JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 03 Майи 2019 10:32

Маънои номи моҳҳои тақвими григорианӣ

Муаллиф:

  Одамон барои ҳисоби фосилаҳои калони вақт аз замонҳои қадим инҷониб давомоти моҳ ё солро, яъне давомоти гардиши Офтобро аз рӯйи эклиптика истифода мебурданд. Дар давоми таърихи бисёрасраи инсоният системаҳои мухталифи тақвимҳо сохта ва ба истифода дода шудаанд. Вале ҳамаи ин тақвимҳоро ба се навъ ҷудо кардан мумкин аст: шамсӣ, қамарӣ ва шамсӣ-қамарӣ. Тақвими аз ҳама қулай ва сода солшумории шамсӣ мебошад, ки онро дар Мисри қадим истифода мебурданд.

  Ҳангоми тартиб додани тақвим бояд ба назар гирифт, ки давомати соли тақвимӣ ба давомати гардиши Офтоб аз рӯи эклиптика ҳарчи бештар наздик бошад. Инчунин зарур аст, ки соли тақвимӣ адади бутуни шаборӯзҳои шамсиро дар бар гирад, зеро сари солро дар соатҳои гуногуни шаборӯз гирифтан ноқулай аст.

Тақвиме, ки мунаҷҷими искандарӣ Созиген тартиб доду онро соли 46 то милод дар Рим Юлий Сезар ҷорӣ карда буд, ин шартро қонеъ мегардонид. Сипас, ин тақвим номи тақвими юлианӣ ё худ солшумории кӯҳнаро гирифт. Дар тақвими мазкур се сол пай дар ҳам 365 шаборӯз (солҳои одӣ) ва соли чорум 366 шаборӯзро ташкил медод, ки онро соли кабиса меноманд. Дар тақвими юлианӣ солҳое, ки рақами тартибиашон ба 4 бебақия тақсим мешаванд, солҳои кабиса мебошанд. Баъд аз понздаҳ аср ба ҷойи тақвими юлианӣ солшумории ҷадид - тақвими шамсии григорианӣ қабул гардид.

Санаи 4-уми октябри соли 1582 папаи Рим Григории XIII барои кишварҳои католикӣ бар ивази тақвими қадимаи юлианӣ солшумории григорианиро пешниҳод намуд, ки мутобиқи он санаи 4 октябри тақвими юлианӣ 15-уми октябр ҳисобида шуд. Тақвими григорианӣ системаи ҳисоби вақт дар асоси даври гардиши Замин дар атрофи Офтоб, ки давомнокии як даври гардиши Замин дар атрофи Офтоб ба 365,2425 шабонарӯз баробар буда, дар чаҳорсад сол наваду ҳафт соли кабисаро ташкил медиҳад, бунёд ёфтааст.

Бисёре аз кишварҳои олам аз соли 1582 инҷониб, пай дар ҳам ба тақвими григорианӣ гузаштанд: соли 1582 Италия, Испания, Франсия, Лаҳистон, Португалия, Лотарингия, Ҳолландия ва Люксембург; соли 1583 Австрия, Бавария, Тирол; соли 1584 Швейсария, Вестфалия, Силезия; соли 1587 Венгрия; соли 1610 Пруссия; соли 1700 кишвари протестантии олмонӣ, Дания, Норвегия; соли 1752 Британияи Кабир; соли 1753 Шведия, Финляндия; соли 1873 Ҷопон; соли 1911 Хитой; соли 1912 Албания; соли 1916 Булғория; соли 1918 Россияи Шӯравӣ; соли 1919 Сербия, Руминия; соли 1924 Юнон; соли 1927 Туркия; 1928 Миср ва ғ.

Пас аз гузариш ба солшумории григорианӣ бисер кишварҳои ҷаҳон санаи навро қабул карданд. То ибтидои асри ХХ фарқияти санаи нав ва санаи кӯҳна ба 13 шаборӯз расид. Азбаски дар собиқ ИҶШС санаи нав фақат соли 1918 ҷорӣ гардид, Инқилоби Октябр, ки 25 октябри соли 1917 (аз рӯи санаи кӯҳна) ба амал омада буд, 7 ноябр (аз рӯи санаи нав) қайд карда мешуд. Фарқияти байни санаи кӯҳна ва нав то асри ХХI тағйир наёфт, вале дар асри ХХII ин тафовут ба 14 шаборӯз хоҳад расид. Санаи нав, албатта, тамоман дақиқ нест, лекин ин хато дар 3300 сол ба як шаборӯз мерасад.

Ба ғайр аз сана ва хатои солшумории тақвими шамсии григорианӣ, мо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон бештар ба номи моҳҳои он рӯ ба рӯз меоему онҳоро такрор ба такрор истифода ва талаффуз менамоем ва он моҳҳо ҳамеша зиндагиамонро ба танзим медароранд. Санаҳои беҳтарини ҳаётиамон аз қабили зодрӯз, рӯзҳои ҳаётан муҳим ва дигар санаҳои фаромӯшнопазир маҳз ба онҳо вобаста ва хотирмон мебошанд. Аммо боре намеандешем, ки номи моҳҳои ин солшуморӣ аз куҷо пайдо шудаанд ва дар худ чи маъно доранд. Пажӯҳиш ва тадқиқотҳои илмӣ нишон медиҳанд, ки исми моҳҳои тақвими григорианӣ ҳама калимаҳои лотиниасланд ва дар худ асрореро доро мебошанд.

Январ (Januarius, i, m) моҳи нахустини тақвими григорианӣ аз вожаи лотинии «Janus, i, m» гирифта шудааст. Аз рӯйи ривоят ин ном аз тарафи шоҳи Рим Нуми Помпилий ба муносибати худои римӣ Янус, ки рӯзи аввали моҳи мазкур ба ӯ бахшида шуда буд, гузошта шудааст. Янус худои қадимаи итолиёвии гардиши Офтоб, даромадану баромадан ва бо ду рӯйи худ пиру ҷавон, гардиши якбора ба гузаштаю ҳозираро танзим наменамояд.

Феврал (Februarius, i, m) аз истилоҳи лотинии «februare» гирифта шуда, маънояш тоза (пок) кардан аст ва ба муносибати маросими қадимаи римии покшавӣ - Februo гузошта шудааст. Номи лотиниаш ба маросиме, ки ҳар сол санаи 15-уми феврал дар Рими қадим гузаронида мешуд, вобастагӣ дорад. Яъне, Februarius моҳи покшавӣ ва тозашавӣ буда, калимаҳои februo, -avi, -atum ва -are маънои маросими покшавиро иҷро кардан ва тоза шуданро доранд.       

Март (mensis Marttius) ба муносибати худои қадимаи ҷанг Марс номгузорӣ гардидааст. Моҳи март дар солшумории қадимаи римӣ, ки аз ислоҳоти император Сезар оғоз мешуд, моҳи аввал буд. Бинобар ин, номи худро аз исми худои римӣ - Марс гирифтааст. Илова бар ин, Mars, Martis ҳамчун номи писари Юпитер ва Майа, ки моҳи март ба ӯ бахшида шуда буд, худои ҷанг; шуҷоати ҳарбӣ; хоимаи ҷанг ва тарзи ғалабаи ҷангро дар бар мегирад. Номи сайёраи Миррих (Баҳром) низ аз ин ҷо гирифта шудааст.      

Апрел (Aprillis, is, m) номи худро аз калимаи лотинии «aperire» - кушодан ва боз кардан гирифтааст. Зеро дар моҳи мазкур дар сарзамини Италия фасли «кушода» мешуд, яъне баҳор меомад. 

Май (mensis Majus) ба муносибати номи худои римӣ Майна номгузорӣ гардидааст. Maja, -ae, -f - 1) модари Меркурий ва 2) духтари Фавна буда, худои баҳор ва шукуфоӣ аст. Номи Mercurius, im - чун Меркурий, писари Юпитер ва Майа, пайғамбари болдори худоҳо, роҳбалади рӯҳи марҳумҳо, муҳофизи гимнастика, савдо ва хушзабонӣ шарҳ дода мешавад.

Июн (Junius) ба шарафи исми худои Юнона завҷаи Юпитер, модари Марс ва Вулкан номгузорӣ шудааст. Худои Юнона мувофиқат мекунад ба худои юнонии Гера, духтари Сатурна. Ӯ шоҳзодаи худоҳо буда, муҳофизи никоҳ ва занҳои навтавлидкарда мебошад. Худои Юпитер писари Сатурн, бародари Нептун ва Платон, ҳамсари хоҳараш Юнона ва худои олии римӣ ба ҳисоб мерафт.   

Июл (Julius) ба муносибати аввалин императори Рим Сезар, ки дар ҳамин моҳ ба дунё омад буд, номгузорӣ гардидааст. Император Сезар авлоди Юлиевҳо буда, номи пурааш Гай Юлий Сезар аст ва давоми солҳои 100 - 44 то мелод зиндагӣ кардааст. Ӯ сарлашкари машҳури римӣ аст, ки ба монархияи ин кишвар ибтидо гузошт ва минбаъд номаш чун унвони императорҳои римӣ шинохта мешуд.   

Август (Augutus, i, m) ба шарафи императори Рими қадим Август номгузорӣ гардида, номи пешинаи ин моҳ Sextitis mensis, яъне моҳи шашум мебошад. Зеро он дар тақвими қадимаи римӣ моҳи шашум буд. Бояд гуфт, ки императори римӣ Augutus - Август давоми солҳои 63 то мелод - 14 мелодӣ умр ба сар бурдааст. 

Сентябр (September) - моҳи нуҳуми тақвими григорианӣ ва моҳи ҳафтуми солшумории қадимаи римӣ мебошад, ки номашро аз рақами лотинии «septem» - ҳафт гирифтааст.

Октябр (October) - моҳи даҳуми тақвими григорианӣ ва моҳи ҳаштуми солшумории қадимаи римӣ буда, номашро аз рақами лотинии «octo» - ҳашт гирифтааст.

Ноябр (November) - моҳи ёздаҳуми тақвими григорианӣ ва моҳи нуҳуми солшумории қадимаи римӣ мебошад, ки номашро аз рақами лотинии «novem» - нуҳ гирифтааст.

Декабр (December) - моҳи дувоздаҳуми тақвими григорианӣ ва моҳи даҳуми солшумории қадимаи римӣ буда, номашро аз рақами лотинии «decem» - даҳ гирифтааст.

Ҳамин тавр, дар умум метавон гуфт, ки шарҳи маънои номи моҳҳо моро ба сайри таърихи тамаддун, фарҳанг ва илми Рими қадим, исми муқаддасоту илоҳиёт, шахсони бузурги ин маркази тамаддуни башарӣ, сарлашкарону императорони маъруфу машҳури Империяи Рим мебарад.

 Бознашр аз Маҷаллаи «Илм ва ҳаёт», №1 (145) соли 2019. - С.20-22

Номвар ҚУРБОН

Хондан 2284 маротиба