Сабаби навиштани ин мақола ин ба масхара кашидани мафҳуми “озодандешӣ” дар шароити имрӯза мебошад. Озодандешӣ ин бемасъулиятии бебанду бор ва бозӣ бо эҳсосҳои лаҳзаина набуда, балки масъулияти сангин дар назди ояндаи инсонҳо мебошад. На ҳар иқдоми “озодандешона” ба озодӣ мерасонад, балки метавонад ба бадтарин ғуломӣ расонад.Дарки ин маънӣ, ки дар поён ҳақиқаташро мекушоем бахусус барои озодандеш ва ё рӯшанфикри шарқӣ бисёр муҳим мебошад.
Яке аз асолатҳои замони мо ва хусусан, проблемаи равоншиносии навтарин, аз муайян кардани ҳаёти инсон, ки оё маҳсули воқеият ва ё истеъдод аст, иборат мебошад. Равоншиносони муосир Роберт Киёсакӣ, Ҷон Шоул, Боддо Шеффер, Наполеон Хил ва олими тоҷик Саидмурод Давлатов ба хулосае омадаанд, ки ҳаёти одамон маҳсули идеяҳояшон мебошанд. Онҳо худи ҳамин идеяро сарчашмаи комёбӣ ва нокомӣ мебинанд. Лекин инсонро маҳсули қобилият ва тарзи афкор ҳисобида, муҳити иҷтимоиро батамом инкор намекунанд. Аз ин рӯ, яке аз масъалаҳои олии тамоми илми муосир, аз ҷумла антропология ва психология, аз равшан сохтани муҳити иҷтимоӣ ва дар он муҳит чӣ гуна ташаккул ёфтани шахсият иборат мебошад.
Халқи қазоқ таърихи қадима ва бой дорад. Дар давоми асрҳо хислатҳои хосе, ки танҳо ба ин мардум мансуб аст аз қабили мардонагӣ, шуҷоат ва озодихоҳӣ имконият дод, ки онҳо хусусиятҳои миллии хешро нигоҳ доранд.
Илман собит шудааст, ки нишонаҳои мавҷудияти аввалин одамони ба мо монанд, дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Қазоқистон пайдо шудаанд, ки ба асрҳои VIII-VII то солшумории мелодӣ тааллуқ доранд. Он замон ҳудуди беканори Қазоқистони имрӯзаро қабилаҳои эронӣ ва туркие, ки дар таърихи қадим бо номҳои сакҳо, уйсунҳо, канлиамиҳо ва гуннҳо маъруфанд, макони зист интихоб намуда буданд.