JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 29 Январи 2018 03:08

Шоҳмот – варзиши фикрӣ

Муаллиф:

  Дар таърихи фарҳанги миллӣ, ки варзиш ҷузъе аз он маҳсуб меёбад, обутоб додани бадан ва муҳимтар аз ҳама, таҳрики фикру андеша ҳадафи асосӣ дониста мешудааст. Аз ин ҷост, ки варзиш додани тафаккур ва зеҳн дар баробари тамрини бадан аз аслҳои фарҳанги варзишӣ дар ҳавзаҳои фарҳангии бумӣ пазируфта мешавад. Варзиш додани тафаккуру зеҳн ба василаи бозии шоҳмот, ки маъмултарини бозиҳои варзиши ақлонӣ ё зеҳнӣ аст, дар тамаддуни ориёӣ мавқеи аввалиндараҷа доштааст. 

Ҷумъа, 26 Январи 2018 15:00

Даргузашти Устод Султон Наврӯзов

Муаллиф:

  Имрӯз 26-уми январи соли 2018, рӯзи ҷумъа, ба мо хабар расид, ки шаби 25 январ Устод Султон Наврӯзов баъди бемории нисбатан тӯлонӣ аз ҷаҳон даргузашт. Мухлисони Устод дар “Ҷаҳони андеша”, ки аз шунидани ин хабар хеле ошуфта шудаанд, бадоҳатан ин чанд нуктаи мухтасарро ба сифати изҳори сугворӣ баён мекунанд.

Панҷшанбе, 25 Январи 2018 07:51

Фарҳанги миллӣ ва иммунитети фарҳангӣ

Муаллиф:

Фарҳанги миллӣ ва иммунитети фарҳангӣ

(гузориши масъала)

    Зебоии замину замон аз намуди мост,

    Ин осмон масири фарозу фуруди мост,

Душанбе, 22 Январи 2018 10:07

Хуруфотпарастӣ аз тангназарист

Муаллиф:

  Давраҳое, ки инсон аз қонунҳои табиат бехабар буд, ҳар дам оқизии худро эҳсос мекард. Тангназарӣ то дарақае буд, ки раъду барқ, шамол, Офтоб, Моҳ ва ғайра ҳадафи ибодат ба шумор мерафтанд.

 Фарди муосир ба ҳуруфот бовар намекунад, риоя кунад ҳам, онро анъанавӣ, ҳамчун урфу одати миллӣ қабул кардааст. Парастиши қирмҳои осмонӣ ва дарк накардани равандҳои қамъиятӣ (масалан, шӯриш ва қангҳои истилогарона), тасаввуроти фантастикӣ дар бораи таъсири сайёраву ситораҳо ба рӯйдодҳои заминӣ пайдо шуданд. Инкишофи илму маърифати оммавӣ тадриқан сарҳади ҳуруфотпарастиро маҳдуд кард, лекин то ҳол байни одамони тангназар ақидаҳои бардурӯғу бемаънӣ, ба монанди фолбинӣ, эътиқод ба тақдиру қисмат ва амсоли мавқуданд.

Китобҳо