JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 08 Майи 2019 04:35

Аз таърихи мухтасари хатҳои шашгона

Муаллиф:

  Баҳс сари ин хат зиёд аст, ки дар солҳои бистум яке аз истифодабарандагони бевоситаи он будем. Баъзе донишмандон  сари ин масъала  афкори гуногун доранд, ки он дабираи форсист  ва ё  хати арабӣ. Андешаҳо пиромуни ин масъала зиёданд, аммо мо пайгири он нашуда, мавриди хатҳои шашгона (хутути ситта) мегӯем. Ин хат яке аз машҳуртарин хатҳои  ҷаҳон  ҳисобида  шуда, тақрибан 18-20  мамлакат аз он истифода мебаранд ва имрӯз бо номи хати арабӣ машҳур аст.

  Ин хат наъҳои зиёд дорад, ки баъзеҳо шумори онро то 65-70 гуфтаанд. Вале бояд ёдовар шуд, ки аксари ин навъҳо аз якдигар бо хурд ё калон, борик ё паҳн буданашон фарқ мекунанд. Аммо баъзе шаклҳои хати арабӣ (шартан), монанди кӯфӣ, таълиқ, насх, настаълиқ, шикаста ва чанде дигар бо тарзи навишташон аз ҳам фарқ доранд. Кӯҳантарин навъи хати арабӣ кӯфист, ки дигар навъҳои  хат аз он пайдо шудаанд. Қадимтарин ёдгории хати кӯфиро дар соли 328-и меллодӣ  пайдо кардаанд ва он сангнавиштест аз қасри Ан-Намора,  яъне Сурия ёфт шуда. Ҷои зикр аст, ки баъд аз паҳн шудани дини Ислом хати арабӣ  хати бисёр халқҳоро аз байн бурда, ҷойгузини онҳо шуд. Хати кӯфӣ аввал нуқта ва эъроб (ҳаракат) надошт, ки ин хондани матнро хеле душвор мекард.  Хусусан, вақте  ки арабҳо  мамлакатҳои зиёдеро  ба итоати худ дароварданд, ин бештар ҳис карда шуд, чунки мардумони  ғайриараб матнҳои арабиро ғалат мехонданд ва барои бартарафии ин душворӣ ҳаракати забар, зер, пеш ва танвин ихтироъ шуд. Барои асоснок кардани ин андеша   намунаи қадимтарин хати кӯфиро мисол меорем, ки он яке аз сураҳои Қуръони карим аст:

  Мувофиқи  гуфтаи баъзе муҳаққиқони соҳа,  ин кор замони хилофати Алӣ ибни Абутолиб аз тарафи Абуласвади Дуалӣ (ваф.689) иҷро  шудааст ва баъдтар шогирдонаш Наср ва Яҳё барои фарқи ҳарфҳои монанд ба онҳо нуқтагузорӣ карданд. Баъзе  донишмандони дигар бар ин ақидаанд, ки хати кӯфӣ пеш аз оғози Ислом ҳам нуқта дошт ва  аввалин касе, ки ба он нуқтагузорӣ кард, Омир ибни Ҷарда аст. Аммо матну порчаҳои  нуқтадоре, ки пеш аз Ислом навишта шуда бошад, то ҳол ба даст наомадаанд ва ин назар беисбот аст. Чунонки зикр карда шуд, хутути ситта (шашгона) ҳам дар асоси хати кӯфӣ  пайдо шудааст, ки он аз хатҳои  муҳаққақ, райҳон, сулс, насх, риқоъ ва тавқеъ иборат мебошанд. Хати муҳаққақ ва райҳон. Ин ду намуди хат ба ҳам хеле монанд буда, муҳаққақ аз хати кӯфӣ ва райҳон аз муҳаққақ ба вуҷуд омадааст. Бунёдгузор ё  сомондиҳандаи тамоми ин хатҳоро ба Ибни Муқла рабт медиҳанд. Аммо ин  исбот шудааст, ки муҳаққақ пеш аз Ибни Муқла низ вуҷуд дошт ва ӯ ин хатро  такмил  дод.  Абуалӣ Муҳаммад бини Алӣ бини Ҳусайн бини Абдуллоҳи Шерозӣ маъруф ба Ибни Муқла адиб ва хушнависи машҳур дар Баёзи Форс ба дунё омада, дар замони халифаи аббосӣ Муқтадир Биллоҳ ба мансаби вазирӣ расид ва бо туҳмати душманон  чанд бор аз вазифа барканор шуд. Бори охир зери озору шиканҷа қарор гирифта, дасти росташро буриданд. Баъдан  навиштанро  бо дасти чап сар кард  ва дар ин кор ҳам комёб шуда, ҳатто қаламро ба оринҷи дасти рост баста менавиштааст. Қисми зиёди таърихнигорон Ибни Муқларо аз якумин ташаббускорони хушнависии исломӣ гуфтаанд. Ӯ дар замони  худ хати шашгонаи  исломро  тартиб ва қоидабандӣ карда, дар такмили онҳо нақш гузошт.

  Хати муҳаққақ  аз  кӯфӣ  ҳам осонхону зебо буд. Дар он ҳамаи ҳарфҳо пурра ва устувор буда, аз печидагию кутоҳӣ дур аст. Барои ҳамин  ҳам муҳаққақ ном кардаанд, ки ҳаққи ягон ҳарф аз назар берун нашудааст. Хати райҳон аз муҳаққақ ҳам зебост ва номашро ҳам  ба появу барги  райҳон ташбеҳ кардаанд ва инро барои нигориш ва хулосанависӣ эҷод намудаанд. Вақте ки хати муҳаққақ ва райҳонӣ ба вуҷуд омад, аксари китобҳоро бо онҳо менавиштанд, чунки онҳо нисбат ба кӯфӣ бисёр содаю  зебо буданд. Баъдан дар асоси  хати райҳон сулсро бароварданд. Сулс аз ҷиҳати қоидаю усул хати душворнавис ва душворхон буд, вале  зеботарин хат ба шумор мерафт. Онро  “уммулхат”, яъне  модари хатҳо гуфтаанд. Барои зебоии хат Ибни  Муқла 12 қоида сохт, ки онҳо  бо усули дувоздаҳгонаи хушнависӣ маъруф  буданд ва то ҳол  дар истифодаанд. Вақте ки хати насх баромад, ҷои онҳоро гирифт ва ба он насх, яъне ботилкунандаи хатҳои дигар ном карданд. Ҳарфҳои чопӣ дар асоси насх сохта шудаанд. Равиши кори Ибни Муқла наздики сад сол давом кард. Ихтироъкунандаи ин хатҳо мардуми Форс буданд. Дар инкишофи хати насх Ибни Баввоб ва Ёқути Мустаъсимӣ  кӯшиши  зиёд  кардаанд. Бино бар ин шеваи кори онҳо минбаъд  густариш ёфт. Барои ҳамин дар Эрон ва Осиёи Миёна бештар шеваи Ёқути Мустаъсимӣ ривоҷ доштааст. Пас  аз вафоти Ёқут насх ба дигаргунӣ дучор нашудааст. Хати насх беш аз ҳазор сол боз маълум аст.

  Танҳо дар солҳои бистуми асри XX шоҳи Миср Фуоди 1 хост, ки дар хати арабӣ  ҳарфҳои калон ва аломатҳои китобӣ (нуқта, вергул, савол, хитоб ва ғайраҳо) ҷой дода шаванд. Барои ин кор мусобиқа гузаронда шуд. Соли 1929 комиссия кори хаттот Муҳаммад Афандиро писандид ва Вазорати маорифи Миср кори ин хаттотро дар мактабҳо ҷорӣ  кард. Ҳарфҳои калон, ки М. Афандӣ  ихтироъ карда буд, ҳарфҳои “тоҷ”  ном гирифтанд, чунки идеяи онро подшоҳ пешниҳод карда буд ва  шакли ҳарфҳо ба тоҷ монандӣ доштанд. Ин хат аз таркибу тағйири насху сулс эҷод шуда, монандии зиёде ба тавқеъ дорад. Фарқ байни хатҳои тавқеъ ва риқоъ дар мушкилбаёнии онҳост. Мушкилӣ  ва заҳмати хати тавқеъ бештар аст нисбати риқоъ. Бо ин хати зебо катибаҳои зиёде навишта шуда, дар гузашта бештар ба нигориши китобҳои урфӣ ва мукотиботи шахсӣ ба кор мерафтааст. Риқоъ дар аҳди Маъмуни Аббосӣ ихтироъ ва баъдтар комил шуд. Ин хат бештар дар имзо ба кор мерафтааст, бино бар ҳамин  онро риқоъ (имзо) ном ниҳодаанд. Он зиёдтар дар навиштаҳои муҳими ҳукуматӣ ва динӣ ба кор бурда шудааст.

Магистрони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Аслонов Тоҳир

Ғафоров Хайрандеш

Хондан 2716 маротиба