Соли 1960 бо раёсати донишманди шаҳир Саид Нафисӣ аз ҷамъе донишмандону аҳли адаб дар Теҳрон анҷумане ба номи “Анҷумани ислоҳи хат” бо дастгирии ҳукумат таъсис дода шуд. Ин анҷуман алифбое пешниҳод кард ва дар нашрияҳои даврӣ ва радиои кишвар дар бораи нуқси алифбои кунунии форсӣ ва зарурати тағйири он тавзеҳоте ироа дошт.
Анҷумани мазбур ислоҳи хатро яке аз муҳимтарин ислоҳоти иҷтимоии ҷомеаи Эрон меҳисобид. Аммо муътақид бар он буд, ки чунин иқдоми муҳимму ҷовидонӣ бояд бо машварати оммаи васеъ, бидуни зӯриву таҳмил амалӣ гардад. “Зеро вокуниши мардум шадидтар мешавад ва натиҷаи матлуб ба даст намеояд” [4,48]. Аз ин рӯ, бо мантиқи қавию далелҳои раднопазир бояд мардумро ба ин ислоҳ омода кард, то батадриҷ ҳавохоҳони он афзуда, мардум пуштибони он гардад. Бад-ин робита баҳсу ҷидол дар бораи тағйир ё ислоҳи хат дар воситаҳои ахбори омма идома пайдо кард. Тибқи таъйиди Яҳё Оринпур, дар соли 1343 ҳ.ш. (солҳои 1964-65) анҷумане ба номи «Анҷумани тарвиҷи забони форсӣ” дар Теҳрон доир шуд ва маҷаллаеро ба номи “Бунёди фарҳанг” интишор дода, алифбое ба номи “Алифбои форсӣ ба хатти ҷаҳонӣ” пешниҳод кард ва аз хонандагон хост, ки ҳар гуна назаре дар бораи ин алифбо доранд, ба Анҷуман бинвисанд”[ҳамон ҷо]
Тарафдорону мухолифони ин ислоҳ баҳси доманадореро ба роҳ андохтанд. Аз ҷумла, нависандаи маъруф Ҷалол Оли Аҳмад низ ибрози назар намуд.
Ба андешаи Ҷалол Оли Аҳмад, давлати вақт барои мунсариф кардани афкори омма аз масоили мубрами иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар, масъалаи тағйири хатро матраҳ кардааст. Гӯё “...ҳоло дигар бар ҳама возеҳу мубраҳан аст, ки то даҳсолаи дигар ин мамлакат биҳишти барин хоҳад шуд ва танҳо монеъ бар сари роҳи ин биҳишти барин мушкилоти хатти форсист, ки иддао шудааст, агар набуд, мардум савод доштанду... ночор ҳама хушбахт буданд” (1,42).
Ин нақли қавл аз мақолаи калонҳаҷми Ҷалол Оли Аҳмад аст, ки зери унвони “Чанд нукта дар бораи хату забони форсӣ” дар моҳи фарвардини 1339 ҳ.ш. (март-апрели 1961) таълиф шуда, дар маҷмӯаи “Се мақолаи дигар”-и нависанда ба чоп расидааст.
Бояд ёдовар шуд, ки аслан тарҳи асосии ин мақола гузориши Ҷалол Оли Аҳмад ба Вазорати фарҳанги (Маорифи вақт) Эрон перомуни вазъи таълими забон ва адабиёти форсӣ дар мактабҳои он кишвар будааст. Аз ин рӯ, ба ҳайси пешдаромад андешаҳои хешро дар атрофи тағйири хат иброз доштааст, ки арзёбии он дар ин ҷо аз фоида холӣ нест.
Агарчи Ҷалол Оли Аҳмад андешаҳои хешро, тибқи сабки нигориши хеш танзомезу хашин иброз доштааст, аммо дар асл, ба ин ақида аст, ки дар шароити кунунӣ дар ҷомеаи Эрон масъалаи муҳиму ҷиддӣ на тағйири хат, балки вазъи асафбори таълиму тарбия ва забон аст. Зеро бо тағйири хат, - таъкид медорад ӯ, -як дафъа ба тараққӣ намерасем. Сӣ сол пеш Туркия ба алифбои лотинӣ гузашт, аммо тибқи омори ЮНЕСКО кишвар танҳо 40% босавод дорад. Аз ин рӯ, нависанда зимни таъкиди мавҷудияти мушкилоти алифбои кунунии форсӣ, иброз медорад, ки “кадом хатро дар олам суроғ доред, ки холӣ аз ин мушкилот ё навъи дигаре аз он бошад?” (1,42).
Дар идомаи мақолааш Ҷалол Оли Аҳмад зимни ёдоварии соири мушкилот, сабабҳои тағйири хат ва заминаи ҷарру баҳс дар атрофи онро чанд нуктаи зер меҳисобад:
Нуктаи аввал, аз назари нависанда он аст, ки дар тӯли таърих мо эронитаборон ҳеҷ гоҳ маълумоти худамонро ба хате, ки ихтирои худамон бошад, нанавиштаем. “Ҳамеша хатро аз дигарон гирифтаем ё иқтибос кардаем. Ва шояд ҳам, -тазкор медиҳад, -ба иллати гурез аз марказ барои ин навъ иқтибосҳо назарамон ҳамеша ба Ғарб будааст, на ба Шарқи модар” (1,43). Манзури Ҷалол Оли Аҳмад аз ин таъкид ин аст, ки дар даврони Ҳахоманишиҳо хатти мехиро аз бобулиҳову ошуриҳо гирифтанд ва котибон, аксаран байнаннаҳрайниён, яъне сомиҳо буданд. Дар замони истилои Искандар хату забони юнониро иқтибос кардем. Манзури Оли Аҳмад аз он ки “назарамон ҳамеша ба Ғарб будааст, на ба Шарқи модар” на ба ҳамнажодони ориёии Ҳинд, балки ба Ғарб, яъне Байнаннаҳрайну Юнон будааст. Сипас ёдрас мешавад, ки дар даврони ҳукумати Ашкониёну Сосониҳо ба паҳлавӣ навиштем, ки хате буд маъхуз аз финиқиву оромӣ. Хатти “Авесто” ҳам, ки мавриди истеъмоли инҳисорӣ дошт, такомулёфта ва танқиҳ (ислоҳ – О.Х.) -шудаи ҳамин хат буд. Баъд ҳам, ки ислом омад, хатти арабии аз кӯфиву ҳамирӣ гирифтаро худи мо ислоҳ кардем ва дар тӯли торихи исломӣ аз он сулсу насху таълиқу настаълиқро дуруст кардем” (1,44). Дар поёни ин нукта ба хулосае меояд, ки дар асл, ихтилофе миёни ин ду хат нест, зеро ҳам хатти лотинӣ ва ҳам арабӣ решаи финиқӣ доранд ва ҳеҷ миллате дар ихтирои хат пешқадам нест. Хатро “бозориёни милали мухталиф... барои сабту забти бедеҳ-бистонҳои худ” (1,44) эҷод кардаанд.
Нуктаи дувуми Ҷалол Оли Аҳмад дар робита бо хат он аст, ки пеш аз ихтирои дастгоҳи чоп хондану навиштан дар саросари олам тафаннунӣ ва дар ихтиёри табақае ё гурӯҳе хосе аз одамон буд, яъне рӯҳониён ва ҳокимон. Зеро мардуми одӣ аслан, ба омӯзишу таҳсил роҳ надоштанд.
Аз ин рӯ, дар мавриди пайдоиши хат ва истифодаи он дар Эрони бостон чунин менигорад: “....дар ин мамлакат ё беҳтар аст, гуфта шавад, дар саросари Шарқ мо ин риҷҳон (имтиёз)-и ҳуккому рӯҳониёнро ҳамеша пеш аз дигарон пиндоштаем... То Ҳахоманишҳо буданд музд медоданду насабномаҳо ва алвоҳи ҷангии худро бар пешонии кӯҳе дур аз дастраси авом меканданд, то бирасонанд, ки китобат амрест осмонӣ ва агар дар лавҳе аз забарҷад дар Тури Сино бар Мӯсо нозил нашуда, даст кам дар пешонии Бесутун ҳак(к) шудааст” (1,44-45).
Дар даврони сулолаи Ашкониёну Сосониён низ, ба андешаи Оли Аҳмад, хату савод дар инҳисори мубадону ҳирбадон буда, китоби муқаддаси “Авасто”, ки дар даҳҳо ҳазор пӯсти гов сабт гардида буд, танҳо чаҳор нусха дар чаҳор оташкадаи расмӣ нигаҳдорӣ мешуд ва аз дастрасии авом ба дур буд. Ҳол он ки, ба андешаи ӯ, пеш аз он ки Искандар ба Эронзамин ҳамла кунад, дар Юнон китобу мактабу мадраса буд ва “шогирдони Суқрот ҳар як китобҳо доштанду дафтару дастгоҳ ва мадрасаҳо. Мо шояд дар замони зуҳури Монӣ ҳам ба заҳмат қоғазро мешинохтем” (1,45).
Дар ин баҳс хулосаи Ҷалол Оли Аҳмад он аст, ки Ҳахоманишиҳо бо қабули хати мехӣ “ин воқеияти иҷтимоиро баён карданд, ки элнишинони тоза аз роҳ расидаанд ва бехабар аз адаби шаҳрнишинӣ ва ҳанӯз маҷбур ба яйлоқу қишлоқанд, ки ночор пойтахте дар Шуш дошта бошанд ва пойтахти дигаре дар Порс” (1,47).
Қабули хати мехии бобулӣ, -таъкид медорад Оли Аҳмад, -маънои қабули тамаддун ва шаҳрнишин шудани қавмҳои эронист, ки он як таҳаввули иҷтимоӣ маҳсуб мешуд.
Аммо Ашкониҳову Сосониҳо ба ҷои хати мехӣ хати дигареро интихоб карданд. Зеро, ба андешаи Оли Аҳмад, шаҳрнишин шуда буданду дорои дини воҳид ва забони расмӣ ва акнун ниёзе ба Ошуру Бобул надоранд. Оташгоҳҳо бино мекунанду бо меъмориҳои тоза шаҳрҳо месозанду “Тоқи зарбиро бе ҳеҷ сутуне то панҷоҳ метр иртифоъ боло” мебаранд (1,43). Сафирҳо ба Ҳинд мефиристанду донишмандони “фирории аз таассуби Юнон ба масеҳият гаравидаро” дар кишварашон паноҳ дода, Дорултарҷумае бунёд мекунанд, то онҳо осори Ҳинду Юнонро тарҷума кунанд. Мадрасаву бемористонҳо месозанду корезҳо мекананд ва “афроди мураффаъулҳолашон дар авқоти фароғат китоб” мехонанду “нарду шатранҷу чавгон” мебозанд. Хулоса, “тамаддуне, ки қодир буд чаҳорсад соли тамом аз ду сӯ дар қиболи ҳамлаи ақвоми дигар биистад” (1,48), ба вуҷуд меояд.
Аз нигоҳи Ҷалол Оли Аҳмад, тағйири хат дар давраи ислом низ заминаи иҷтимоӣ-сиёсӣ доштааст. Дар ин давра, аз назари Оли Аҳмад, мардуми Эронзамин, пойбанди муқаррароти каставӣ, “гирифтору маҷбур ба таҳаммули табақабандии давраҳои моқабли таърих ва хаста аз ҳамаи ҷангҳое бо Рум ва ба ҷон омада аз молиётҳои давлативу муқаррароти хушки мазҳаби Зардушт” мунтазири муъҷизае аз омадани Ислом буданд. Аз назари Оли Аҳмад, бо пирӯзии ислом ва фурӯпошии империяи Сосониҳо эрониён озод шуданд. “Озод аз молиёт, озод аз қайди каста. Озод барои қабули ҳар мазҳабе ва озод барои таҳсили илм” (1,49) . Ба ин робита бояд хотиршинон сохт, ки мардум, албатта, дар ибтидои истилои араб дар қабули мазҳаб озод буданд, аммо агар исломро қабул накунанд, ҳатман бояд молиёт (ҷизя) бипардозанд. Ва саросар мусалмоншавии мардуми одӣ низ решааш озод шудан аз пардохти ҷизя будааст. Бо қабули Ислом ва тасаллути хилофат дар Эронзамин зиндагии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии мардум низ билкул тағйир мекунад.
Аз ин рӯ, Ҷалол Оли Аҳмад ба натиҷагирии солим омадааст, ки “тағйири хат ҳамеша (самбул) кинояи тағйири шароити иҷтимоӣ будааст. Дар ҳама ҷои олам хат вақте тағйир кардааст, ки асоси зиндагии миллате дучори тағйиру таҳаввуле шудааст” (1,46-47). Бад-ин малҳуз Ҷалол Оли Аҳмад ба тарафдорони тағйири хат муроҷиат карда мегӯяд: “... ин тағйири хат нишонаи чӣ тағйирест...?... Оё мазҳаби тозае омадааст, ки мо аз он бехабарем? Ё асоси зиндагии иқтисодии мардум иваз шудааст? Ё фақр решакан шуда? Ё бекориву велгардӣ аз миён рафта?... Охир ин тағйири хатро ба унвони кадом хабари хуш ва талиъаи кадом қадами муборак ва пешқаравули кадом давраи тиллоӣ бипазирем?” (1,50).
Дар идомаи ин хитобаҳо Ҷалол Оли Аҳмад мулоҳиза меронад, ки ба фарзе ки ҷавонони имрӯз иддао кунанд, таҳаввули санъатии сарчашмагирифта аз Ғарб беаҳамият аз таҳаввулоти иҷтимоӣ-иқтисодии собиқа нест, аз ин рӯ, тағйири хат ногузир аст. Дар ҷавоб ба ин суоли матраҳшуда, нависанда чунин андешаронӣ мекунад:
“Агар ин таҳаввули санъатӣ аз сурати тафаннуну тақлид ва надонамкорӣ бадар омаду тавонист дар умқи иҷтимои имрӯзии мо асаре бигзорад ва дасткам робитаи молику раиятро иваз кунад, тоза барои мо қазияи таҷрубаи Жопун пеш хоҳад омад, ки садупанҷоҳ сол пеш ба чунин марҳилае аз таҳаввули санъатӣ расид, вале ҳеҷ ниёзе ба ин надошт, ки хати каҷравтар аз тарсои худро иваз кунад” (1,50).
Ва ҳоло он ки, -таъкид медорад Оли Аҳмад, -саноати мо “ҳанӯз дар банди симонсозӣ” қарор дорад, аз ин рӯ, ба қавли маъруф, “мо ҳанӯз дар хами як кӯчаем”. Ва ба ҳар сурат, хаёлатон роҳат бошад. Беҳуда ғами хатро нахӯред. Агар ғаме бояд хӯрд, ғами забони форсист, ки ҳатто дар мадорис ба чунон вазъи ноҳинҷоре дучор шудааст” (1,51).
Тавре ки мулоҳиза шуд, ақидаи Ҷалол Оли Аҳмад дар мавриди тағйири хат дар ҷомеаи Эрони солҳои 60-уми қарни гузашта, дар пояи ҷаҳонбинии иҷтимоӣ қарор дошта, то ҳадде маншаъ аз назарияи ғарбзадагии ӯст.
Нависанда бо ишора ба таърихчаи таҳаввули хат дар Эронзамин собит сохтааст, ки ҳар дафъа, ки ҷомеаи Эрон дучори таҳаввули бунёдии иҷтимоӣ, сиёсӣ ва иқтисодӣ шудааст, хаташ тағйир ёфтааст. Ва дар поёни баҳсаш ишора бар он мекунад, ки дар Эрони имрӯза муносибати иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ баъд аз истиқрори Ислом ва низоми қурунивустоӣ тағйир наёфтааст ва аз ин рӯ, ниёзе ба тағйири хат нест. Агар хат ҳам иваз шавад, ҳеҷ дардеро даво намекунад, зеро вазъи мактабу маорифи кишвар хело дар ҳолати риққатбор қарор дорад. Бояд, пеш аз ҳама, вазъи иқтисоди кишвар ва маорифи онро тағйир дод ва сипас дар бораи тағйири алифбо иқдом кард.
Баҳси тағйири хат, асосан аз соли 1965 дар ду маҷаллаи Теҳрон – “Рӯшанфикр” ва “Сапеду сиёҳ” оғоз шуд ва маҷаллаҳои дигари пойтахт онро идома доданд. Дар сафаҳоти он ашхоси мувофиқу мухолифи тағйири хат ибрози назар мекарданд. Яке аз тарафдорони сарсахти тағйири хати форсӣ сардабири маҷаллаи “Рӯшанфикр” доктор Раҳмат Мустафавӣ буд, ки дар мақолоташ бо мантиқи қавӣ ва далоили рӯшан аз тағийри хати кунунии форсӣ ба алифбои лотинӣ дифоъ мекард. Номбурда зимни баҳси доманадору муфиди хеш ба хубӣ маоибу маҳосини хати форсии арабиасосро тавзеҳ додааст. Ӯ таъкид медорад, ки хати имрӯзаи мо, агар онро хаттоте бинависад, аз хат болотар, балки як наққошӣ аст, ҳунар асту яке аз зебоиҳои кишвар маҳсуб мешавад.
“Мисли достонҳои “Ҳазору як шаб”, мисли бозори Эрон, мисли занҳои чодар чоқчурии (чодарнамозу шалвори махсус – О.Х.) чиҳил сол пеши Эрон ва мисли ҳарамсарову дузди Бағдод барои фарангиҳо ҷолиб аст. Аммо ҳамин нақшу нигори зебо, вақте дар китобу рӯзномаву маҷалла навишта мешавад ва вақте мардум ба ҳам қоғаз менависанд, дигар ба ҳеҷ ваҷҳ ба он зебоӣ нест. Монанди тору пуди ваҳшатзои домест, ки бисту ду милиюн одамизод [аҳолии онвақтаи Эрон-О.Х.] дар он дасту по мезананд. Ва, ҳатто дуктурҳои адабиёташону устодҳои донишгоҳҳояшон то калимаеро қаблан нашиносанд, аз хондани он оҷизанд” [4,48-49].
Доктор Раҳмат Мустафавӣ алифбои арабиасоси форсиро “мурдор” номида, таъкид медорад, ки ин хат мисли бахтак (кобус-О.Х.) рӯи забони мо, рӯи рӯҳу фикри навомӯзони мо ва рӯи рӯҳу фикри ҳамаи касоне, ки ҳирфаашон нависандагӣ ё адабиёт нест ва хатро барои эҳтиёҷоти рӯзонаву шуғлиашон мехоҳанд, афтодааст” [ҳамон ҷо].
Ҷои дигар мавсуф дар мавриди ҳарфҳои хоси забони арабӣ таваққуф намуда, чунин ибрози таассуф мекунад: “Агар араб забонашро ба таври махсусе дар даҳонаш мечархонаду садое монанди ... (сод) ё ...(зод) дар меоварад ва мо наметавонем ин садоро дар биёварем, набояд лаҷ кунем (якравӣ кунем- О.Х.) ва ҳарферо, ки аломати он садост, дар расмулхати худамон нигоҳ дорем. Ба девонагӣ монад ин доварӣ!” [4,49].
Доктор Раҳмат Мустафавӣ дар поёни мақолааш доир ба бартарии алифбои лотинӣ барои мардуми одии босавод чунин мисоле мезанад:
“Дар Туркия тирожи рӯзномаҳои дараҷаи аввал аз 200 ҳазор бештар аст. Дар Эрон тирожи бузургтарин рӯзномаҳо ба як саввуми ин теъдод намерасад. Чаро? Барои ин ки як турки босаводи хело одӣ, дар ҳудуди шаши ибтидоӣ (маълумоти синфи шаш дошта – О.Х.), ки рӯзномаи туркӣ ба даст мегирад, тардид надорад, ки рӯзномаро метавонад бихонад. Асомии ноошноро, аъам аз (новобаста аз – О.Х.) дохилӣ ва хориҷӣ метавонад дуруст талаффуз кунад ва метавонад онро бо садои баланд барои дигарон бихонад. Чанд дар сад босаводҳои эронӣ метавонанд рӯзномаро бо садои баланд бихонанд ва даҳ бору бист бор бар сари талаффузи калимае аъам аз эрониву бегона гир накунанд?” [4,50].
Чунонки мулоҳиза шуд, доктор Мустафавӣ бар хилофи Ҷалол Оли Аҳмад ба ҷанбаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии тағйири хат коре надорад ва танҳо ҳадафаш суҳулати саводнокии мардум аст.
Дар даймоҳи соли 1344 ҳ.ш. (январи 1966) интишороти маҷаллаи “Яғмо” рисолаи мухтасари (китобчаи) устоди Донишгоҳи Теҳрон Муҷтабо Минавиро зери унвони “Ислоҳ ё тағйири хати форсӣ” аз чоп баровард, ки як навъ ҷамъбасти баҳси моҷарои тағйири хат дар он солҳо ба шумор меравад. Зеро бар хилофи навиштаи доктор Шаҳобӣ, ки қаблан баррасӣ шуд, устод Минавӣ андешаи тарафдорони тағйири хатро ҳеҷ гоҳ “андешаи нораво” ва дар он “ба ҳеҷ ваҷҳ маслиҳату ҳақиқате вуҷуд надорад” нагуфтааст ва бидуни ҳеҷ иддаои бетарафӣ андешаҳои тарафдорон ва мухолифинро муҳаққиқона дар доираи одоби илмӣ арзёбӣ намудааст.
Муаллиф дар муқаддимаи китобчаи хеш чунин менигорад: “Сад солест, ки дар боби тағйир ё ислоҳи хати форсӣ китобҳову рисолаҳо ва мақолаҳо навиштаанд ва ман метавонам даъво кунам, ки ағлаби онҳоро хондаам ва аз мазмуни мобақӣ ҳам беиттилоъ нестам. Дар натиҷаи чиҳил соли таҷрубаву касби иттилоъ бар ман возеҳ шудааст, ки мухолифин ё мувофиқин бо тағйири хати форсӣ мутааллиқ ба синфу табақаву навъи хосе нестанд, яъне ҳам ҷавони муътақид ба тағйири хат дидаам ва ҳам пир, ҳам босаводи мухолиф бо тағйири хат дидаам ва ҳам бесавод” (2,1).
Барои исботи ин даъво муаллиф ишора ба он мекунад, ки ҳазору сад сол пеш аз ин Аҳмад ибни Тайиби Сарахсӣ хате ихтироъ карда буд, ки аз чиҳил ҳарф иборат буда бо он метавонист тамоми калимаҳои арабӣ, форсӣ, суриёнӣ, румӣ ва юнониро бинависад, ки дуруст хонда шавад. Ва дусад сол баъд аз он Абӯрайҳони Берунӣ низ дар осори хеш чандин бор аз бадии хати арабӣ шикоят кардааст.
Сипас устод Минавӣ менигорад: “Ҳаштоду ҳашт сол (1878м-О.Х.) пеш аз ин шайхулисломи Қавқоз аз уламои Машҳад дар боби тағйири хати муслимин истифто (талаби фатво-О.Х.) кард ва сурати ин суолу ҷавобро дар рӯзномаи “Ахтар”-и форсӣ, ки дар Истамбул мунташир мешуд, чоп кард. Ва дар он дида мешавад, ки уламо фатвои сареҳ ба тағйири хат додаанд” (2,2).
Аз ин рӯ, -таъкид медорад муаллиф, “ман наметавонам ҳеҷ як аз ин завоти муҳтарамро “ҷавону бетаҷрибаву каҷсалиқаву бесавод” бихонам” (ҳамон ҷо).
Муаллиф эътироф мекунад, ки мушкилоти хати форсӣ мавриди тасдиқи ҳама аст ва аз ин рӯ, “лузуми рафъи ин ишколот, ки мубтало ба умум аст, амрест, ки ҳама дар боби он ҳаққи изҳори ақида доранд” (2,3).
Устод Минавӣ дар таҷзияву таҳлили моҷарои тағйири хат ҳатталимкон талош варзидааст, то роҳе байнобайн пайдо шавад ва “мақсуди ҳар ду тараф ҳосил шавад” (ҳамон ҷо).
Муаллиф иброз медорад, тарафдорони тағйири хат ҳадафи аслиашон он аст, ки бояд ҳамаи мардум ҳарчи зудтар “хондану навиштан омӯхта, равонаи корҳои амалӣ ё илмӣ шаванд” (2,3).
Сипас таъкид мекунад, ки агар хондану навиштан барои корҳои амалӣ ё барои машғулияти илмӣ бошад, пас ашхосе ҳастанд, ки мегӯянд: ҳунарманду косиб ва деҳқон фақат бо даст кор мекунанд ва кори онҳо асосан ба гуфтану нишон додан асту эҳтиёҷи чандоне ба хондану навиштан надоранд. Аз ин рӯ, “чун дар тӯли муддати зиндагӣ дар шуғлу корашон ҳоҷате ба навиштану хондан надоранд, кам-кам онро фаромӯш мекунанд ва боз бесавод мешаванд... ва навиштану хондан фақат аз барои касоне лозим аст, ки бихоҳанд дохили риштаҳои илмӣ бишаванд..” (2,4).
Ба ҷавоби ин ашхос устод Минавӣ низоми таҳсили Англияро мисол меорад ва ёдрас мешавад, ки дар он кишвар даҳ-ёздаҳ сол таълими мактаб барои ҳама аз синни панҷсолагӣ ҳатмист, яъне барои касе мехоҳад намояндаи парламент шавад ё ронанда. Баъд аз хатми мактаби миёна, “касоне, ки бихоҳанд дунболи риштаҳои хосе бираванд... дар мадориси мутавассита ва олӣ дарс мехонанд” (ҳамон ҷо).
Дар идомаи баҳс муаллиф бо андуҳ тазаккур медиҳад, ки барномаҳои мактабҳои Эрон тавре ба роҳ монда шудааст, ки аз онҳо на деҳқони хуб берун меояд, на ҳунарманди хуб...”. Аз ин ҷост, ки воҷибтар аз тағйири хат, -тазаккур медиҳад муаллиф, барои ҷомеаи имрӯзи Эрон ислоҳи низоми маорифи кишвар аст.
Сипас муҳаққиқ ёдрас мешавад, як масъалаи дигаре барои тарафдорони тағйири хатти форсӣ “амри мусалламу қатъӣ” маҳсуб мешавад, ин аст, ки кӯдакон дар Эрон аз синни шашсолагӣ “дохили дабистон мешаванд ва ақалан муддати се сол вақти эшон масруфи омӯхтани хати бисёр мушкили феълӣ мешавад ва тоза пас аз ин муддат қодир ба хондану навиштан нестанд, дар сурате ки ба хати лотин ин кор баъд аз панҷ-шаш моҳ омӯзиш амалӣ мешавад” (2,5).
Муаллиф ба ҳар як эроди тарафдорони тағйири хат ҷавоби мудаллал медиҳад. Посухи аввали Минавӣ ин аст, ки дар Эрон то ба имрӯз атфоле, ки ба мактаб намераванду аз таълиму тарбият дуранд, бамаротиб аз кӯдаконе, ки ба мактаб мераванду дарс мехонанд, бештар аст. Аз ин рӯ, -таъкид медорад, -мо “нотавонистаем маълум кунем, ки аз барои бачаҳои мо оё ёд гирифтани хати феълии форсӣ осонтар аст ё омӯхтани хати лотин” (ҳамон ҷо).
Сониян, -мегӯяд ӯ, -агар се сол вақти бачаҳо танҳо ба омӯхтани хат сарф шавад ва қодир ба хондану навиштан нестанд, пас сабабаш танҳо мушкил будани хат нест. Ва ин мушкилро бояд дар методи таълим ва истеъдоду ҳуши шогирдон бояд ҷустуҷӯ кард. Аз ҷумла, “бадии тарзи тадрис, беҳушии шогирд ва дунболи кор нарафтани ӯ” (ҳамон ҷо).
Дар идомаи ин баҳс меафзояд: “Аз ин гузашта, ҳам атфоли эронӣ дидаам ва мешиносам, ки дар синни панҷсолагӣ дар арзи се моҳ ҳамин хати мушкили форсиро ёд гирифтаанд ва ҳам мардони ғайри эрониро мешиносам, ки илова бар ёд гирифтани хати форсӣ, ҳатто забони форсиро ҳам пас аз панҷ-шаш моҳ дарс хондан он қадар ёд гирифта буданд, ки метавонистанд як номаи панҷ-шаш сатрии мафҳум ба забони форсӣ ва ба хати форсӣ бинависанд” (2,6). Пас муаллиф ба хулосае меояд, ки бо тағйири хат ҳама босавод намешавад.
Мисол меорад, ки душвортарин хати лотиниасос хати англисист, аммо англисҳо қариб ҳама босаводанд. Аммо португалиҳову испаниягиҳо, ки хати лотиниашон бамаротиб аз хати лотинии англисҳо осонтар аст, чаро сад дар сад босавод нашудаанд? Аз ин рӯ, таъкид медорад, ки “дунболи осонии хат рафтан ва хати осон дуруст кардан кофӣ нест” (2,7). Бояд муҳити иҷтимоиро ислоҳ кард, то ба аҳли савод дар ҷомеа арзиш қоил шаванд.
Тоҷире, ки бидуни хату савод соҳиби сарвати ҳангуфт шудааст ва “арзише ба хату савод қоил нест ва марде, ки мебинад босаводҳо дучори накбат шудаанду бо ҳазор мазаллат зиндагӣ мекунанд, мегӯяд: беҳтар ин аст, ки атфоламро аслан ба мадраса нафиристам” (ҳамон ҷо) ва беҳтар аст, касбе ёд диҳам, то нони худашро ёфта тавонад.
Қиссаи насиҳати лӯлӣ ба бачаашро аз ҳаҷвиёти Убайди Зоконӣ хотирнишон сохта, тазкор медиҳад, ки ба сабаби ҳамеша дар тангдастӣ умр ба сар бурдани аҳли савод, мардуми Эрон одат карда..., ки нисбат ба илму таҳсили савод ва натиҷаи он сӯъизан(н) дошта бошанду беалоқа бошанд” (2,8). Аз ин ҷост, ки ин авзоъ ва ин аҳвол ислоҳ мехоҳад ва дар хулосаи ин боб дуруст мегӯяд, ки “...агар инҳоро дуруст кардед, ислоҳи хат ҳам худ ба худ хоҳад омад, дар мавқеи лузум ба наҳве хоҳад омад, ки зиёне аз барои миллати Эрон надошта бошад. Агар ба он тартиб омад, касе бо он мухолиф нахоҳад буд, вале имрӯз вақти ин кор нест ва мо истеъдоду иститоати чунин иқдомеро надорем” (ҳамон ҷо).
Устод Минавӣ дар боби дигари рисолааш зери унвони “Оё ислоҳ ё тағйири хати форсӣ салоҳ асту лозим аст” барои нишон додани он ки мушкили хат иллати асосии пешравии ҷомеа буда наметавонад, дар бораи мушкилии хати англисҳо ва имлои мураккаби он маълумоти муфассал дода, андешаҳо ва тадбирҳоеро, ки тарафдорони ислоҳи хати англисӣ ироа медоранд, ёдрасӣ кардааст. Ва дар интиҳо чунин хулосабарорӣ мекунад: “хеле аз инглисҳо ба фикри ислоҳи хат ҳастанд ва дар он роҳ кор ҳам мекунанд, аммо дар миёни эшон девонабозиву диктатурбозӣ пешрафт надорад. Касоне ҳам, ки муътақид ба ислоҳи хат ҳастанд... доим ақидаи худро изҳор мекунанд, то рӯзе, ки иддаи муътақидин ба ин амр он қадар зиёд бишавад, ки битавонанд каффаи тарозуро ба тарафи худ бигардонанд” (2,10).
Сипас муаллиф, иброз медорад, ки англисҳо дар баробари манфиати тағйиру ислоҳи хаташон зарари онро низ дар назар доранд. Пеш аз ҳама, дар бораи он мероси хаттие, ки аз гузашта доранд, бояд чӣ кор кунанд, мулоҳиза мекунанд. Ҳамаи онро ба хати нав баргардонанд ё ҳамон тавр боқӣ гузоранд? Агар баргардонанд, барои чопи он маблағи кофӣ давлаташон дорад? Агар китобҳои қадим дубора чоп нашавад, пас робитаи миллат бо гузаштааш қатъ мешавад. Бад-ин робита муҳаққиқ авзои Эрони замони худашро вобаста ба моҷарои тағйири хат муқоиса намуда, менигорад: “кори мо сад дараҷа бадтар аз кори инглисиҳову амрикоиҳост” (2,11).
Дар зимн, устод Минавӣ ишора ба он мекунад, ки дар даврони Хусрави Анӯширвон миллати Эрон китобҳои зиёд дошт, ки онҳо дар риштаҳои гуногун таълиф ва аз забонҳои юнониву суриёниву ҳиндӣ осори фалсафиву динӣ, риёзиву ҳикмат ва амсоли он тарҷума шуда буданд. Пас суол мегузорад: “Чӣ шуд, ки ҳамаи онҳо аз миён рафт ва куллияи кутуби порсиву паҳлавӣ ва авестоие, ки барои мо боқӣ мондааст, аз садто мутаҷовиз нест ва аз онҳо ҳам фақат се ё чаҳортоаш аз давраи мо қабли ислом аст”. Ва иллати асосиро дар тағйири хат медонад: “хати арабӣ, ки ҷонишини хати паҳлавӣ шуд, батадриҷ он кутуби қадим матрук гардид ва касе аз онҳо нусха барнадошт, ин буд, ки аз байн рафт” (2,12).
Муаллифи рисола ба нуктаи дигаре низ ишора мекунад, ки робитаи хат бо забон аст. Дуруст қайд мекунад, ки бо қабули алифбои арабӣ сели вожаҳои арабӣ вориди забони форсӣ шуд. Агар алифбои лотинро қабул намоем, вожаҳои урупоии лозиму нолозим вориди забонамон мегарданд. Дар ин бора чунин мулоҳиза меронад: “Ҳамон тавре ки ба воситаи иқтибоси хати арабӣ дари забони худро ба рӯи калимоти арабӣ боз кардем, ба воситаи иқтибоси хати лотинӣ ҳам дарро ба сӯи луғоти русиву фаронсавӣ ва олмониву инглисӣ боз мекунем” (2,12).
Барои бурҳони гуфтаҳои хеш муҳаққиқ ду мисоли равшан меорад. Дар ибтидо аз давлати Япония ёд мекунад, ки бо вуҷуди доштани хати мураккаб аз чанд ҳазор аломату нишона, тасвириву ҳиҷоӣ... беш аз як сад сол аст, ки дар роҳи тараққӣ сайр мекунад ва давлати Жопун бо давлатҳои бузурги дунё баробарӣ ва ҳамсарӣ мекунад ва иддаи мардуми бесавод дар он мамлакат бисёр кам аст” (2,14).
Аммо ҳамсояи Эрон, Туркия, -таъкид медорад муаллиф, -соли 1928 хати худро аз ҳуруфи арабӣ ба ҳуруфи лотинӣ иваз кард ва гӯё дар ривоҷи таълиму тарбия саъй мекунад, локин ашхоси босаводаш то ба имрӯз аз 30% бештар нест, “ва дар ин сиву чанд сола ба қадре калимоти урупоӣ дохили забони туркӣ шудааст, ки фаҳми забони ҷадид аз барои омма ба куллӣ ғайримумкин шудааст ва мунтаҳо бузургиву ҳурмати мамлакат дар назари соири ақвом ба ҳеҷ ваҷҳ бештар нашудааст” (ҳамон ҷо).
Албатта, андешаи устод Минавӣ дуруст ва илмист, ки тараққиву пешрафти иқтисодӣ ва фаннии ҳар халқ, на аз рӯи хати он, балки аз саъйю талош ва низоми давлатдорӣ ва сатҳи фарҳангии он халқ вобастагии зич дорад ва тавре ки дар боло мулоҳиза шуд, муҳаққиқ барои бурҳони гуфтаҳояш, давлати Японияро ҳамчун намунаи бориз мисол овардааст.
Агарчи Туркия бо тағйири хат мехост худро дар радифи кишварҳои пешрафтаи Ғарб расонад, аммо дар ин кишвар заминаи фарҳангӣ ва иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар савияи лозим қарор надошт, ҳатто натавонист баъд аз солҳо саводнокии мардумашро аз 39-40 дар сад боло бибарад.
Дар иртибот ба тағйири хат дар Туркия устод Минавӣ дар мавриди ба алифбои кириллӣ гузаштани мо тоҷикон чунин ибрози андеша мекунад: “... дар Тоҷикистон чун алифбои русӣ ба навиштани форсӣ ба кор меравад, забон чунин пур аз калимоти русӣ шудааст, ки фаҳми навиштаи он форсизабонон бидуни донистани русӣ барои мо ғайримумкин аст” (2,15).
Эроди муаллиф дар мавриди иқтибосоти беҷои вожагони русӣ ва русӣ-интернатсионалӣ дар забони тоҷикии солҳои 30-70 қарни ХХ одилона ва баҷост. Воқеан, дар ин давра забони тоҷикӣ як навъ забони тарҷумазада ва аз асолати хеш фосила гирифта буд. Ин ҳама бо дасти худи мо, ки то битавонем “садоқати хеш”-ро ба бародари бузургамон собит созем, лозиму нолозим вожагони русӣ ва ба қавле русӣ-интернатсионалистӣ иқтибос кардем, ва ҳатто, сохтори ҷумлаҳоямонро таҳтуллафзӣ мекардем. Ба қавле, “аз мост, ки бар мост” буд.
Тавре ки ба ҳамагон маълум аст, забони тоҷикӣ аз солҳои 80-уми қарни гузашта ва бахусус, баъди фурӯпоши Иттиҳоди Шӯравию касби Истиқлол, бо гомҳои устувор боз ба асолати хеш баргашта истодааст.
Дар робита ба иқтибоси фавқуззикр ҳаминро низ бояд ёдовар шуд, ки устод Минавӣ танҳо дар мавриди иқтибосоти вожагони русӣ дар забони тоҷикӣ эрод гирифта, аммо бо тағйири алифбо дар андак муддат миллати тоҷик қариб наваду нӯҳ дарсад саводнок шуд, ҳарфе намезанад. Ҳол он ки, тавре ки дар мақолаи “Андешаҳои Содиқ Ҳидоят перомуни масъалаи хати паҳлавӣ ва алифбои овозӣ” ёдрас шудем, нависандаи маъруфи Эрон Содиқ Ҳидоят соли 1945 аз тағйири хат дар Тоҷикистон тамҷид карда, ин иқдомро фоли нек ҳисобида буд.
Дар поёни рисолаи хеш устод Минавӣ хушбин аст, ки рӯзе миллати Эрон соҳиби хате мешавад, ки барои сар то сар босаводшавии мардум мадад мекунад. Аммо дар қадами аввал бояд зиндагии мардум беҳбуд ёбад, иқтисод ва низоми иҷтимоӣ дигаргун шавад, то худогоҳиву фарҳанги мардум боло равад, орзу мекунад муаллиф. Аз ҷумла чунин натиҷагирӣ мекунад:
“Албатта, банда ва ҳамаи ватанпарастону миллатдӯстони дигар ҳам ин умеду орзуро дорем, ки хате дошта бошем (ё медоштем), ки мумеди (мададкунандаи - О.Х.) босавод шудани мардум бошад ва битавон бо он калимотро чунон навишт, ки дар хондани онҳо касе дучори саҳву тардид нашавад ва забони мо аз хатоҳо ва таҳрифоте, ки тамоми кутуби мо аз он пур аст, масун бошад. Вале мебинем, ки дар ҳолати ҳозир бо ин бесаводие, ки мамлакатро ин тавр фурӯ гирифтааст, ба ҳар коре даст бизанем, онро хароб мекунем” (2,16).
Тавре ки мулоҳиза шуд, назари устод Минавӣ дар мавриди тағйири хат дар Эрон, мисли назари Ҷалол Оли Аҳмад бастагӣ ба зербинои ҷомеа дорад. Дар сурати таҳаввулоти бунёдӣ дар шууни сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мутобиқ ба ниёзи ҷомеа тағйири хат имконпазир аст.
Донишманди марксист, шодравон Эҳсон Табарӣ дар он солҳо дар ин баҳс шарик шуда, дар мақолаи арзишманди хеш “Бори дигар дар бораи хат ва забони форсӣ” андешаҳои худро перомуни тағйири хати арабиасоси форсӣ ба хати лотинӣ хело муҳтотона ва аз диди диалектикаи марксистӣ баён намудааст.
Дар ибтидо, Эҳсон Табарӣ аз дидгоҳи назариявӣ дуруст иброз медорад, ки агарчи хат ғайр аз масъалаи забон аст, вале бо ҳам пайванди ногустанӣ доранд. Чунки, -ёдрас мешавад ӯ: “Хат танҳо аломатгузориҳое (самиютик) барои забон нест, балки мобайни вожаҳо ва қавоиди дастурии забону хат тайи замон навъе равобити органик барқарор мешавад...” (3,211).
Сипас муҳаққиқ дуруст қайд мекунад, ки дар ин ҷо мо бо диалектикаи шаклу мазмун сару кор дорем, ки “пайванди мутақобилаи ин ду мақула низ амрест мусаллам ва дар ҳар мавриди мушаххас ин пайванд дорои вижагиҳоест” (ҳамон ҷо). Ба таъбири дигар, Эҳсон Табарӣ хотирнишон месозад, ки пайванди хату забон дар мавридҳои мушаххас метавонад тағйир ёбад, яъне дар марҳилаҳое аз такомули хеш забон метавонад хати мувофиқтареро барои хеш баргузинад. Зеро шаклу мазмун байни худ дар диалектика қарор дорад.
Аз ин рӯ, -ба таъкиди муаллиф, -агарчи хати кунунии форсӣ иқтибос шуда аз хати арабист, аммо эрониён онро ба завқи эстетикии худ мутобиқ сохта, онро басту такомул доданд. Ва ба қавли эшон: “Хати кунунии мо аъам аз насх ва ё настаълиқ, ки имрӯза назди мо мутадавил аст, мусалламан хатест, ки дар канори як силсила маойиби муҳим, дорои мазоёе низ ҳаст” (ҳамон ҷо).
Эҳсон Табарӣ мазоёи ин хатро дар он медонад, ки беш аз ҳазор сол аст “...фарҳанги мактуби мо ба ин хат нигошта мешавад ва тайи ин муддат ончунон пайванди самим байни вожаҳо ва шакли хаттии онҳо падид омада, ки гӯйи онҳоро аз ҳам наметавон гусаст... Дар сурати тағйири хат мо дучори мушкилоти бузурге аз ҷиҳати ҳифзи идомакорӣ дар ирсияи фарҳангӣ хоҳем шуд” (ҳамон ҷо).
Аз ин рӯ, назари Табарӣ он аст, ки ин иқдом бояд санҷидашуда, муҳтотона ва давлат бояд “нақшаи муназзам ва баррасишуда” дошта бошад. Дар айни замон низ иброз медорад: “Тардиде нест, ки хати лотинӣ батадриҷ дар бунёди луғавӣ ва сарфу наҳви забони моро аз ҳайати суннатии қурунивустоии он беш аз пеш ва бо суръати фузунтар хориҷ хоҳад сохт” (3,211).
Ба таъбири дигар, тазаккур медиҳад, ки архаизму куҳнагии забони адабии классики мо афзоиш меёбад. Ва агар тадбири лозиму хосе андешида нашавад, баъд аз чанд муддат наслҳои баъдӣ забони классикиро “... бо заҳмате бамаротиб беш аз акнун хоҳанд фаҳмид. Чунонки мо акнун забонҳои эронии пеш аз исломро танҳо аз роҳи омӯзиши махсуси он забонҳо, метавонем дарк кунем. Ин гусасти фарҳангӣ худ айби бузургест. Таҷрибаи Туркия воқеӣ будани ин хатарро нишон медиҳад” (3,211-12).
Аммо муаллифи мақола, алорағми ин мулоҳизот тарафдори қотеъи тағйири хати форсист. Ӯ қотеъона чунин андешаронӣ мекунад: “бо вуҷуди маойибу хатароти ҷиддии тағйири хат, аз он ҷо ки мазоё ва ҷиҳоти мусбати ин амал (тағйири хат - О.Х.) дар тӯли торих ва аз назари такомули мадании кишвари мо ба ҷиҳати манфӣ бамаротиб чарбандатар аст, лизо бояд мусалламан ва мусалламан ба ин иқдом даст зад” (3,212). Мунтаҳо, тазкор медорад Э.Табарӣ, -ин амал батадриҷ бо тадоруки санҷидашуда сурат гирад ва алифбои нав ҳатман бояд алифбои лотинӣ бошад, чунки хати лотинӣ имрӯз, дар формулаҳои илмҳои дақиқ, чун риёзиву химияву физика ва амсоли он рахна кардааст.
Дар поёни ин бахши мақолаи хеш, ки аслан ба масъалаи вазъи забони адабии форсӣ ихтисос дода шудааст, муаллиф ба чунин натиҷагирии солим меояд:
“Тағйири хат илова бар тасҳилоти умдае, ки дар дурустхонӣ ва дурустнависӣ эҷод мекунад, батадриҷ ба харҷумарҷи мавҷуд дар талаффузи калимот ва имлои онҳо ва низ дар қавоиди сарфу наҳвӣ хотима хоҳад дод ва омили танзимкунандаи муҳимме дар ҳаёти дохилии забон бадал хоҳад шуд” (3,213).
Тавре ки мулоҳиза мешавад, Эҳсон Табарӣ низ тағйири хатро дар Эрон амали имрӯзу фардо намедонад, балки як амри ногузир, аммо дар дурнамои ҷомеаи мутараққӣ ва пешрафта меҳисобад.
Донишманди пуркор, шодравон Яҳё Оринпур дар китоби арзишманди хеш “Аз Нимо то рӯзгори мо”, баҳси тағйири хати форсиро чунин мантиқӣ ҷамъбаст намудааст:
“Имрӯз аксари эрониёни рӯшанфикр маҳосини алифбои лотинӣ ва лузуми тағйири алифбои форсиро мункир нестанд ва танҳо аз душвории ин кор нигаронанд ва бим доранд, ки бо тағйири алифбо ганҷинаи маорифу адабиёти Эрон осеб бубинад. Бо ҳама рисолаҳои ҷомеъе, ки то кунун навишта ва истилолоте, ки шудааст, ба заҳмат метавон онҳоро қонеъ кард, ки табдили алифбо ба ҳуруфи лотин садамаву зиёне ба дину оину забон ва сунону маорифи миллии мо нахоҳад зад”[4,50].
Барои тақвияти андешаҳои худ Оринпур ба мавҷудияти хатҳои махсуси лотиние, ки забоншиносону ховаршиносони аврупоӣ барои забони форсӣ ва умуман, забонҳои Шарқ ба хотири суҳулати қироати дурусти матнҳои ин забонҳо ихтироъ кардаанд, илова мекунад ва “ҳуруфи забони форсӣ ба ҳуруфи лотин бидуни дахлу тасарруф дар худи системаи хат табдил шудааст”, ки манзураш ҳарфнависӣ ё бо истилоҳи илмӣ, “транслетратсия” ва овонависӣ, ки онро “транскрипсия” меноманд, мебошад. Дар зимн, Оринпур таъкид бар он мекунад, ки масалан, дар китоби дарсии Розен “Оё бо форсӣ ҳарф мезанед?”, як порча аз “Сафарномаи Фаранг”-и Носириддиншоҳ ба хати лотинӣ, яъне ба транскретсия оварда шудааст. Вақте ки онро мехонем, “суҳулате фавқулоддае дар қироати матни форсӣ эҳсос мекунем”. Ва илова медорад: “ ...агар ҳамаи мутуни форсӣ бо алифбои назири он ва ё алифбои беҳтару содатар аз он навишта шавад, дигар ҳеҷ гуна ҷолу маҷоле барои ҳадсу тахмину истинбот дар сиҳҳати қироат боқӣ намемонад ва махсусан, хонанда дар кашфу фаҳми нусхаҳои қадимаи форсӣ дучори аҷзу ишкол нахоҳад шуд” [4,50].
Дар фароварди ин баҳс Яҳё Оринпур бар ин ақида аст, ки мазияти алифбои лотинро бар алифбои форсӣ танҳо аз роҳи донишу биниши илмӣ ва таҷрубӣ маълум карда шавад ва “агар натиҷа мусбат буд, барои ақли салим чорае ҷуз пайравӣ аз натиҷаи илмиву озмоишӣ нест” [4,50].
Ва дар натиҷаи ин озмоишоти илмиву таҷрубӣ тағйири хати форсӣ маслиҳат дида шавад, навбати интихоби хати ҷадид мерасад, ки масъулини иҷрои он матлабро дар матбуот матраҳ кунанд, то назару далоили ҳамаи донишмандону мутахассисони дохиливу хориҷии соҳа дар назар гирифта шавад, сипас “ин амри муҳимро ба ваҷҳи матлуб амалӣ кунанд” [ҳамон ҷо].
Шояд дар солҳои 70-80 ин баҳси тағйироти хат идома пайдо мекард ва ҷомеаи Эрон батадриҷ барои ислоҳи хати хеш, албатта, бо пуштибонӣ ва барномарезии давлат заминаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро фароҳам мекард. Аммо баъд аз пирӯзии Инқилоби Исломӣ ҷомеаи мадании Эрон билкул дигаргун шуд.
Хоҷамуродов ОЛИМҶОН
д.и.ф., профессор
Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№1 (19), 2020
Адабиёт
- Ҷалол Оли Аҳмад. Чанд нукта дар бораи хат ва забон // Ҷалол Оли Аҳмад. Се мақолаи дигар. Чопи дуввум, бо таҷдиди назар. Теҳрон, 1342.
- Муҷтабо Минавӣ. Ислоҳ ё тағйири хат. Теҳрон, 1344.
- Эҳсон Табарӣ. Масоиле аз фарҳангу ҳунар ва забон. Теҳрон: Интишороти марворид, 1359.
- Яҳё Оринпур. Аз Нимо то рӯзгори мо. Торихи адаби форсии муосир. Теҳрон,