ДУШАНБЕ, 13.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз муҳаббат то хиёнат, аз ватандорӣ то беватанӣ, аз бунёдгузорӣ то харобкорӣ, чун аз некӣ то бадӣ як қадам роҳ аст. Дирӯз Ҳаким Қаландаров қумондон буд, ҳоло даст ба ободии ватан задааст. Дар ноҳияи Панҷ ӯро пайдо кардан душвор аст. Гоҳ сари замини пахта, гоҳ сари ҳавзи моҳипаварӣ, гоҳи дигар дар коргоҳи қумшӯиву хонасозӣ чеҳраи ӯ ба чашм мерасад. Мо ӯро дар бинои хуштарҳе сари дастурхони пурнозу неъмат пайдо кардем. Мурғҳoи марҷону хонагӣ, гулмоҳӣ, гӯшти гӯсфанду гову заргӯш ҳамаи ҳосили заҳмат ва дастони ӯ буданд. Фосила аз ин дастурхони пурнозу неъмат ва он дастархони дирӯз холӣ аз нон низ як қадам аст. Ва ҳамин як қадам аст, ки он соҳили рӯдхонаи Панҷи ғарқи гирдоби оташи ҷангу куштор ва ин соҳили пурмавҷ аз хандаи тифлонро аз ҳам ҷудо месозад. Аз ӯ мепурсам:
ДУШАНБЕ, 23.12.2017./АМИТ «Ховар»/. Мақолаи президенти АИ Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ «Забони миллати тоҷик — забони тоҷикист!», ки АМИТ «Ховар» нашр намуд (ниг.:www.Khovar.tj, 14 декабри соли 2017), миёни истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ боиси мубоҳиса ва мунозараи васеъ гардид. Ағлаби онҳое, ки бо ҳам баҳс оростаанд, аз мавқеи академик Фарҳод Раҳимӣ ҷонибдорӣ мекунанд. Ҳоло як мақолаи дигарро бо номи «Забон асоси ҳастии миллат аст», ки ба қалами яке аз забоншиносони маъруфи кишвар, сармуҳаррири маҷаллаи миллии адабии «Садои Шарқ» Рустами Ваҳҳоб тааллуқ дорад ва далели нишонаи ҳувияти миллӣ будани забони тоҷикиро собит месозад, пешкаши хонандагон менамоем. Ин мақола се сол пеш дар «Садои Шарқ» ба табъ расидааст.
ДУШАНБЕ, 14.12.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо дар баъзе расонаҳои хабарӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсҳои бесарунӯг ва аслан бемаъние доман паҳн кардаанд ва ҳар кадом аз ашхоси гуногун дар дохил ва хориҷи кишварамон кӯшиш мекунад ба савол дар бораи он ки забони мардуми Тоҷикистон бояд чӣ ном дошта бошад, аз рӯи фаҳмиши худ посух бигӯяд. Дар ин бора – нигориши навбатии президенти Акдемияи илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод РАҲИМӢ:
Назми форсӣ аз замони пайдоиш, ки онро пас аз истилои араб медонанд, то имрӯз даврони мухталифро аз сар гузаронид. Ибтидо назми форсӣ содаву равон буд ва бо мурури замон аз содагӣ ба мураккабӣ тамоюл пайдо кард. Вобаста ба давру замон сабкҳои шеърӣ низ иваз шуданд. Назми форсӣ дорои шаклу санъатҳои гуногуни шеърӣ гардид. Шуаро дар тамоми намуди санъатҳои шеърӣ қувваозмоӣ карда, доди суханро доданд ва забони миллии худро аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал расониданд.