JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Майи 2019 06:31

Қоғази ташноб ва собун арзиши тиллоро доранд

Муаллиф:

  Кишварҳое ҳастанд, ки мушкили ташнобро доранд. Чин низ бо мушкили ташноб рӯ ба рӯ буд, аммо ба шарофати саъйю кӯшишҳои ҳукумат миқдор, тозагӣ ва бароҳат будани ташнобҳои ҷамъиятӣ хеле беҳтар гардид.

Дар Ҳиндустон ҳамчунин мушкили ташнобҳо вуҷуд дошт. Вале дар фарқият аз Чин мушкили Ҳиндустон сарфи назар аз тамоми кӯшишҳо идома дорад, чунки ба ақидаи баъзеҳо ин масъала метавонад бо фарҳанг вобастагӣ дошта бошад. Бо гузашти зиёда аз ним аср баъди ба даст овардани истиқлолият беш аз ними ҳиндуҳо ба ташноб дастрасӣ надоранд ва зери осмони кушод қазои ҳоҷат мекунанд.

Вақте аврупоиҳо дар як моҳ як маротиба шустушӯ мекарданд ва ба ибодат ҳамчун табобат умед мебастанд, Сино китоби худро, ки дар ҷаҳон, аз ҷумла Аврупо китоби тиббии пешсаф ба шумор мерафт, ба итмом расонд, ки дар он муҳимияти гигиенаро зикр карда буд.

Айни ҳол Тоҷикистон мушкили хоси марбут ба ташнобро дорад. Дар тафовут аз аксарияти ҳиндуҳо мо ташнобҳое дорем, вале нигаҳдории лозимаи онҳо вуҷуд надорад. Покиву тозагӣ дар ҳамаи сатҳҳо муҳим ба назар намерасад. Оё касе воқеан ҳам тааҷҷуб дорад, ки дар Тоҷикистон ташнобҳо поку тоза нестанд? Дар ҳақиқат на, ҳеҷ нафаре аз ин ҳол изҳори тааҷҷуб намекунад. На танҳо ташнобҳо бо меъёрҳои тозагӣ мутобиқат надоранд, балки дар онҳо унсурҳои асосии беҳдошт – қоғази ташноб, собун, оби гарм ва дастмолҳо мавҷуд нестанд.

Барои он, ки аз аксари ташнобҳои бо чирку ахлот ва бадбӯии худ маълуму машҳур истифода кунед, бояд худро омода намоед. Гоҳе ҳам аз қуттиҳои чиркини пури партову фаршҳои касиф ва ҳам бӯи баду ганда, ки монеаҳое  эҷод мекунанд, наметавон гузашт.

“Одатан ман саъй мекунам пеш аз баромадан аз хона об нанӯшам. Агар дар ман майлу хоҳиши истифода аз ташноб пайдо гардад, сабру тоқат мекунам”, - изҳор дошт сокини маҳаллӣ, бо он, ки медонист, ки худдорӣ аз қазои ҳоҷат метавонад боиси пайдо шудани уфунати роҳҳои пешоб гардад.

Дар биноҳои ҳукуматӣ, идораҳои давлатӣ ва муассисаҳои таълимӣ вазъият дар амал ҳамонанду яксон аст.

Ин ҳолат кӯдаконро чӣ меомӯзонад? Ва ин ҳолат оиди мо чӣ мегӯяд? Оё бархӯрду муносибати мо ба ташнобҳо бахше аз фарҳанги нави мо шудааст?

Ба саволи он, ки чаро дар ташнобҳои Китобхонаи миллӣ лавозимоти беҳдошт вуҷуд надорад, яке аз кормандони баландмартаба посух дод, ки “дар китобхона боздидкунандагон зиёд ҳастанд ва қоғазҳои ташнобе, ки онҳо барои истифода мегузоранд, нисбатан зуд тамом мешавад”.

Пешниҳоди мантиқӣ оиди он, ки шахси масъул водор гардад, ки ба таври муназзам ташнобҳоро назорат намуда, овезакҳоро бо қоғазҳои иловагии ташноб пур кунад, ба дастгоҳҳои пахшгари автоматикӣ собун бирезад, дастгоҳҳои хушбӯкунанда ва овезакҳои дастмолҳоро сари вақт бо маводи лозима пур кунад он қадар даркнашаванда ва аз ақл берун аст, ки гӯё ба одамон тиккачаҳои хурди тилло медода бошанд.

Набудани як чиз мушкили дигарро амиқтар месозад. Агар овезакҳои дастмолҳои қоғазӣ вуҷуд надошта бошанд, оби дастон ба рӯи фарш мечакад, ки хатари лағзидану афтоданро меафзояд. Фарши тару нам боиси зиёд пайдо шудани паю доғҳои чирколуди пойафзол мегардад.

Ҳангоме, ки инсон кор мекунад, таҳсил менамояд ва як замонеро дар маконҳои бо чунин ташнобҳо мегузаронад, - дарҳоро мекушояд, аз компютер истифода менамояд, дар давоми рӯз дастҳои дигаронро мефушурад, - ӯ сабабгори паҳн шудани бемориҳову уфунатҳо мегардад.

Аммо ба назар мерасад, ки чунин вазъият боздидкунандагони китобхонаро нигарону нороҳат намесозад ва ба ташвиш ҳам намеоварад, - ин падида ҳамакнун оддиву маъмулӣ ба назар меояд.

“Шумо дастонатонро дар хона бо собун мешӯед”, - гуфт яке аз боздидкунандагон.

Боздидкунандаи дигар чунин ақида дошт, ки сабаби набудани лавозимоти аввалияи зиндагӣ дӯздии эҳтимолӣ аст. Аммо одамоне, ки даст ба дӯздии чизҳое бо арзиши 1 сомонӣ мезананд, ақаллияти ночизеро ташкил медиҳанд.

Тибқи равоншиносӣ ва назарияи тирезаҳои шикаста, одамон он интизориву умедвориҳоеро, ки барояшон муқаррар гардидааст, дуруст мешуморанд. Вақте бо аксарият чунин муносибат мекунанд, ки гӯё онҳо шоиставу арзандаи маконҳои поку тоза ва муҷаҳҳаз нестанд, онҳо ба ифлосиву касифӣ мусоидат хоҳанд кард. Ҳангоми ворид шудан ба макони ифлос ҳеҷ касе пеш аз партофтани партов ба рӯи фарши аллакай чиркин дубора ба фикр намеравад. Аммо замони дохил шудан ба макони поку тоза одамон саъй мекунанд онро тоза нигоҳ доранд.

Имрӯз барои ташнобҳои зиддибеҳдоштӣ ҳеҷ гуна узр ва далелу асосе вуҷуд надорад.

Ба кор қабул кардани як нафаре барои нигоҳдории ташноб метавонад ин мушкилро дар ҳама гуна ҷойҳо ҳаллу фасл кунад ва давраи накӯкориро тавлид намояд. Тақрибан 1500 сомонӣ ба ҳайси музди меҳнат ба изофаи +200 сомонӣ ҷиҳати ашёи зарурӣ ва маводи шӯянда – ин хароҷоте нест, ки ин ё он муассисаеро муфлису варшикаста кунад. Бо дарназардошти роҳату рифоҳ ва ҳузуру ҳаловати ҳаррӯзаи одамони зиёд ин маблағ он қадар бисёр ҳам нест.

Дар бемористонҳое, ки бояд ба меъёрҳои фавқулодаи тозагӣ риоят намоянд, вазъият беҳтар нест. Дар шуъбаи кумаки аввалия дар Қарияи Боло ташноб маъмулан баста аст, то  ки он барои кормандон дар ҳолати тамиз нигаҳдорӣ шавад, вай бӯи гандаву бадеро дорост, собун ва маводи лозимаи зиддиуфуниро ҳам надорад. Ба беморон пешниҳод мекунанд, ки аз ташноби ғайрибеҳдоштии пулакӣ, ки дар берун қарор дорад, истифода намоянд, ки барои инсони бемор нороҳату нобоб аст. Ҳамин ҳолат хоси бемористони маҳаллаи Советскии якум низ мебошад. Дар бемористони “Истиқлол” онҳоеро, ки дар ошёнаи якум қарор доранд, ба ташноби воқеъ дар беруни бино равона мекунанд. Дар ташнобҳои воқеъ дар ошёнаҳои боло лавозимоти зарурии беҳдоштӣ вуҷуд надорад.

Ташнобҳо як навъ хизматрасонии асосиву бунёдӣ буда, ба сифати зиндагӣ таъсиргузор ҳастанд.

Ташнобҳои поку тоза, хушбӯ ва ба таври муносиб муҷаҳҳазонидашуда чизи таҷаммулӣ ва карру фар нестанд. Онҳо заруру лозим мебошанд.

Таҷаммулу карруфар – ин вақте, ки нишастгоҳи ташноб ҳангоми наздик шудани одам ба таври автоматикӣ сарпӯшро мебардорад, пӯшиши пластикии гирдогирди нишастгоҳ тағйир мекунад, худи нишастгоҳ василаи гармкунӣ дорад ва дар пасманзар оҳанги фораму дилнишин садо медиҳад; вақте, ки дастмолҳои тару тозаи якбормасрафи матоъгини мулоим ва лосйон барои даст мавҷуд аст; замоне, ки василаҳои масрафсанҷи насбшуда дар рӯи дарҳо ва овезакҳои дастмолу собунгиракҳо ба шахси масъули бино оиди ҷараёни одамон, сатҳи собун ва ғайра сигналҳо мефиристад ва ғайра.

Ташнобҳо барои ҳама ва бахусус барои сайёҳон унсуре аст, ки ба таври ногаҳонӣ дар ёду хотир боқӣ мемонад.

Масалан, фурудгоҳи Душанбе дар муқоиса ба мавҷи ками мусофирон нисбат ба Истамбул дорои лавозимоти зарурӣ нест. Ҳатто таҷҳизот (диспенсерҳо) барои собун пур карда намешавад ва бархеи дигар таҷҳизот  умаман вуҷуд надоранд, дастпоккунакҳо (салфеткаҳо) дида намешавад. Дар фурудгоҳи Истамбул бошад бо мавҷи 100 миллион мусофир дар 1 сол ҳамеша ҳама шароит муҳайёст.

На ҳамаи мушкилот бояд аз ҷониби давлат ҳал шаванд. Шахсоне, ки барои фароҳам овардани шароити одӣ барои кормандон, донишҷӯён ва дигар сокинони шаҳр уҳдадоранд, бояд ба ин масъала машғул бошанд.

Муносибати мо ба беҳдошт ва беҳдорӣ бояд тағйир кунад. Тозагӣ бояд афзалият бошад, то ки муносибати бетафовут ба  гигиена ҷузъи фарҳангамон нагардад, агар он ҳанӯз чунин нашуда бошад.

Шогуна Собир

Хондан 1846 маротиба