JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 02 Майи 2019 08:49

Ҷараёни гузариш ва татбиқи алифбои кириллӣ дар Тоҷикистон

Муаллиф:

   Дар мақолаи мазкур ҷараёни  табдили алифбои лотиниасос  ба алифбои кириллӣ  дар солҳои 30-40-уми асри XX  инъикос ёфтааст.   Муаллиф андешаҳои олимони тоҷикро оид ба сабабҳои гузариш  ба алифбои нави русиасоси тоҷик мавриди таҳлилу баррасӣ қарор ва ҷараёни гузариш ва татбиқи онро дар Тоҷикистон нишон додааст.  

 Баробари ташкил шудани давлати  шӯравӣ дар соҳаи фарҳанги тамоми халқу миллатҳое, ки ба он дохил мешуданд, тағйиротҳо ба вуҷуд омаданд. Аввалин иқдоме, ки дар натиҷаи инқилоби маданӣ роҳандозӣ гардид, гузариш ба алифбои лотиниасос буд, ки пеш аз ҳама Ҷумҳурии Озарбойҷон ба он даст зад ва алифбои худро тағйир дод. Дигар ҷумҳуриҳое, ки дорои алифбои арабиасос буданд, то охири солҳои 20-уми асри ХХ алифбои худро тағйир дода, ба алифбои лотиниасос гузаштанд. Ин иқдом дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон низ дар нимаи дуюми солҳои 20-ум ба вуҷуд омада, то миёнаи солҳои 30-юм идома ёфт. Аммо гузариш ба алифбои лотиниасос дар Тоҷикистон ба осонӣ ва якбора амалӣ нашуд, зиёиёни кишвар перомуни ин масоил андешаронӣ намуда, алифбои лотиниасосро нисбат ба алифбои арабиасос бештар сода ва манфиатбахш арзёбӣ мекарданд. Бо вуҷуди ин, раванди гузариш ба ин алифбо қаноатбахш набуд. Аз ин сабаб моҳи январи соли 1929 «фармоиш»-и раиси КИМ ҶШС Тоҷикистон Нусратулло Махсум «Ба ҳамаи  кумитаҳои  иҷроияи окрогӣ (округӣ)-районӣ» содир шуд, ки дар он беаҳамиятии «кумитаҳои иҷроияи окрогӣ-районӣ» ва шӯъбаҳои маорифро дар бораи тараққӣ ва пешрафти корҳои алифбои нави сотсиалистӣ» танқид карда, иҷрои қарорҳои Кумитаи Марказии алифбои навро барои онҳо «маҷбурӣ ва қатъӣ» эълон намуд ва дар асоси ин фармон ҷараёни гузаштан ба алифбои нав суръат гирифт. Ҳамин тавр алифбои лотинӣ ва имлои забони тоҷикӣ бо ҳуруфи лотинӣ  дар Тоҷикистон то соли 1936 пурра ҷорӣ карда шуд. Вале ин алифбо ҳам дер давом накард. Зеро охири солҳои 30-юми садаи XX дар Тоҷикистон ва кишварҳои турктаборе, ки дар онҳо алифбои лотинӣ ҷорӣ шуда буд, ҷараёни гузариш ба алифбои кириллии русӣ оғоз гардид, ки ин дар таърихи баъдиинқлобии ташаккули алифбои тоҷикӣ давраи сеюми тағйири алифбои тоҷикро дар бар мегирад. Аммо гузариш аз алифбои лотиниасос ба алифбои кириллӣ дар як муддати кӯтоҳ бешубҳа ҳар як нафари аз ин масъла огоҳро ба гирдоби андешаҳо мекашад, ки ҳадаф аз ин амр дар чи буд?  Ба андешаи  Толиб Ваҳобов «…Ба назар чунин мерасад, ки ҳадафи ниҳоии инқилоби маданӣ дар бахши алифбо таъвизи ҳамаи алифбоҳо дар заминаи хати кириллик ё русиасос  ба шумор мерафтааст, ки аз оғози инқилоби пролетарӣ то ба татбиқи ин амр дар амал чун хати сурх ва қутбнамо ба нишон гирифта шуда буд». [2, 138]

Бинобар ин,  соли 1938 таълими забони русӣ дар мактабҳои тоҷикӣ  аз соли дуюми таҳсил ҷорӣ гардид ва худи ҳамин сол Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон маҷлиси машваратии умумиҷумҳурӣ (ду маротиба) дар мавзӯи забон ва хат даъват намуд ва дар ин маҷлисҳои машваратӣ ба ном «совешчания»-ҳо пешниҳод гардид, ки барои тағйири алифбои лотинии тоҷикӣ ба алифбои русиасос ва омода кардани тарҳи алифбои нав гурӯҳи олимон аз сектори таърихӣ – забоншиносии Базаи Тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ вазифадор карда шаванд.

Масъалаи гузариш аз алифбои лотинӣ ба алифбои кириллӣ аз масъалаҳое буд, ки аз охири солҳои 30-юми асри XX оғоз гардид, вале дар мавриди чи тавр, бо ташаббуси кӣ ва аз кадом сол мавриди тарғибу ташвиқ ва паҳн гардидани он то имрӯз назарияҳо гуногунанд. Ба андешаи баъзе уламо сарчашмаи ҷорӣ гаштани ин алифбо аз солҳои аввали баъдиинқилобӣ дар назар дошта шудааст ва аз он солҳо ибтидо мегирад. Масалан, Ваҳобов Толиб дар рисолаи худ «Ҷанбаҳои сотсиолингистии рушди забони тоҷикии адабӣ солҳои 20-30-юми асри XX», ки яке аз зербобҳои он ба ҷараёнуи гузариш ба алифбои кириллӣ бахшида шудааст, қайд менамояд, ки «пас аз инқилоби Октябр дар робита ба инқилоби маданӣ, тавре ки борҳо зикр намудем, масъалаи арзёбӣ ва табдилу таъвизи алифбо манзури баҳс қарор гирифт. Азбаски ҳар як инқилоб ҳадафи худро дорад ва он баъди пирӯз шудан барои татбиқи ормонҳои худ аз ҳамаи имкониятҳои хеш истифода мебарад, инқилоби мадании кишвари шӯроҳо, аз ҷумла Тоҷикистон, яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи Инқилоби Октябр ба шумор мерафт ва иҷрои муваффақонаи он боиси иртиқо ва болоравии сатҳи маданию фарҳангии мурдум мегардад. Яке аз бахшҳои муҳими инқилоби маданӣ бошад, назари ҳомиёни он дар солҳои 20-30-юми асри XX ислоҳоти хат ва алифбо ба шумор мерафт.Аз ин рӯ, дар солҳои 20-30-юм масъалаи таҳия кардан, такмил додан ва табдилу таъвиз намудани хат ба арсаи баҳс баромад ва он тарҳои гуногуни ҳалли худро дарёфт, ки яке аз онҳо гузаштан ба алифбои русиасоси тоҷикӣ ба шумор мерафт». [2, 147]

 Яъне, аз ин бармеояд, ки пас аз инқилоби Октябр яке аз масъалаҳои муҳми дар назди ҳукумати шӯроҳо ҷорӣ намудани алифбои русиасос буд. Маҳз ҳамин нуқтаро бо тарзи дигар Асимова Б. С низ дар асари худ «Языковое строителство в Таджикистане чунин баён менамояд: « …ғояҳои алифбои русисасоси тоҷикӣ ҳанӯз солҳои 20-ум ҳамвора ба ҷараёни лотинонидани алифбоҳои мардуми ИҶШС пайдо гардидаю тарафдорони худро доштааст. Онҳо тавассути рӯзномаю журналҳои матбуъи ҳамон давр дар бораи ҷиҳатҳои хубу беҳи алифбои русиасос изҳори ақида кардаанд».[1, 90]

Пас, маълум мешавад, ки ҷонибдорони алифбои русиасос дар аввали солҳои пасазинқилобӣ низ буданд ва иддао мекарданд, ки якбора ба алифбои русиасос гузаштан лозим аст. Онҳо сабаби инро дар он медиданд, ки мардуми мо, яъне тоҷикон маданияти Аврупоро ба воситаи русҳо гирифтаанд ва аз ин рӯ, алифбои рус дар назар гирифта шавад.

Аз чунин андешаҳо бармеояд, ки дар Тоҷикистон пас аз Инқилоб дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқи дигаргуниҳо –пешравиҳо ба амал омад, ки мардум ин ҳама муваффақиятҳоро аз меҳнат ва талошҳои халқи рус медиданд. Бинобар ин, аз як ҷиҳат бо баланд гардидани обрӯ ва мақоми мардуми рус дар байни ҷумҳуриҳои иттиҳод тарафдорони алифбои русиасос зиёд шуд. Ғайр аз ин, тарафдорони ин алифбо пешниҳод мекарданд, ки модоме ки ҳадафи ниҳоӣ содаю осон ва мувофиқи савтиёти забон кардани алифбо бошад, пас зарур нест, ки аввал ба алифбои лотинӣ ва баъдан ба алифбои русӣ гузарем, зеро алифбои русӣ ва лотинӣ аз ҷиҳати содагӣ дар як сатҳ қарор доранд. Аммо ба андешаи тарафдорони алифбои лотиниасос алифбои лотинӣ беҳтарин алифбо буда, он қодир аст, ки ҳамаи хусусиятҳои савтию овозии забонҳоро бо баъзе иловаҳо инъикос намояд.

Охири солҳои 30-юми асри XX  дар сиёсати давлати Шӯравӣ масъалаи бо ҳам наздик намудани халқҳову миллатҳо ва ташаккули умумияти халқи шӯравӣ ҳамчун  мафҳуми сиёсӣ б амиён омад, ки ҳукумтдорон  монандкунии хату алифбоҳои халқҳои шӯравиро яке аз омилҳои асосӣ ва нерӯманди татбиқи ин проблема медонистанд.  Аз ин рӯ, мехостан тамоми алифбоҳои залқҳои шӯравиро дар асоси алифбои кириллик таҳия намоянд.  Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки яке аз ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ буд, аз иҷрои қарору барномаҳои иттиҳод худро канор гирифта наметавонист.  

Бояд қайд кард, ки пас аз пурра ҷорӣ шудани алифбои лотиниасос дар Тоҷикистон дар маҷлисҳои машваратие, ки моҳҳои феврал ва ноябри соли 1938 дар Тоҷикистон баргузор гардиданд, масъалаи ислоҳоти хати тоҷикӣ ба алифбои русиасос ба миён омад, балки дар ин ҷаласаҳои машваратӣ КМ ҲК Тоҷикистон доир ба сохти забони тоҷикӣ, роҳҳо ва принсипҳои асосии таҳияи алифбои русиасоси  тоҷикро тарҳрезарӣ карда буданд ва муаллифони лоиҳаи алифбои нав- кормандони илмии сектори таъриху забоншиноси Базаи Тоҷикистонии АУ ИҶШС С. Арзуманов, Л. Бузургзода, Р. Ҷалилов, Н. Ершов, С. Нестеренко, Б. Ниёзмуҳаммадов муътақид бар он буданд, ки « Алифбои лотинӣ, ки оммаҳои меҳнаткашро аз алифбои бечони схоластикии араб ҷудо карда ва бечунучаро аҳамияти прогрессивӣ дошт, роли нағзи худашро бозӣ кардааст. Алифбои лотинӣ ҳоло дар роҳи минбаъда афзоиш кардани маданияти сотсиалистии тоҷик монеа ва ғоявӣ ҳис карда мешудагӣ шуда мондааст».[3]

Табдили алифбои лотиниасос ба алифбои русиасос дар натиҷаи таъсири гузариши халқҳои шӯравӣ, аз ҷумла мардуми Шимол, Кавказ ва Осиёи Миёна ба алифбои русиасос ба вуҷуд омад. Тибқи таҳқиқоти профессор М.И. Исоев соли 1936 ба алифбои русиасос аввалин шуда қабардинҳо  ва баъдтар халқҳои дигар гузаштанд. 11 феврали соли 1937 қарори Шӯрои миллатҳои КИМ-и ИҶШС оид ба алифбои русиасос гузаштани мардуми камнуфуси Шимол ба тасвиб расид. Умуман, солҳои 1936-1940 халқҳои Осиёи Миёна, Поволже, Доғистон, Озарбойҷон мувофиқи хоҳиши худ хатҳои хешро дар асоси алифбои русӣ таҳия намуданд ва ин амал ибтикор аз ҷониби соҳибони забон зуҳур гардид ва онро Ҳизби коммунист ва ҳукумати Шӯроҳо дастгирӣ намуд.[2,153] Ин амал дар Тоҷикистон дар нимаи дуюми солҳои 30-юм ривоҷ ёфт  ва имконият фароҳам овард, ки КМ ҲКТ бо назардошти пешниҳоду хоҳиши  соҳибони забон соли 1938 дар маҷлиси машваратии ҷумҳуриявии масъалаҳои забон ва алифборо созмон диҳад.[4, 263-264]

Пас аз як сол, яъне соли 1939 анҷумани аввалини муаллимони аълочии Тоҷикистон доир гардид ва иштиркочиёни он  оид ба гузариш аз алифбои лотиниасос ба алифбои русиасос ба Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардан ва талаб намуданд, ки ҳарчи зудтар ин амр дар амал татбиқ карда шавад. [4, 32]

Ҳамин тавр, лоиҳаи алифбои нави русиасоси тоҷик, ки аз ҷониби муаллифони дар боло зикршуда  тартиб дода шуда буд,  тариқи матбот манзури халқ гардонида шуд. Аммо дар росто ба мисли  гузариш аз алифбои алифбои арабиасос ба алифбои лотиниасос  мубоҳисаҳо  мубоҳисаҳо аз ҷониби зиёиёни кишвар сурат ба миён наомад.   Ба ндешаи  Толиб Ваҳобов «шояд сабаби инро дар репресияи соли 37-ум ҷустуҷӯ намдан айни матлаб бошад, зеро касеро ёрои адами ин амр, яъне табдили алифбои русиасос сухан кардан, баробари ҳаёти хешро дар гарав монда барбар буд. Аз ин рӯ, табдили алифбои лотиниасоси тоҷик ба алифбои русиасоси тоҷик дар як муддати кӯтоҳ бо «кафкӯбию» «нидоҳои пур аз сурур» қабул ва писанди соҳибони забон гардид».[2,153]

Зери ҷараёни тезонидани гузариш ба алифбои русиасос моҳи феврали соли 1940 конференсияи ҷумҳуриявӣ оид ба алифбои нав доир гард, ки дар он алифбои нави русии тоҷикӣ қабул карда шуд ва он  аз 37 ҳарф иборат буд.  Моҳи майи соли 1940 иҷлосияи  IV-и Шӯрои  Олии РСС Тоҷикистон (даъвати якум) Қонун “Дар бораи гузаронидани хати лотинии тоҷикӣ ба алифбои нави тоҷикӣ дар асоси графикаи русӣ”-ро ба тасвиб расонд, ки мувофиқи он ҳуҷҷатгузорӣ дар тамоми ташкилотҳои хоҷагӣ ва ҷамъиятӣ дар ҳудуди ҶШС Тоҷикистон ба алифбои кириллӣ сурат гирифта,   аз 1 июни соли 1940 матбуоти даврӣ бо ин алифбо ба нашр расид.  Мувофиқи қарори мазкур бояд то 1 сентябри соли 1941  ҳамаи корҳои марбут аз алифбои  лотинӣ ба алфбои  нави тоҷикӣ мегузашт.[9]

Ҳамин тариқ, зери сиёсати забонии Иттиҳоди Шӯравӣ пас аз ҷорӣ шудани алифбои лотиниасос дар Тоҷикистон гузариш ба алифбои кириллӣ ба миён омад, ки ба ин ба мисли гузариши алифбои лотиниасос таъсири дигар кишварҳо ба назар мерасид. Яъне шурӯъ аз соли 1936 ҳангоме ки дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аллифбои лотинӣ пурра ҷорӣ шуд, аллакай дигар кишварҳои Шимоли  Иттиҳод, Осиёи Миёна, Шимол,  Поволже, Доғистон, Озарбойҷон ва ғайраҳо алифбои худро тағйир дода, ба алифбои кириллӣ гузаштанд, ки ин сиёсати давлати Шӯравӣ низ буд. Тоҷикистон низ чун ҷузъи Иттиҳод аз соли 1938 ба гузариш ба алифбои кириллӣ шуръ кард ва дар як муддати кӯтоҳ, солҳои 1940-1941 алифбои худро тағйир дод. Аммо ҷараёни гузариш аз алифбои лотинӣ ба  алифбои русиасос ба мисли гузариш аз алифбои арабиасос ба алифбои лотиниасос дар байни зиёиёни кишвар мавриди баҳсу мунозира қарор нагирифт ва дар ин хусус касе ҳам андешаронӣ накард. Ин аз он сабаб буд, ки дар солҳои 1936-1937 дар натиҷаи таҳқиби зиёиён, ки ҳазорҳо нафар ба марг маҳрум шуданд, зиёиёни кишвар аз ибрози андеша дар ин хусус, ки маҳз дастури ҳукумати Шӯравӣ буд, метарсиданд. Ғайр аз ин, зиёиёни кишвар шояд аз ҳадафи ҳукумати Шӯравӣ ҷиҳати русикунонии дигар халқу миллатҳо огоҳ шуда буданд, ки муҳри хомӯшӣ бар лаб ниҳода ба ин масъала дахолат накарданд. Ҳамин тавр, ҷараёни гузариш бе баҳсу мунозираҳо дар як муддати кӯтоҳ амалӣ гашт, таълиму тадрис дар муассисаҳо, нашри китобу дастурҳо ва чопи матбуоти даврӣ ба алифбои русиасос ҷорӣ карда шуд.

 Ҷалилова Осия

магистри соли 2-юми Институти таърих, бостоншиносӣ ва

мардумшиносии ба номи А. Дониши АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Рӯйхти адабиёт

 

  1. Асимова Б.С. Языковое строителство в Таджикистане (1920-1940). Душанбе, 1982.
  2. Ваҳобов Толиб. Ҷанбаҳои сотсиолингистии рушди забони тоҷикии адабӣ солҳои 20-30-юми асри XX. (Рисола барои дарёфти дараҷаи доктори илмҳои филологӣ). Душанбе, 2006.  
  3. Коммунисти Тоҷикистон, 8 июли соли 1939
  4. Калонтаров Я.И. Языковой строителство в СССР.-М, 1980.
  5. Назарзода сайфиддин. Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо.душанбе, «Дақиқӣ», 2013.-370 саҳ.
  6. Назарзода С. Ташаккули истилоҳоти забони тоҷикӣ дар қарни XX/ Душанбе.-Дониш.-303 саҳ.
  7. Набиев Абдухолиқ.  Нарзуллои  Бектош  ва  илму  адаби тоҷики солҳои 20-30 садаи -  Душанбе:  «Ирфон» 2003.- 314 саҳ.
  8. Рустамов Ш. Забон ва замон.-Душанбе, Ирфон. 1981.-255 саҳ.
  9. Тоҷикистони сурх, 1939.29 июн. Алифбои Нав
  10. Қосимова М.Н. Таърихи забони адабии тоҷик.-Душанбе, 2003.-490с.
Хондан 11758 маротиба