JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

  10 ноябр зодрӯзи марди фалсафа ва рӯшангари миллӣ Ҳафиз Холиқзода мебошад. Ин чеҳраи илму фарҳанги миллӣ дар ҳавзаҳои фикрӣ ва мадании дохилию хориҷӣ ошно буда, солҳост бо мутолеоту ковиш ва пажӯҳишу гузоришоти жарф дар ростои фарҳанги миллӣ заҳмат мекашад. Муқовимат ва мубориза бо ҳар шакли бурузу ҳузури хурофоту ҷахолат, ки дар баданаҳои иҷтимоӣ реша давондааст, ҳамчунин ҷуръати фошгӯйӣ ва ҷасорати фалсафӣ абъоди муҳимми шахсиятӣ ва ҳувиятии ин рӯшангари миллиро ташкил медиҳад. Натиҷаи ковишу ҷустуҷӯҳои илмӣ ва фалсафии ҷомеашинос ва файласуфи муосири миллӣ Ҳафиз Холиқзода дар садҳо мақолоти илмӣ ва бавежа, монографияҳои илмии муфассал “Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (ниг.: Бобоёров Ҳафиз. Наврӯз: дирӯз, имрӯз ва фардо (маҷмӯаи илмӣ). – Душанбе: Дониш. 2013); “Ҳувияти ҷамъӣ ва шабакаҳои дифоъӣ дар ҷануби Тоҷикистон” (ниг.: Boboyorov Hafiz, Collective Identities and Patronage Networks in Southern Tajikistan. – Berlin: Lit Verlag, 2013. – 296 с.); “Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи  нестӣ дар фалсафи Ғарб” (ниг.: Бобоёров Ҳ. Методологияи “бехатарии вуҷудӣ”: мавзўи нестӣ дар фалсафи Ғарб. –Душанбе: “Дониш”, 2015. -355 с.)  дарҷ гардидаанд. Доираи  биниш, шеваи ковиш, тариқаи гузориш ва тарзи нигориши Ҳафиз хеле ҷолиб ва омӯзанда аст.

Якшанбе, 08 Ноябри 2020 08:18

Номи ту бо меҳри меҳан тавъам аст

(паёми шодбошии аъзои Маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба муносибати зодрӯзи Меҳр Собириён)

  Имрӯз (8.11.2020) дӯсти донишманду фархеҳта ва фарҳангиву меҳанпарасти мо Меҳр Собириён зодрӯз дорад. Тайи солҳои шиносоӣ ва ҳамкорӣ дар маҳфили “Ҷаҳони андеша” дар симои Меҳр як нафар меҳанпарасти воқеӣ ва рӯшанфикри асилро дарёфтем, ки дар роҳи ҳифзи арзишҳои тоҷикӣ ва ҳувияти миллӣ бардамона гом бармедораду устуворона қадам мегзорад. Ҳарчанд ки Меҳр ба лиҳози ихтисосӣ иқтисоддон аст, ҳеҷ гоҳ вобасти улуми иқтисодӣ ва молиявӣ набуда ва аз масъулияти баррасӣ ва бозбинии масоили фикрию фарҳангӣ ва рӯшангарии миллӣ сар боз назадааст.

Панҷшанбе, 29 Октябри 2020 07:03

Ҳамқисмати илму эҷод

(Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи адабиётшинос, матншинос, шоир ва зиёии миллӣ устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ)   

 Устод Алии Муҳаммадии Хуросонӣ,

   Солҳост, ки Шумо дар баробари таҳқиқу тадвин ба эҷоди шеър низ иштиѓол меварзед ва маъниофариниро дар қолаби каломи мавзун аз мушаххасоти зиндагии худ медонед. Аз ҷониби дигар, чанд вежагии инфиродии шахсӣ: мутолиаи пайвастаи адабиёти фаровони бадеӣ ва  илмӣ-таҳқиқӣ, аз бар кардани ашъори ноби шуарои классику муосир, фаъолияти таҳқиқию таълимӣ, мушоҳидоти тадриҷии ҳаводиси зиндагӣ, бархўрд бо мушкилоти рўзмарра ва билохира баҳрабардорӣ аз таҷрибаи рўзгор Шуморо ба сатҳи як шахсияти вораста ва варзида расонида, ҷойгоҳи воқеии иҷтимоӣ, илмӣ, эҷодӣ ва маданӣ бахшидаанд.

  Инак Тоҷикистон   бо қадамҳои устувор  ба маъракаи муҳими сиесӣ - Интихоботи Президенти  мамлакат наздик мешавад. Интихоботи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди сиёсии дохилӣ ба шумор меравад, зеро самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷиро маҳз Президенти  кишвар муайян мекунад. Дар моддаҳои Конститутсияи   Тоҷикистон омадааст, ки «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) аст. Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад».

Китобҳо