JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 07 Майи 2019 04:12

Шоҳмот-бозии зеҳнии тоҷикон

Муаллиф: Қурбониён МЕҲРДОД

  Шоҳмот яке аз бозиҳои фикрии инсоният буда, дар роҳи қавӣ гардонидани майнаи сар ва сайқал додани хотираи инсон ҳамтое надорад. Дар тӯли таърих номи ин бозӣ чанд дафъа тағйир ёфтааст, лекин ба бисёр забонҳо аз забони тоҷикӣ маҳз калимаи шоҳмот (шоҳ мурд) бо каме бадалшавии овозҳо интиқол ёфтааст.

Шаҳмот дар ҷаҳони муосир яке аз намудҳои варзиши фикрии инсон шинохта шуда, ҳамасола навъҳои гуногуни мусобиқаҳо, ба монанди мусобиқаҳои миллӣ, байниқитъавӣ, байналмилалӣ ва дар чаҳорчӯбаи якчанд асотсиатсияҳо гузаронида мешаванд. Айни ҳол Федератсияи байналмилалии шоҳмот бо муасисаи ФИДЕ мусобиқаҳои байналмилалии шоҳмотро роҳандозӣ менамоянд. Аз инҷост, ки варзишгарон, рузноманигорон ва доварони соҳавӣ оид ба шоҳмот ба вуҷуд омаданд.

Шоҳмот ба қатори панҷ Бозии асосии байналмиллалии зеҳнӣ дохил мешавад. Комбинатсияҳои шоҳмот хело зиёданд ва барои ғолиб омадан ба ҳариф миқдори зиёди онро аз худ кардан зарур аст. Донистани миқдори зиёди комбинатсияҳо хотираи инсонро қавӣ менамояд, ки аз тарафи мутахасисони соҳаи мағзшиносӣ исбот гардидааст. Инчунин зуддии кори майнаи сари инсони шоҳмотбоз калонтар аст, яъне миқдори зиёди амалҳоро дар як воҳиди вақт дар майнаи сари худ таҳлил менамояд. Аз тарафи дигар, шоҳмот барои қавӣ намудани майнаи сари инсон, яъне барои бехастагии ҷисмонӣ муддати дароз фикр намудан мусоидат менамояд.

Шоҳмот барои инкишофи тафаккури мантиқии инсон мусоидат намуда, барои зиёд намудани консентратсияи диққат ва тарбияи ирода барои ғалаба ва сифоти ахлоқӣ,  саҳми арзанда дорад. Дар раванди бозии шоҳмот якчанд аломатҳои рафтор, қобилияти инсон рӯй мезанад. Аз ин ҷост, ки дар равоншиносӣ барои санҷишҳои гуногуни равонӣ ва дар кибернетика барои омӯхтани машинаҳои ҳисоббарор истифода бурда мешавад. Назарияи шоҳмот илми ҷудогона буда, дар он тарз, роҳҳои комбинатсионии ҷойгиршавии мӯҳраҳои он омӯхта мешавад.

Шоҳмот ҳамчун маҳсули эҷодии фарҳанги мо имрӯзҳо ба як ҷузъи фарҳанги инсонӣ табдил ёфта, дар тули мавҷудияти худ таърихи бой дорад. Баъд аз ихтироъ ва такмил додани  бозии дунафара ва усулҳои нави ҳаракати мӯҳраҳо гузаштагони тоҷикон номи ин бозиро шоҳмот гузоштаанд.

Дар бораи шоҳмот аввалин маротиба дар адабиёти бадеии  тоҷик   маълумотҳо пайдо гардидааст. Аз солҳои 550– ум сар карда шоҳмот  тавонист қонуниятҳои шавқовари зиёди навро касб намуда, ба тамоми ҷаҳон, аз ҷумла  кишварҳои Ҷанубу Шарқии Осиё, Кавказ Аврупо интиқол ёбад. Дар бисёр фарҳангҳо аз забони тоҷикӣ номи шоҳмот ҷорӣ шудааст.  

Баъди истилои арабҳо ва паҳн гардидани дини Ислом дар Эрону Осиёи Марказӣ муносибат ба бозии шоҳмот ба самти манфӣ тағйир ёфт. Махсусан баъд аз асри X пешрафти шоҳмот рӯ ба таназзул ниҳод.   Аз тарафи аксарияти рӯҳониёни исломӣ шоҳмотбозӣ ҳамчун бозии ба истилоҳ “ҳаром” иҷозат дода намешуд ва ё аз тарафи бархе аз онҳо номатлуб (макрӯҳ) ҳисобида мешуд.

Ин раванд, яъне иҷозат надодани бозии шоҳмот дар дини насронӣ ва дигар динҳо низ ҷорӣ буд. Махсусан дар асрҳои XV-XVI зиддият ба авҷи камолоти худ расида буд. Пас аз раҳо гардидани Аврупо аз догматизм, яъне ҷудо гардидани калисо аз сиёсат, назарияи шоҳмот инкишоф ёфта, аввалин иттиҳодҳои расмии шоҳмот ба вуҷуд омаданд. Дарсҳои соҳавӣ оиди шоҳмот дар донишгоҳҳои бонуфуз ҷорӣ гардиданд. Имрӯзҳо шоҳмотбозӣ дар Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон хеле маъмул мебошад.

Мутаассифона, бо таъсири як қисми хурофотӣ ва мазҳабии  муносибати манфӣ нисбат ба шоҳмотбозӣ дар кишвари мо то ҳануз ҷой дорад. Идома ёфтани чунин муносибат ба шоҳмот хатарнок ва бар зарари пешрафти ҷомеаи мо мебошад.

Исбот шудааст, ки шоҳмот барои мантиқӣ фикр намудан, ҷо ба ҷо гузоштани миқдори зиёди объектҳои комбинатсионӣ ва зудди калони фикр намудану хотираи қавӣ мусоидат менамояд. Бояд шоҳмот  ҳамчун арзиши фарҳангии башар, ки дар ихтироъ ва пешрафти назарияи он аҷдодони мо, яъне тоҷикон саҳми калон доранд, аз тарафи ҳар яки мо ҳифз карда  ва ба наслҳои оянда интиқол дода шавад.

Шоҳмот бозиест, ки ба ғайр аз фароғат бахшидан ба инсон, чанд паҳлуҳои мусбатро дорост. Шоҳмот ба водор намудани ирода барои ғалаба, роҳи баромад аз ҳолатҳои мураккаб, пешрафти хотира, зудии кори майнаи сар ва зиёд гардидани дараҷаи мантиқии фикронӣ  мусоидати хуб менамояд. Пас вақти он расидааст, ки барои пешрафти соҳаи шоҳмот дар кишвар миқдори клубҳои шоҳмот зиёд карда шавад ва сатҳи хизматрасонӣ баланд бардошта шавад. Инчунин дар байни аҳолӣ бо барномаҳои мушаххас дарсҳои озод гузаронида, дар маҳалаҳо ҷойҳои махсуси шоҳмотбозӣ ташкил карда шаванд.

Қурбониён МЕҲРДОД

табиатшинос

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (15), 2019 

Хондан 1344 маротиба