JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Январи 2020 08:31

Роҳнамои мо паёми Пешво

Муаллиф: И. Саидзода

 БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ–ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

  Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯзи 26 декабри соли 2019, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки давлати мо ба марҳалаи дуюми рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.

  Бисту ҳашт сол муқаддам муҳимтарин воқеаи таърихию сарнавиштсози миллати тоҷик - Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардид. Даврони Истиқлол барои миллати мо имкони воқеӣ фароҳам овард, ки роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ интихоб намоем.

  Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар  Паём зикр намуданд, самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.

  Ҳангоми суханронӣ Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2019 бо воғеаҳои ниҳоят муҳиму хотирмони худ барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон соли воқеан таърихиву хотирмон буд.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки сарзамини Тоҷикистон кишвари кӯҳсор буда, дорои миқдори зиёди канданиҳои фоиданок мебошад ва захираҳои ин ашёҳои минералӣ асоси рушди иқтисодиёти кишвари мо баҳисоб мераванд. Таъкид гардид, ки татбиқи чорабиниҳои “Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва “Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020” ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон мусоидат намуд.

  Пӯшида нест, ки баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қариб ҳамаи соҳаҳои ҳоҷагии халқ, рӯ ба касоди ниҳоданд. Солҳои 1991-1997 барои ҳамаи соҳаҳо хеле вазнин буд. Танҳо пас аз имзои Созишномаи умумии истиғрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (соли 1997) дар ҳаёти ҷомеъаи ҷумҳурӣ, давраи барпокунӣ ва дар ҳаёт татбиқ намудани мақсадҳои неки роҳбарияти давлатамон барои зиёд кардани иқтидори иқтисодии кишвар, афзунгардонии базаи ашёи минералӣ, баланд бардоштани обрӯи мамлакат дар арсаи ҷаҳонӣ, сохтани давлатӣ дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва демократӣ дар Тоҷикистон, фаро расид.

  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишварро вазифадор карданд, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад.

 Ҷиҳати ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя аз ҷониби Ҳукумати кишвар дар се соли охир дар соҳаҳои саноати сабук, кишоварзӣ, дорусозӣ, парандапарварӣ, чорводорӣ, сайёҳӣ ва дигар бахшҳои афзалиятнок иловатан 30 намуди имтиёзу сабукиҳо ҷорӣ карда шуданд. Шоҳиди он ҳастем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба тамоми соҳаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, сол ба сол маблағгузорӣ аз ҷониби давлат зиёд шуда истодааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то имрӯз барои пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш корҳои зиёдеро ба анҷом расонидааст.

Дар марҳалаи кунунии пешрафти Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф афзалияти аввалиндараҷа дода мешавад, зеро онҳо дар таҳкими пояҳои давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ нақши калидӣ мебозанд.

Соли 2020 сохтмони 181 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо муҳайё намудани 54 ҳазор ҷойи нишаст пешбинӣ шудааст, ки ин барои боз ҳам хубтару беҳтар шудани сатҳу сифати таълим дар ҷумҳуриямон мусоидат менамояд.

 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намуданд, ки то ҷашни 30 - солагии истиқлолияти давлатӣ 128 муассисаи томактабӣ ва 338 муассисаи таҳсилоти умумӣ бунёд гардида, дар маҷмӯъ, 1332 муассисаи таълимӣ ва томактабӣ тармиму таҷдид карда мешаванд, ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мо бояд дар баробари чунин ғамхориҳои сарвари давлат ва ҳукумати кишвар бетараф набошем ва  барои амалӣ гардонидани барномаҳои давлатӣ то ҷашни 30 солагии истиғлол тамоми кушишу ғайратамонро сарф намоем.

 Вобаста ба ин, Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки ба хотири боз ҳам беҳтару хубтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои донишу тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020 -2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” эълон карда шаванд, инчунин, назорати азхудкунии донишҳои замонавиро пурзӯр гардонида, наврасону ҷавононро ба мутолиаи китобҳои бадеиву илмӣ ташвиқ намоянд, қобилияти эҷодии онҳоро тақвият бахшанд ва ба таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд.

  Президенти мамлакат роҳбарону кормандони соҳаи маорифро вазифадор карданд, ки дар баробари чунин дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ ва дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот баланд бардоранд.

  Ҳастӣ ва дурахши ҳар як давлату миллат ин забони давлатӣ ва фарҳангу тамаддуни  мардуми он мебошад ва мо бояд ба қадри ин нишонаи ҳастии миллатамон расем ва дар баробари омузиши забони модариямон ба омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ҳамчун забонҳои муоширати байналмилалӣ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Роҷеъ ба ин мавзўъ сарвари давлатамон чунин изҳор намуданд. “Мо бояд забони шево ва шоиронаи тоҷикиро мисли модар ва Ватани худ дӯст дорем ва онро ҳамчун гавҳари бебаҳои ҳастиамон ҳифз кунем”

  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки таърихи пурифтихори халқи тоҷик мактаби бузурги худшиносӣ мебошад ва ҳар яки мо вазифадор ҳастем, ки ба он арҷ гузорем, саҳифаҳои дурахшони қаҳрамониву диловарии гузаштагони худро омӯзем ва онро ҳамчун асоси ғояи ватандӯстиву садоқат ба Ватан ташвиқ намоем.

  Пешвои миллат пешниҳод намуданд, ки озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ” ҳамасола  баргузор карда шавад ва ҷалби бештари хонандагону дўстдорони илму фарҳанги миллати точикро таъмин намуда, ҳавасмандсозии ғолибон аз имсола зиёд карда шавад. Сарвари давлат иброз намуданд, ки «Вазорати маориф ва илм, вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, роҳбарони мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки минбаъд ҳар сол озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ...” – ро аз рӯи се самт: якум - миёни тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ; дуюм - таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва сеюм - дар байни калонсолон васеъ ба роҳ монанд».

  Руй овардан ба китобу китобхонӣ ин анъанаи ниёгони мост. Дар ин бобат сарвари давлат иброз намуданд ки, «китобхонаҳо бояд ба маркази муҳимми илму фарҳанг табдил дода шаванд, зеро китоб маҳсули ақлу заковати мардуми соҳибтамаддун, омили асосии ҳифзи фарҳанги миллӣ ва яке аз муҳимтарин воситаҳои маърифатнок кардани аҳли ҷомеа буда, қобилияти сухандониву суханрониро сайқал медиҳад, доираи андешаву тафаккур ва ҷаҳонбинии инсонро васеъ ва ӯро ба роҳи дурусти зиндагӣ раҳнамоӣ мекунад»

  Бо мақсади омӯзиши амиқи таърих ва шинос шудан ба таъриху тамаддуни пурифтихори халқи тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат дастур  доданд, ки Шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро аз ҳисоби Фонди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп карда, то ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз номи Роҳбари давлат ба ҳар як оилаи кишвар туҳфа намояд, ки ин бори дигар собит месозад ки арҷ гузоштан ба таъриху тамаддуни халки тоҷик мебошад. Супориши сарвари давлат ба  вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, инчунин, раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз ҷумла, Ҳукумати мамлакат, вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, дар муддати панҷ соли оянда шаҳрвандони аз 18-сола болоро, ки касбу ҳунар надоранд, ба касбу ҳунаромӯзӣ ҷалб намуда, ҷиҳати саросар соҳибкасб кардани аҳолӣ тадбирҳои ҷиддиро роҳандозӣ намоянд. Дар баробари ин, барномаи касбомӯзии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои солҳои 2020-2025 таҳия намуда, ҷиҳати иҷрои он тадбирҳои мушаххас андешанд.

  Дар интиҳо Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, «мо бояд ба хотири пешрафти давлати соҳибихтиёрамон ва Ватани аҷдодиамон - Тоҷикистони озоду маҳбуб минбаъд низ сарҷамъона заҳмат кашем ва барои наслҳои ояндаи халқи худ мулки ободе мерос гузорем, то, ки онҳо бо натиҷаҳои заҳмати ватандӯстонаи мову шумо ифтихор намоянд».

 Ин нияту нақшаҳо аз ҳар як шаҳрванди бо нангу номуси миллати тоҷик  заҳмати содиқона ва софдилонаро ба хотири тақвият бахшидан ба иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоламон ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардуми он талаб менамояд.

И. Саидзода

корманди Институти таърих,

 бостоншиносӣ ва мардумшиносии

 ба номи А. Дониши АИ ҶТ

Хондан 1652 маротиба