JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 31 Декабри 2020 05:55

Соли нав ба ҳамаи ҳамватанон фархунда бод!!!

Муаллиф:

  Дар пешорўйи ҳар соли нав, ки анъанаест бозмонда аз даврони Шўравӣ, бештар ду нигоҳ фарогирандаи зеҳн ва шуури ҳар як инсони андешаманд мебошад. Яке, нигоҳ ба он чи ки гузашт ва дигаре, нигоҳи ояндае, ки моро интизор аст. Баъзан ташвишҳову нигарониҳо аз имрўзу оянда барангезандаи ҳолати навмедии  инсон мешаванд. Ин ҳолат аз он сарчашма мегирад, ки  инсонҳо ба амалишавии барномаҳои тарҳрезишудаи худ бовар надоранд.  Аз нигоҳи равоншиносӣ, ягона ҳолате, ки дар рўҳияву зеҳни инсон ангезаи муҳаббат ва маънои зиндагӣ мебахшад, умед аст. Умеду орзуҳо  сарчашмаҳоеанд, ки ояндаи зеҳни ҳар инсонро пешгўйӣ мекунанд. Яъне, нигариш ба оянда аз умедҳо файзёб шуда, дар масири зиндагӣ моро дар оғўши худ мегирад. Маҳз ҳамин умед буд, ки фарҳанги куҳанбунёди мо дар домони тафаккур ва тахайюли рангини худ ҷашну маросими зиёде парварида, ба ҷаҳониён манзур сохт, ки ҳар яки онҳо умед ба ояндаро дар қалби инсонӣ таҳким мебахшанд. Умед ба ояндаи рўшан ва нармиши иҷтимоӣ дар ҷашни Зоиш (мелоди Меҳр), ки бозгўкунандаи умеду орзуи инсонист, рамзи хайриятхоҳӣ ва шодмонии башар талаққӣ  мешавад. Муҳим он аст, ки  Зоиш аз ҳавзаи фарҳанги бумӣ ба муҳити румӣ-урупойӣ интиқол ёфта, умеду хайрхоҳиро барои насли инсонӣ ба дуриҳои дур бурд ва самараи он умедро дар ҳамкорию ҳамбастагии мардуми сайёра имрўз метавон ба хубӣ мушоҳида кард.  

  Аз фурсати муносиб истифода намуда, ба мардуми шарифи Тоҷикистон дар соли оянда, қабл аз ҳама, умед ва боварӣ ба имрўзу фардо дар партави андешаи наву ҷадид таманно дорем. Навсозӣ, ба гуфтаи Ҳантингтон, «бояд ҳамроҳ бо як таҷдиди асосии тавзеи қудрат дар чаҳорчўби низоми сиёсӣ бошад. Зеро низомҳои сиёсии муосир конунҳои қудрати маҳаллӣ,  мазҳабӣ  ва қавмиро дар ҳам шикастаанд ва тамаркуз дар ниҳодҳои сиёсии миллӣ кардаанд». Воқеияти имрўзи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки мо дар марҳилаи сохтмони сиёсати миллӣ қарор дорем. Бинобар ин, зарур аст, ки бо назардошти шароити имрўзи бархўрдҳои сиёсӣ сиёсати миллӣ ва давлатиро бар пояи шинохти арзишҳои муосир ва оянда барномарезӣ кунем. 

  Таманно мекунем, ки соли навро бо беҳтарин орзуҳо истиқбол намоед, то ки ҳама рўзу рўзгори Шумо давоми ин сол хушоянд бошад. Соли нав ба ҳамаи ҳамватанон фархунда бод!!!

Маъмурият

Паёми солинавӣ

Эй Ватан, Соли нав акнун бар заминат по гузошт,

Бо шукӯҳу шавкаташ дар қалби покат ҷо гузошт.

Хандаи мардум ба ҳусни соли нав зам мешавад,

Боварӣ дорам, ки ашки ғам дигар кам мешавад,

Дар замини макру дуну фитна мотам мешавад,

Зиндагии хуб баҳри мо фароҳам мешавад,

Чун шумори деву шайтонзодагон кам мешавад,

Ин ҷаҳон маҳди вуҷуди ҷумла одам мешавад,

Соли нав бо хушқудумӣ зеби олам мешавад,

Тоҷикистон, Соли нав фархунда бод,

Дӯстӣ – ҳамбастагӣ поянда бод!

охири декабри соли 1996

 

Паёми солинавӣ

Соли нав овард бар мо муждаи иқболҳо,

Муждаи иқболи миллат аз карони солҳо.

Баҳри дафъи султаи Афросиёбони замон,

Боз ояд Рустаму Суҳробу Сому Золҳо.

Аз балою аз хатарҳо то барад миллат паноҳ,

Ай хушо, Симурғи мо густурда созад болҳо.

Ай бародар, то нагардад ҷисму рӯҳи мо қавӣ,

Бошад охир бесамар ин ҳарфу қилу қолҳо.

Орзу дорам, ки тоҷик андар ин соли ҷадид,

Вораҳад аз банди шайху сӯфию абдолҳо.

28 декабри соли 2019, шанбе, соати 08:00 субҳ.

 

           Рубоии солинавӣ

Мушсол бирафту омада Соли Бақар,

Соли Бақар оварда ҳама фатҳу зафар.

Бигзор, ки пирӯз шавад навъи башар,

Бар зулми курунову вабоҳои дигар!

31 декабри соли 2020, панҷшанбе, соати 06:23

 Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

 

Соли ту наку бодо!

 Ин чархи замон нав шуд, соли ту наку бодо!

Парвози нават хоҳам, боли ту наку бодо!

Бишкуфта туро бинам, ҳар рӯз чу гулҳо тар,

Ҳар лаҳза дар ин айём ҳоли ту наку бодо!

Он  ғуссаи пешинсол, қадди ту чу дол овард

Дар соли навин эй ёр, доли* ту наку бодо!

Вазъи бади молӣ буд дар куҳанработи даҳр,

Дар соли нават хоҳам моли ту наку бодо!

Бошад, ки барад бо худ соли куҳан андуҳаш,

Пайғоми наваст дар раҳ, фоли ту наку бодо!

Бас файзу нишот орад, олам ба субот орад

Ошиқ ба канор орад, соли ту наку бодо!

 

И.Шарифзода

31.12.20

Хондан 1325 маротиба