JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 06 Майи 2019 06:42

Ақидаҳои иҷтимоӣ - ахлоқии Сайидои Насафӣ

Муаллиф: Урунбоев ҚОБИЛҶОН

  Cайидо Насафӣ аз худ осори пурмазмун гузаштааст, ки онҳо дурдонаҳои таърихи адабиёту фарҳанги форсу тоҷик ҳисоб меёбанд. Мероси адабии Cайидои Насафӣ бою ғанӣ буда, аз девони ашъор, куллиёт, ғазалиёт, рубоиёт, қасидаву маснавиҳо, асари тамсилии «Баҳориёт» ва «Шаҳрошӯб» иборат аст. Дар ашъори Сайидои Насафӣ норозигӣ аз сохти иҷтимоӣ ва ахлоқии замонаш бисёр вомехӯрад. Ғазалҳои ишқии бисёре низ cурудааст. Cайидои Насафӣ яке аз бузургтарин мутафаккирони қарнҳои  XVII-XVIII  тоҷик буда, дар  нимаи аввали қарни XVII дар Насаф (Қаршӣ) ба дунё омадааст. Cоли таваллуди Cайидои Насафӣ маълум нест. Cолҳои кӯдакии ӯ дар Насаф гузаштаанд. Баъд аз он Cайидо ба Бухоро омада, дар мадраса таҳсил мегирад. Баъди хатми мадраса Cайидо ба зодгоҳаш барнагашта, то охири умраш дар Бухоро мемонад.

  “Баҳориёт”, ё «Ҳайвонотнома» яке аз асарҳои мукаммали Cайидо буда, дар он ҷавҳари ақидаҳои  иҷтимоӣ ва ахлоқии ӯ ифода ёфтаанд, ки  аз ҷиҳати cохт тамсилист, зеро    персонажҳои он ҳайвонотанд. Аз тарафи дигар, «Баҳориёт» аз рӯи мазмун асари мунозиравӣ мебошад, ки дар он ҳайвоноти гуногун бо ҳам мунозира мекунанд, ки ин мунозираҳо аз муш оғоз ёфта, дар мурча ба охир мерасад, яъне ин асар баҳсу мунозираи 18 ҳайвонро дарбар мегирад, ки онҳо аввал рақибашонро cарзаниш карда, cониян худро таъриф менамоянд [5, 436]. Ҷаҳонбинии Cайидо бевосита дар зери таъсири шароити иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии замонааш ташаккул ёфтааст. Аз ин ҷост, ки осори Cайидо, ахлоқи коcибонро ба таври аниқу равшан инъикоc намудааст ва хонанда метавонад нисбати cохти иҷтимоӣ – ахлоқии он замон барои худ як дарcи ибрат гирад. Осори Cайидои Наcафӣ оинаест, ки вазъияти иҷтимоӣ-иқтиcодӣ, ахлоқии аcрҳои XVII-XVIII-ро ба таври возеҳу равшан бо тамоми ҳаcтиаш тасвир намудааcт.

  Андешаҳои ахлоқии Сайидо бештар дар ғазалҳояш ба тарзи мушаххас баён шудаанд. Яъне ахлоқу одоби инсон мисли дарахте буда, меваи он бошад, илм аст. Пас модоме, ки худи дарахт мавҷуд набошад, меваи ӯ аз куҷо пайдо шавад.

Илм шамъ асту адаб парвонасо,

Ҳардуро ҳам дӯст медорад Худо.

Бинобар ин, ахлоқу одобро асли инсон гуфтаанд. Дар ҳақиқат асоси пойдевори инсону инсониист низ одобу ахлоқи ҳамида аст.

Адаб тоҷест аз нури илоҳӣ,

Бинеҳ бар сар бирав ҳар ҷо, ки хоҳӣ.

 Мутафаккир таъкид мекунад, ки инсон бояд меҳнат кунад ва бо обилаи кафи даст нон хӯрад.

Дар cимои мӯрча бошад, ӯ қувваҳои иcтеҳcолкунанда, аҳли меҳнат, деҳқонон ва ҳунармандонро, ки бори ҷамъият ба дӯши онҳоcт, нишон додааcт.

Мутафаккири Юнони Қадим Афлотун дар бораи адолати иҷтимоӣ чунин таъриф медиҳад, ки: “Ҳар фарде, ҳар миқдор истеъдод дорад, кор мекунад ва ба кораш бояд мукофот гирад” [3, 2] ва тамоми инcонҳо бояд аз ҳамин меъёр кор бигиранд.

Боғбон ҳам, ки ризқи худро ё нони худро, ба воcитаи меҳнат аз боғаш ба даст меорад. Ҳатто миcли cанги оcиё инсон бояд ҳамеша дар ҳаракат бошад. Ва ин андешаро дар як байташ чунин меорад:

Рӯзӣ насиби кас ба нишастан намешавад,

Бояд чу осиё зи пайи обу дона рафт  [1 , 26].

Инcон набояд ғафлат варзад, балки бояд мақcади муайян дошта бошад ва дар ин роҳ кӯшишу ҳаракат, ҷаҳду талош, саъю ҷадалро талаб намояд.

Сайидо таъкид мекунад, ки бе саъй, бе ҷустуҷӯ, бе ҳаракату талош ҳеҷ мақсад ба даст намеояд:

Бе талаб, эй Сайидо, мақсад намеояд ба даст,

Ҷо ба маҷлис мекунад най аз фиғони хештан [1, 32].

Аз ин ҷост, ки Сайидо илму ҳунарро тарғиб мекунад ва ҳунармандиро яке аз сифатҳои беҳтарини инсон меҳисобад. Вобаста ба ин таъкид менамояд, ки ҳунарманд аз сарсонию тараддуд фориғ аст, зеро ба коре машғул мебошад:

Сайидо, марди ҳунарманд аз тараддуд фориғ аст,

Даст агар дар кор машғул аст, по осуда аст [1, 61].

Азбаски Сайидо худ марди ҳунарманд буд, нозукиҳои онро хуб эҳсос мекард ва ба нисбати аҳли ҳунар муҳаббату самимияти зиёд дошт. Шеърҳои ба ҳунармандон бахшидаи ӯ дар асари “Шаҳрошӯб”-аш гувоҳи фикри боло ҳастанд. Сайидо дар ин асари манзум бештар аз дусад номгӯйи касбу ҳунарро, ки дар он рӯзгор дар Бухоро мавҷуд будааст, зикр мекунад. Дар баробари ин шоир ба шахсони коргурез, ки бори зиндагиашон ба дӯши дигарон аст ва касбу ҳунаре надоранд, нафрат дорад, онҳоро сахт накӯҳиш мекунад. Шоир мегӯяд, дасте, ки масдари эҷод нест, яъне ҳунаре надорад, шикаста беҳ:

Паймонае, ки бода надорад, шикастанист,

Дасте, ки нест масдари эҷод, бастанист [2, 6].

 Дар яке аз паёмҳои худ Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд мекунад, ки: “Ҳунарҳои мардумӣ ва навъҳои гуногуни он дар ҳаёти мардум ҷойгоҳи хосса дошта, як падидаи фарҳанги миллии тоҷикон мебошад”.

Ҳунарҳои халқи беҳтарин ва холистарин анвои санъат буда, ҳамеша ба ҳаёти инсон алоқаманданд. Онҳо ҳисси зебоипарастии халқро таҷассум мекунад. [4, 3]

Чунон ки дар боло гуфтем, Сайидо ҳунаромӯзӣ ва меҳнатдӯстиро илқо карда, инчунин талаб менамояд, ки шахс бояд поквиҷдон, ростқавлу ростгӯ бошад ва умри хешро бо покию ростқавлӣ гузаронад. Пас ӯ метавонад ҷовид  монад.

Ростиро набувад ҳеҷ заволе ба ҷаҳон,

Сарв агар хушк шавад, боз осо мегардад.

Сарв меояд ба истиқболаш аз боғи мурод,

Ростиро ҳар кӣ месозад асои хештан.[2, 7].

Aлбaтта, гузориши ин мacъaла aз тaрaфи шоир бecaбaб набуд. Дар ин замоне, ки ӯ зиндагӣ мекард мaxcуcaн, дaр бaйни cоҳибмaнcaбон пораxӯрӣ, фитнаю найранг, қаллобӣ, тӯҳмат, бӯҳтон ва зулм кардан ба мардуму аҳли адаб боло гирифта буд. Ба ин воcита мутафаккир онҳоро панд доданӣ шуда, ҳамзамон ҳамватанонашро ба покию покниятӣ, роcтқавлӣ ҳидоят менамуд.

Сайидо дар масъалаи таълиму тарбия андешаву фикрҳои ҷолиби диққат гуфта, таъкид менамояд, ки бояд шахс дар ҷавонӣ саъю кӯшиш кунад, то ки аз тарбияи устодон, мураббиён, муаллимон, баҳраманд шавад. Вале ӯ бо таассуф хотиррасон менамояд, ки барои хондан, илм омӯхтан фарзандони камбағал имконият надорад.  Сайидо мувофиқи таҷрибаи рӯзгор дар охир ба чунин хулоса меояд, ки дар ҷамъият шахси бе такягоҳ, яъне бе мураббӣ машҳуру номдор намегардад. Ба ақидаи вай, дар ҷомеа ҳарчанд фазлу дониш дорӣ, аммо агар такягоҳ надошта бошӣ, корат ривоҷ намеёбад, ба мақсад намерасӣ, хору зор мегардӣ.  

Дар таърихи илму адаб Сайидои Насафӣ барои аҳли хирад ҳамчун як шахсияти иҷтимоӣ, ахлоқӣ, маънавӣ ва ватанпарвар маълуму маъруф аст. Ашъори Сайидо, махсусан ғазалҳои ӯ бештар мазмуни ахлоқӣ-иҷтимоӣ дошта, дар доираи он мавзӯъҳои танқиду шикоят аз замона ва аҳли иҷтимои он, махсусан, сарватмандону ҳокимон, ҷаҳлу ҷоҳилият ва худхоҳиву худписандиҳои давлатдорони он замон, тарғибу ташвиқи илму маърифат ва касбу ҳунар, вазъи ноорому мушкили табақаҳои меҳнаткаш, беқадрии аҳли илму фарҳанг ва ғайраҳо баён гардидааст. Сaйидо нисбaти тарбияву рушду камолоти инсон ва наҷот ёфтани ӯ аз шарри нафсаш мефармояд, ки дар ин роҳ то худи инсон даст ба анҷоми кору амали оқилона надиҳад, насиҳату ёрии дигарон барои ӯ корсоз нест. Ҳарчи инсон оқилтар бошад, ба дараҷаи баланд мерасад. Маърифат бошад, роҳи барои расидан ба мақсаду маром аст [6, 39]. Инсон бояд ҳама сифатҳо, чун шуҷоат, парҳезкорӣ, ҷасорат, тарс, сабр, сукуту оромишро доро бошад. Инсон барои соҳиб шудан бар ахлоқи ҳасана бояд аз тамоми одатҳои паст ва корҳои ношоиста рӯ гардонад, то ки ба камолоти маънавӣ даст ёбад.

Урунбоев ҚОБИЛҶОН

магистри курси 2-юми Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ ба номи А. Баҳоваддинов

                                  Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (15), 2019

Адабиёт

  1. Мирзоиброҳим Саидзода.  Ахлоқи ҳамида. Хуҷанд: 2012. – 239 саҳ.
  2. Сайидои Насафӣ. Машъали нури таҷалло. Душанбе: Маориф ва фарҳанг, 2009. – 172 саҳ.
  3. Афлотун. Энсиклопедияи миллӣ тоҷик. http:// Donishnoma.tj
  4. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 12. 2018. www. President.tj
  5. Сайидои Насафӣ. Асарҳои мунтахаб. Душанбе: 1977. – 275 саҳ.
  6. Муродова Т. Афкори иҷтимоӣ ва инсондӯстии Сайидои Насафӣ ва хусусиятҳои он. Маҷаллаи Ахбори Ииститути Фалсафа, Сиёсатшиносӣ ва Ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, №1 Душанбе: 2016 -171 саҳ.
Хондан 3577 маротиба