JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Халқи қазоқ таърихи қадима ва бой дорад. Дар давоми асрҳо хислатҳои хосе, ки танҳо ба ин мардум  мансуб аст аз қабили  мардонагӣ,  шуҷоат ва озодихоҳӣ имконият дод, ки онҳо хусусиятҳои миллии хешро нигоҳ доранд.

  Илман собит шудааст, ки нишонаҳои мавҷудияти аввалин одамони ба мо монанд, дар ҳудуди сарзамини имрӯзаи Қазоқистон пайдо шудаанд, ки ба асрҳои VIII-VII то солшумории мелодӣ тааллуқ доранд. Он замон ҳудуди беканори Қазоқистони имрӯзаро қабилаҳои эронӣ ва туркие, ки дар таърихи қадим бо номҳои сакҳо, уйсунҳо, канлиамиҳо ва гуннҳо маъруфанд, макони зист интихоб намуда буданд.

  Тадқиқотчии рус И. Кастане чунин меорад: Ҳануз пеш аз пайдоиши Хуҷанд Уротеппа бо номи “Зара”(аз калимаи зар-тилло) машҳур буд. Аз байни шаҳр рӯде ҷорӣ мешуд, ки қаъри он қуми тилло омехта дошт. Бинобар ин шаҳрро “Зара” ва баъдтар бо номи Истаравшан ном мебурданд, ки маънияш “ситора рахшон” мебошад.

  Ба ҳамагон маълум аст, ҳар як давру замон шахсияту бузургони худро дорад ва чунин шахсиятҳо ва бузургон низ дар доираи маҳалли зист ва зиндагии худ ба воя мерасанд ва чун бузургони гузаштагони мо аз худ ганҷинаҳои бебаҳои худро мерос мегузоранд. Барои аҳли илму дониш ганҷинаи бебаҳо амсоли  китоб чизи дигаре вуҷуд надорад. Китоб маводи модди буда ба мо ғизои маънавӣ медиҳад, яъне китоб метавонад дар баробари маводи модди будан ҳам ғизои маънавӣ бошад, ки дар замони муосир ин бисёр муҳим аст. Инсон, низ бо ҳамингуна хислати тавонои мутолеа намудани хеш ва фикр рондан низ дар олами ҳасти аз ҷондорҳи дигар фарқ мекунад.

  Дар саргаҳи рӯдаки Басмандасой деҳаи ниҳоят бузурги минтақа  Басманда мавҷуд аст. Мувофиқи баъзе аз маълумотҳо то инқилоби 1917 ин деҳаро “қалъаи Миразиз”- низ ном мебурданд. Аз ин деҳа роҳи ба Оббурдон ва Камадони масчоҳи кӯҳӣ мегузарад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ омадааст, ки дар наздикии рустоӣ минк шаҳри Марсманда  қарор дорад. Н.Неъматов нигоштааст, ки Марсманда – ин шаҳрест дар кӯҳистон, ки  дар соҳили руди паноён қарор дорад,  ки дар зимистон ях мебандад.

Китобҳо