JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 22 Январи 2019 03:30

Маънишиносии вожаҳои Меҳргон ва Сада

Муаллиф:

  Дар ганҷинаи пурғановати забони модарии мо чун гавҳари хушоб ва дурри ҷаҳонтоб вожаҳои асилу сараи ба истилоҳ «аҳуроӣ» маҳфузанд, ки реша дар умқи таърих дошта, ба суннат ва расму ойинҳои қадими мардуми мо иртиботи қавӣ доранд ва гузаштаи дури пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзи моро ба фардои дурахшони он пайванд медиҳанд. Вожагоне аз қабили наврӯз, меҳргон, сада, ки номи ҷашнҳои қадими мардуми моро ифода мекунанд, дар ҳамин шуморанд.

  Дар бораи шинохти вожаи асили тоҷикии наврӯз, ки аз назари решашиносӣ ва сохтмони дастурӣ таркиби детерминатив (composita determinativa), яъне вожаи мураккаб буда, дар қолаби татпуруша (A+N) сохта шудааст ва Абурайҳони Берунӣ дар «Китобу-т-тафҳим» ин вожаи мураккабро шакли ворунаи ибораи рӯзи нав медонад («нахустин рӯз аст аз фарвардинмоҳ в-аз ин ҷиҳат «рӯзи нав» ном карданд, зеро-к пешонии соли нав аст» [1,144], иттилои фаровон мавҷуд аст, вале дар бобати решашиносию маънишиносии вожагони меҳргон ва сада хонандаи тоҷик камтар иттилоъ дар ихтиёр дорад.

Душанбе, 21 Январи 2019 08:53

Ҷашни Сада

Муаллиф:

 Ҷашни Сада яке аз маросими маъруфи мардуми тоҷику форс аст, ки дар оғози  шомгоҳи 10-и баҳман (30 январ) баргузор мегардад. Ин рӯзро Обонрӯз низ меноманд.

 Сада дар забони авастоӣ ба маънои баромадан ва тулӯъ кардан  будааст. Агар нахустин рӯзи зимистонро пас аз шаби Ялдо, таваллуди дигаре барои Хуршед ё Меҳр донем, метавон он рӯзро ҳамоҳанг бо даҳумин ва чиҳилумин рӯзи таваллуди ойини куҳан ва зиндаи мардуми тоҷику форс ҷашн гирифт.

  Аввалан, Меҳргон ва Сада дар радифи Наврӯз аз куҳнатарин ҷашнҳои тақвимӣ дар тамаддуни башарӣ маҳсуб мешаванд. Сада, Наврӯз ва Меҳргон – ин се ҷашнро гоҳе дар тафсири ҷаҳонбинии устуравӣ радифи шаш ҷашни гоҳанбор медонанд, ки гӯё нишони шаш ҳангом ё рӯзи сол барпо мегардид ва ба шаш рӯзи офариниши олам мутобиқ дониста мешуд. Тибқи таҳқиқи Меҳрдод Баҳор, ҷашнҳои номбурда пеш аз оини зардуштӣ ва ҳатто пеш аз тамаддуни ориёӣ моли фарҳанги бумӣ будааст.

Ҷумъа, 18 Январи 2019 06:35

Ҷашни “Сада” - мужда аз Наврӯз

Муаллиф:

Ҳар кас, ки таърихи гузаштаи худро надонад, ояндаи худро сохта наметавонад.

Эмомалӣ Раҳмон

 «Сада» худ чӣ гуна ҷашн аст ва аз куҷо сарчашма мегирад? Чаро зарурати ҷашн гирифтани он ба миён омад? Фарқияти ҷашни Сада аз Наврӯзу Меҳргон дар чист?

Мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, “Сада” ба мисли Наврӯзу Меҳргон таърихи қадима дошта, умед ба рӯзи нав, яъне Наврӯзи оламафрӯз мебошад. “Сада” низ мисли ҷашнҳои Меҳргону Наврӯз аз ҷашнҳои миллии мардуми ориёитабор ба шумор меравад, ки онро ҳар сол 10 - уми баҳманмоҳи солшумории шамсӣ, ки  ба 30 - юми январи солшумории  мелодӣ рост меояд, ҷашн мегиранд. “Сада”-  ин пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо, некӣ бар бадӣ буда, панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар мегирад. Сада ба ҷашни оташпарастӣ, ки хоси дини Зардуштӣ аст, ягон рабте надорад.

Китобҳо