JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 22 Марти 2021 06:49

Наврӯзи Ҷамшедӣ ҷашни худшиносию ҳамбастагист! (суҳбати ихтисосии Зоҳири Сайфулло бо пажӯҳишгари масоили иҷтимоӣ ва фарҳангӣ Нозим Нурзода)

Муаллиф:

 

 Пусиши 1. Дуруди Наврӯзии худро ба Шумо, устоди арҷманд ироа медорам.  Суоли нахуст ин аст, ки лутфан, бигӯед, Наврӯз чӣ марҳилаҳои талху ширини таърихиро то замони мо аз сар гузарондааст?

 Нозим Нурзода:

 Қаблан, Наврӯзи Ҷамшедиро, ки умраш баробари қидмат (қадимият)-и умри миллат аст, барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва кишварҳои ҳавзаи Наврӯз шодбош мегӯям ва тамоми хушиҳои зиндагӣ ва рӯзгорро таманно менамоям. Баъдан, Наврӯзи Ҷамшедӣ, ки ба шахсияти нимаустуравӣ ва ниматаърихии мо Ҷамшеди Пешдодӣ нисбати асосӣ дорад, аз куҳантарин ҷашнҳои миллию мардумӣ аст ва беҳуда нест, ки устурашинос ва пажӯҳишгари ойинҳои куҳани миллӣ, устод Ҳошими Разӣ умри онро баробари умри миллат (манзур мардуми иронитабор аст) донистааст (ниг.: Разӣ Ҳошим. Гоҳшуморӣ ва ҷашнҳои Ирони бостон. Теҳрон: Беҳҷат, 1380. -С.17). Гузашта аз ин, Наврӯзи Ҷамшедӣ, қабл аз ҳама, ҷашни худшиносӣ ва ҳувиятсозии миллӣ аст ва қатъи назар аз фишорҳою таҳдидҳои рӯзмарраи аҷнабиён, чи дар гузашта ва чи имрӯз аз масири дуруст, ки хештаншиносию худсозӣ ва мардумсолорию ҳамбастагист, мунҳариф нашудааст. Ба пурсиши аввали Шумо, ки ба мароҳили Наврӯзи бостонӣ, ки ба унвони шаҳодатномаи ойинӣ ва фалсафии мардуми мо муаррифӣ мешавад, мебояд муфассалтар посух дод.

 Ба ин тартиб, Наврӯз, қабл аз он ки ба он ҷомаи кишоварзӣ, ахтаршиносӣ, кайҳоншиносӣ пӯшонанд, марҳилаи нахустини шинохту маърифати инсонӣ дар идомаи ҳастӣ будааст. Ин нуктаро донишмандони ватанию хориҷӣ, мисли Дорместетер, Кристенсен, Меҳрдоди Баҳор, Ҳошим Разӣ, Манучеҳри Ҷамолӣ, Маҳмуди Рӯҳуламинӣ, М. Ҳазратқулов, К. Бекзода, М. Мирраҳим, Д. Раҳимов ва дигарон таъйид кардаанд. Муҳим ин аст, ки Наврӯз ба сифати як ҷашни фарогир, пеш аз ҳама, баёнгари марҳилаҳои худшиносии миллӣ мебошад. Ба назари мо, раванди таърихии худшиносии миллиро, ки ба Наврӯз иртиботи мазмунию моҳиятӣ дорад, ба чанд марҳила  метавон  тақсим кард:

  Якум. Марҳилаи аввали худшиносии миллиро метавон ба Наврӯз – ин ойини дерина ва хирадгаро алоқаманд донист. Аз ин ҷост, ки Наврӯзро ба шахсияти нимустуравӣ ва ниматаърихӣ Ҷамшед тавъам медонанд ва ин тавъамӣ ё пайвастагӣ бедалел нест, чаро ки Ҷамшед нахустин шаҳриёри донишманди ҷуғрофиёи фарҳангию сиёсии ориёитаборон аст, ки  тавассути илму хирад сохтани ҷаҳони навро шурӯъ намудааст. Ба сухани дигар, Ҷамшед бо овардани Наврӯз марҳилаи аввалини худшиносии миллиро  дар ҷаҳони маърифати иронитаборон оғоз бахшида, таҷлили онро  ҳамчун тантанаи хирад ва  адолат (ду бахши муҳимми ҳаёти сиёсӣ ва фарҳангӣ) саросарӣ намудааст. Мушкилоти ҷомеаи инсонӣ аз замони зуҳури инсонӣ то имрӯз як чиз буда ва ҳаст – марг ва ҳамин мушкили аввалиндараҷа ва ба истилоҳ, калидӣ дигар мушкилотро дар худ мунсаҷим месозад. Ин мушкилот (дард, ранҷ, беморӣ, сардӣ ва  гармии ифротӣ, бадбинӣ ва танаффур, дурӯғгӯйӣ ва амсоли инҳо) пайваста ҳамқадами инсонанд ва ба гумони устурасозони пешин, рафъи мушкилоти фавқ аз ҷониби Ҷамшед ба вуқӯъ пайвастааст ва нахустин бор дар таърихи фарҳанги мо (албатта, дар қолаби устура ва боварҳои ибтидоӣ) инсон намиранда мегардад. Дар “Авасто” ин масъала, яъне масъалаи ба дасти Ҷамшед рафъ шудани мушкилоти маргу беморию пирию ранҷу зиён мавриди баррасӣ қарор гирифтааст (дар фаргарди  дувум, бахши якум, банди 5-и Вандидод, ки ба зиндагиномаи Ҷам ихтисос ёфтааст, Ҷамшед  дар посух ба пурсиши Аҳуромаздо мегӯяд: “Ман ҷаҳони туро фарохӣ бахшам. Ман ҷаҳони туро биболонам ва ба нигаҳдории (ҷаҳониён) солору нигаҳбони он бошам. Ба шаҳриёрии ман на боди сард бошад, на (боди) гарм, на беморию на марг” (ниг.: Вандидод, фаргардҳои 1-8. Ҷилди аввал. Тарҷума ва пажӯҳиши Ҳошим Разӣ. Теҳрон, 1385. -С. 425). Қудрату неруи илмию эҷодии Ҷамшедро ҳатто Аҳурамаздо – Худои тавонои ойини зардуштӣ эътироф карда, ба паёмбар Зардушт хитобан гӯшзад кардааст: “Ҷамшед сахт зирак буд ва барои ҳамин ҳам рисолати пайғамбариро қабул накард ва гуфт, ки ман аз уҳдаи корҳои заминӣ бармеоям” (ниг.: Баҳор Меҳрдод. Пажӯҳише дар асотири Ирон. – Теҳрон, 1378. –С. 37). Ҳаким Фирдавсӣ дар достони Ҷам зуҳури Наврӯз ва ба ин восита аз ранҷурӣ раҳо гардидани ҷаҳонро таври зайл тасвир  намудааст:

Сари соли нав ҳурмузи фарвадин,

Баросуда аз ранҷ рӯйи замин.

Бузургон ба шодӣ биоростанд,

Маю ҷому ромишгарон хостанд.

      (ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди аввал. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.56)

  Дувум. Марҳилаи дувуми зуҳуру ҳузури фаъоли Наврӯзро метавон дар замони салтанати сулолаҳои миллӣ – Ҳахоманишиёну Сосониён мушоҳида кард. Аз баргузории маросими Наврӯзӣ дар аҳди Ҳахоманишӣ иттилои дақиқе дар даст нест ва танҳо бархе аз пажӯҳишгарон, аз ҷумла Филндер муътақиданд, ки сангнабишта ва сангнигораҳои боқимонда аз даврони Ҳахоманишӣ нишондиҳандаи маросими Наврӯзӣ дар Тахти Ҷамшед мебошанд. Ин осори намоишӣ аз тақдими ҳадяҳои идона аз ҷониби ақвом ва милали тобеъи Ҳахоманишиён ба ҳузури подшоҳ будааст.  Баррасиҳои катибаю сангнавиштаҳои барҷоймондаи даврони Ҳахоманишӣ бар он гувоҳӣ медиҳанд, ки ҷашни Наврӯз дар фазои салтанати Ҳахоманишӣ ҷойгоҳи муносиб доштааст. Бархе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки Куруши бузург Наврӯзро дар соли 538 (қабл аз мелод) ҷашни миллӣ эълом кард ва дар ин рӯз барномаҳои вежае барои фароғати сарбозон, поксозии маконҳои ҳамагонӣ, хонаҳои шахсӣ ва бахшиши маҳкумон ба иҷро расонд. Куруши бузург маросимоти Наврӯзиро ба Бобул интиқол додааст ва муҳаққиқон дар ин замина таъкид мекунанд, ки ӯ ҳангоми иҷрои маросими иди Наврӯз ба эҳтироми суннати деринаи подшоҳони Бобул дасти Bel (Баал) – Худои бузурги бобулиёнро ламс мекунад ва қонунан дар шумори подшоҳони Бобул дармеояд (ниг.: Гиршман Роман. Таърихи Ирон аз оғоз то ислом. Тарҷумаи Маҳмуд Беҳфурӯзӣ. –Теҳрон: Ҷомӣ, 1379. С. 122). Гузашта аз ин, маросимоти Наврӯзӣ минҳайси ойинҳои фарҳангӣ дар замони дигар подшохони Ҳахоманишӣ низ тадовум ёфтаанд. Ҳамчунин, дар замони Дориюши якум маросими Наврӯзӣ дар Тахти Ҷамшед (Персе́полис — шаҳри бостонии форсӣ, ки асрҳои VI—V пеш аз мелод пойтахти империяи Ҳахоманишҳо будааст) баргузор мешуд ва мардум Наврӯзро ба таври шукӯҳманд таҷлил мекарданд. Муҳаққиқон ва сиккашиносон бар асоси сангнавишта ва тасвирҳо ҳадс задаанд, ки Дориюши аввал сиккае аз ҷинси тилло зарб намудааст, ки дар як сӯйи он сарбозе дар ҳоли тирандозӣ тасвир гардидааст ва ин навъ тадорукоти ҷашнӣ, ғолибан ба муносибати Наврӯзи соли 416 (қабл аз мелод) гирифта шудааст. Бархе аз пажӯҳишгарон (мисли Ҳартсфелд, Орднер, Гиршман ва Бродо) муддаӣ ҳастанд, ки Тахти Ҷамшед барои баргузор намудани ҷашни Наврӯз сохта шудааст.

  Аз чигунагии баргузории ҷашни Наврӯз дар давраи Ашкониён осоре дар даст нест.  Паҳӯҳишгари ойин ва суннатҳои бостонӣ, устоди фақид Иброҳим ПурДовуд дар ин замина навиштааст: “Ҳарчанд Ашкониён иронинажод ва зардуштикеш буданд, тасаллути ҳаштодсолаи юнониён муҷиб шуд, ки онон дар одобу русуми иронӣ беқайд шаванд ва шояд дар поёни давраи ҳукумати 470-сола дубора миллати Ирон қувват гирифт (ниг.: Закоӣ Парвиз. Наврӯз: таърихча ва марҷаъшиносӣ. Сафҳаи ҳафт. Манбаъ: hamshahrionline.ir).

  Дар даврони Сосонӣ маросими иди Наврӯзро байни шаш то сӣ рӯз баргузор карда, рӯзи шашуми фарвардин ва ё Наврӯзи бузургро Хурдодрӯз меномиданд ва ин рӯзро мутааллиқ ба фариштаи муқаддас -- Хурдод медонистанд. Пайравони ойини маздиясно муътақид буданд, ки Зардушт (650 сол пеш аз мелодии Масеҳ) дар ин рӯз мутаваллид шуда, дар ҳамин рӯзи муқаддас бо Худованд ба розу ниёз пардохтааст ва бар ин асос, ин рӯз барои ирониён муқаддас ва муҳтарам шумурда мешудааст.

   Подшоҳони Сосонӣ низ дар дарборҳои худ ойинҳои Наврӯзро бо шукӯҳи хоссе баргузор мекарданд ва шоҳ панҷ рӯзи аввал ё Наврӯзи омма бори ом дода, ба рафъи ҳоҷатҳои мардум мепардохтаанд. Сипас, Наврӯзи хосса ё Наврӯзи бузургро, ки аз рӯзи шашуми фарвардин шурӯъ мешуд, ба худ ва наздиконаш ихтисос дода, ба ҷашну шодмонӣ мепардохтанд ва навоҳои хосси Наврӯз дар ин айём дар дарбори подшоҳон навохта мешуданд. Аз русуми роиҷи ин рӯзгор он будааст, ки мардум дар бомдоди иди Наврӯз ба якдигар об мепошиданд  ва шукри ҳадя медоданд.

  Севум. Дилбастагии мардуми иронитабор (форсу тоҷик) ба суннатҳои худ муҷиб шуд, ки Наврӯз, ки рамзу символе аз шукӯҳ ва азаммати онон буд, дар саросари даврони исломӣ, ҳатто дар давраи хулафое, ки эътиное ба ин русумот надоштанд, барпо мешуд ва ошноию огоҳии фармонравоёни Уммавӣ ва Аббосӣ аз ойини ҳадя додан ба ҳокимон далеле барои гироиши фармонравоёни араб ба баргузории Наврӯз шудааст. Наврӯз на танҳо дар миёни иронитаборон, балки дар дарбори хулафо низ бо маросиму шукӯҳи махсус таҷлил мегардид ва мардуми Бағдоду Миср дар бузургдошти ин ҷашн муболиғаҳо кардаанд. Ҳатто таҷлили ҷашну маросимоти Наврӯзиро ба шахсиятҳои дараҷаи аввали ислом иртибот додаанд. Тибқи ривояти Қазвинӣ, дар рӯзи Наврӯз ба паёмбар ҷоме симин пур аз ширинӣ меоваранд ва ӯ ҳикоят мекунад, ки ин иди бузург барои ирониён аст ва Худованд сипоҳеро дар ин рӯз бо пошидани борон зинда намуд (ниг.: //Паёми андеша, соли аввал, шумораи чаҳорум, марти 1998. С.23). Муҳаққиқи суннату ойинҳо Иброҳим Шакурзода ба тобиши мазҳабӣ гирифтани Наврӯзи Ҷамшедӣ таъкид мекунад: “Чун тибқи назари иддае аз уламо рӯзи аввали хилофати Алӣ мусодиф бо Наврӯз шуда буд, ҷашни Наврӯзӣ ҷанбаи мазҳабӣ ҳам ба худ гирифт ва аҳамияти бештаре ёфт. Аз он рӯз баъд дар фазилати Наврӯз  аҳодис ва ахбори фаровоне нақл шуд ва барои ин ид ҳадяи фаровоне низ оварданд” (ниг.: Иброҳим Шакурзода. Ақоид ва русуми оммаи мардуми Хуросон. Теҳрон, 1346. С. 82). Дар мазҳаби  тасаннун (аҳли суннат ва ҷамоат)  низ то андозае Наврӯз бо ҷилою тобишҳои гуногун ифода ёфтааст. Дар ривояте, ки аз ҷониби Исмоил ибни Ҳаммод ироа шудааст, таъкид мегардад, ки Нуъмон бинни Марзбон -- бобои Абӯҳанифа  (Имоми Аъзам – поягузори мазҳаби машҳури ҳанафӣ) ҳангоми ҷашнгирии Наврӯз ба ҳазрати Алӣ полуда (як навъ шарбати аз меваҳои хушк омодашуда) тақдим дошт ва он ҳазрат Собит ва зарияи ӯро ба баракат дуъо кард (ниг.: Доиратулмаорифи бузурги исломӣ. Ҷилди панҷум. Теҳрон, 1378. С. 380). Замони давлатдории Фотимиён (909-1171) дар Миср, ки маркази салтанат маҳсуб мешуд, суннатҳои Наврӯзӣ барои тавсеъа ва густариш заминаи мувофиқ пайдо карданд. Дар Миср таҷлили Наврӯз ба таври корвони шодӣ (карнавал) сурат мегирифт ва ин тарзи ҷашнгирӣ писанди хосу ом мегашт. Ҷашн он андоза самимият касб карда буд, ки дар Миср мардум шахсеро “амираннаврӯз” (мири Наврӯз)  интихоб ва сару рӯяшро бо оҳаку орд ранг карда, чун муҳтасиб ба дасташ дафтар медоданд ва ба маркабе савор мекарданд. Амираннаврӯз дар кӯчаю бозорҳо гашта, аз дорандагон хироҷ меситонд ва ҳар кӣ аз додани хироҷ саркашӣ мекард, ба ӯ об мепошиданд ва ё сӯяш ҳар гуна ифлосиҳо пепартофтанд. Соли 946 маросими “обпошӣ” манъ ва соли 974 халифа ин ҷашнро мамнӯъ эълон кард. Мардум вокуниши шадид нишон доданд, то ҷое ки худи ҳамон сол Наврӯзро шукӯҳмандтар таҷлил намуда, дар манотиқи мухталиф тантанаҳои идона то се рӯз идома ёфтанд. Манъи ҷашн натиҷаи дилхоҳ надод ва танҳо дар асри 14 ба султон Баркук муяссар гардид, ки ҷашни Наврӯзро барҳам занад (ниг.: Адам Мец. Мусульманский Ренесанс. Москва: Наука, 1973. С. 339).

  Чаҳорум. Бо коҳиши қудрат ва нуфузи арабҳо бар давлатҳои форсии тоҷикӣ, ҳамчунин эҷоди давлатҳои мустақили миллие назири Тоҳириён, Саффориён ва Сомониён ва тааллуқи хотири подшоҳони иронитабор ба иҷрои русумоти бумӣ боиси шукӯҳу азаммати ҷашни Наврӯз дар қаламрави давлатҳои миллӣ гардид. Дар давраи салтанати Сомониён (874-999) Наврӯз ба сифати ҷашни меҳварӣ мавриди таҷлил қарор мегирифтааст. Амирони хирадпарвари Сомонӣ хуб дарк мекарданд, ки Наврӯз на танҳо ҷашни кишоварзӣ, балки ҷашни хирадпарварӣ ва ҳувиятсозист. Ин буд, ки дар давраи салтанати амирони Сомонӣ, қатъи назар аз он ки неруҳои зиддимиллӣ фаъол буданд, раванди худогоҳию худшиносии миллӣ тавассути ҷашнгирии саросарии Наврӯз дар манотиқи қаламрави давлат таҳкиму тақвият ёфт (ниг.: Ноҷӣ Муҳаммадризо. Фарҳанг ва тамаддуни исломӣ дар қаламрави Сомониён. -Душанбе, 2012. С.457-458). Маҳз дар замони салтанати Сомониён дар арафаи Наврӯз, бо такя ба сунннатҳои даврони Сосонӣ оташ меафрӯхтанд, мутрибон оҳангҳои ҷашнӣ навохта, ҳофизон суруду таронаҳои Наврӯзӣ месароиданд, сайругашти идонаи мардум аз шом то ба субҳ идома меёфт. Кор то ба ҷое расида будааст, ки маросимоти Наврӯзии замони Сомониён айёми Хусрави Парвизи Сосониро ба лавҳи хотир меовард ва аз ин тариқ суннату ойинҳои ниёкон дар марҳилаи дигари таърихӣ зинда ва бозсозӣ шудаанд (ниг.: Маҷаллаи  “Ҳунар  ва  мардум”,  шумораи  навадум,   фарвардинмоҳи  1369. С. 31-34). Дар давраи Сомониён шоирону донишмандон ба тавсифи ин ҷашн кӯшиданд, ашъори рангин суруданд, китобҳо навиштанд (аз ҷумла китобҳои “ал-Ашъор фӣ соири Нийрӯз вал Меҳрҷон”-и Ҳамзаи Исфаҳонӣ, “ан-Нийрӯз вал Меҳрҷон” ва амсоли инҳо ба тавсифу мушаххасоти Наврӯз ихтисос ёфта буданд). Бад-ин минвол, давлати Сомониёнро метавон ба унвони қаламрави фарҳанги Наврӯз муаррифӣ кард.

  Панҷум. Дар замони Шӯравӣ (солҳои 1920-1991), новобаста аз равиши тунди идеологӣ мардум ва фарҳангиёни тоҷик Наврӯз ва ойинҳои Наврӯзиро дар қолиби ҷашнҳои баҳорӣ таҷлил мекарданд. Махсусан, аз охири солҳои шаст ва ибтидои солҳои ҳафтодуми садаи бист таҷлили Наврӯзи бостонӣ ба унвони ҷашни миллӣ ва фарҳанги худшиносӣ машрӯият пайдо кард. Аз ибтидои солҳои ҳафтодуми асри бист шурӯъ карда, як зумра равшанфикрони миллӣ бо шумули Буринисо Бердиева, Муъмин Қаноат, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Акбар Турсон, М. Мирраҳим ва дигарон ҷиҳати дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина корҳои зиёди фарҳангию  маърифатӣ анҷом доданд. Ин давра саҳифаи тозаро дар китоби Наврӯзгустарӣ боз кард. Дар он замон заминаҳои рушди маросими миллӣ  дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд.

  Шашум. Марҳилаи Истиқлоли давлатӣ уфуқҳои тозаро барои таҷлили саросарии Наврӯзи Ҷамшедӣ кушод ва он ба сифати бузургтарин ҷашни аҷдодӣ мавриди таҷлили  ҳамагонӣ қарор гирифт. Дар даврони Истиқлоли давлатӣ масоили шинохт, таҳқиқ, омӯзиш, арҷгузорӣ ва саросарисозии  Наврӯз  матраҳ гардид ва дар  рушду тавсеаи он раҳбарияти олии кишвар, хусусан Сарвари давлати муосири миллӣ Эмомалӣ  Раҳмон саҳми муносиб гузоштанд. Ин иқдомот имрӯз низ идома дорад ва шароити феълӣ аз донишмандону фарҳангиён тақозо менамояд, ки  ойинҳои миллиро ба риштаи таҳқиқ бигиранд ва дар хифзу нигаҳдошти онҳо  аз тамоми имконоти мавҷуда истифода бубаранд. Мусаллам аст, ки дар марҳилаи Истиқлоли давлатӣ тавассути пофишорию ташаббусҳои давлатҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон созмони маориф ва фарҳанги СММ (ЮНЕСКО) Наврӯзро ба унвони ҷашни ҷаҳонӣ эътироф кард. Марҳилаи Истиқлоли давлатӣ бо худогоҳӣ ва хештаншиносӣ пайванд мехӯрад ва аз фарҳанги Наврӯзӣ реша мегирад.

 Пурсиши 2. Наврӯз ҳамчун қосиди зебоиву зебоофарӣ дар ҳаёти иҷтимоии инсоният чӣ нақш дошта метавонад?

 Нозим Нурзода:

 Наврӯз бо худии худ номи зиндагӣ ва зиндагӣ, пеш аз ҳама, зебоӣ, муҳаббат, отифат, самимият, латофат, шарофат ва инсоният аст ва беҳуда нест, ки:

Ин ки номи Зиндагӣ Наврӯз шуд,

Зинда бар нозиндагӣ пирӯз шуд.

Аз китоби лутфи Наврӯзи куҳан

Миллати мо маърифатомӯз шуд!

  Ва агар номи Зиндагӣ Наврӯз аст (иттифоқан, вожаи Наврӯз, ки дар забони паҳлавӣ ба сурати «НУКРУЧ» (NOKROCH) омадааст, аз ду бахш таркиб ёфтааст: бахши аввал “НУК”, ба маънии наву ҷадиду тоза ва бахши дуюм ба маънии рӯз аст, ки дар маҷмӯъ, рӯзи наву тозаи зиндагиро ифода мекунад), дигар ҳама зебоиву таровиш аз баҳору Наврӯзи зиндагӣ маншаъ мегирад. Аз ойин ва маросимоти Наврӯзӣ, ки асрҳо боз ҳамчунон идома доранд, мушоҳида кардан мумкин аст, ки Наврӯз ҷашни эстетика, зебоӣ ва ба истилоҳ, тамошои вуҷуд (“тамошои вуҷуд” таъбири аллома Муҳаммад Иқбол) мебошад. Маросимоти Наврӯзӣ, аз ҷумла: тариқаи оростани суфраю хонҳои ҷашнӣ, тарзи либоспӯшии идона, шеваи муносибату муоширати самимӣ, баҳамойӣ, ваҳдату ҳамбастагӣ, танини суруду овозхониҳои ҳамагонӣ, азкиягӯйиву зарофатпардозӣ, фолгирию раққосӣ, шеърхонию нағмагарӣ ва амсоли инҳо дар маҷмӯъ, воқеияти зебоиписандӣ ва зебоиофарии инсониро, новобаста аз тааллуқоти динию мазҳабӣ, сиёсию идеологӣ, нажодию миллӣ ва синфию табақотӣ ба намоиш мегузорад. Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашнест, ки ба динияту сиёсат ва мавқеъгириҳои мафкуравӣ коре надорад ва асрҳост, мардумро ба оғуши гарми худ мехонад ва онҳоро худшиносу зебоипараст мекунад. Ин аст, ки Наврӯз фарҳанги худшиносӣ ва зебоипарастию ҳамбастагист. Ба ин маънӣ:

Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,

Дар силсилаи русум асосӣ бошад,

Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,

Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад,

Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,

Фарҳанги шукӯҳу худшиносӣ бошад.

  Аз тарафи дигар, ба кору пайкори созанда даъват кардани мардум ва омодагӣ ба тасмимоту ташаббусоти ҷиддӣ дар меҳвари ҷашну маросимоти Наврӯзӣ қарор дорад. Эҳдои хушҳолӣ ва суруру шодмонӣ барои тамоми мардум ҷанбаи отифӣ ва иҷтимоии ин ҷашни бузурги аҷдодиро муҷассамтар нишон медиҳад. Ба ин далел, Наврӯз ва маросимоти Наврӯзӣ бо шукӯҳу зебоӣ ҳамасола мардумро “аз ҳар миллату оташкада” гирди ҳам меоварад ва сари суфраи идона сарҷамъ месозад. Хушҳолӣ намудан ва бар илова, хӯрдану ошомидан, ки аз талаботи муқаррарии иҷтимоист, дар Наврӯз ҷойгоҳи асосӣ дорад, вале ин ҳаргиз ба маънои хӯрдану нӯшидани аз ҳад зиёд ва шикампарварию таносоӣ нест. Ба суфраи ҷашнии “ҳафт син”, ки рамзию символикӣ буда, сари он баҳсҳо зиёданд, таваҷҷуҳ мекунем.

  Суфраи Наврӯзии “ҳафт син”, мувофиқи таомулоти ҷашнӣ, бояд аз бақияи суфраҳо рангинтар бошад. Суфраи “ҳафт син”, маъмулан чанд соат мондан то расидан ва ё таҳвили соли нав ороста мешудааст. Ҳамчунин, як нафар ба сифати миздпон-- мейзадпон(MAYZADPAN) ба манзури пахш кардани хӯрокиҳо дар канори суфра гумошта мешудааст. Суфраи ҳафт син бар пояи адади муқаддаси ҳафт бино ёфта буд. Дар бисёре аз манобеи таърихӣ омадааст, ки суфраи ҳафт син нахуст ҳафт шин  будааст ва баъдҳо ба ин ном тағйир ёфтааст. Шамъ, шароб, ширинӣ, шаҳд (асал), шамшод, шарбат, шақоиқ (лолаи доғ, лолаи худрӯ) ва ё шохаи набот аҷзои ташкилдиҳандаи суфраи ҳафт шин будаанд. Бархе ба вуҷуди “ҳафт чин” дар Ирони қабл аз ислом эътиқод доранд. Иддае аз донишмандон бар ин назаранд, ки: “Дар замони Ҳахоманишиён дар Наврӯз ба рӯйи ҳафт зарфи чинӣ ғизо мегузоштанд, ки ба он ҳафт чин ва ё ҳафт чинӣ мегуфтанд. Баъдҳо дар замони Сосониён “ҳафт чин” расми мутадовили мардуми Ирон шуд ва шамшод дар канори бақияи шинҳои наврӯзӣ ба нишонаи сабзию ҷовидонагӣ бар сари суфраи наврӯзӣ қарор гирифт. Баъди суқути давлати Сосониён ва истиқрори дини ислом мардум саъй карданд, ки суннат ва ойинҳои худро ҳифз кунанд” (ниг.: tebyan.net).  Ба ҳамин далел чун дар дини ислом шароб ҳаром эълом шуда буд, онҳо хоҳару ҳамзоди шаробро, ки сирк мешуд, интихоб карданд ва ба ин тариқ “шин” ба “син” табдил ёфт. Имрӯза суфраи “ҳафт син”-ро рӯйи суфра ва ё замин паҳн мекунанд ва ҳангоми таҳвили соли нав аъзои хонавода даври суфра ҷамъ меоянд ва бо хушнудию шодмонӣ барои баракату хайри соли нав дасти дуо бармедоранд. Баъзе суфраи ҳафт синро дар муддати сездаҳ рӯзи Наврӯз нигаҳ медоранд ва дар поёни рӯзи сездаҳум сабзии суфраи ҳафт синро ба об мепартоянд. Ба символ ва намоди аҷзои суфраи “ҳафт син” таваҷҷуҳ мекунем, ки ҳамагӣ мазҳари зебоӣ, шукуфоӣ, хуррамӣ, хушҳолӣ ва иҷтимоианд:

Санҷид – намоди ишқу дилбохтагӣ ва аз муқаддамоти аслии тавлиду зояндагӣ аст. Иддае ақида доранд, ки бӯйи баргу шукуфаи дарахти санҷид ишқро таҳрик медиҳад.

Сабза – намоди шодобию сарсабзӣ ва нишонгари зиндагии башар ва пайванди ӯ бо табиат аст.

Саману (суманак)намоди зоиш ва борварии гиёҳон аст ва аз ҷавонаҳои тозарасидаи гандум таҳия мешавад.

Сика – намоде аз хайру баракат ва даромад аст.

Себ – намоди меҳру меҳрварзӣ.

Сумоқ ва сир – рамзу намоди чошнӣ ва муҳаррики шодӣ дар зиндагӣ ба шумор меравад. Дар суфраи Наврӯзӣ ғайр аз меваҳо ва гиёҳҳо дигар чизҳо ҳам гузошта мешавад, аз қабили “тухми мурғ (намоди зоишу офариниш ва нишонае аз нутфа ва нажод аст) ва “ойина (намоди рӯшнойӣ), ки ҳатман бояд дар болои суфра ҷой бигирад. “Об ва моҳӣ нишонаи баракат дар зиндагианд. Муътақидони адён ва мазоҳиби гуногун дар баробари гузоштани ғизо, шарбату полудаҳо ва меваҷоту сабзавоти гуногун, дар суфраҳои идонаи худ китобҳои муқаддасашонро мегузоранд: мусулмон китоби Қуръон, зардуштӣ китоби Авасто, яҳудӣ китоби Таврот (ниг.: http://namnak.com/).

  Пурсиши 3.  Аксарияти мардум Наврӯзро як ҷашни маъмулӣ ва ҳам идеологӣ (манзур зардуштӣ ва қаблазисломӣ) мепиндоранд. Назари Шумо дар ин бобат чӣ гуна аст?

  Нозим Нурзода:

  Наврӯз ҳеҷ гоҳ ҷашни маъмулӣ ва одию идеологӣ набудааст, он тайи таърих ба унвони ҷашни ҳувиятӣ, ҳайсиятӣ, фарҳангӣ ва миллию мардумӣ муаррифӣ гардидааст. Намуна ва мисолҳои устуравӣ ва таърихие, ки дар бахши аввали пурсишатон муфассалтар ироа доштем, аз шукӯҳ ва ҷалоли Наврӯз дар паҳнои таърихи миллӣ ва фаромиллӣ гувоҳӣ медиҳанд. Аз ин гузашта, дар гузашта ва ҳам имрӯз душманони миллӣ ва мафкурасозони аҷнабӣ бо Наврӯз ҳамеша даргир буда ва ҳастанд. Ба сухани равшантар, тайи таърих, чи  худиҳои бегонахӯ ва чи бегонагони хирадситез бо Наврӯз ҷанг эълом дошта, барои аз саҳифаи таърих баркандану барчидани он саъю талошҳои фаровон ба харҷ додаанд. Махсусан, иддае аз донишмандони ба истилоҳ, худӣ, дар сусту заиф сохтани пояҳои фарҳанги Наврӯзӣ ва ойину суннатҳои дигари аҷдодӣ сахт пофишорӣ намуда, дар қиболи Наврӯзу Сада як навъ мавқеъгирии тунди мафкуравӣ-идеологӣ гирифтаанд. Масалан, Муҳаммад Ғаззолӣ, ки аз ҷумлаи мутакаллимони маъруфи исломӣ ба шумор меравад, дар китоби “Кимиёи саодат” зимни мункироти бозорҳо чунин тазаккур додааст: “… ва шамшеру сипари чӯбин фурӯшанд барои Наврӯз ва буқи сафолин барои Сада ва аз ин чизҳо баъзе ҳаром аст, баъзе макрӯҳ. Аммо… он чӣ барои Сада ва Наврӯз фурӯшанд, чун сипар ва шамшери чӯбин ва буқи сафолин, ин дар нафси худ ҳаром нест, валекин изҳори шиори габргон аст, ки мухолифи шаръ аст ва аз ин ҷиҳат нашояд. Балки ифрот кардан дар оростани бозор ба сабаби Наврӯз ва қатоиф (як навъ ширинӣ – Н.Н.)-и бисёр кардан ва такаллуфҳои нав сохтан барои Наврӯз нашояд, балки Наврӯз ва Сада бояд мундарис шавад ва касе номи он набарад” (ниг.: Ғаззолӣ Муҳаммад. Кимиёи саодат. Ҷилди аввал. Ба кӯшиши Аҳмади Ором. –Теҳрон, 1333. –С.407).

 Душманони мардуми иронитабор доимо ба таври мустақим ва ғайримустақим ба ойинҳои пешинаи миллию  мардумӣ, хоссатан Наврӯзу Сада мубориза мебурданд. Дар гузашта, ба хатар афтодани Наврӯз маънои ба хатар мувоҷеҳ гардидани Иронзаминро дошт. Масалан, вақте ки Баҳроми Чӯбин аз хатари вуруди лашкари Совашоҳи турк сухан дар миён меоварад, ба мардум хитоб мекунад ва бонги изтироб мезанад:

Кунад бо замин рост оташкада,

На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.

       (ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди нуҳум. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.34)         

             Ё ин ки:

Гар эдун, ки гӯйӣ, ки пирӯз нест,

Аз он пас варо низ Наврӯз нест.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди нуҳум. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387. –С.76)

Дар ҷойи дигар Фирдавсӣ аз забони сипаҳсолори ботадбир пирӯзии адувони ирониро пешгӯйӣ карда, ҳушдор медиҳад, ки лашкари душман ҳувияту аслият ва ҷавҳари моро, ки дар батни Наврӯзу Сада нуҳуфтаанд, аз байн мебарад:            

Аз ин зоғсорони беобу ранг,

На ҳушу на дониш, на ному на нанг.

Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

Шавад тира Наврӯзу ҷашни Сада.

(ниг.: Фирдавсӣ Абулқосим. Шоҳнома. Ҷилди нуҳум. Теҳрон: Интишороти Корвон, 1387.  –С.274)

 Илова бар ин, Ҳаким Фирдавсӣ эҳтирому арҷгузорӣ ва нигаҳдорию ҳифзи ойину ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро аз мушаххасоти умдаи шахсияти инсонӣ талаққӣ кардааст:

Нигаҳ дорад ойини ҷашни Сада,

Ҳамон фарри Наврӯзу оташкада.

     (ниг.: Фасоӣ Мансур Растагор. Бахти ту пирӯз бод. //Паёми андеша, соли аввал, шумораи чаҳорум, марти 1998. –С.5)

 Ин аст, ки Наврӯз на танҳо як ҷашни бузурги миллию мардумӣ, балки фарҳанги муқовимат ва мубориза алайҳи душманони миллию аҷдодӣ аст ва аҷиб нест, ки хурофотиёну мутаассибони мазҳабӣ онро намепазиранд. Мутаассифона, имрӯз низ, дар шароити бурхӯрдҳои шадиди сиёсию тамаддунӣ таҳдидҳо ба Наврӯзи Ҷамшедӣ, ки сарсилсилаи ҷашну ойинҳои миллӣ мебошад, зиёданд. Аз ҷониби дигар, дар бозиҳои геополитикӣ, ба хотири бароварда сохтани ниёзҳои сиёсию иқтисодӣ баъзан созмону гурӯҳҳои тундрави динию мазҳабӣ мавриди сӯъистифодаи абзорӣ қарор мегиранд ва барои сусту заиф сохтани иммунитети зеҳнию фарҳангӣ ва ниҳоятан, беҳувият кардани мардум ва табақоти гуногуни  иҷтимоӣ пружаҳои махсус сармоягузорӣ мешаванд. Ба ин маъно, Наврӯзи мо ҳам, ки бори ҳувияти миллӣ ва бозсозии ҳайсиятиро мекашад, зери хатари ҷиддӣ қарор дорад. Аз ин лиҳоз, фарҳангиёну зиёиёни миллӣ муваззафанд, ки ҷилави беҳувиятӣ, бегонашавӣ ва ба истилоҳ, манқуртшавиро бигиранд ва бо роҳандозӣ кардани барномаҳои вежаи сиёсӣ, мафкуравӣ, фалсафӣ, илмӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва маданӣ таҳдидоту хатарҳои мавҷударо, ки рӯз ба рӯз меафзоянд, коҳиш бидиҳанд.

  Пурсиши 4. Тафовути ҷашнгирии Наврӯзи таърихӣ аз Наврӯзи имрӯзи моро дар чӣ мебинед?

  Нозим Нурзода:

   Як ҳалқаи васле ҳаст, ки Наврӯзро аз қадим то ба имрӯз бо мо мепайвандад ва ҳар навигарӣ ва заимасозиҳое, ки дар имтидоди таърихӣ дар заминаи ойину суннат ва маросимоти Наврӯзӣ иттифоқ афтодаанд, қобили пазириш ва истифодаанд, чаро ки Наврӯз ҷашни ҳамсипосӣ, ҳамшарикӣ, ҳамбастагӣ ва баҳамойист. Ҳар миллату халқияте, ки ба Наврӯз иродату муҳаббат дорад, бо дарназардошти муҳтавиёти қавмию миллиаш чизе дар маросимоти Наврӯзӣ зам мекунад ва ин навъ тағйирот ба рӯҳи умумии ҷашн халал ворид намесозад. Тавре ки болотар, ҳангоми баррасии суфраи Наврӯзӣ ироа доштем, муътақидони адён ва мазоҳиби гуногун дар суфраҳои идонаи худ китобҳои муқаддасашонро мегузоштанду мегузоранд. Агар мусулмонон китоби Қуръон ва зардуштиён китоби Авасторо гузоранд, яҳудиён китоби мазҳабии худ – Тавротро мегузоранд. Аммо ин навъ ибтикороти ҷашнию маросимӣ на танҳо ба рӯҳияи мардум халал ворид намесозад, балки онҳоро бештар муттаҳид месозад ва ба дараҷаи баланди ҳувиятӣ ва тафоҳуми миллию мардумӣ мерасонад.

 Пурсиши 5. Тавонмандии Наврӯзро ба ҳайси ҷашни ниёгон, ки ҳама хубию накӯиҳоро дар худ ғунҷондааст, чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

  Нозим Нурзода:

     Агар иҷозат бошад, бо як пора шеъри Наврӯзӣ ин пусишро хулоса кунам:

Наврӯзро ба арсаи таърих хидмат аст,

Умраш баробари қидами умри миллат аст,

Мероси боасолати деринаҳикмат аст,

Фарҳанги иззат аст,

Ойини ваҳдат аст,

Шаъну шарофат аст,

Инсонӣ ҳиммат аст,

Меҳру муҳаббат аст,

Рамзи адолат аст,

Нерую қудрат аст,

Созанда давлат аст!

  Пурсиши 6. Ҳарчанд ки дар ҷараёни посухгӯйӣ ба пурсишоти болоӣ нуктаеро дар заминаи нақши зиёиёни миллӣ дар муаррифӣ ва пойдории Наврӯз ироа доштед, мехоҳем сари ҳамин пурсиш иҷмолан таваққуф намоед.

  Нозим Нурзода:

  Одатан, тавонмандӣ, шукуҳ, қудрат ва бузургии фарҳанги ҳар қавме ба зарфиятҳои зеҳнӣ, равонӣ, ахлоқӣ, отифӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ, илмӣ, эҷодӣ, ҳунарӣ ва билохира фарҳангии он қавм бастагӣ дорад. Дар зимн, қудрат ва тавонмандии миллатро аз рӯйи неруи фарҳанги он миллат мушаххас ва баҳогузорӣ мекунанд. Дигар ин ки, ҷомеашиносон бар ин назаранд, ки мо зодаи  фарҳангамон ҳастем, бинобар ин, нақш ва аҳамияти фарҳанг дар шаклгирии диду назари умумии ҷомеа асосӣ ва калидӣ мебошад (таваҷҷуҳ шавад ба: Лодан Амир Ҳусайн. Худосолорӣ ва дармондагӣ. Мубориза барои адолат, озодӣ ва мардумсолорӣ. –Лос-Анҷелес, 2014. -С.16).

 Тавре ки дар заминаи марҳилабандии фарҳанги Наврӯзӣ ва дар доираи пурсиши аввал  ишора кардем, аз охири солҳои шаст ва ибтидои солҳои ҳафтодуми асри бист шурӯъ карда, як зумра равшанфикрони миллӣ бо шумули Буринисо Бердиева, Муъмин Қаноат, Холиқ Мирзозода, Бозор Собир, Лоиқ Шералӣ, Акбар Турсон, М. Мирраҳим, Раҷаб Амон, Рӯзӣ Аҳмад, Бозор Тилав, Муҳаммадҷон Шакурӣ, Комил Бекзода, Саъдулло Раҳим ва дигарон ҷиҳати дар сатҳи иҷтимоӣ таҷлил кардани Наврӯз саъю талоши фаровон варзида, дар ин замина корҳои зиёди фарҳангию  маърифатӣ анҷом доданд. Ҳанӯз дар замони Шӯравӣ Рӯзномаи машҳури “Маориф ва маданият”, ки сардабирии онро рӯзноманигори ҷасури миллӣ хонуми Буринисои Бердӣ (равонашон шод ва ёдашон ба хайр бод!) бар уҳда доштанд, матолиби идона интишор медод, паёму муждагонии Наврӯзӣ ва аз ин тариқ навиди ҳувиятию миллӣ пахшу нашр мекард. Аз инҷо шурӯъ мешавад, талошҳои расмии зиёиёну фарҳангиёни миллӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилӣ ва фарҳангӣ баргузор намудани ҷашни Наврӯз. Ин буд, ки дар он замон, ки мафкураи коммунистӣ ба унвони мафкураи расмию давлатӣ салтанат мекард,  заминаҳои рушди маросимоти миллӣ  (дар мисоли Наврӯзи Ҷамшедӣ) дар шароити нави таърихӣ гузошта шуд. Зимнан, бо ибтикори шахси Шумо (Зоҳири Сайфулло-сардабири ҳафтаномаи “Самак” дар назар аст) дар шумораи ахирии “Самак” гузориши муфассалу ҷолиби Наврӯзии мухбири махсуси газетаи вақти “Комсомоли Тоҷикистон” Л. Шералиев (устод Лоиқ Шералӣ) зери унвони “Наврӯзи Ленинобод” (таваҷҷуҳ шавад ба матлаби ҷашнии Л. Шералиев “Наврӯзи Ленинобод” -- //Самак №11 (488), чоршанбе, 10 марти соли 2021. С.4-5) интишор гардид, ки аз ҷараёни шукӯҳманди ин ҷашни аҷдодӣ дар охири солҳои шасти замони Шӯравӣ дарак медиҳад (иттифоқан, гузориши мазкурро устод Лоиқ Шералӣ ҳанӯз 12 марти соли 1967 таҳия кардааст).

  Воқеан, агар ҷаҳду талоши зиёиёни саршиноси миллӣ намебуд, Наврӯз ба унвони ҷашни фарогири аҷдодӣ наметавонист дар манотиқи гуногуни Тоҷикистони азиз бо шукӯҳу ҷалол таҷлил гардад. Дар шароити кунунӣ маҳз ҷанбаи ҳувиятсозии Наврӯзи Ҷамшедиро, ки асрҳост ҷомеаи форсу тоҷик камбуди онро дар тамоми бурду бохтҳои таърихиаш, ба таври худогогоҳ ва нохудогоҳ эҳсос мекунад, бояд ҳамасола дар раванди таҷлили саросарии ин иди фархундаи миллӣ таҳкиму тақвият бахшем. Ба андешаи мо, сохтани тадриҷии шахсияти вораста аз қайдубандҳои гуногуни иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ақидатӣ ва фарҳангӣ бар пояи Наврӯзи ҳувиятсози Ҷамшедӣ метавонад ҷавшану сипари мустаҳками фарҳангию идеологие бошад, ки ҷомеаи моро аз тирборони хатарзои раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ дифоъ намояд. Ба ин маъно, Наврӯзи Ҷамшедӣ ба унвони иммунитет ва масунияти миллии наслҳои наврасу ҷавон ва билохира ҷомеаи мо хидмат мекунад.

 Пурсиши 7. Барои беҳтар таҷлилу пажӯҳиш намудани ҷашни Наврӯз чӣ пешниҳодҳо доред?

  Нозим Нурзода:

  Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, қабл аз ҳама, ҷаҳонӣ шудани фарҳанги миллию мардумӣ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, моро зарур аст, ки ин ҷашни бостонии миллиро ба карнавали умумимиллӣ, умумимардумӣ ва умумиҷаҳонӣ табдид бидиҳем. Барои ин роҳандозӣ кардани тадбирҳои зайл ба манфиати кор хоҳад буд:

  Якум. Паҳӯҳиши ҷиддӣ (на сатҳию сарсарӣ)-и Наврӯз, ҷанбаҳои фалсафию ҳувиятии он ва дар ин замина тарғиби ҷанбаҳои ҳувиятсози ин ҷашни аҷдодӣ дар сохтмони ҷомеаи нави худсозу худкифо аз ҳар ҷиҳат мусоидат мекунад. Дигар ин ки, бо такя ба неруи олимон, коршиносон, зиёиён ва равшанфикрони миллӣ омода намудани тарҳи карнавали Наврӯзӣ ва дар доираи он баргузор намудани барномаҳои идона раванди худшиносии миллиро таҳкиму тақвият мебахшад.

  Дуюм. Бо рӯйи даст гирифтани иқдомоту ташаббусот ба вуҷуд овардани фазои табиии идӣ ва ҷашнӣ дар имтидоди фарвардинмоҳ (нимаи аввали март ва ибтидои моҳи апрел).

  Севум. Ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони дохилӣ ҷиҳати бунёд ва ба талаботи замон мутобиқ кардани инфрасохтори Наврӯзӣ.

  Чаҳорум. Ҷилавгирӣ аз сохтаву сунъӣ баргузор намудани маросими Наврӯзӣ ва ба ҳолати табиӣ ва муътадил баргардонидани ойинҳои миллӣ (расмиятчигӣ ва сохтакорӣ дар таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз боиси дилбазанӣ ва нокоромадии силсилаи ҷашнҳои миллӣ мегардад).

  Панҷум. Дарёфт, омӯзиш ва эҳёи маросиму суннатҳои Наврӯзӣ, ки дар баъзе манотиқи кӯҳистонии ҷумҳурӣ, мисли навоҳии Масчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Ишкошим ва соири ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистон ҳанӯз миёни доираҳои маҳдуди аҳолӣ (хосса, наслҳои миёнсолу солманд) мутадовиланд.

  Шашум. Тавассути ВАУ, минҷумла телевизион, радио, расонаҳои хабарии расмӣ ва мустақил, пойгоҳ ва сомонаҳои иттилоотӣ-таҳлилии интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ саросарӣ тарғиб намудани суннат ва ойинҳои миллию мардумӣ, ихтисос додани вижабарномаҳои Наврӯзӣ, сабту пахши ҷараёни баргузории сайрҳои идона, гаштугузорҳои оммавии Наврӯзӣ, ба намоиш гузоштани манзараҳои дилошӯби кӯҳистон, гулгашту хиёбонҳои ватан раванди ҳувиятсозии миллӣ, сайёҳӣ ва гардишгарии ватаниро таҳкиму тақвият мебахшад.

  Ба ин монанд тадобири фаровонеро метавон андешида амалӣ кард, ки ҷашни Наврӯз ва соири ойинҳои миллиро ба сатҳи карнавали ҳақиқӣ хоҳанд расонд ва фарҳанги миллию мардумиро ба таври зарурӣ дар миқёси минтақавӣ ва байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

Хондан 1647 маротиба