JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 16 Апрели 2019 05:55

Муҳоҷирати меҳнатии ҷавонон ва ҳалли мушкилоти он

Муаллиф:

  Муҳоҷирати  иҷборӣ барои ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ зуҳуроти нав  буда, ба вайроншавии робитаҳои иқтисодию сиёсии пештара алоқаманд аст, ки боиси зиёдшавии бекорӣ гардид.

Аз ин раванд асосан ҷавонон ҳамчун қисми фаъоли ҷамъият зарар диданд.

Агар муҳоҷири меҳнатӣ дар муҳити хуб афтода, муносибат байни кордиҳандаю муҳоҷир хуб бошад ва  аз ҷониби давлати миллиаш дастгирӣ ёбад, он гоҳ вай барои ташаккули шуури солими миллӣ мусоидат менамояд.

Дар акси ҳол ташаккулишуури миллӣ коста мегардад.

   Масъалаи муҳоҷирати меҳнатӣ мавзӯи демографӣ буда, ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри XIX мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

  Доир ба ин падидаи иҷтимоӣ -сиёсӣ аввалин маротиба Равянский Е. омили иқтисодӣ доштани муҳоҷирати меҳнатии  байналмилалиро дар заминаи баҳамалоқамандии фаъолшавӣ ва самти ҳаракати ҳиҷрат қонунҳои онро ошкор намудааст.

  Ин мавзӯъ дар асри XX бар иллати он ки дар ин раванд қувваи асосиро ҷавонон ташкил медиҳанд, ба он хотир «доғи рӯз» гардид, ки он оқибати ҳаргуна дорад.

  Бахусус, аз солҳои 70– 80-уми асри XX сар карда доир ба муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ иҷтимоиётшиносон, равоншиносон ва файласуфони соҳаи иҷтимоишиносӣ ибрози андеша намуда, ба омӯзиши «муҳоҷирати меҳнатии аҳолӣ», «нақши муҳоҷират дар суботи захираҳои меҳнатӣ» ва «хусусиятҳои раванди имрӯзаи муҳоҷират» даст заданд.

  Азбаски ба доираи муҳоҷирати меҳнатӣ  халқҳо ва қувваҳои нав ба нав ҳамроҳ гаштаанд, ба тадқиқи  ҷиҳатҳои гуногуни «муҳоҷирати меҳнатӣ», «навъҳои муҳоҷират», «оқибатҳои иқтисодию сиёсӣ», «маданӣ -иҷтимоӣ», «равонӣ», «муносибати давлатии  муҳоҷир-қабулкунанда бо муҳоҷирон» ва «бегонашавии иҷтимоӣ» эътибори ҷиддӣ медодагӣ  шуданд.

  Доир ба ин мушкилот дар Тоҷикистони соҳибистиқлол пажӯҳишгарон асосан баъди соҳибистиқлол гаштан ибрози андеша кардаанд, агарчи ба мардикорӣ рафтани мардуми кӯҳистони тоҷик ҳанӯз аз замони пеш аз Шӯравӣ вуҷуд дошт.

  Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик муҳоҷирони иҷборӣ буда, як қисм аз тарси ҷанги шаҳрвандӣ ҳиҷрат намуда, қисми дигарашон аз набудани ҷои кор ба хотири дарёфти манбаи таъмини рӯзгор тарки Ватан кардаанд.

  Алҳол яқин аст, ки аз 700 ҳазор оилаи тоҷик як ё ду намояндааш дар муҳоҷирати меҳнатӣ берун аз ҳудуди Тоҷикистон меҳнат менамоянд. Аз ин муҳоҷирон аксарияташон ҷавонони аз 17 - сола боло буда, бештарашон ягон ихтисос надошта, бозори арзони меҳнатро ташкил менамоянд.

  Оид ба муҳоҷирати меҳнатии тоҷикон бештар рӯзноманигорон таваҷҷуҳ зоҳир намуда,  доир ба ҳолати вазнин ва азобу шиканҷаи онҳо аз ҷониби мақомотҳои гуногуни давлати Руссия, ҳамчун давлати асосии қабулкунандаи муҳоҷирони тоҷик иттилоъ медиҳанд. Агар рӯзноманигорони тоҷик доир ба вазъи бади кору зиндагии муҳоҷирони дар Россия буда нависанд, расонаҳои хабарии ин давлат бештар муҳоҷирони меҳнатии тоҷикро ба фурӯши маводи мухаддир айбдор намуда, бо ҳамин дар симои онҳо танҳо паҳнкунандагони ин маводро мебинанд.

  Вақтҳои охир ин масъала дар доираи фалсафаи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифт. Чун ба ин ҷараён бештар ҷавонон пайвастаанд, онҳо қувваи асосии истеҳсолкунанда маҳсуб мешаванд. Ва аз он ки онҳо ба кадом сифатҳои тахассусию касбӣ ба муҳити этникии дигар ворид мешаванду дар муҳити нав худро чӣ тавр одат мекунонанд ва аз он чӣ бардошт менамоянд, муносибати байни миллатҳо вобаста мегардад.

  Аслан таҳлилгарон муҳоҷирони меҳнатиро як падидаи ҳамарофарогир ва пешқадам арзёбӣ менамоянд, чунки бархӯрди тамаддунҳо бо ҳамин роҳҳо сурат мегиранд. Яке аз дигаре чизе мегирад ва дар айни ҳол худ низ чизе дода бо ҳамин  роҳ арзишҳои  умумибашарӣ пайдо мешаванд.

  Аммо ин ҷо сухан дар бораи ду навъи муҳоҷират:

а) маҷбурӣ, ки он барои таъмини ризқу рӯзӣ дар ҷустуҷӯи ҷои кору манбаи даромад маҷбуран сарҳадди давлатҳои дигарро убур карда бо садҳо монеаҳо тобу тоқат намуда, соҳиби ҷои кор мешаванд. Аксарияташон муддатҳои тӯлонӣ ва қисмате аз онҳо бебозгашт зану фарзанд ва падару модарашонро бетакягоҳ монда, он ҷо мемонанд, ки оқибаташ хуб нест.

б) давлатҳо ҳавасманди онанд, ки соҳибкасбони миллатҳои дигар ба кор оянду дар иқтисодиёташон саҳм гузоранд. Агар  муҳоҷирони  меҳнатӣ дар кишварҳои дигар касбу кореро ёд гиранд, ки  ҳангоми ба Ватан  баргаштан  донишу таҷриба ва  ихтисоси гирифтаашонро корбаст намоянд, он гоҳ ин раванд пешқадам аст.

  Агар муҳоҷирони меҳнатӣ урфу одат ва анъанаҳои хуби миллаташонро муаррифӣ  намоянду дар як вақт аз сарватҳои маънавии кишваре, ки дар он ҷо кор мекарданд, истифода бурда,ҷаҳони маънавиашонро  ғанӣ  гардонида бошанд, инчунин  ба ҳодисаю  зуҳуроти  иқтисодию  сиёсӣ,  илмию техникӣ  баҳо доданро аз худ намуда  бошанд, он гоҳ муҳоҷират хусусияти пешқадамро касб  менамояд.

  Шиносоӣ бо муҳити  истеҳсолӣ,  ахлоқию мадании халқҳои дигар, дониста гирифтани урфу одатҳо  имкон медиҳад, ки  дараҷаи инкишофи  иқтисодӣ,  сиёсӣ,  илмӣ  ва фарҳангии миллати хешро  бо халқе, ки  муҳоҷир  ин ҷо  муваққатан  кору зиндагӣ  менамояд, муқоиса намуда, бурду бохти миллати хешро ошкор сохта баҳри рафъи иллатҳои ҷомеаи миллиаш андеша намояд.  Бо он ки  муҳоҷири меҳнатӣ  ҳангоми муқоиса  чӣ гуна  хулоса мебарорад  ва онро  дар ҳаёти воқеии  миллиаш  чӣ гуна амалӣ месозад, дараҷаи худшиносии миллиаш  ошкор мегардад.

  Феълан ҳамин тавр аст.  Агар  ҷавонон  муҳоҷири  иҷборӣ  набошанд, онҳо  имкони бо ҳамон навъи  фаъолияти меҳнатие, ки барои ватанашон зарур ба кор даромадан дошта бошанд ва ин навъи фаолиятро дониста интихоб карда бошад, хеле хуб аст.  Гузашта аз ин, муҳоҷирони соҳибкасб дар коллективҳои  калони  меҳнатӣ  бо онҳо баробар  фаъолият намуда,  бо мардуми  бумӣ  шиносу ёру рафиқ  гашта, муносибатҳои  неки дӯстона  барқарор  менамоянд. Ин бошад ба мустаҳкамшавии  муносибатҳои  дӯстона  табдил ёфта, робитаҳои байни ду миллат ривоҷ ва устувор мегарданд, ки онро  як навъ парламенти халқӣ  номидан мумкин аст. Чунин фазои маънавии дӯстона ҳам барои давлати  интиқолдиҳандаи қувваи корӣ  ва ҳам тарафи қабулкунанда муфид буда,  боиси мустаҳкам  намудани  муносибатҳои  некбинонаи байни  миллатҳо  ва давлатҳо мегардад.

  Хусусияти дигари муҳоҷирати меҳнатӣ  он аст, ки  мутахассисони баланддараҷа  дар Ватани хеш тамоми имкониятҳои  касбию зеҳниашонро  амалӣ сохта наметавонанд ва аз ин хотир, рӯ ба ҳиҷрат  мениҳанд. Тарафи қабулкунанда, ки ба меҳнати чунин мутахассисон  ниёз дорад, барои кору фаъолияти пурсамари онҳо тамоми шароитҳои  заруриро муҳаё намуда  дар ҳеҷ сатҳ ба душворӣ муттаваҷеҳ намешавад.

  Аммо муҳоҷирони иҷборӣ,  агар боз соҳиби касби муайян  набошанд, аз он имкониятҳое, ки  соҳибкасбон доранд, маҳруманд. Кордиҳанда  ба чунин муҳоҷирон  кадом кореро пешниҳод намояд, ин гуна муҳоҷирон  ба хотири саргардонии  камтар  ба он зуд розӣ  мешаванд. Чунин муҳоҷирони  иҷборӣ  имкони  рад  кардан  надоранд ва табиист, ки  баъди бозгашт ба Ватан  ҳам чизи наве  барои рушди ҷомеа  пешниҳод карда наметавонанд.

  Ҳаминро бояд қайд кард, ки имрӯз аксари давлатҳо  бо зиёд шудани муҳоҷирати иҷборӣ  як қатор чорабиниҳои маҳдудкунандаи  воридоти қувваҳои кории беихтисосро андешидаанд. Масалан, Федератсияи Россия аз 19-майи соли 2010, таҳти № 86 дар Қонуни федералӣ  «Оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони  хориҷӣ  дар Федератсияи Руссия», «Кодекси андоз»  ва «Кодекси буҷаи ФР» [1] тағйирот ворид намуданд. Тибқи ин қонун  муҳоҷирони баландихтисос  ҳангоми таъмини  ҷои кор  дорои имтиёзи муайянанд .

  Ғайр аз ин, Ҳукумати  ФР дар дурнамои иқтисодиаш  захираҳои меҳнатии тоҷикро  дар рушди иқтисодиёташ  ба  нақша гирифта будааст, аммо аз он ки ин ҷавонони муҳоҷири тоҷик ихтисосманди соҳаи  истеҳсолоти саноати тавлидотӣ нестанд, изҳори нигаронӣ менамояд.

  Чунончи, 30-юми сентябри соли 2012 таҳлилгарони иқтисодӣ дар шабакаи 5-уми симои давлатии  Руссия Валерий МИронов  [2] ва барандаи телевизион доир ба рушди истеҳсолоти саноатӣ ва мушкилоти он баҳс карда, МИронов нарасидани қувваи кориро далел овард. Баранда бошад пурсид:

- Ҷавонони тоҷик чӣ ?

МИронов посух дод:

- онҳо танҳо кӯчаҳоро рӯбучин менамоянд.

  Пас, агар ҷавонони тоҷик соҳибкасб бошанд, Ҳукумати Руссия ба меҳнати маҳз тоҷикон ниёз доштааст, вагарна он ҷо  аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ҷавонон ҳастанд, аммо онҳоро номбар накарданд.

  Алҳол яқин аст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон дар 20-30 соли охир имконияти кам кардану аз байн бардоштани муҳоҷирати маҷбурии кориро  надорад. Барои ҳамин бо назардошти маблағи бозори меҳнати саноатӣ дар Русия ва дигар давлатҳои рушдёфта барои меҳнати саноатӣ омодасозии ҷавонон ҳаётан зарур аст. Дар ин ҷода аз таҷрибаи солҳои 50-80-уми асри XX Чин истифода бояд бурд.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки ба давлати коммунистии Чин дар ин солҳо ягон давлати пешрафта техника ва технологияи навро намедод. Бекорӣ  хусусияти оммавӣ гирифт, аммо ҳукумат имкон пайдо намуда  ҷавононашро барои меҳнати саноатии истеҳсолӣ касб омӯзонида ба хориҷи кишвар ба кор фиристод. Бисёр ҷавонони хитоӣ  гӯё бо ҷурми норозигӣ аз сиёсати ҳокимияти коммунистӣ ба хориҷ асосан ба давлатҳои пешрафта ҳиҷрат намуда, он ҷо бо техникаю технологияи нав шинос шуда, як қисмашро харидорӣ намуда ба ватанашон оварданд.  Аниқтараш маҳз муҳоҷирони меҳнатиаш ба Чин техникаю технологияи навро ворид намуданд. Аз ин рӯ, дар пешрафти ин давлати бузург маҳз саҳми муҳоҷирони меҳнатиаш хеле барҷаста аст. Ин давлат баробари омӯзонидани касб ба муҳоҷирони оянда, инчунин онҳоро дар рӯҳияи қадру қимати миллӣ ва ватандӯстӣ тарбия намуд.

  Аммо ҷавонони муҳоҷири тоҷик ҳама дар Русия ба омӯзиши дин машғул шуда барои аз худ намудани касбу коре, ки барои пешрафти ҷомеа мусоидат менамуда бошанд, андеша намекунанд. Доир ба муҳоҷири меҳнатии собиқаи 18-сола дошта Шерафгани Олим менависад:

- «Аллакай дар масҷидҳои Маскав баҳсҳои салафиву алафиву ғайраашонро оғоз кардаанд. Дар масҷиде, ки намояндагони миллати тотор ва дигарон имомхатибӣ мекунанд, ба мо тоҷикон бо шубҳа менигаранд. Чаро дар ин бора касе чизе намегӯяд?  Баръакс, кадомаш бо ифтихор менависад, ки дар масҷидҳо муаззину имомхатибҳои тоҷик зиёд шудаанд. Не бародар, ин мояи ифтихор нест, чунин пешаҳо барои муфтхӯронанд, барои ҳамин ба тоҷикон расидаанд» [3]. Ин нишонаи он аст, ки бо вуҷуди мавҷудияти созмонҳои гуногуни аз ҳисоби муҳоҷирон зиндагикунанда ҳеҷ кадом доир ба ояндаи миллат андеша намекунад. Чи тавре, ки таҳлилгар Холиқи Муҳаммадназар менависад «Тибқи маълумоти оморӣ айни замон муҳоҷирони мо зиёда аз 1 миллиону 400 ҳазор нафарро ташкил медиҳанд, вале оморҳои дигар ин шумораро аз 2 миллион зиёдтар нишон медиҳанд. Муҳоҷирон ҳар сол баробари 48-50 фоизи даромади буҷа ба кишвар маблағ мефиристанд. Аммо муҳоҷир дар баробари ин аз беҳуқуқтарин табақаи аҳолӣ ба шумор меравад. Ҳуқуқҳои ӯ на дар Русиява на дар Тоҷикистон ҳимоя намешаванд» [4].

  Фаразан агар ҳисоби миёнаи муҳоҷиратро 1,5 млн. бигирем ва ҳар кадом дар ватанаш ақалан 3-нафарро хӯронаду пӯшонад, он гоҳ 4,5 миллион тоҷикистониро онҳо аз ҳама чизи зиндагӣ таъмин менамоянд. Агар чунин бошад месазад, ки ҳукумат барномаи густурдаеро бо Ҳукумати Русия созмон диҳад, ки ҷавонони муҳоҷир баъди кор ба китобхонаю  ҷойҳои маданӣ - фароғатӣ бе мамоният дастёб бошанд. Ба андешаи мо ба масҷидҳо рӯй овардани ҷавонони муҳоҷир ба он хотир аст, ки он ҷо ҷои нисбатан бехатар аст.

  Аз тарафи дигар, агар дар ҷавонон ҳиссиёти миллӣ,  нангу номуси миллӣ ва худшиносии миллиро бедор менамудем, онҳо ба қувваи  бузурги миллӣ табдил меёфтанд.

  Доштани шуури миллӣ ба ҳар фард дар кадом давлате  меҳнат накунад, имконият пайдо менамояд, ки ба манфиати миллати хеш, баланд бардоштани эътибори миллиаш талош варзида, муаррификунандаи сифатҳои беҳтарини миллаташ бошад. Ҳамзамон чунин  сифат эътимоди мардуми бумиро бо муҳоҷирони меҳнатӣ афзуда ба онҳо некбинона назар менамояд.  Бахусус дар баробари ахлоқи ҳамида муҳоҷир соҳибкасби варзида бошаду дар адои кор масъулиятшинос,  бешак, муносибатҳои маданӣ - иҷтимоии ду миллат дар доираи байнидавлатӣ ҳам сифати нав мегирад.

 Аз ин рӯ, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ,  Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ташкилоту мақомотҳои ба муҳоҷирон сарукордоштаро месазад, то интиқоли хоҳишмандони муҳоҷират на танҳо ба онҳо касб омӯзонанд, балки машғулиятҳои хештаншиносӣ низ баргузор намоянд.

  Акнун маълум аст, ки давлатҳои пешрафта, агар ихтисосмандонро аз ҳисоби халқҳои дигар ҳам ба тариқи шартнома тайёр намоянд,  ҳам кӯшиш менамоянд онҳоро нигоҳ доранд. Аксари давлатҳои пешрафта  ҷалби олимон, муҳандисҳо, менеҷер ва омӯзгорони хориҷиро «воридсозии дониш» медонанд ва аз ин даромади зиёди иқтисодӣ мегиранд. Аз ин лиҳоз, ҳама мақомотҳои  сафарбаркунандаи муҳоҷирони меҳнатиро зарур аст, ки ҳамватанони эҳтиёҷманди корбударо ҳамчун ашё нафурӯшанд ва ба ҳоли худ нагузоранд, балки ҳамеша аз ҳолу аҳволи онҳо огоҳ бошанд ва дар мавриди зарурӣ ҳуқуқҳои онҳоро  ҳифз намоянд. Агар чунин бошад, муҳоҷирати иҷбории «пинҳонӣ» аз байн рафта, ҷавонон аз хизмати ташкилоту муассисаҳои бо муҳоҷирати меҳнатӣ сарукордошта истифода мебаранд. Ин ба муҳоҷират хусусияти ратсионалӣ медиҳад.

  Ба таври оқилона гуфтушуниди тарафи қувваи корӣ интиқолкунандаю қувваи корӣ қабулкунанда ба ин раванд мазмуни нав ворид намуда, баҳисобгирӣ,  ҷобаҷокунӣ,  назорат ва андозсупориро барои тарафи қабулкунанда осонтар менамояд. Ин бошад боварӣ  ва эътимоди байниҳамдигарии ҳарду тарафро тақвият мебахшад.

  Ҳоло ба касе пӯшида нест, ки аз як тараф,  ҷаҳонишавӣ ва аз ҷониби дигар,  бемайлон афзудани муҳоҷирати меҳнатӣ ҷаҳони имрӯзаро пурихтилоф гардонид. Агар даҳ сол пеш давлатҳои пешрафтаи Аврупо муҳоҷиронро аз тамоми кишварҳо бе мушкилӣ қабул мекарданд, имрӯз онҳо муҳоҷиронро аз мамлакатҳои исломӣ он қадар хуш намепазиранд. Эҳтимол меравад, ки пиршавии аҳолии Аврупо ва то рафт афзудани нуфузи  ғайриаврупоӣ  давлатҳои ин қарорро водор кардааст, то чораҳои тозае  андешанд, ки ҳуввияти миллиашонро нигоҳ доранд. Барои ҳамин намоишҳои зиддиисломӣ,  қабули қонуни манъи ҳиҷоб, бастани масҷидҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки муҳоҷирати меҳнатии байналмилалӣ торафт ҷолибияташро аз даст медиҳад.

  Воқеан, дар солҳои пешин ҳангоме, ки захираҳои табии Аврупо кофӣ буданд ва имкони аз ду ҷониб ҷалб намудани ашёи хоми саноатӣ барои рушд вуҷуд дошт, муҳоҷирону халқи бумӣ ба ҳамдигар ғизои маънавӣ низ мебахшиданд.

  Ба қавли Валеретайн И.М. «… фарҳанг ин он чӣ аст, ки одамонро муттаҳид месозад ва ҳам онҳоро аз ҳам ҷудо мекунад»

 Афзоиши шумораи аҳолии мусулмон дар Аврупои насронӣ қувват гирифтани фарҳанги исломӣ сабаби тағйир додани сиёсати муҳоҷири меҳнатӣ қабулнамоии давлатҳои ғарб гардид. Бахусус, тазоҳуроти ҷавонони муҳоҷир аз Осиёю Африко дар Фаронса бисёр мамлакатҳои Аврупоро ба таҳлука андохт. Акнун дар назар аст, ки сиёсати давлатҳои насронӣ нисбат ба муҳоҷирони ғайринасронӣ шадидтар мегардад.

  Бо назардошти он ки тоҷикон низ мусулмонанд, ҳукуматро месазад доир ба ояндаи ҷавонон аз ҳозир чораҳои зарурӣ андешад.

  Мо бояд онро ба инобат бигирем, ки аксари муҳоҷирони иҷборӣ ҷавононанду як иддаашон ҳанӯз оила ташкил накардаанд, агар дар муҳити  хуби иҷтимоӣ  афтанд, он гоҳ онҳо он ҷо аз ҳисоби таҳҷоиҳо оила ташкил намуда шаҳрвандии он мамлакатро қабул карда, оқибат робитаашонро аз ватан ва хешу табор мекананд.

  Гурӯҳи дуюми муҳоҷирони меҳнатӣ онҳоеанд, ки дар ватанашон оила барпо намуда, соҳиби ду ё се фарзанданд. Онҳо ҳам агар ҷои кори хуб пайдо намуда, ба муҳити солими корӣ афтанд, ба хотири ташкили зиндагии хубу сазовор он ҷо бо шаҳрвандони  таҳҷоӣ издивоҷ карда, оила барпо намуда, алоқаашонро бо хешу табору ҳамдиёрон, зану фарзанд канда шаҳрвандии он ҷойро қабул менамоянд.

Ба ватан барнагаштану кандани алоқа бо аҳли оилаи ин гурӯҳи ҷавонон чанд мушкилотро эҷод менамояд:

а) Бо доштани падари зинда фарзанд аз муҳаббати падар маҳрум мегардад;

б) Зани ҷавон бо ҳамсари зинда бева мемонад;

в) Падару модар дар айёми пирӣ бепарастор мемонад.

Ин бошад ба ҳолати рӯҳии аҳли оила таъсири манфӣ мерасонад.

  Масъалаи дигаре, ки ҳаллу фаслаш барои ҷавонон ва умуман миллат зарур аст, ин масъалаи духтарону ҷавонзанон аст, ки аз сабаби набудани ҷавонони ҳамсолҳояшон оила ташкил карда натавониста ба намояндагони миллатҳои ғайр, алалхусус чиниҳо издивоҷ менамоянд, ки ин падида ба ояндаи миллат ва генафонди он хавфи ҷиддӣ дорад.

  Агар он ба инобат гирифта шавад, ки аксари занҳои тоҷик худшиносии миллию ғурури миллӣ надоранд, онҳо фарзандонашонро дар рӯҳияи миллиаш тарбият карда наметавонанд. Агар ба маълумоти оморӣ назар афканем, дар Тоҷикистон чунин занон нисбат ба мардон қариб ду фоиз зиёдтар аст ва болои ин бештар аз якуним миллион ҷавонмардон берун аз ҷумҳурӣ кору зиндагӣ мекунанд, масъалаи занон мушкилоти ҷиддии ҷамъиятиро касб менамояд. Аз он рақамҳое, ки Сарвари давлат дар баромадашон дар Бадахшон доир ба вазъи саломатии занон овардаанд, хулоса ҳамин аст, ки оқибати надоштани оилаи устувор, бадахлоқию касалиҳои гузарандаи марговар аст.

  Ақли солим талабгари он аст, ки ба ҳар кадом падидаи ба ояндаи миллату давлати соҳибистиқлол зараровар аз фоидаи муваққатии иқтисодии оқибат фалаҷкунандаи миллату давлат, пайваста даст кашидаю рӯ ба ташкили навъи фаъолияти меҳнатие биоварем, ки ҷомеаро аз вартаи хатарнок берун бароварем, зеро агар аз 1 миллиону 400 ҳазор муҳоҷирони меҳнатӣ ақалан 400 ҳазор нафарашон он ҷо бимонанд, 1 миллион тоҷик дар ватанашон бенаво мегарданд.

  Зарурияти нигоҳ доштани бақои миллат ва солимии он, бо назардошти кам гаштани талабот ба муҳоҷирони меҳнатӣ дар Аврупо аз як тараф ва авҷ гирифтани ихтилофи байни давлатҳо барои дастёбӣ ба манбаъҳои ашёи хом аз ҷониби дигар, инчунин ба бозори бе ҳамин ҳам ками меҳнат дар Тоҷикистон ворид гаштани чиниҳо ва афзоиши шумораашон дар кишвари мо хавфи навро эҷод менамояд. Ин давлати абарқудрат бо роҳи воридсозии шаҳрвандонаш ба ҳайси коргар ва издивоҷи онҳо бо занону духтарони тоҷик нақшаи дурнамои сиёсиашро татбиқ менамояд, ин бошад барои давлату миллати тоҷик хеле хатарнок аст.

Пас ба Ватан ҳар чӣ  зудтар баргардонидани ҷавонони тоҷик аз муҳоҷирати меҳнатӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани онҳо вазифаи аввалиндараҷаи соҳибкорони ватанӣ аст.

  Сарвари давлат дар ҳар мулоқоташ бо соҳибкорон нақши бештар дар рушди саноат ва афзун намудани ҷойҳои корӣ доштанро талаб менамояд, ки он боиси «…бунёди  ҷойҳои нави корӣ» гардад. Ба андешаи Сарвари давлат соҳибкорони худогоҳи миллӣ метавонанд барои  ҳамватанони  хеш пай дар пай ҷойҳои нави  корӣ  муҳайё намоянд. Маҳз талоши  соҳибкорони  ватанӣ бо дастгирии давлат имкон доранд барои ҳар чӣ зудтар ба Ватан  баргардонидани  ҷавонони муҳоҷир ва бо кор таъмин намудани онҳо саҳмгузор бошанд.

  Ба андешаи мо давлати соҳибистиқлолро зарур аст, ки чунин масъалаҳоеро, ки барои ҷавонон ва ояндаи давлат ҳаётан заруранд, бояд ҳал кард.

  • Чун ояндаи ҷумҳурӣ ба рушди гидроэнергетика вобастагӣ дорад, ба ҳамин мақсад барои кор дар ҳамин соҳа омода намудани ҷавонон дар ҳама зинаҳои таълиму касбомӯзӣ зарур аст.
  • Азбаски имкониятҳои гидроэнергетикии кишвар хеле зиёд аст, дар ҳамин замина рушди саноати коркарди ҷинсҳои кӯҳӣ ва захираҳои табиӣ имконпазир мегардад, ба хотири оянда тайёр намудани мутахассисони зинаи миёна мувофиқи мақсад мебуд.
  • Бо дарназардошти тамоили саноатӣ гирифтани навъи фаъолияти меҳнатӣ дар Тоҷикистон, саноат бошад рушди зеҳниро талаб менамояд,дар раванди таълим ба рушди қобилияти зеҳнии муҳассилин ва омодасозии онҳо ба меҳнати фикрӣ ба ҷои аввал мебарояд.
  • Дар назар аст, ки афзоиши бемайлони табиии инсон, захираҳои табиӣ ва фазои зиндагӣ кам мешавад. Ниёзи давлатҳои  абарқудрат бо ашёи хоми саноатӣ меафзояд, аммо онро танҳо аз ҳисоби ашёи хоми давлатҳои дигар қонеъ кардан мумкин аст, вале дорандагони ашёи хом онро мефурӯшанд.

 Давлатҳои абарқудрат мубодилаи баробарсудмандро намехоҳанд. Аз ин рӯ, онҳо бо ҳар роҳу усул аз ҷумла, бо роҳи таъсири биологӣ,  кимиёвӣ,  физикӣ,  ҷангандозӣ ва ғайрашумораи аҳолии кишварҳои қафомондаро кам мекунанд.

  Барои он ки миллат худро аз вобастагӣ ба бозори меҳнатии дигар халқҳо, аз таъмини озуқаю маводи сӯхт ва  маҳсули  зеҳнии халқҳои дигар каме камтар намояд, аз худ намудани навтарин дастгоҳҳои илмӣ -техникӣ,  дастрасӣ ба технологияи нав, тавассути дониши амиқи илмҳои ҳозиразамон ва ҳифз намудани амнияти миллӣ шарти зарурӣ мебошад.

 

ХУМОРОВ Д.М.,

                                                                                             ДИЛОЕВ Н.Ф

 Маҷаллаи «Ахбори Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Шуъбаи илмҳои ҷамъиятшиносӣ». «Дониш»-Душанбе. 2016, №1 (241)

 

 Адабиёт:

 

  1. Ҳафтаномаи Фараж. Қонуни Федератсияи Русия аз 19.09.2010, №86 «Оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар ФР», «Кодекси андоз ва кодекси буҷаи ФР».
  2. Мубоҳисаи телевизионии шабакаи 5 РС ФР МИронов Валерий. Таҳлилгари иқтисодӣ аз 30.09.2012.
  3. Шерафгани О. Муҳоҷирони тоҷик дар Фадератсияи Русия / О. Шерафгани // Ҳафтаномаи Фараж, аз 19.09.2012, №38(303)
  4. Холиқи Муҳаммадназар. Муҳоҷирони тоҷик дар Фадератсияи Русия. Ҳафтаномаи Фараж, аз 19.09.2012, №38(303)
  5. Валеретайн И.М. Геокультура развития или тронформация нашей культуры. Анализ мировых систем и ситуация в современном мире. СПБ 2001 С. 53.

 

Хондан 3721 маротиба