JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Январи 2020 14:47

Хоқонӣ ва Шуубия

Муаллиф:

 Шаҳаншоҳи ислом-Хоқони Акбар,

Ки тоҷи сари Оли Сомон намояд.

                                       Хоқонӣ

  Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён, рӯи кор омадани сулолаҳои турктабор ва ташкили давлатҳои ғайримиллии Ғазнавиёну Қарахониён ва алалхусус, Салҷуқиён рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва рӯҳи мазҳабию қавмии атрок дар ҷомеа ҳукмронӣ менамуд.

  Маҳмуд нахустин касе буд, ки натанҳо давлати миллии моро барои ҳамеша аз байн бурд, балки рӯҳи қавмию мазҳабиро ҷойгузини он намуд. Ӯ барои тақвияти сиёсати қавмию мазҳабии худ ва ночиз кардану аз байн бурдани андешаву орои миллии эронинажодон – тоҷикону форсҳо ва суст кардани эҳсоси қавмию нажодии онҳо тамоми чораҳоро меандешид. Аз ин рӯ, ӯ, бо баҳонаи қарматию муътазилию рофизӣ, маҳз тоҷикону форсҳоро мекушт ва ба қатл мерасонд.Ба қавли Носири Хусрав:

Ном ниҳӣ аҳли илму ҳикматро

Рофизию қарматию муътазилӣ.[1]

 

  Ин, албатта, барои миллати мо фоҷеа буд. Миллате, ки ба тозагӣ худро аз зери султаи аъроб халос карда, ба ташкили давлатҳои ниммустақили худ (Тоҳириён, Саффориён, Сомониён) даст ёфта буд, ба балои дигар, ки аз балои араб бадтар буд, рӯ ба рӯ шуд. Агар Искандару аъроб мулки моро истилову тасхир карданд, баъд аз муддате ҳукуматро ба дасти ҳокимони маҳаллӣ супурданду худ ба мамлакати хеш баргаштанд. Аммо атрок натанҳо кишвари моро истило ва тасхир намуданд, балки дар он ба таври абадӣ маскан гирифтанд ва ҳукуматҳои миллии худро ташкил намуданд. Бад-ин тартиб, эронинажодон – тоҷикону форсҳо ҳар чӣ доштанд, нисори онҳо карданд. Шоир беҳуда нагуфтааст:

Ҳар чӣ ӯ аз моли дунё дошт, дод,

Хитаи Балху Бухоро дошт, дод,

Суннати волою девон дошт, дод.

Тахти Сомон дошт, дод.

 

Душмани донишгадояш «Дониш» -и Сино гирифт,

Душмани бесуннаташ девони Мавлоно гирифт.

Душмани санъатфурӯшаш санъати Беҳзод бурд,

Душмани бехонааш дар хонаи ӯ ҷо гирифт.[2]

 

  Мусаллам аст, ки миллати мо ба қабул кардани дини ислом аз аъроб дар дил орзуҳои бисёре дошт, ки он, пеш аз ҳама, ба баробарии қавму миллатҳои мусулмон иртибот мегирифт. Ин меъёр дар оғози ислом то андозае мавриди риоя қарор дошт. Аммо баъди даргузашти Муҳаммад ва паси сар шудани ҳукмронии хулафои Рошиддин сиёсат билкул тағйир кард. Хусусан, бо рӯи кор омадани Уммавиёну Аббосиёни сиёҳпӯш шиори мусовоту баробарию бародарии мусулмонон халалпазир гардид ва аъроб ба таҳқири милали мусулмони ғайриараб пардохтанд ва тавҳину наҳ задани миллатҳои мусулмони ғайриарабро дучандон зиёд намуданд. Онҳо акнун мусулмонони ғайриарабро “мавло” мехонданд ва ба онҳо ба дидаи таҳқиру хушунат менигаристанд ва муносибат мекарданд. Ҳамвора аз бартарияти нажодии худ сухан мегуфтанд ва шукӯҳу азамат ва ифтихороти ақвоми мусулмони ғайриарабро нодида мегирифтанд. Албатта, ин амали зиддиисломии онҳо муҷиби дилсардию норозигии мардум мегардид ва ононро ба ҷунбиш вомедошт. Лиҳозо, дар гӯшаву канори эронзамин ошӯбу шӯришҳои халқӣ сар мезаданд. Мусулмонони ғайриараб, ба вижа, аҳли Аҷам, аз рӯи талаботи китоби муқаддаси мусулмонон – Қуръон, ки баробарии тамоми ақвоми мусулмонро кафолат медиҳад, ба мубориза бархостанд ва барои ҳаққу ҳуқуқи миллии худро ба даст овардан ва баробарии худро таъмин намудан бо қавми ҳукмрони араб, муқовимат мекарданд. Ин бартариҷӯии аъроб мусулмонони ғайриараб, ба вижа аҳли Аҷамро водор месозад, ки баҳри исботи ҳаққу ҳуқуқ ва баробарии худ бо кулли мусулмонон бипардозанд. Дар ин маврид эшон аз ояи 13-уми сураи (Ҳуҷурот)-и Қуръон суд меҷӯянд, ки дар он ҷо гуфта шудааст: «Ё айюҳа-н-носу инно халоқнокум мин закарин ва унсо ва ҷаъалнокум шуъубан ва қабоила ли таъорафу инна ак-рамакум инда-л-лоҳи атқокум, инналлоҳа алайҳим хабир»,[3] яъне «Эй мардум, мо шуморо аз нареву модае биофаридем. Ва шуморо ҷамоатҳо ва қабилаҳо кардем, то якдигарро бишиносед. Ҳаройина гиромитарини шумо нази Худо парҳезгортарини шумост. Худо донову кордон аст».[4] Дар ҳамин замон аст, ки ҳаракате ба номи шуубия пайдо мешавад, ки мақсади аслии онҳо таъмини ҳуқуқи баробарии мусулмонон ва ташкили давлатҳои миллӣ ва барандохтани давлату барҳам задани ҳукмронии араб буд, на мубориза бар зидди дини мубини ислом. Ҳарчанд Абӯмуслим дар ин роҳ кӯшиши зиёд ба харҷ дод, аммо ба ҷое нарасид ва охируламр аз дасти аъроб кушта гардид. Яъқуби Лайс низ ба мурод нарасид...

  Наҳзати шуубия, ки асосан аз ибтидои асри VIII расман шурӯъ шуда буд, то асри XII-асре, ки шоири бузурги миллии мо Ҳоқонии Шарвонӣ зиндагӣ мекард, идома ёфт ва пасон ба хомӯшӣ гароид. Аммо, бо ин ҳама, ҳаракати шуубия билкул аз байн нарафт ва ба шаклҳои мухталиф, бо роҳҳои гуногун, пинҳону пайдо ба умри худ идома медод. Хусусан, донишмандон, равшанфикрон ва аҳли илму адаб ба ҳар васила дар осори худ рӯҳи миллию меҳании худро ба намоиш мегузоштанд ва аз рӯҳи бартариятҷӯии аъроб, ки тамоми дастовардҳо ва фазилатҳои дини исломро танҳо ба аъроб мансуб медониистанд, ҷилавгирӣ мекарданд ва ба ин ё он тарз муқовимат менамуданд ва аз худ вокуниш нишон медоданд. Фирдавсӣ дар ин роҳ гӯйи сабқатро аз адибони дигар бурда буд. Саропои «Шоҳнома» дар ҳамин рӯҳияи миллӣ ва ватандӯстӣ навишта шудааст. Асадии Тӯсӣ, Эроншоҳи Абулхайр, Носири Хусрав, Абӯрайҳон Берунӣ, Закариёи Розӣ, Ибни Сино, Носири Хусрави Қубодиёнӣ дар ин замина хидмати зиёд ва пурарзиш намудаанд. Онҳо то ҷое, ки метавонистанд, аз рӯҳи қавмӣ, аз ҳувият ва ифтихори миллии хеш дифоъ менамуданд. Намегузоштанд, ки аъроб ба таҳқири эронинажодон даст бизананд, арзишҳои миллии онҳоро нодида бигиранд ва зери по гузоранд. Офаридани «Мунозираи Арабу Аҷам» - и Асадии Тӯсӣ ҳамин гуна вокуниш бар зидди бартариятҷӯиҳои аъроб буд. Албатта, адибони мутараққии дигар низ бар зидди худписандӣ ва ғурури нобаҷои арабӣ баромаданд ва ба гуфтани ашъори фошкунанда пардохтанд ва аз мавқеи нодурусти қавми аъроб ба ҳаммиллатони хеш хабар доданд ва як навъ ба муқовимату вокуниш бархостанд. Агарчи сиёсати мазҳабии давлатҳои турктабор ба ин амал имконият намедоданд, аммо, ба ҳар сурат, эронинажодон, пӯшидаву ошкоро суннати дифоъ ва муқовиматро идома медоданд. Хусусан, аҳли қалам, аз ҷумла, устод Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Асадӣ, Носири Хусрав ва дигар адибони миллии мо дар ашъорашон бо тарзу роҳҳои гуногунин анъанаро давом медоданд ва аз ситаму вуҷуди ду неруи анэронӣ-аъробу атрок, ки кишвари моро истило ва ҳувияти миллии моро шикаста буданд, ба мардум хабар медоданд. Дар ин замина Хоқонӣ яке аз чеҳраҳои мумтозтарин дар адабиёти мо пас аз Фирдавсию Носири Хусрав ва қабл аз устод Айнӣ маҳсуб мешавад. Дар бисёре аз шеърҳои ӯ мо ҳамин рӯҳияи нафрат ба аъроби худписанду бадкор ва беинсофию ғурури нобаҷои қавмиро мушоҳида мекунем, ки шоир ба мисли Фирдавсӣ ба боди интиқод мегирад, зеро Хоқонӣ, дар баробари ғурури мазҳабӣ, ғурури миллӣ ҳам дорад ва аз миллате намояндагӣ мекунад, ки бо фарҳангу тамаддуну илму адабиёташ чашми оламиёнро хира кардааст. Лиҳозо, вақте ки ӯ мебинад, ки ҳаммиллатонашро таҳқир мекунанд, ба чашми кам ва ҳақорат ба эшон менигаранд, нисбат ба онҳо беҳурматӣ зоҳир менамоянд, хомӯш наменишинад. Хусусан, вақте ки ин амалро аз ҷониби арабони ҳамдини худ, ки бояд ҳамаро бо як чашм бубинанд, мушоҳида менамояд, аламаш меафзояд. Ба ҳарфи дигар, вақте ки ӯ беинсофию бадкирдорӣ ва худро бартар шумурдан аз миллати дигар, ба вижа аҳли Аҷам, аз ҷониби аъробро мебинад, ба иззати нафсаш мерасад, ба ғурури миллиаш таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин ҳангом қалам ба имдоди ӯ мерасад. Ӯ қаламро мегирад ва ин манзараи нохушоянду нодилпазирро, ин ҳақорату таҳқири эшонро нисбат ба ҳаммиллатони худ рӯи коғаз мерезад ва бад-ин тартиб рӯҳи миллӣ ва шуубии худро, ки аз қавмгароии аъроб ва бартар шумурдани худ нисбат ба соири мусалмонон сарчашма мегирад, намоиш медиҳад ва аз эҳсоси баланди инсонию миллии худ ба ҳаммиллатони хеш иттилоъ медиҳад. Масалан, ӯ боре ҳангоми ҳаҷ ба тамошои дарёи Даҷла мебарояд, то тафреҳ намояд, аммо мушоҳидаи манзараи таҳқиру ҳақорати пири аҷамизод аз ҷониби маллоҳи араб ба ғурури миллии ӯ нохун мезанад. Бинобар ин, шоир даст ба ифшои беҳурматию ноинсофии маллоҳи араб мезанад ва бад-ин тартиб хӯю феъли зишти қавми арабро, ки худро бартар аз соири мусулмонон мешуморанд, зери тозиёнаи танқид мегирад:

 

Дӣ, шабонгаҳ ба ғалат сӯи лаби Даҷла шудам,

Боҷгаҳ дидаму наззора бутони ҳарамӣ.

Бар лаби Даҷла зи бас нурлаби нӯшлабон

Ғунча-ғунча шуда чун рӯи фалак пушти замӣ.

Нозанинони араб дидаму риндони Аҷам,

Ташнадил з-орзую ғарқа тан аз муҳташамӣ.

Пире аз дур биёмад аҷамизоду ғариб,

Чашм пӯшидаю нолон зи бараҳнақадамӣ.

Даҳанаш хушку шукуфта рухаш аз тармижаӣ,

Ҷигараш гарму фусурда танаш аз сарддамӣ.

Ташнагӣ бодия бурда ба лаби Даҷла фитод,

Сусттан мондаю аз сусттанӣ сахт ғамӣ.

Об бардоштани Даҷла магар зӯр надошт,

Ки навон буд зи ларзонтанию пуштхамӣ.

Шарбате об талаб кард зи маллоҳе гуфт:

«Ҳати ё шайху Зуҳайбан ҳурамаул рақамӣ».

Пир гуфт: «Эй фато, он зар, ки надорам, чӣ диҳам?»,

Гуфт: «Ихсаъ қатъаллаҳ яминал аъҷамӣ».

Обе аз Даҷла чу бинам, ки ба пире надиҳанд,

Ман зи Бағдод чӣ гӯям сифати бекарамӣ?

Бедирам лоф зи Бағдод мазан, Хоқонӣ,

Гарчи имрӯз ба мизони сухан як дирамӣ.[5]

  Хоқонӣ ду маротиба ҳаҷ кардааст. Ӯ дар роҳи ҳаҷ шаҳру кишварҳои зиёдеро дида ва бо одамони мухталиф, ба қавму миллатҳои гуногун, хусусан аъроб, рӯ ба рӯ шудаву бо бархе аз эшон гуфтугузору мусоҳибат доштааст. Ба дараҷаи кофӣ гуфтору хулқу хӯйи эшонро омӯхтааст. Ҳамин мушоҳида, омӯзиш ва бардоштҳои зиёде аз шаҳру деҳу мардумони мухталиф, наззораи ҳодисаву воқеаҳо, гуфтугӯ бо ашхоси гуногун, суҳбату баҳсҳо боиси эҷод ва эроди ашъори воқеъгароёна дар осораш гардидааст. Ба сухани дигар, ӯ ҳар чӣ дидааст, дар осораш мунъакис кардааст. Дар ин замина на танҳо маснавии «Хатм-ул-ғароиб» («Тӯҳфат-ул-Ироқайн»), балки қасидаву қитъаву ашъори дигари шоир низ маводи судманд медиҳанд. Шоир дар бисёре аз ин ашъор на фақат рӯҳи миллӣ ва ғурури инсонии худро буруз медиҳад, балки бад-ин тартиб ба таъриху миллати хеш бетафовут набудани худро низ ба намоиш мегузорад. Аз ин рӯ, гоҳ ба ёди таърих меафтад, гоҳ аз бузургони бостон, гоҳ аз риҷоли таърихию қаҳрамонони асотирию паҳлавонони қадими Эрону эронзамин сухан дар миён меорад ва гоҳ аз асорату хорию зории миллат меандешад, ғаму андӯҳу ҳасрату таассуфу дареғ мехӯрад, аз шукӯҳи дерини ватану миллати хеш сухан мегӯяд, зеро миллаташро дар зери султаи араб мебинад. Агарчи аз Шарвон, ки зодгоҳаш аст ва аҳли он, ки ба ӯ номеҳрубонӣ менамоянд, борҳо шикоят мекунад, аммо, бо ин ҳама, онро дӯст медорад ва мисли устод Рӯдакӣ:

 

Имрӯз, ба ҳар ҳоле Бағдод Бухорост,

Куҷо мири Хуросон аст, пирӯзӣ он ҷост.[6]

 

аз Бағдод, ки маркази хилофат аст, бартар мениҳад ва мегӯяд:

 

Шарвон ба иззи шоҳ зи Бағдод даргузашт,

То шоҳзода Сафватуддин бонувони ӯст.[7]

 

  Зимнан бояд гуфт, ки дар силсилаи ашъори шуубияи Хоқонӣ ва ҳамсадоии ӯ ба ин ҷараёни миллию инсонӣ муҳаққиқон, асосан қасидаи «Айвони Мадоин» -ро мисол меоранд, аммо ин дар осори ӯ мисоли ягона нест. Дар ин замина метавон мисолҳои зиёд овард ва рӯҳи қавии миллию инсонию ҳамсадоии ӯро ба шуубиён собит намуд. Бадбахтона, осори Хоқонӣ аз дидгоҳи арзишҳои миллӣ ва рӯҳи эронгароӣ то ҳол ба таври ҷиддӣ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст, шореҳон низ ағлаб осори шоиррро аз назари дину мазҳабу ирфону тасаввуф шарҳу тавзеҳ дода ва баррасӣ намудаанд. Ҳатто назари донишмандон низ ба ин гуна ашъори шоир, аз ҷумла «Айвони Мадоин» чандгуна аст ва бештар ба ибрату ҳасратгароии шоир хулоса мешавад. Ҳол он ки ин қасида баъд аз «Шоҳнома» -и Фирдавсӣ, ашъори ватандӯстонаи Носири Хусрав ва пеш аз осори устод Айнӣ беҳтарин асари адабист, ки дар он рӯҳи миллӣ ба таври барҷаставу бориз муҷассам шудааст. Он яке аз шоҳкорҳои адабиёт ва «Шоҳнома» -и кӯчакест, ки дар парвариши рӯҳи миллӣ ва бедор кардани эҳсоси ватандӯстонаи эронинажодон нақши муҳим бозидааст ва дар зоти худ камназир мебошад. Ин қасидаро пайваста бояд хонд ва ҳамчун гимни ватандӯстӣ ва ҷовидонагӣ барои тарбияи насли наврас истифода кард, зеро шоир дар он рӯҳи миллӣ ва ватандӯстонаи худро дар замоне ба намоиш гузоштааст, ки камтарин маҷоли дар ин боб сухан гуфтан дар миён набуд. Сиёсати мазҳабии хилофат ва қавмии атрок, ки дар Эрону эронзамин соя афканда буд, имкони аз миллат, ватан, нажоди худ сухан гуфтан ва гузаштаи худро ёд карданро ҳаргиз намедод. Ҳар кӣ дар ин қаламрав ҳаракат мекард, алалфавр аз байн мебурданд. Ҳатто ба онҳое, ки дар дарбори атрок содиқона хидмат мекарданд ва сиёсати мазҳабии Бағдодро ташвиқу тарғиб мекарданд, дар муқобили миллати худ ва рӯҳи миллӣ қарор доштанд, аз қарматию муътазилию рофизӣ изҳори нафрат мекарданд, сиёсати тоҷиккушии ин истилогаронро пуштибонӣ менамуданд, низ раҳм намекарданд ва ба андак баҳона эшонро қатл мекарданд. Аз ин хотир, Низомулмулк, ба он ҳама хидмат ва садоқат ба Бағдоду Салҷуқиён, ҳамеша дар тарс мезист. Лиҳозо, ӯ аз нигаронӣ ва ҳароси худ аз Алп Арслон дар «Сиёсатнома» чунин менависад: «Ва сахт босиёсат ва ҳайбат буд ва ман бад-он сабаб, ки ӯ (Алп Арслон-Ҷ.С.) дар мазҳаби хеш чунин ба ҷидду ҷаҳд муътақид буд ва мазҳаби шофеӣ ба айб медошт, ҳамвора аз ӯ андешанок ва тарсон будаме».[8] Бинобар ин, иншои «Айвони Мадоин» дар замони ҳукмрони мутлақ будани сиёсати мазҳабии аъроб ва қавмии атрок як ҳодисаи нодир буд ва аз Хоқонӣ ҷуръат ва аз сар гузаштанро талаб мекард. Воқеан, садҳо адибон дар он замон ва баъд аз ӯ зиёрати ҳаҷ мекарданд, аммо касе туҳфа аз Мадоин намеовард, мадоинома наменавишт, дар муқобили Ҳамзаи араб, аз Салмони Форсӣ ёд ва ифтихор намекард. Ба ҳарфи дигар, агар дигарон аз Макка «субҳа аз гили Ҳамза мебурданд», танҳо Хоқонӣ буд, ки аз Макка «субҳа аз гили Салмон меорад». Албатта, ин бузургтарин раҳоварди миллӣ аст, ки танҳо ба Хоқонӣ ихтисос мегирад. Аз ин рӯ, мо дар таърихи адабиёти тоҷику форс шоири дигареро бо ин рӯҳия дар замони бедавлатӣ ва заъфи рӯҳия ва андешаи миллӣ суроғ надорем. Пас, мо мегӯем, ки Хоқонӣ қаҳрамон аст. Мо бояд имрӯз ба туҳфаи ҷовидонии шоир ба эронинажодони шикастхӯрда ва  бедавлат баҳои воқеӣ бидиҳем ва ба он аз дидгоҳи арзишҳои миллию инсонӣ ва ватанпарварӣ бингарем ва хидмати шоирро дар зинда кардани рӯҳияи миллӣ ва ватанпарварӣ қадр намоем, бишносем, бишиносонем. Шоире, ки аз қаламаш афкори олию лоязолӣ метаровад, афкоре, ки ба дилҳо чанг мезанад, ба дидаҳо нур мебахшад, миллатро тасаллӣ медиҳад ва бовар мекунонад, ки рӯҳи миллӣ баъди Сосонию Сомониён ҳам намурдааст, зинда аст, зеро фарзандону фарзонагону миллатдӯстоне чун Хоқониро дорад. Хоқонии ҳамнаво бо Фирдавсӣ, Носири Хусрав, Соҳиби Шерозӣ, Садриддин Айнӣ, Маликушуаро Баҳор, Ишқӣ, Забеҳуллоҳи Сафо, Деҳхудо, Хусрави Фаршедвард, ки синааш лабрез аз афкору орои ватандӯстонаю эҳсоси миллӣ будааст ва аз қавму нажоди худ, гузаштаи пурифтихори хеш на танҳо афсӯсу дареғу ҳасрат мехӯрад, балки меболад ва бо як шукӯҳу шаҳомати ориёӣ ба ҳаммиллатони худ ҳушдор ва дарси ибрат медиҳад:

Ҳон, эй дили ибратбин, аз дида назар кун, ҳон,

Айвони Мадоинро оинаи ибрат дон.

Як раҳ зи лаби Даҷла манзил ба Мадоин кун

В-аз дида дувум Даҷла бар хоки Мадоин рон…

Гар зоди раҳи Макка туҳфас-т ба ҳар шаҳре,

Ту зоди Мадоин бар туҳфа зи пайи Шервон.

Ҳар кас барад аз Макка субҳа зи гили Ҳамза,

Пас, ту зи Мадоин бар субҳа зи гили Салмон…

Ихвон, ки зи роҳ оянд, оранд раҳоварде,

Ин қитъа раҳовард аст аз баҳри дили ихвон.[9]

 

  Ҳамин гуна мавқеи фаъол, аз рӯҳи ватандӯстона бархӯрдор будани Хоқонӣ ва эҷоди асари шоҳкори миллию инсонӣ ва бурузи эҳсосоти эронгароӣ, паёмрасонию ибратдиҳӣ сабаб шудааст, ки устод Бозор Хоқониро дар радаи аввали шоирони эронгарою эрондӯсту миллӣ қарор бидиҳад ва бигӯяд:

 

Аҳди шоирони ридак буд баъд аз Рӯдакӣ,

Баъди шеъри Рӯдакӣ кам нест шеъри ридакӣ

Чун камони Рустаму Ораш нашуд шеъри Аҷам,

Рафт аз дасти Аҷам аз бекамонӣ Ҷоми Ҷам…

Унсурӣ то дегдон аз нуқраи Маҳмуд кард,

Чор унсури Аҷамро садқаи Маҳмуд кард.

Хор кардӣ паҳлавонони яли «Шаҳнома»-ро,

Шоирони говриши буздили дарборҳо.

Ғайри Хоқонӣ хароботи Мадоинро кӣ дид?

Қатра-қатра аз сари мижгони кӣ оташ чакид?

Меҳану миллат намедонанд ин асҳоб чист?

Душмани деринаи мо, ҳар кӣ бошад, хонагист.

Хатм шуд бо Саъдиву Фирдавсӣ шеъри бостон,

Шоираш Саъдист, Фирдавсӣ-худои шоирон.[10]

 

  Дар ҳақиқат, Хоқонӣ пас аз Фирдавсию Носири Хусрав ва қабл аз устод Айнӣ бузургтарин шоири миллии мост, ки бо неруҳои истилогар, алалхусус аъробу атрок, ки миллати моро таҳқир ва аз вуҷуди сиёсию иҷтимоӣ ва иқтисодию низомӣ маҳрум кардаанд ва сабаби заволи сиёсию иҷтимоию иқтисодию низомӣ ва фарҳангу тамаддуну қудрати мо гардидаанд, ба муқовимат бархостааст. Ӯ дар осораш аз фарҳангу тамаддуни Эрони бостон, шахсиятҳои таърихию риҷоли бузурги давлатӣ, аз ҷумла Рустаму Суҳробу Исфандиёру Орашу Бежану Кайқубоду Кайхусраву Баҳроми Чӯбинаву дигар чеҳраҳои асотирию таърихӣ, ба некӣ ёд ва ифтихор кардааст ва бад-ин тартиб ғамхори илму адабу фарҳангу тамаддуни миллӣ будани худро ба намоиш гузоштааст. Ин нишон медиҳад, ки Хоқонӣ, агарчи марде сахт мутадайин буд, аммо аз рӯҳи қавии миллӣ низ бархӯрдор буд, вобаста ба замону макони ҳаёташ, пинҳону пайдо ба дифоъ ва ташвиқу тарғиби он пардохтааст. Ӯ нагузоридаст, ки неруҳои анэронӣ ба таҳқири аҷамиён пардозанд, дар ҳаққи онҳо суханони зишт бигӯянд, онҳоро паст бизананд ва нисбат ба эшон зулму истисморро раво бидоранд. Бо як калом, ӯ тоқати дидани зулму истисмори қавми шикастхӯрдаи худро надошт. Лиҳозо, ҳар ҷо ки беадолатии неруҳои анэронӣ, масалан, аъробро мебинад, хомӯш нишаста наметавонад, ҳароина бо шеър ҷавоб мегӯяд. Ин гуна ашъор дар девони шоир хеле зиёд аст, ки аз ғурури волои миллӣ ва инсонии Хоқонӣ дарак медиҳанд. Хусусан, манзараҳои нохушоянде, ки шоир ҳангоми сафар ва ҳаҷ мушоҳида намудааст, ӯро бетараф нагузоштаанд, балки ба вокуниш водоштаанд ва муҷиби эҷоди ашъори муқовимат гардидаанд. Воқеан, ин гуна ашъор, ин гуна эҳсос, ки шоир аз худ буруз додааст, нишон медиҳад, ки Хоқонӣ воқеан ҳам, бо шуубиён, ки таҳқири арабро таҳаммул намекарданд ва ба онҳо ҷавобҳои дандоншикан медоданд, ҳамдаст ва дар сафи онҳо қарор дорад. Ин амал ӯро ҳамчун шоири масъулу мутааҳҳид ва ватандӯсту пурғурури миллӣ ба хонандагон муаррифӣ менамояд. Инро қавли муаллифи мақолаи «Хоқонӣ-ҳамово бо шуубиён» Абдураҳими Собит низ тасбит менамояд, ки мегӯяд: «Авҷи ҷӯшу хурӯши наҳзати шуубия дар қарнҳои дуввуму саввум буд, аммо дар рӯзгори Хоқонӣ ҳанӯз ин андеша, агарчи на ба он шиддат ва хиддати оғозин, каму беш ҳузур дошт. Дар қарни панҷум Меҳёри Дайламиро мебинем, ки дар тафзили эрониён ба қавми араб ашъори пуршӯре месароид ва низ шоҳиди онем, ки Замахшарӣ - соҳиби «Кашшоф» (467-538ҳ.қ.) аз интисоби худ ба наҳзати шуубия табарро меҷӯяд, ки ин худ далели матраҳ будани ин андеша дар қарни шашум мебошад».[11] Шодравон Маликушшуаро Баҳор доир ба интисоби Хоқонӣ ба наҳзати шуубия чунин менависад: «Ба ҳар сурат, Хоқонӣ аз баракати ҳисси шадиди ватании муосирини азиз дар натиҷаи ин қасида (қасидаи «Айвони Мадоин») дар хадоди шуарои шуубия ва таолии Фирдавсию Дақиқӣ ва эрондӯстони қадим қарор гирифта».[12]

  Тавре ки гуфтем, мутаассифона, аксари муҳаққиқон ва хоқонипажӯҳон ҳамовозии Хоқониро бо шуубиён танҳо дар қасидаи «Айвони Мадоин» дидаанд ва мушоҳида кардаанд. Ҳол он ки мо ин гуна рӯҳия, ҷилва ва ҳамсадоӣ бо шуубиёнро дар осори дигари шоир низ бармало боздид менамоем. Мо гумон мекунем, ки осори шоир аз ин лиҳоз ҳанӯз ба таври боиставу шоиста мавриди кандуков қарор нагирифтааст. Ишораву мақолоте, ки дар ин замина то ҳол иншо шудаанд, барои бозтоби ин мавзӯи муҳим нокифояанд. Хоқонипажӯҳонро зарур аст, ки дар ин самт ҷиддан ба пажӯҳиш машғул шаванд, то бад-ин васила натанҳо аз рӯҳияи динию мазҳабию инсонӣ, балки аз эҳсоси миллию ватандӯстона бархӯрдор будани ин шоири бузурги миллию ватандӯстамонро кашф ва ба намоиш бигузоранд ва бад-ин тартиб дар парвариши рӯҳи миллии ҳаммиллатон, ба вижа насли наврас, саҳм бигиранд, зеро рӯҳияи дифоъ аз арзишҳои миллӣ ва ифтихор аз гузаштаи шукӯҳманди Эрон, бостонситоӣ, муқовимат ва ифшои бартариятҷӯии аъроб ва зулму ситами атрок бар аҳли Аҷам дар бисёре аз ҷойҳои осори шоир ба таври пинҳону пайдо ба намоиш гузошта шудааст. Аммо муҳаққиқон, бо сабабҳои айнию зеҳнӣ, ба ин мавзӯъ ва ин буъди осори шоир аз паси панҷа нигариста, бештар ба рӯҳи динию мазҳабӣ ва тасаввуфию ирфонии осори шоир диққат додаанд ва ба рӯҳи миллию инсонии орову афкори ӯ таваҷҷуҳи лозимаро мабзул надоштаанд. Ин амал, хусусан дар кори шореҳон ба ҳадди ифроту тафрит расидааст. Эшон саргарми таассубу хурофот ва аз мавқеи сиёсати мазҳабии дар замони худ ҳукмрон ва рӯҳияи ғолиби динию ирфонию тасаввуфӣ ба ҳалли масъала наздик шуда, ҷанбаҳои дигари афкори ӯро аз мадди назар дур гузоштаанд. Чунончи, дар бораи озодандешӣ, ситамситезӣ, рӯҳияи миллию ватандӯстонаи шоир, хусусан арабситезию маҳкум кардани сиёсати истисморгароёнаи атрок, ки мулки Аҷамро ба майдони тохтутозу одамкушию қатлу ғорат қарор додаанд, на танҳо чизи казоие нагуфтаанд, балки сукут варзидаанд. Ҳол он ки дар ин мавзӯъҳо аз ашъори шоир метавон садҳо мисол овард ва ба доираи таҳлилу таҳқиқ кашид. Барои мисол, танҳо овардани ин абёт аз қасидаи баланду машҳури шоир, ки бо радифи «барафканад» сурудааст, кофист, ки мо Хоқониро дар силки шоирони ситамситез, муқовиматгар, ҳамфикр бо шуубиён ва дорандаи рӯҳи миллию ватандӯстона ба қалам бидиҳем:

Мулки Аҷам чу туъмаи туркони аъҷамист,

Оқил куҷо бисоти таманно барафканад?

Тан гарчи сӯву этмак аз эшон талаб кунад,

Кай меҳри шаҳ ба Отсизу Буғро барафканад?

Зол арчи мӯи чун парри зоғ орзу кунад,

Бар зоғ кай муҳаббати анқо барафканад?[13]

 

 Воқеан, шоир дар ин абёт мегӯяд, ки аз рӯи зарурат тан ба ҳукумати бегона медиҳад, аммо ба ҳеҷ ваҷҳ дил ба ин шоҳони бегона намедиҳад, балки ба Нусаратуддин-подшоҳи эронинажоди Мозандарон медиҳад, на Буғрохону Отсизи турк, ки кишварро на танҳо истило, балки ба хоку хун кашидаанд ва оромиву осоишро аз мардум бурдаанд. Лиҳозо, шоир бо дарду ҳасрат аз даст рафтани мулки Аҷам, яъне туъмаи туркони аъҷамӣ (яке аз саффоктарин ва хунхортарин қабилаҳои туркҳои оғузӣ – Ҷ.С) шудани онро ҳамчун фоҷиаи бузурги миллӣ матраҳ мекунад ва бад-ин тартиб муҳаббати худро ба эронинажодон, Эрону эронзамин ва мардуми он, ки дар асорати бегонагони пастмояи бефарҳанг ба сар мебаранд, нишон медиҳад. Ин гуна эҳсоси меҳандӯстона ва бурузи рӯҳи миллӣ дар ашъоре, ки нисбат ба ҳамлаи ғузон ба Эрон, ба вижа Хуросон ва қатли Имом Муҳаммади Яҳё – яке аз пешвоёни мазҳаби шофеӣ сурудааст, бармалост. Ӯ дар ин гуна шеърҳои худ аз дил нола сар медиҳад ва нафрату ғазаби худро нисбат ба туркони ғуз равшан ба намоиш мегузорад:

 

Он Мисри мамлакат, ки ту дидӣ, хароб шуд.

В-он Нили макрамат, ки шунидӣ, сароб шуд.

Сарви саодат аз тафи хазлон зуғол гашт,

Акнун, бар он зуғол ҷигарҳо кабоб шуд.

Аз сели ашк бар сари тӯфони воқеа

Хуноб ба қуба-қуба ба шакли ҳубоб шуд.

Чил газ сиришки хун забари хок даргузашт,

Ло бал чиҳил қадам зи бари моҳтоб шуд.

Ҳам пайкари саломату ҳам нақши офият

Аз дидаи наззорагиён дар ниқоб шуд…

Гуфтам ба гӯши субҳ, ки ин чашмзахм чист,

К-ашколу ҳоли чарх чунин носавоб шуд?

Субҳ оҳи оташин зи ҷигар баркашиду гуфт:

«Дардо, ки корҳои Хуросон зи об шуд».

Гардун сари Муҳаммади Яҳёӣ ба бод дод,

Меҳнат рақиби Санҷари Моликриқоб шуд.

Аз ҳабси ин хидев халифа дареғ хӯрд

В-аз қатли он имом пайамбар мусоб шуд...[14]  

 

 Хоқонӣ борҳо ба ин ҳодисаи мудҳиш ва фоҷиаи бузурги миллати мо дар осораш ишора менамояд, хабар медиҳад ва ҳуҷуми туркони ғузро ба Хуросон, ки бахше аз Эрони бузург мебошад, маҳкум менамояд. Масалан, ӯ дар ин қасида, ки ба мадҳи султон Муҳаммад ибни Маликшоҳ бахшида шудааст, султонро ба бозситонии Хуросон аз чанголи туркони ғуз даъват менамояд ва ташвиқ мекунад:

 

Мулки Хурсон турост, дар кафи ағёр ғасб,

Мӯсии мулкат туӣ, гург шӯбони ғанам.

Мулки Хуросон ба теғ бозситонӣ зи ғуз,

Пас чӣ кунӣ дар ниём ганҷи зафар муктатам?

Кова, ки донад задан бар сари Заҳҳок путк,

Кай шавадаш пойбанд кӯраву сандону дам?

Гӯ баҳисомат, ки бурд оби бути лот ном,

К-ин ҳама зери ниём, тан чӣ занӣ лотанам?

Гар зи пайи ғазви ғуз қасди Хуросон кунӣ,

Гарди саворон кунад чеҳраи гардун дижам.

Аз ҷигари Ҷайшхон хок занад ҷӯши хун,

Атсаи хунин диҳад бинии шерон зи шам.

Даргаҳи мирони ғуз даршиканӣ Нимрӯз,

Чун дари Афросиёб нимшабон Рустам…[15]

  Дар заминаи ғузситезии Хоқонӣ дар қасидаҳояш боз ҳам метавон мисол овард, аммо мо дар ин мавқеъ пораеро аз як қитъаи шоир нақл менамоем, ки аз ду неруи истилогар ва анэронӣ, ки қудрати кишварро дар даст гирифтаанд ва рӯҳи миллии моро ночиз кардаанд, интиқод менамояд. Ин қитъа ҷанбаи таърихӣ дорад ва рӯҳи қавии шуубии Хоқониро ба намоиш мегузорад, зеро ӯ рӯирост аз аъробу атрок шикоят менамояд. Албатта, ин ҷо «ман» -и шоир хусусияти ҳамагонӣ мегирад, яъне ба мулку миллат ихтисос дорад, ки дар дарозои таърих ба зулми аъробу атрок гирифтор шудааст:

 

Манам, ки ҳамчу камон дастмоли турконам,

Ҳама зи ғамзаи хаданг охта ба кинаи ман.

Хаданги ғамзаи туркон накард бодилам, он-к

Ниҳеби румҳи араб мекунад ба синаи ман.

Агар на Каъба будӣ, дар Араб чӣ кор маро,

Ки нест дар Аҷам имрӯз кас қаринаи ман?[16]

 

  Тавре ки аз ин мисол мебинем, Хоқонӣ дар ин ҷо беш аз атрок ба аъроб метозад, зеро эшонро қавме бераҳму худписанду ношоиста мебинад ва хунрезии эшонро беш аз хунрезию қатли оми атрок медонад. Лиҳозо, шоир мегӯяд, ки агар Каъба дар ин мулк намебуд, ҳаргиз маро ниёзе ба ин сомон ва ин мардум намеафтод. Хоқонӣ қариб наздик ба ҳамин маънӣ, яъне аз бадкорию зиштиҳои аъроб дар қасидаи «Туҳфат-ул-ҳарамайн» низ сухан дар миён меорад, зеро вай Каъбаро дар дасти қавме бадфеълу шум мебинад. Аз ин рӯ, сиёҳони арабро ба морону занбӯрон ташбеҳ ва монанд менамояд:

 

Ман ба чашми хеш дидам Каъбаро аз захми санг

Ашкбор аз дасти муште нобасомон омада…

Каъба дар шуме араб чун қутб дар тунге садаф,

Ё садаф дар баҳри зулмонӣ гаравгон омада.

Каъба ганҷ асту сиёҳони араб морони ганҷ,

Гирди ганҷ онак сафи морон фаровон омада.

Каъба шони шаҳду кони зар рустаст, эй аҷаб,

Хайли занбӯрону моронаш нигаҳбон омада.[17]

 

  Ҳамин гуна эҳсосоти ногувор аз сафари Каъба ва мушоҳидаю рухдодҳои манфӣ ва нохушнудии шоирро аз аъроб дар қасидаи «Наҳзат-ул-арвоҳ», ба вижа дар анҷоми он низ мебинем:

Бодия чун ғамзаи туркон синондор аз араб,

Ҷои хунрезону наргисзори найсон дидаанд….

Каъба дар дасти сиёҳони араб дида, чунон-к

Чашмаи ҳайвон ба торикӣ гаравгон дидаанд.

Он чи дида душманони Каъба аз мурғон ба санг,

Дӯстони Каъба аз ғавғо дучандон дидаанд.

Беҳтарин ҷое ба дасти бадтарин қавме гарав,

Муҳраи ҷондору андар мағзи саъбон дидаанд.

Не зи Эзид шарму не аз Каъба озарм, эй дареғ,

Ҷойи шеронро сагони сур суккон дидаанд…[18]

 

  Хоқонӣ дар ашъораш бисёр симои қавми арабро матраҳ кардаву ба намоиш гузоштааст, ки нақли ҳамаи онҳо дар ин ҷо намегунҷад. Лиҳозо, мо дар ин маврид ба овардани намунае аз як қитъаи шоир, ки бо забону шеваи рамз иншо шудааст ва бунёдаш бар орзуҳои беш аз ҳазорсолаи миллати мо нисбат ба истилогарони араб, рӯҳи некбинонаи шоир ва боварӣ ба ғалабаи Аҷам ниҳода шудааст, иктифо менамоем:

 

Рӯзе миёни бодия бар лашкари Аҷам

Дасти Араб чу ғамзаи туркон синон кашид.

Девони меғранг синонкаш чу Офтоб

К-аз нӯки найзашон сари кайвон синон кашид.

Меғ аз ҳаво ба ёрии он меғчеҳрагон

Омад зи барқ, найзаи оташфишон кашид.

Мо оҷизи ду меғ, ки бар домани фалак

Қавси қузаҳ аломате аз парниён кашид.

Ман дар камони назора, ки ногаҳ бурид бахт

Чун об дардавиду чу оташ забон кашид.

Гуфто, матарс аз ин гурӯҳи нохудойтарс,

К-онак Худои Каъба бар эшон камон кашид.[19]

  Тавре ки мебинем, Хоқонӣ на танҳо дар қасидаҳояш, балки дар соири ашъораш, алалхусус қитъаҳояш низ бар аъроб метозад, аз хӯйи бади эшон интиқод менамояд ва ноҳамворию каҷрафторию балоҳои зиёди ба сари миллати мо овардаашонро, ки таърих шоҳиди он аст, як-як баён медорад. Шоир дар ин маврид таърихро ба воқеият гиреҳ мезанад, аммо ағлаб он чи дар ин замина мегӯяд ва менигорад, ҷанбаи воқеӣ доранд, зеро аксари онҳо ба сайру саёҳату сафару мусофирати ӯ ба ҳаҷ иртибот мегиранд, ки онҳоро дар роҳу дар ҳангоми ҳаҷ аз сар гузаронидааст ва бо чашми сар дидааст. Хоқонӣ дар ин қисм аз ашъораш агар, аз як сӯ, аз ранҷи роҳу сафар сухан гуфта бошад, аз сӯи дигар, аз ноҳамвориҳо ва муносибати бади аъроб ба ҳоҷиён, ба вижа аҳли Аҷам, изҳори назар менамояд. Чунончи:

 

Зи коми наҳангон бурун омадем,

Зи ғарқоби дарёи хун омадем…

На аз бодия, бал зи тӯфони Нуҳ

Ба киштии исмат дарун омадем…

Ба сагҷонӣ, ар чун Сикандар ба табъ

Дар он роҳи зулмотгун омадем…

Зи ғавғои зангидилони араб

Гурезон, надонӣ, ки чун омадем?

Аз он зоғфеълон, гаҳи шабравӣ

Зи саффи кулангон фузун омадем.

Зи хун хӯрдану ҳабс ҷастем ур,

Ту гӯӣ зи модар кунун омадем.

Агар сарнагун хондаемон равост,

Ки мо аз раҳим сарнагун омадем.[20]

 

  Зимнан бояд гуфт, ки васфи Мадоин дар ашъори Хоқонӣ танҳо ба қасидаи машҳури «Айвони Мадоин» маҳдуд намешавад, балки шоир дар ашъори дигараш низ аз ин боргоҳи шукӯҳу шавкати эрониён, яъне пойтахти давлати Сосониён, ки ба дасти аъроб шикаставу вайрон гардидааст, сухан мегӯяд. Шоир дар ин ашъораш низ бо дареғу афсӯс аз дидани айвони вайрону беасаробон ёд мекунад. Агарчи ӯ ин мазмунро на ба тафсил, балки ба иҷмол, дар ду-се байт, зимнан, изҳор менамояд, аммо аз ҳамин иҷмол ҳам хонанда ба тафсили воқеа ва мақсади шоир ба осонӣ пай мебарад. Ӯ мушоҳидаи ҳоҷиёнро ба ин навъ рӯи саҳфа мерезад:

 

То хаёли Каъба нақши дидаи ҷон дидаанд,

Дидаро аз шавқи Каъба замзамафшон дидаанд…

Бар сари Даҷла гузашта, то Мадоин Хизрвор

Қасри Касрою зиёратгоҳи Салмон дидаанд.

Тоқи айвони ҷаҳонгиру вушоқи пирзан

В-аз накӯномӣ тирози фарши айвон дидаанд.

Аз таҳайюр гашта чун занҷири печон, к-он замон

Бар дари айвон на занҷиру на дарбон дидаанд.

Тоҷдораш рафтаю дандонаҳои қасри шоҳ

Бар сари дандонаҳои тоҷ гирён дидаанд…[21]

 

  Хулоса, ин намунаҳо андаке аз бисёранд, ки ҷилваҳое аз рӯҳи миллӣ ва ҳамнавоии Хоқониро бо шуубиён нишон медиҳанд. Мутаассифона, тавре ки зикр кардем, осори шоир дар ин замина, яъне муносибати ӯ бо шуубиён ҳанӯз ба таври алоҳида ва густурда мавриди пажӯҳиш қарор нагирифтааст. Албатта, дар ин мавзӯъ ишораву мақолаҳои алоҳида мавҷуданд, аммо ин корҳо барои нишон додану бозтоби ҳамаҷонибаи ин мавзӯи муҳим дар осори шоир басанда нестанд. Умед аст, ки хоқонишиносон дар оянда на танҳо рӯи ин мавзӯъ, балки мавзӯъҳои дигари ашъори ӯ, хусусан худшиносии миллӣ, озодандешии шоир ва ғайра равшанӣ меандозанд. Ногуфта намонад, ки Хоқонӣ аз аъробу атрок интиқод мекунад ва дар осори худ аз зулму ситами онҳо нисбат ба миллати мо сухан мегӯяд, аммо ба ислом ба дидаи ҳурмат менигарад. Ӯ дар заминаи тавҳид ва дар васфи Муҳаммад қасидаҳои ғарро суруда, ҳамвора аз пайғамбари ислом тамҷид намудааст. Воқеан, шоир аз лақаби «Ҳассони Аҷам» доштани худ дар осораш пайваста ёд менамояд ва ифтихор мекунад. Ӯ худро ҳамтои Ҳассон ибни Собит – шоири маддоҳи Муҳаммад медонад. Чунончи:

 Чун зи роҳи Макка Хоқонӣ ба Ясриб дод рӯй,

Пеши садри Мустафо сонии Ҳассон дидаанд.[22]

   ************************************

Банда Хоқонию даргоҳи Расулуллаҳ, аз он-к

Бандагон ҳурмат аз ин даргаҳи аъло бинанд.

Мустафо ҳозиру Ҳассони Аҷам мадҳсарой

Пеши симурғи хамӯш тӯтии гӯё бинанд.[23]

 

  Дар ҳақиқат, Хоқонӣ, ки дар диндорӣ сахт мутаассиб аст, ба ислом ба дидаи арҷу эҳтиром менигарад, аммо мушоҳидаи рафтору гуфтору эҳсосоти бартарҷӯӣ ва нафратомези аъроб нисбат ба эрониён, ки дар сайру сафари худ, алалхусус ҳангоми ҳаҷ дидааст ва шоҳиди он бадгӯиҳо, хислату хӯйи нописанди онҳо гардидааст, ӯро ба аксуламал водоштааст ва вай мисли шуубиҳо ба дифои миллат бархостааст. Шоир бад-ин тартиб ифтихори қавмии худро дар ашъораш матраҳ сохта, рӯҳи миллию шуубӣ ва меҳанпарастонаи хешро ба намоиш гузоштааст. Ин амал ӯро дар сафи шоирони миллию ватандӯсту шуубии тоҷик-форс қарор додааст. Ба ин нукта натанҳо муаллифи мақолаи «Хоқонӣ-ҳамово бо шуубиён», балки муаллифи китоби «Забони миллат-ҳастии миллат» - Эмомалӣ Раҳмон низ ишора карда ва гуфтааст: «Афзалуддин Бадил Алӣ ибни Усмони Ҳақоиқии Шервонӣ, ки бо тахаллуси «Хоқонӣ» ва лақаби «Ҳассони Аҷам» машҳур аст, дар хонаводаи падари эрониюласл ва модари румӣ по ба олами ҳастӣ ниҳод… Хоқонӣ аз бузургтарин қасидасароёни адабиёти мо шинохта шудааст. Яке аз қасидаҳои ӯ ба тавсифи Мадоин дар наздикии Бағдод ва таассуф аз харобаҳову вайронаҳои ин шаҳр бахшида шудааст, зеро замоне ин шаҳр пойтахти давлатҳои бузургу муқтадири эронии Ашкониён ва Сосониён буд. Ин қасида аз шоҳкорҳои забону адаби форсӣ маҳсуб мешавад ва аз мавҷудияти ангезаи шуубия ва рӯҳи баланди ватанхоҳӣ дар ниҳоди гӯяндаи он дарак медиҳад».[24] Дар ҳақиқат, Хоқонӣ шоири миллӣ, масъул, ватандӯст, озодихоҳу озодфикр буда, дар саросари осораш андеша ва ғояи миллӣ, нафрат ба аҳли ситам ва неруҳои анэронӣ, ба вижа аъробу атрок, ҷӯш мезананд. Ӯ бонии илму адабу фарҳангу тамаддуни эронинажодон мебошад ва хидмати бузурге дар роҳи худшиносии миллӣ ва парвариши рӯҳи ватандӯстона кардааст. Агар билфарз аз вай танҳо қасидаи «Айвони Мадоин» боқӣ мемонд, боз ҳам номаш дар таърихи адабу фарҳанги миллати мо ҳамчун шоири миллию ватандӯсту шуубӣ бо ҳарфҳои заррин сабт мешуд, зеро ӯ дар ин қасидаи волои хеш таровишҳои табъашро дар хидмати ҳаммиллатону ҳамватанону ҳамнажодони хеш қарор додааст. Ҳақ ба ҷониби Сортр аст, ки мегӯяд: «Нависанда чи бихоҳад, чи нахоҳад, ҳатто агар ба тоҷҳои ифтихороти ҷовид чашми тамаъ дӯхта бошад, рӯи суханаш бо муосирон аст, бо ҳамватанонаш, бо бародарони ҳамнажод ва ҳамтабақааш».[25]

Воқеан, Хоқонӣ дар «Хатм-ул-ғароиб» («Туҳфат-ул-Ироқайн») модарашро настурию зардуштӣ муаррифӣ менамояд ва мегӯяд:

 

Настурию мӯбадӣ нажодаш

Исломию Эзадӣ ниҳодаш.

Пас карда гузин ба ақлу илҳом,

Бар кеши кашиши дини ислом.

Бигрехт аз китоби настур,

Овехт дар китоби мастур.

Кадбону буда чун Зулайхо,

Барда шуда боз Юсуфосо.[26]

Саидзода ҶАМОЛИДДИН

номзади илмҳои педагогӣ

[1] Носири Хусрав. Куллиёт.Девони ашъор. -Ҷ.1. -Душанбе: Эр-гарф,2003. -С.717.

[2] Бозор Собир. Бо чамидан, бо чашидан…-Душанбе: Адиб,1987. - С.17.

[3] Қуръони маҷид.Тарҷумаи Абдулҳамиди Оятӣ. -Теҳрон: Нашри замон. -1360 шамсӣ-2001 мелодӣ. -С.518.

[4] Ҳамон ҷо, ҳамон саҳифа.

[5] Девони Хоқонии Шарвонӣ.Муқобилаву тасҳеҳ ва муқаддимаву таълиқоти Зиёуддини Саҷҷодӣ. -Теҳрон,1368. -С.927-928.

[6] Абўабдуллоҳи Рўдакӣ. Ашъор. –Душанбе: Адиб, 2007. –С.67.

[7] Девони Хоқонии Шарвонӣ. –С.73.

[8] Низомулмулк. Сиёсатнома.-Душанбе: Адиб, 1989.-С.3.

[9] Девони Хоқонии Шарвонӣ. –С.358.

[10] Бозор Собир.Шоиру шеъре агар ҳаст…Душанбе: Адиб, 2006.-С.79.

[11] Абдураҳими Собит.Хоқонӣ-ҳамово бо шуубиён.//Ошно, шумораи сеюм, соли панҷум, мурдод ва шаҳривари 1375.-С.34.

[12] Ҳамон ҷо, ҳамон саҳифа.

[13] Девони Хоқонии Шарвонӣ.-С.140.

[14] Ҳамон ҷо.-С-155-156.

[15] Ҳамон ҷо.-С.262-263.

[16] Ҳамон ҷо.-С.912.

[17] Ҳамон ҷо.-С.371.

[18] Ҳамон ҷо.-С.91-95.

[19] Ҳамон ҷо.-С.859.

[20] Ҳамон ҷо.-С791-792.

[21] Ҳамон ҷо.-С.90.

[22] Ҳамон ҷо.-С.95.

[23] Ҳамон ҷо.-С.99.

[24] Эмомалӣ Раҳмон.Забони миллат-ҳастии миллат. Китоби 1.-Душанбе,2016.-С.384.

[25] Жон Пул Сортр.Адабиёт чист?-Садои Шарқ,1990,№4.-С.71.

[26] Адабиёти форсу тоҷик дар асрҳои XII-XIY.Қисми якум.-Душанбе,1976.-С.137.

Хондан 3308 маротиба