Дар мақола фаъолияти адабии яке аз пайравони С. Айнӣ Ҷалол Икромӣ баррасӣ шудааст. Нависанда дар давоми солҳои 30-40-уми қарни ХХ беш аз чаҳор повестро навишт, ки муаллифи мақола мазмун ва аҳамияти онҳоро ошкор месозад. Ин повестҳо ба ташаккулёбии жанри повести тоҷикӣ замина гузошта, ба раванди насри адабиёти шӯравӣ нақши муассире расондаанд. Албатта, саҳми устод С. Айнӣ дар роҳнамоии адабии нависанда Ҷалол Икромӣ ниҳоят бузург мебошад, ки ба ин масъала дар мақола таваҷҷуҳи бештаре дода шудааст. Ва инчунин муаллиф ба натиҷае мерасад, ки ҳаёти адабии нависандагони тоҷик дар тӯли солҳои 30-40-уми қарни ХХ мураккаб буд, зеро дигаргуниҳои таърихию сиёсӣ, оғози фарматсияи нави ҷамъиятӣ, ба амал омадани тағйиротҳои иҷтимою фарҳангӣ ва тазодҳои он давр ба аҳли адаб бетаъсир намонд.
Бино ба расми дерин ва таманиёти ширин боз пешвоз мегирем ҷашни наврӯзро, ки оғозин рӯзи сол ва паёмовари зиндагии навин аст. Наврӯзро меситоем, ки бо нафаси сеҳрпардозу тарабангези худ табиати хуфта ва ҷаҳони афсурдаву пажмурдаро ҷони тоза мебахшад. Хуршед бо чеҳраи дилорои худ шодӣ ва хуррамӣ меофаринад. Навои ҷонбахш ва нафаси гарми зиндагӣ ва шодобиву тандурустӣ аз ҳар гӯшаву беша ба гӯш мерасад. Шохаҳои урёни дарахтони сармохӯрда кулоҳи шукуфа ба сар мениҳанд ва ба ҳарсӯ, ки бингарӣ бисоте аз шодиву сурур густурда меёбӣ.
Дар мақолаи мазкур афкори баробарии ҷомеаи ормонӣ аз дидгоҳи мутафаккири маъруф Абӯали Ибни Сино баррасӣ мешавад. Ормонҳои баробарӣ танҳо дар асоси арзишҳои инсонӣ аз назари муаллиф мавриди баҳс қарор гирифтааст. Муаллиф кӯшидааст, ки баробарии иҷтимоии инсониятро ба воситаи андешаҳои Сино таҳлил карда ба шароити имрӯза таҷзия диҳад. Назарияҳо оид ба ин мавзӯъ бо унвони мухталиф - аломатҳо, лаҳзавӣ, назарияи консервативӣ, конструктивистӣ, либертарӣ ва ғайра маълуманд. Дар мақола муаллиф ҷиҳати муҳимтарини феномени фалсафаи сиёсии Синоро дар чаҳорчӯбаи методологиияи илмӣ мавриди пажӯҳиш қарор доданд, ки барои рушди шахсият маҳз омилҳои таҳқиқшудаи назарияи мазкур асосӣ буда, аз баробарии иҷтимоии идеяи адолат дарак медиҳад. Бояд зикр намуд, ки аз ҳамаи назарияҳои мазкур чунин ақидаи дурусти илмии умумӣ бармеояд: баробарии иҷтимоӣ дар либоси фалсафии шоҳи одил, ки дар сиёсат бошууронаву мақсаднок иштироки фаъол менамояд ва барои тағйири он таъсир мерасонад. Дараҷаи олии феномени фалсафаи баробарӣ дар симои субъектҳои ахлоқӣ ифода меёбад. Муаллиф кӯшиш намудааст, ки муҳим будани омӯзиши ҳамаҷонибаи ин падидаи таърихиву сиёсиро дар асоси назарияҳои марбут ба барбарии иҷтимоӣ ва воқеаҳои таърихӣ нишон диҳад. Барои исботи андешааш нақши баробариро дар сиклӣ будани ҳаракати таърихӣ ҷустуҷӯ ва пайдо карданӣ мешавад.
Муаллиф дар ин мақола раҳнамоии устод Айниро ба ду чеҳраи тобноки илму адаби мо, ду адабиётшинос ва мунаққиди барҷастаи замони мо академик Муҳаммадҷон Шакурӣ ва профессор Расулхон Ҳодизода мавриди баррасӣ қарор додааст.
Муаллиф баъди ба таври амид омӯхтани хотирот ва мақолаву рисолаҳои ба устод Айнӣ бахшидаи он ҳарду, ба гуфтаю навиштаҳои онҳо такия карда ба чунин хулоса омадааст:
Муҳаммадҷон Шакурӣ ва Ҳодизода аз устод Айнӣ раҳнамоии зиёд дидаанд ва баҳраҳо бардоштаанд.