JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

 «Ба Академияи илмҳо зарур аст, ки дар ҳамкорӣ бо олимони кишварҳои дигар дар самти пайомадҳои тағйирёбии иқлим таҳқиқоту омӯзиш гузаронида, дастовардҳои кишварро дар ин самт ҳамаҷониба муаррифӣ намояд

Эмомалӣ Раҳмон

 Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст баъд аз ба даст овардани истиқлолияти миллӣ тоҷиконро душманони он ба ҷанги бародаркуш оварданд. Агар ваҳдати миллии тоҷикон намебуд мо ба вартаи ҳалокат дучор мегардидем. Ин ваҳдат бузургтарин ва тақдирсозтарин ва арзандатарин дастоварди бузурги халқи тоҷик буд, ки он маҳз бо кӯшишу талошҳо ва ҷонбозиҳои қаҳрамононаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар амал татбиқ шуд. Феълан дар минтақаҳои гуногуни олам ҷанги шаҳрванди давом дорад ва месазад, ки  ин таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин кишварҳо барои ба даст овардани сулҳи бардавом тадбиқ шуда, мавриди омӯзиши дигар кишварҳо гардад. Зиёда аз чоряк аср тоҷикон дар фазои сулҳи бардавом, боварӣ ба ояндаи дурахшон умр ба сар мебаранд, ҳар яке дар ҷои кори худ фаъолияти пурсамари хешро давом дода шукрона аз истиқлолият, шукрона аз ваҳдати пойдори миллати куҳанбунёди худ мекунанд. Бигузор ин ваҳдат абадӣ бошад.

Чоршанбе, 08 Июли 2020 05:15

Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ

   Мардуми шарифу сарбаланди кишвари тоҷик тавонистанд дар атрофи ғояҳои сулҳовари Сарвари давлат муттаҳид шуда, соҳиби Ватани ободу озод гарданд. Имрӯз бо боварии комил гуфта  метавонем, ки мо дар ватани азизамон Тоҷикистон, дар як фазои озоду беғубор, дар як давлати соҳибихтиёр зиндагӣ мекунем ва бояд ободию суботи сиёсати онро муҳофизат намоем.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат таъкид намудаанд: «Сулҳу субот ва ризоияти миллӣ ба халқи тоҷик ба осонӣ муяссар нашудааст. Барои расидан ба ин рӯзи фирӯз моро лозим аст, ки роҳи тӯлонии ноҳамворро тай намоем, мамониатҳои сангинро аз миён бардорем ва мушкилоти гаронро паси сар кунем».

Сешанбе, 07 Июли 2020 06:07

Шахсияти Бобоҷон Ғафуров

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, доктори илмҳои таърих, профессор, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон, Ҳайдаршоҳ Пирумшоҳ иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Шахсияти Бобоҷон Ғафуров» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

  Чанд рӯз пештар мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуд. Мутаассифона, арҷгузорӣ ба ин дастоварди муқаддаси таърихи муосири миллати тоҷик имрӯз ба баъзе ҳамватанонамон хуш намеояд. Хусусан ба онҳое, ки баъди содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш аз Ватан хоинона фирор кардаанд ва аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар кишварҳои дигар пинҳон шудаанд.
Айни замон дар фазои маҷозӣ, аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳо дар атрофи мавзуи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон, фаъолияти тарафҳои музокирот дар он замон ба таври фаъолона баррасӣ мегардад.

Китобҳо