илҳом гирифта барои созандагиву ободкорӣ бо  рӯҳияи баланди ватандорӣ  камари ҳиммат бастанд. Ҷомеаи тоҷикистонӣ кушиш хоҳад кард, ки бо дастоварди худ дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол гиранд.

Рустам Ҳайдаров

доктори илмҳои фалсафа

Бознашр: http://khovar.tj/2020/01/rustam-ajdarov-doktori-ilm-oi-falsafa-na-shi-payomi-prezidenti-um-urii-to-ikiston-dar-tashakkuli-siyosati-muosiri-davlat-hele-buzurg-ast/ 

Хондан 1283 маротиба