JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 09 Декабри 2019 05:04

Сохтори мактабҳои Нидерландҳо

Муаллиф:

  Дар ҷаҳони муосир сохтори мактабҳои дунё гуногун буда, ҳар як мамлакат вобаста ба шароиту имконият сохтори мактабро дар худ муайян мекунад. Сохтори мактабҳои аксарияти мамлакатҳо аз рӯйи зинаи таҳсилот, шакл ва синну соли қабули ҳонандагон фарқ мекунанд. Вале қайд кардан зарур аст, ки бо вуҷуди фарқият дар сохтор монандӣ низ дида мешавад. Барои бунёди сохтори мактабҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои ворид намудани тағйиру иловаҳо аз таҷрибаи кишварҳои пешрафта истифода бурдан лозим аст. Аз ин лиҳоз, шуморо бо сохтори мактабҳои Шоҳигарии Нидерландҳо (Ҳолландия) шинос менамоем. Дар сохтори мактабҳои давлати Нидерландҳо ду навъи мактабҳо - нидерландӣ ва ҳолландӣ дида мешавад.

  Мактабҳои нидерландӣ аз мактабҳои ҳолландӣ фарқи зиёд надоранд. Фарқият танҳо дар қоидаҳои қабул ва намуди мактабҳост. Ба ин мактабҳо хонандагон тариқи суҳбат қабул карда мешаванд. Хонандагон аз 12 солагӣ ба мактаб қабул карда мешаванд ва бо хоҳиши падару модарон фарзандони онҳоро аз 3-4 солагӣ низ ба мақтабҳои хурдсолон қабул мекунанд. 65%-и хонандагон дар мактабҳои хусусӣ таҳсил мекунанд. Дар мактабҳои ҳолландӣ қоидаи қабул низ чунин буда, фарқият танҳо дар синну сол аст. Хонандагон аз 5-солагӣ ба мактаб қабул карда мешаванд ва барои ба мактабҳои хориҷӣ дохил шудан имтиёзҳои зиёд доранд. Дар анҷоми зинаи таҳсилот хонандагон имтиҳон месупоранд.

  Ҳанӯз соли 1848 дар конститутсияи Нидерландҳо тағйирот дароварда шуда, тибқи муқаррароти конститутсия таълим дар ҳудуди мамлакат озод мебошад. Дар мамлакат монополияҳои таҳсилот дида намешавад. Мактабҳои ибтидоӣ то давраи ҳозира аз тарафи давлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Таҳсил дар ҳамаи мактабҳои миёнаи умумӣ бепул буда, дар кишвар мактабҳои тайёрии касбии олӣ низ мавҷуданд. Дар давраи ҳозира 75 %-и мактабҳо аз тарафи ташкилотҳои хусусӣ ва ҷамъиятӣ сохта мешаванд. Системаи таҳсилот чунин аст: мактабҳои ибтидоӣ, мактабҳои миёна ва мактабҳои олӣ. Таҳсил дар мактаб 8 сол идома меёбад. Мактабҳои ибтидоӣ ба ду зинаи таҳсилот: муассисаҳои томактабӣ ва ибтидоӣ ҷудо мешаванд. Ин зина хонандагони синну соли аз 4 то 12-соларо фаро мегирад. Дарсҳо аз соати 830 оғоз гардида, соати1515 анҷом меёбанд. Хӯроки нисфирӯзӣ аз соати 1145 то соати 1300 аст.

  Қайд кардан зарур аст, ки омӯзгорон дар синфҳои ибтидоӣ ҳар сол як синфро дарс медиҳанд. Масалан, омӯзгоре, ки дар соли хониши ҷорӣ дар синфи якум дарс медод, дар солҳои минбаъда низ ба хонандагони синфи якум дарс медиҳад.

  Сохти соли хониш дар давлати Нидерландҳо чунин аст: оғози соли хониш ҳафтаи охири моҳи август ё аввали моҳи сентябр, бо қарори Вазорати маориф муайян карда мешавад. Таътили тирамоҳӣ ҳафтаи охири моҳи октябр, таътили зимистона бошад, дар моҳи феврал (як ҳафта) гузаронида мешавад. Таътили баҳорӣ дар моҳи апрел (ду ҳафта). Таътили тобистона аз моҳи июн оғоз ёфта, 1,5 моҳ давом мекунад. Ба ғайр аз ин хонандагон дар соли нави мелодӣ дар моҳи январ ду ҳафта истироҳат мекунанд. Тавре қайд гардид, дар ин кишвар таҳсил озод буда, хонандагон сару либоси ягона надоранд ва мувофиқ ба хоҳишашон сару либос мепӯшанд. Барои омӯзгорон низ сару либоси ягона муайян карда нашуда, сару либоси онҳо интихобӣ мебошад.

  Дар мактаби миёна таълим дар ду зина: тайёрии пешаздонишгоҳӣ ва таълими умумию касбӣ сурат мегирад. Таҳсил дар ин зина 6 сол давом мекунад. Хонандагон барномаи таълимиро худашон интихоб мекунанд. Ба онҳо аз рӯйи барномаи лингвистикӣ ва сикли илмӣ таълим дода мешавад. Дар анҷоми курс хонандагон имтиҳон супорида, ба онҳо дар бораи хатм диплом дода мешавад. Хонандагон бо ин диплом ҳуқуқи ба донишгоҳ дохил шуданро пайдо мекунанд, аз ҷумла ба эквиваленти забони немисӣ (Олмон) ва бакалаври Фаронса. Дар донишкадаҳои олӣ бо мақсади зиёд намудани шавқу ҳавас доир ба мутахассисон, баланд бардоштани сатҳи тахассус ва гирифтани унвони илмӣ курсҳо ташкил карда мешаванд. Курсҳои пасаздипломӣ низ мавҷуданд, ки онҳо низ сертификати бокалавриат, магистр ва унвони илмӣ медиҳанд.

  Ду навъи мактабҳо: мактаби таълими миллӣ ва хусусӣ дида мешавад. Мактабҳои таълими миллӣ ба вазоратҳои маориф ва молия итоат мекунанд. Мактабҳои хусусӣ дар асоси стандарт ва барномаҳои давлатҳои хориҷа, ба монанди ИМА, Британияи Кабир ва ғайра таълимро ба роҳ мондаанд. Дар мамлакат барномаи ягона мавҷуд нест.

  Мактаби миёнаи умумӣ ва таълими касбӣ ба 3 навъ ҷудо мешавад. Маълумоти миёнаи умумии калонсолон, ки таълим дар ин зина 5 сол давом мекунад. Дар анҷом онҳо имтиҳон супорида диплом мегиранд. Дар асоси ин диплом ҳуқуқи ба мактаби олии касбӣ дохил шуданро пайдо мекунанд. Маълумоти миёнаи хурд бошад, баъди аз худ намудани барномаи интихобнамуда идома ёфта, ба онҳо низ диплом дода мешавад. Онҳо ҳуқуқи дар мактаби миёнаи калонсолон таҳсил карданро пайдо мекунанд. Пас аз хатми таҳсилоти миёна хонандагони хурдсол таҳсилро дар мактабҳои маълумоти касбӣ давом медиҳанд. Пас аз хатми мактабҳои касбӣ онҳо дар мактабҳои олии касбӣ аз рӯйи ихтисосҳои гуногун таҳсил мекунанд. Дар оянда онҳо ҳуқуқи дар мактабҳои олии касбии техникӣ таҳсил карданро пайдо мекунанд.

  Дар Нидерландҳо системаи ягонаи томактабӣ дида намешавад. Сабаб дар он аст, ки кӯдаконро бо хоҳиши волидайн аз 4-солагӣ ба мактаб қабул мекунанд. То ин давра волидайн онҳоро ба марказҳои машғулиятҳо ва боғчаи бачагон медиҳанд. Гурӯҳҳои бардавом низ дида мешавад. Дар чунин гурӯҳҳо хӯрок дода намешавад (ягон ғизои дигар медиҳанд).

  Таҳсилоти миёна умумӣ: Ҳамаи кӯдакони аз синни 5 то 18-сола вазифадоранд, барои гирифтани маълумоти миёна дар мактаб таҳсил кунанд. Дар синфҳои ибтидоӣ ду сол барномаи томактабиро меомӯзанд. Дар синфи сеюм онҳо навиштани мактуб, хондан, ҳисоб кардан ва табиатшиносиро меомӯзанд. Ба хонандагон танҳо аз синфи 6 вазифаи хонагӣ дода мешавад. Онҳо аз рӯйи барномаи «Бакалаври миллӣ» таълим мегиранд. Инчунин, нақшаи миллии таълим дар мактабҳои ҳолландӣ дида мешавад. Хонандагон аз рӯйи нақшаи ҳолландӣ 6 сол таҳсил мекунанд. Онҳо бо воситаи бозиҳои гуногун ҷаҳони атрофро мешиносанд. Дар ҳамин синну сол педагогҳо фаъолияти онҳоро муайян мекунанд, ки хонанда дар кадом тафриқа таҳсил карданро интихоб менамояд. Дар анҷоми мактаби ибтидоӣ хонандагон ду тест месупоранд.

  Дар бисёр шаҳрҳои Нидерландҳо мактабҳои русӣ дида мешаванд, ки таҳсил танҳо дар рӯзҳои истироҳат ба роҳ монда шудааст. Ба ин мактабҳо кӯдакони аз синни 3 то 18- сола қабул карда мешаванд. Фанҳои таълимӣ вобаста ба синну соли кӯдакон интихоб карда мешаванд. Мақсади асосии ин мактабҳо омӯзиши забони русӣ, маданият ва фаромӯш накардани забони русӣ мебошад.

  Мувофиқ ба қонуни давлати Нидерландҳо дар бораи таҳсилот таълими бепул қабул шуда бошад ҳам, дар мактабҳои махсус таълим пулакӣ аст. Барои таҳсил дар мактабҳои навъи махсус (интернатҳо) маблағи умумӣ барои як соли хониш ҷамъоварӣ карда мешавад.

* Барои дар интернат зиндагӣ кардан 30 ҳазор евро;

* Барои таҳсил аз 4 то 15 ҳазор евро, вобаста ба навъи мактаб ва барномаи таълимӣ.

* Барои таълим дар мактаб-интернат 45 ҳазор евро.

  Дар мактабҳои нидерландӣ ва ҳолландӣ вобаста ба гурӯҳҳои тафриқавӣ фанҳо интихоб карда мешаванд. Масалан, дар мактабҳои хусусӣ аз стандарт ва барномаҳои давлатҳои хориҷӣ, ба монанди ИМА ва Британияи Кабир истифода мекунанд.

  Мактаби байналхалқии Ерде (соли таъсисёбаш 1934) ягона муассисаи таҳсилоти миёнаи интернетӣ дар Нидерландҳо буда, бо забони англисӣ таълим дода мешавад. Ин муассиса аз рӯйи «бакалавриати байналхалқӣ» кор карда, хатмкунандагонро барои дохил шудан ба тамоми донишгоҳҳои ватанӣ ва хориҷӣ роҳандозӣ мекунад. Таълими бепул барои донишҷӯёне муайян карда мешавад, ки дорои малакаи баланди касбӣ мебошанд. Аз он ҷумла, донишкадаҳои илмӣ-татқиқотӣ, ки донишҷӯён аз рӯйи барномаҳои грантӣ аз хориҷа меоянд, қабул шуда тамоми хароҷотҳо пардохта мешавад. Барои ба донишкадаҳои Нидерландҳо дохил шудан шаҳодатнома дар бораи маълумот талаб карда мешавад, ки он аз маҳорати касбӣ шаҳодат медиҳад.

  Дар давраи тобистон хонандагон ба лагерҳои тобистона мераванд. Лагерҳо вобаста ба фаъолияташон гуногун мешаванд. Масалан, лагерҳои илмӣ, таҳсилоти эҷодӣ, маърифатӣ. Аксарияти лагерҳо рӯзона фаъолият намуда, бо забони англисӣ гуфтугӯ мекунанд.

 

М.УБАЙДОВ - мудири

шуъбаи фанҳои табиию риёзӣ

Пажӯҳишгоҳи рушди маориф

ба номи Абдураҳмони Ҷомии АТТ

Хондан 1432 маротиба