«Ба ҳар даре, ки дохил мешавам, барои беҳбудии ҳоли беморон кӯшиш хоҳам кард ва аз ҳар кори дигаре, ки нописанд ва зишт бошад, ба таври ҷиддӣ худдорӣ менамоям ва аз он корҳо дурӣ меҷӯям.
Он чи дар аснои мушоҳидаҳо ва муоинаҳо аз бемор ва атрофиёни вай мебинам ё мешунавам ва ё бароям кашф мешавад, ба худ иҷоза намедиҳам, ки ба касе онро фош намоям, балки дар ҷумлаи ганҷинаи асрори тиббӣ онро ҳифз хоҳам кард.
Агар тамоми ин Савгандномаро татбиқ кунам ва аз самараҳои (неъматҳои) зиндагӣ аз касби худ бархурдор шавам, ҳамеша байни мардумон ифтихорманд ва сарбаланд бошам. Вале агар онро хилоф кунам ва аз рӯи ин Савганднома амал накунам, аз неъматҳои зиндагӣ, ҳирфа ва ихтисоси худ баҳра набарам ва байни мардумон сарафканда ва шармсор бошам»…
Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, аспиранти АИ ҶТ Зоҳири Сайфулло иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Лоиқ ва худшиносии миллӣ» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Замони мезолит ва неолитро одатан ба 10–15 ҳазор сол тахмин мекунанд. Лекин давоми ин давраи ҳаёти инсонӣ дар ҳар маҳал ҳар хел будааст. Дар асоси маълумот ва мадракҳои мавҷудаи археологӣ ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки аҳолии Осиёи Миёна дар ин давра хеле сершумор гардида, дар шароити сохти қабилавии модаршоҳӣ зиндагонӣ мекардаанд. Дар ин давра олоти истеҳсолот нисбатан мукаммал ва беҳтар мегардад. Усулҳои нави асбобу олотсозӣ: сайқал додан, парма ва арра кардан, ки дар гузашта аз онҳо ҳеҷ асаре набуд, ба таври васеъ паҳн мешаванд. Соҳаҳои нави хоҷагӣ, аз қабили кулолӣ, зироат ва чорводорӣ низ ба вуҷуд меоянд. Мувофиқи шароити табиӣ дар ноҳияҳои гуногуни Осиёи Миёна маконҳои шикорчиёни моҳигир, шикорчиёни чорводор ё худ барзгарони ибтидоӣ пайдо мешаванд.
Агар кас гузаштаи аҷдоди худро надонад, инсони комил нест!
Ин хитобаи сода, вале дар айни замон ҷиддии бузургони илму адаби мо аз қаъри асрҳо ба гӯш мерасад ва ҳушдор медиҳад, ки аз таърихи миллату сарзамин, расму русум ва дину оини худ мудом воқиф бошем. Воқеан, таърихро хотираи инсоният меноманд. Пас ҳар фард бе омӯзиши таърихи кишвари худ аслу насаб ва маърифати бумиву зотиашро пойдору бегазанд нигоҳ дошта наметавонад, аз решаи хеш дур ё канда шуда, ба вартаи гумномӣ ё фано қадам мениҳад ва, ба таъбири имрӯзиён, «манқурт» мешавад. Яъне инсон таърихи гузаштаи худро фаро нагирад, табиист, ки аз зоти худ, роҳи тайкарда, дастовардҳои сиёсиву фарҳангӣ ва бурду бохти мардумаш ноогоҳ монда, чун махлуқе одамсурат, вале бепарво, бемасъулият, бенишон умр ба сар мебарад. Ин бадбахтии бузург аст. Охир орӣ аз хотираи гузашта, фориғ аз ғами фардо чӣ хел худро инсон мешуморӣ?