Бо ҳамин тартиб Басманда чун деҳаи хосе, ки мардумаш табиати хоси дарборӣ ва шаҳрнишинӣ доранд, ташаккул ёфт. Макони амнгоҳ барои ҳокимони Истаравшан, яъне паноҳгоҳ дар мавриди ҳуҷуми душманон дар тамоми тӯли таърих деҳаи Басманда будааст.
Бо мақсади ҳимояи деҳа аз тохтутози душманон дар мавзеъҳои шимолу ғарбии деҳа калъаҳои Дӯст, Миразид, Мирзобой, Ҳоҷӣ пайдо гаштаанд. Басманда чун як истеҳкоми дастнорас барои душманон гашт. Ба ин деҳа на ҳар кас ҳуқуқи вуруд шуданро дошт. Савдогарони аз самти Хуҷанд меомада то мавзеи Ростровуд (вожаи вайроншудаи “растработ”) ва савдогарони аз тарафи шимолу ғарб меомада дар мавзеи Каҷровуд, қарор мегирифтанд. Аз соҳили ғарбии дарёи Басмандасой роҳи корвонгузар ба ҷониби Оббурдон мавҷуд буд.
Ҳокимони замони Истаравшан ба деҳаи Басманда, чун ба мавзеи истироҳатгоҳи тобистона рафтуомад намудаанд. Омилҳои зикршуда боиси он гаштанд, ки мардуми Басманда соҳиби асолати хоси зист ва муошират гардиданд. Далели собитгари ин гуфтаҳо, қадимтарин будани шевои гуфтори рӯзмарраи мардуми Басманда ба ҳисоб меравад. Ин шевои гуфтор ҳамон забони “Ёддоштҳо”-и устод Айнӣ аст.
Басмандаи имрӯза хеле хушманзару диққатҷалбкунанда аст. Ба ғайр аз доманакӯҳҳои Пушта, Сарчашма, Хати мор, Севаззарах, Сеодама, Рушак ва Кушсанг мавҷуданд. Дараи Даҳанаи Басманда дар зебоӣ беҳамтост. Аз дараи Даҳана роҳ ба сӯйи паҳнои ҳамворе, ки дар баландии зиёда аз 2000 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст, мавҷуд аст. Ин паҳнои ҳамвор Майдонак ном дорад. Майдонак чунин зебову назаррабост, ки аз ин мавзеъ метавон тамоми зебии деҳаро назар кард.
Аҳолии деҳа, ки имрӯз ҳудудашон ба 10 ҳазор нафар мерасад, асосан кишоварзӣ ва чорводориро пешаи худ қарор додаанд. Абармардони деҳа баҳри пешбурди давлат ҳиссаи худро гузошта истодаанд.
Партобов Алишер
Магистри Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияии АИҶТ