JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Файласуфи миллӣ дар қаламрави фалсафаи озодандешӣ

(Номаи шодбошӣ)

Устод Нуриддин Шаҳобиддин,

          Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолаеи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

Панҷшанбе, 09 Январи 2020 07:56

Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ

Файласуфи миллӣ дар масири рӯшангарӣ

 (Шодбошии аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша” ба ифтихори зодрӯзи файласуф, андешаманд ва равшанфикри миллӣ, Устод Комил Бекзода)

   Файласуф ва равшанфикри муосири миллӣ  устод  Комил Бекзода имрӯз (9 январ) ба синни 75  мерасанд. Устод як умри азизи хешро сарфи омӯзишу таҳқиқи масъалаҳои умдаи фалсафӣ, иҷтимоӣ ва маданӣ карда,  то имрӯз дар  масири рушду таҳаввули ҷаҳонбинии фалсафӣ ва биниши миллӣ бардамона гом бардошта истодааст. Аз солҳои донишҷӯйӣ шурӯъ намуда, устод  Комил Бекзода озодандешӣ ва ҳувиятшиносиро минҳайси мабодии илмию фалсафӣ ва фарҳангию эҷодӣ меъёри кору фаъолият қарор дода, ин иқдомро то имрӯз, бидуни фосилаю таваққуф идома медиҳад.

Чоршанбе, 08 Январи 2020 14:47

Хоқонӣ ва Шуубия

 Шаҳаншоҳи ислом-Хоқони Акбар,

Ки тоҷи сари Оли Сомон намояд.

                                       Хоқонӣ

  Баъди аз байн рафтани давлати миллии Сомониён, рӯи кор омадани сулолаҳои турктабор ва ташкили давлатҳои ғайримиллии Ғазнавиёну Қарахониён ва алалхусус, Салҷуқиён рӯҳи миллӣ ба заъф гароида буд ва рӯҳи мазҳабию қавмии атрок дар ҷомеа ҳукмронӣ менамуд.

Сешанбе, 07 Январи 2020 14:18

Дарси вафодорӣ

  “Аз таҷрибаи солҳои тадрисӣ дарк намудам, ки “муаллим” новобаста аз хоҳишу хостор вориди зиндагии ҳар  кӯдак ва хонаводаи ӯ  мешавад”. Ин сухани муаллимаи мактаби №53-и ш. Душанбе (ҳоло Гимназияи ба номи Муҳаббат Маҳмудова) Саида Бобоева мебошад.

  Мо донишҷӯёни солҳои 70-ум ва 80-уми асри гузашта, асарҳои нависандаи маҳбуб, Баҳром Фирӯзро ба ҳавас мехондем. Ин бор, баъди чиҳил сол, хотираҳои ҳамсари устод, муаллима Саида Бобоеваро, ки  журналист ва нависандаи  пуркор Латофат Кенҷаева ба номи “Таронаҳо бо олиҳаи вафо” китобат кардаанд, бо таҳсину ҳаваси бештар хондам. Чунки андешаву хулосаҳои аз баландии ҳафтод соли умр гуфта, ҳама санҷида, рӯшаншуда ва ҳақиқати зиндагии як оилаи пешқадам ва ҳавасбарангези замони мо мебошанд. Китобро хонда ба фикр меоӣ:  “Муҳаббату вафодории чунин занҳост, ки мардҳо шоир, олим ва ҷангҷӯй мешаванд. Баҳри ватан ва шуҳрат ҷон нисор мекунанд”.

Китобҳо