Сохтани инсон зимни бархӯрдҳои азалӣ ва абадӣ чи қадар такомул ёфта бошад, шахсияти вай барои замонааш ҳамон қадар ҷолиб ва арзишманд ба ҳисоб меравад. Худшиносии ӯ танҳо аз шинохти ҳаёти ҷисмонӣ иборат нест, балки болотар аз ин қобилияти шинохти равонӣ ва фалсафӣ доштанаш ба зиндагии инсонҳо наҷот мебахшад.
Ман гоҳо фикр мекардам, ки иқтидори инсон аз муҳаббаташ пурзӯр аст, иштибоҳ буд. Аксарияти инсонҳо вақте ки дар муҳаббат муваффақ намешанд, аз ҳаёт дилгир шуда назари песимистонаро соҳиб мешаванд. Дигар зиндагӣ кардан барояшон як чизӣ бемаъно мешавад. Ин одамон дар тамоми умри худ дигар ба муҳаббат бовар намекунанд. Аммо онҳо фаромӯш мекунанд, ки ҳадафи ниҳоии муҳаббат бузург сохтани инсон аст.
Барои табобат кардани инсон дарёфт кардани як худи маризӣ кам аст, бояд ӯ аввал дар ҷаҳонбинӣ рушд кунад. Зеро солимӣ, беморӣ, комёбӣ ва нокомӣ аз мағзи сари инсон оғоз мешавад. Инро равоншиносии муосир собит мекунад. Гуфтан мумкин аст, тамоми ҳаёти олим бо сохтани шахсияти худ, бо қалби саршор аз муҳаббат ва табобат кардани дигарон сарф шудааст.
Дар замоне, ки мо онро пасомодернизм мехонем дарёфт кардани арзишҳои аслии ҳаётӣ ва сохтани “инсони заҳматкаш” чизи аз ҳама муҳим ва мураккаб маҳсуб меёбад. Инсони заҳматкаш дар маънои имрӯзааш шахси масъулноктарин ва ба сарнавишти шуури халқҳо нақши калидӣ доштаро дар назар дорем. Албатта ин натанҳо дар маънои шахсиятҳои умумиҷаҳонӣ, балки ба ҳар фарди худогоҳ ва эҷодгар наздикӣ дорад. Тасодуфӣ нест, ки миллионҳо афкору андешаҳо перомуни санъат ва санъаткорон садо медиҳанд. Аммо гап дар сари он меравад, ки то куҷо ин андешаҳо ба ҳаёти воқеӣ наздиканд ва одамонро ба сӯйи ахлоқ, озодӣ, хирад, тафаккур, тасаввур ва гуманизм ҳидоят мекунанд. Бидуни муносибати бошуурона нисбат ба санъат ҳатто дарки муаммоҳои умумиинсонӣ амри маҳол аст. Эҳсосот ва воқеияти фикрии инсонҳо дар доираи санъат то куҷо рушд кардааст ва муаммоҳои вуҷудии онҳо кадом андоза тавассути ин падидаи нодир роҳи ҳалли худро меёбанд. Аз ин рӯ чизе, ки моро ба фикр кардан маҷбур менамояд, ин аст, ки санъат дар сохтмони инсон то куҷо нақш ва мақоми арзишманд дорад.
Санъат ва амният
Санъат монои дарёи бесарҳад аст. Ҳамин муносибатҳои беадолатона нисбат ба он азалӣ ҳастанд ва ҳамин зиддиятҳо дар як навбат одамонро ба пеш мебаранд ва дар навбати дигар ба равони ҷамъиятӣ осеб мерасонанд. Зимнан барои он таъсир мерасонанд, ки дар ҷомеа одамон онро ҳамчун зуҳури маърифат ва маданият қабул мекунанд. Аммо бояд ба назар гирифтки муборизаҳо ва рақобатҳо дар олами санъат бошуурона ва бешуурона мешаванд. Асарҳои бадеӣ хусусияти инсонсозона доранд ва хислатҳои миллии халқҳоро нишон медиҳанд.
Фантастика ва санъат
Чехов ҳақ буд, ки мегуфт: “дар муҳаббат, дар сиёсат, дар тиб мардум ва ҳатто ҳақтаолоро ҳамингуна мавридҳо низ буданд- фиреб додан мумкин аст, вале дар санъат фиреб додан набояд!”.
Эҳтимол, фоҷиаомезтарин тазоди кунунии асри мо дар он бошад, ки идеяҳои эҷодии инсоният ҳадду ҳудуд надоранд, лекин зуҳури зиддиятҳои сиёсӣ, геополитикӣ, идеологӣ ва нажодӣ, ки худи ҳамин инсони муосир ба майдон овардааст, ба ояндаи худи башар таъсири манфӣ мегузорад. Дар ҳамин вазъият рисолати адабиёт, санъат ва нависанда беш аз ҳарвақта дида мушкилтар мегардад. Имрӯз асарҳо ва кинофилмҳои фантастикие зуҳур доранд, ки вуҷуди онҳо пояҳои ахлоқу маънавиёти инсониятро коҳиш медиҳанд. Дар ин маврид шикастабанде лозим мешавад, ки шикастаҳоро бо нури хирад мӯмиёӣ кунад. Фантастика бояд қоидаҳои ахлоқи азалии инсониро риоя кунад. Он дар ҳадде навишта ва офарида шавад, ки то бинанда ва хонанда наздикии онро ба ҳақиқат дарк кунад. Фантазияи асар ва кинофилмҳо шуур ва равони инсонҳоро бунёд мекунанд. Вақте ки фантазияи асарҳо ва кинофилмҳо воқеӣ нестанд, заминаи ҳаётӣ надоранд, он гоҳ натиҷаи дилхоҳ барои одамони дар як давр зиндагикунанда дода наметавонанд. Тамоман ба назар нагирифтани он ки гӯё ҳеҷ як асар, кинофилм, медодрама ё сериалҳои дарозмуддат ба шуури ҷамъиятӣ таъсир намерасонанд, фикри ғайривоқеӣ мебошад. Филмҳо равон ва шуури ҷомеаро шакл медиҳанд, хислатҳои миллии халқҳоро тайғир медиҳанд, ба тақлидкорӣ ва эҷодкорӣ сабаб мешаванд. Ба ҳамин хотир нависанда ҳаётро дар маҷрои нав ва идеалӣ нишон додан мехоҳад. Ҳамин андешаи нигорандаи имрикоӣ Исҳоқ Азимов воқеият дорад: “Барои он ки ақидаи худро роҷеъ ба оянда ҳақ барорад, нависанда аз хатарҳои билқуввае, ки ба мо таҳдид мекунанд, андеша меронад ва оқибатҳои имконпазири онҳоро ба қалам меорад. Вале нависанда намегӯяд: ана он чизе, ки ногузир бояд сурат гирад. Вай гапи дигар мегӯяд: агар мо чорае наандешем, ана ин хел воқеа рӯй дода метавонад”.
Фантастикаи бадеӣ бояд дар заминаи ҳодисаҳое навишта шаванд, ки онҳо дар кадом сатҳ қарор доштани идеяҳои индивидуалӣ ва ҷаҳонбинии одамони дар як давр зиндагикунандаро нисбат ба ҳаёт тасвир намояд. Дар ҳамин зина навишташудани асар аз истеъдод ва шинохти ҳақиқатнигории нависанда вобастагӣ дорад. Асаре, ки дар бораи пешомади имконпазири насли башар, рушду буҳрон, равон ва шуури ҷамъиятӣ ҳамвора фикр менамояд, бешубҳа асари санъат маҳсуб меёбад. Асар бояд ҳақиқатро нишон диҳад, одамонро ба роҳи ростин ҳидоят кунад, сабабҳои хушбахтӣ ва нокомиро ошкор намояд. Имрӯзро ҳамон тавре тасвир созад, ки ояндаи норавшан эҳтимолан, то ҳадди имконпазир маълум гардад. Бояд адабиёт қарзи худро дар назди башар адоъ намояд. Он вақт он моли санъат ҳисобида мешавад.
12-соли интизорӣ
Ҳанӯз яксол муқаддам аз ин “12-соли интизорӣ” - ном филми нави тоҷикӣ рӯйи экранҳои калон намоиш дода шуд. Дар он чизи аз ҳама аҷиб барои ман ҳамин буд, ки нақши як идеяи равоншинос (манзурам равоншиноси умедбахши тоҷик Саидмурод Давлатов) барои дигар шудани тақдири қаҳрамони филм асосӣ буд. Дар филм то ҷое сабабҳои вайроншавии “оилаҳои ҷавон” ва заифии “психологияи ҷамъиятӣ” инъикос ёфтаанд. Дар ин масъалаи муҳим худи ҳозир фикр намудан зарур аст. На фақат фикр кардан, балки тавассути санъат роҳҳои рушди шуури психологӣ ва санъатдӯстиро бедор сохтан муҳим мебошад. Зеро маҳз санъат беҳтарин роҳи муборизаҳо, комёбиҳоро дар роҳи сулҳ, адолат, озодӣ, хушбахтӣ ва ахлоқ нишон дода метавонад.
Романтикаи муосир
Боиси таассуф ва нигаронӣ аст, ки то ҳол одамони зиёд ва хосатан ҷавонон романтикаро дар маънои воқеӣ ва ақлониву ахлоқӣ намефаҳманд. Он ҳаргиз маънои шаҳватпарастӣ ва ишратпарастиро надорад. Романтика- ин муҳаббати ҳақиқии вуҷудӣ дар ботини инсон аст. Дар он сухан перомуни муборизаи ниҳоии инсонҳо барои хушбахтшавӣ меравад. Инсоне, ки ба дараҷаи фаҳм кардани маънои “муҳаббати ҳақиқӣ”нарасидааст, зимнан ба қадр кардани асли арзишҳои умумиинсонӣ кӯшишҳои идеалӣ карда наметавонад. Аксарияти инсонҳо аз кинофилмҳои дидаашон хулосаҳои ҳаётан муҳим бароварда наметавонанд. Хислатҳояшон дигаргун намешавад, эҳсосҳои негативӣ барҳам намехӯрад ва ҷаҳонбиниашон рушд намекунад. Муаммо на дар кинофилмҳо, балки дар худи ҳамин инсонҳо ниҳон аст. Дар сомонаҳои интернети баҳодиҳии ҷавонон ва афкори онҳоро нисбат ба кинофилм ва мелодрамаҳои навтарин ( масалан мелодраммаи Арӯси замонавӣ ва ғ.) хондаистода дили кас ба ҳайрат меояд. Аз чизи оқилона хулосаҳои ноодилона бароварда шудаанд. Ҷавонон ба моҳияти ин асарҳо ва кинофилмҳо бояд сарфаҳм раванд. Аз он сабақ омӯзанд. Тақдири худро асос гузоранд.
Санъат бизнес- нест
Санъаткори асил- барои пул эҷод намекунад, балки пул барои ӯ кор мекунад!. Ӯ аз пайи шуҳратпарастӣ намеравад, балки шуҳрат ҳамеша ҳамроҳи ӯ меравад. Санъат воситаи беҳтарини худро муаррифӣ намудан нест. Он яке аз роҳҳои кушодани зиндагии хуб барои инсонҳо мебошад. Имрӯз дар мисоли клипҳо ва сурудхониҳо дидан метавон, ки барои сохтани як клип ба ҳисоби миёна 900 доллар маблағ сарф мешавад. Дар натиҷаи мебинем, ки ҳамин клипҳо ба шуури ҷамъиятӣ таъсири мусбӣ расонида наметавонанд. Одамонро аз нокомиҳо наҷот намедиҳанд, аз бадфикрӣ, бадгумонӣ, эгоистӣ раҳо намекунанд. Пас мавҷудияти онҳо чи маъно дорад?... Аз ин рӯ, суруд хондан- ҳоло маънои санъаткор буданро надорад. Ҳаваскорӣ- санъаткорӣ нест. Овозу симои зебо доштан-кафили санъаткор шуданро намедиҳад. Ҳатто матни баъзе сурудҳо моҳияти муҳаббат ва ҳаётро нодуруст ифода мекунанд. Ҳамон тавре ки “нависандаи бад- хонандаро ба роҳи ғалат мебарад” (таъбири С.Турсун), ҳаргуна амалкардҳои сохтакорона низ дар олами санъат- одамонро аз ахлоқ берун мекунанд. Аз ҳамин ҷо зуҳур мекунад рақобатҳои носолим дар шуури ҷавонон. Суруд бояд хушбахтии ҳақиқиро нишон диҳад, ҳисси муҳаббатро ба ҳаёт пайдо намояд, мақсади зиндагиро бигӯяд.
Хулоса:
Санъат шакли бадеӣ, маърифатӣ, фалсафӣ, идеалӣ, эҳсосотӣ ва ахлоқии ҳаёт аст. Он аз овони кӯдакӣ, навҷавонӣ, ҷавонӣ ва барои тамоми ҳаёт-дар шуур ва равони инсонҳо таъсир расонида, ҷаҳонбинии онҳоро шакл ва маъно мебахшад. Бинобарон санъат натиҷаи талошҳои тӯлонӣ, мантиқӣ, ақлонӣ ва кӯшишҳои идеалӣ аст.
Ҳадафи авалин ва охирини санъат инсонсозӣ аст. Инсоне, ки барои тамоми умр содиқ мемонад ба инсоният, ба муҳаббат, ба Ватан. Содиқ бо худ. Аз ин рӯ, ҷавонони мо бояд ба санъат аз кунҷи назари фикрониҳои танг неву, балки аз дарвозаи васеъи фалсафӣ нигоҳ кунанд. Имрӯз бояд санъати тоҷик олитарин ва заифтарин хислатҳои миллии моро нишон диҳад. Орзуҳо, ормонҳо ва талошҳои моро дар роҳи сулҳ ҳидоят намояд. Озодӣ ин нестки инсонҳо ҳар кореки мехоҳанд бикунанд. Санъаткорона зиндагӣ кардан озодӣ аст.
Аслиддин САЛИМОВ
устоди ДДЗТ