JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 19 Ноябри 2020 12:31

Буҳрони фалсафӣ ва ҷаҳони имрӯзӣ (чанд андешаи муқаддимотӣ дар ҳошияи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа)

Муаллиф:

 

  Мусаллам аст, ки Рӯзи ҷаҳонии фалсафа аз сӯйи Созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО панҷшанбеи севуми моҳи ноябри ҳар сол муқаррар гардидааст. Нахустин маросими бузургдошти Рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар таърихи 21 ноябри соли 2002 иттифоқ афтодааст. Дар аксари кишварҳои дунё Рӯзи ҷаҳонии фалсафа панҷшанбеи севум ва ё охири моҳи ноябри сол таҷлил мегардад ва дар ин рӯз, ғолибан гузоришу суҳбатҳои файласуфони шинохта мавриди истимоъ ва баррасӣ қарор мегиранд. Дар Фаронса баъзан се рӯзро барои таҷлили ин Рӯзи ҷаҳонӣ ихтисос медиҳанд ва дар доираи чорабиниҳои фалсафӣ баҳсу мунозироти фалсафӣ бо ҳузури фаъоли занону бонувони файласуфи фаронсавӣ доир мегардад. Дар мамолики пасошӯравӣ суннати таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа густариш пайдо намуда, дар ин замина ибтикороти зарурӣ рӯйи даст гирифта мешавад. Ба ин маънӣ, дар Федератсияи Россия, Украина, Белоруссия имсол 19 ноябр ба унвони Рӯзи ҷаҳонии фалсафа таҷлил мегардад. Дар ин рӯз гузоришҳои илмӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ, нишастҳои ихтисосӣ, намоишгоҳҳои ҳунарӣ, мубоҳисоти фалсафӣ ва маҳофили илмӣ гузаронида мешаванд.

 Дар доираҳои илмию ихтисосии мо ҳам таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба ҳукми анъана даромадааст ва ба ин муносибат ҳамасола Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳавзаҳои донишгоҳии ҷумҳурӣ чорабиниҳои илмӣ доир менамоянд. Бо таваҷҷуҳ ба ин, 17 ноябри соли ҷорӣ бо ташаббуси мудирияти Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ дар маҷлисгоҳи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва ҳузури фаъоли файласуфони муосири миллию ватанӣ маҳфили бошукӯҳе таҷлил гардид ва масоили умдаи фалсафӣ мавриди радду бадали илмию ихтисосӣ қарор гирифт. Қарор аст, дар рӯзҳои баъдӣ дар муҳитҳои донишгоҳӣ ва ҳавзаҳои дигари фикрӣ таҷлил аз Рӯзи ҷаҳонии фалсафа идома пайдо кунад. Дар заминаи Рӯзи ҷаҳонии фалсафа чанд мулоҳизаи хешро ба таври иҷмолӣ ироа медорем:

  Якум. Инсон бо мушкилоти замон ва рўзгор, ќабл аз ҳама, аз тариќи силоҳи маънавӣ – огоҳӣ ва дониш бархўрд мекунад. Огоҳӣ инсонро дар баробари хатару мушкилот осебпазир мегардонад ва ин аст, ки кайфияти огоҳӣ ё ба истилоҳ, сатҳи огоҳиҳои мардум масири ҳаракати ўро дар ҷаҳону ҳастӣ таъйин менамояд. Дар масири касби огоҳиҳо ва шинохти инсон, ҷомеа, ҷаҳон ва кайҳон фалсафа ҷойгоҳи вежа дорад. Беҳуда нест, ки фалсафаро “модари илмҳо” унвон кардаанд ва сатҳи бинишмадории инсон аз кайфияти дастрасиаш ба фалсафа ва улуми фалсафӣ маълум мегардад.

 Дуюм. Мардум аз қадимтарин замонҳо барои посух ҷустан ба мушкилот ва муаммоҳои зиндагӣ аз ақлу зеҳн кор гирифтааст ва тавассути сохтмони мағзӣ ба суолоти рӯзгор ҷавоб додаанд. Ба сухани дигар, мардум аз бомдоди зиндагӣ бо фалсафа ва пурсишҳои фалсафӣ ҳамқисмат будааст ва ба истилоҳ, “фалсафидан”-ро меҳвари кори фикрӣ ва ҷисмонии худ қарор додааст. Ҳатто инсонҳои ҷомеаи аввалия (ҷамои ибтидоӣ дар назар аст), бо он ки дар пешорӯйи мушкилоти рӯзафзуни зиндагӣ ва ҷаҳон оҷиз буданд, ҳунари пурсишгариро, ки аз тақвияту ҳаракоти фаъоли зеҳн маншаъ гирифта, нахустзаминаи тафаккури фалсафӣ маҳсуб меёбад, кашф карданд ва дар баробари муаммоҳои ҳаётӣ ҷасурона воистоданд. Ба ин тартиб, аз қадимтарин замонҳо инсон донистан ва шинохтани муаммоҳои олами ҳасту буд ва бар ин мабно тасмим гирифтанро меъёри кор қарор дода буданд. Ба ёд меоварем ду қавли пири файласуфони ҷаҳонӣ Арастуро: “Мардум, табиатан, мехоҳанд бидонанд” ва “Барои файласуф набудан ҳам файласуф бояд буд”. Дар асрҳои миёна мафкурасозони динию мазҳабӣ фалсафиданро, ҳарчанд ки интиқод мекарданд, ба фалсафа ва улуми фалсафӣ таваҷҷуҳ доштанд. Масалан, яке аз сӯфиёни матраҳи асримиёнагӣ Маҳмуди Шабустурӣ дар маснавии машҳури “Гулшани роз” гуфта буд:

Зи дурандешии ақли фузулӣ,

      Яке шуд фалсафӣ дигар фузулӣ.

  Севум. Фалсафа (фарзонагӣ ва хираддӯстӣ) донишест, ки ба тааммул, тафаккур ва пурсиш дар бораи масъалаҳои бунёдӣ ва асосие (мисли ҳастӣ, огоҳӣ, воқеият, арзиш, хирад, зеҳн, забон ва амсоли инҳо), ки дар ҷаҳону зиндагӣ бо онҳо мувоҷеҳ ҳастем, посух меҷӯяд ва дар ин замина муколима ва гуфтумонро ба роҳ меандозад. Аз тарафи дигар, фалсафа на танҳо ба унвони тааммули назарӣ, балки ҳамчун “шева ё ҳунари зистан” ва талоше барои “хубу шоиста зистан” муаррифӣ мешавад. Албатта, ҳамеша фалсафа собит кардааст, ки хубу шоиста зистан, қабл аз ҳама,  ба талошҳои мудавоми насли ҳушманди башарӣ бастагӣ дорад. Гузашта аз ин, ин хубу шоиста зистан имкон фароҳам меоварад, ки хираддӯстӣ ва фарзонагӣ (фалсафа ва донишҳои фалсафӣ) дар ҷомеа ва қаламрави иҷтимоӣ реша давонанд ва мардумро дар марзи огоҳӣ ва иттиҳоду ҳамбастагӣ мунсаҷим созанд. Ин хуб зистан ва шоиста умр ба сар бурдан аст, ки мардумро ба сӯйи хирадмандӣ, фазилатгаройӣ ва инсонпарастӣ савқ дода, шароити мусоидро барои раҳоӣ аз мушкилоту печидагиҳои  зиндагию рӯзгор фароҳам меоварад. Ҳанӯз Суқроти ҳаким дар муколимоту гуфтумонҳои худ миёни ҷавонон ин пурсиши фалсафиро матраҳ мекард: “фазилат чист ва беҳтарин ҳукумат кадом аст”. Аз ин ҷост, ки фалсафа, аз як тараф, ба моҳияти ҳастиву вуҷуд тамаркуз мекунад ва аз ҷониби дигар, назарияи ахлоқию сиёсиро мабнӣ бар беҳтарин шеваи зист матраҳ месозад. Ба ин маъно, файласуфи ҷаҳонӣ Бертран Рассел фалсафаро ҷузви зиндагии иҷтимоъ донистааст (ниг.: Рассел Бертронд. Таърихи фалсафаи Ғарб ва равобити он бо авзои сиёсӣ ва иҷтимоӣ аз ќадим то имрўз. Тарҷумаи Наҷаф Дарёбандӣ. Нашри электроникӣ, баҳманмоҳи 1388. –С.8). Ҳарчанд ки фалсафа дар доираи илми алоҳида омӯхта шуда, мунҳасир ба як ихтисос аст, ниёзҳои муштараки мардумиро инъикос мекунад. Ин аст, ки мардум ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ ба фалсафа алоқаманданд ва ин алоқамандӣ ва ба истилоҳ, шефтагӣ ба ниёзҳои муштараки инсонҳо бастагӣ дорад.

  Чаро фалсафаро ба унвони донише, ки бо тағйироти фикрӣ ва назарии инсон сари кор дорад, муаррифӣ мекунанд? Чунки фалсафа назарияи зиндагии инсониро дар ин ҷаҳон ба риштаи таҳқиқ мекашад ва инсонро тавассути касби огаҳиҳо ба посух ёфтан ба пурсишҳои муҳиме, аз ќабили “Зиндагӣ чист?”, “Чаро марг вуҷуд дорад?”, “Иллати ранҷу дарди инсонӣ дар ҷаҳони вуҷуд чист?”, ”Наќши инсон дар олами вуҷуд”, “Моҳияти вуҷуду зиндагӣ”, “Ҳадафи инсон аз зистан” ва садҳо посухи дигар аз ин ќабил даъват мекунад. Нуќтаи матраҳ дар мубоҳисоти фалсафӣ шинохти моҳияти зиндагӣ, тааммул дар масъалаи маргу нестӣ, асли зинда будан, зистан ва огоҳона посух ҷустан ба пурсишҳои болоӣ, ки ба таври худогоҳ ва нохудогоҳ инсонро ранҷ медиҳанд, маҳсуб меёбад. Аз ин ҷост, ки фалсафа, пеш аз ҳама, бо зиндагӣ алоќаманд аст. Ба сухани дигар, фалсафа илми огоҳист: огоҳӣ дар бораи инсон, огоҳӣ дар бораи зиндагӣ, огоҳӣ дар бораи нестию марг. Агар сари ҳамин мавзўъ ва матлаб дар густураи таърихи инсонӣ андеша кунем, ба хубӣ дармеёбем, ки файласуфон, мутафаккирон, адибон, озодандешон ва донишмандон тайи зиндагӣ дар атрофи ҳамин масъалаи бунёдӣ – будӣ ва нобудӣ, адам ва вуҷуд, ҳастию нестӣ, зиндагӣ ва марг ковишу ҷустуҷў кардаанд ва маҳз ҳамин пурсиши калидӣ инсонҳои огоҳу ҳушмандро ба тағйироти фикрӣ, акидатӣ, фалсафӣ ва амсоли инҳо водоштааст. Тавассути ин пурсишҳо, ки дар марзҳои фалсафа ҷой гирифтаанд, мағзи инсон тағйир мехўрад ва барои посух гуфтан ба силсилаи пурсишот аз доираи илмҳои ҷамъиятӣ – фалсафа, инсоншиносӣ (антропология), ҷомеашиносӣ, фарҳангшиносӣ, ахлоқшиносӣ, зебоишиносӣ, равоншиносӣ, сиёсатшиносӣ, адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, мардумшиносӣ, таърихнигорӣ, диншиносӣ ва амсоли инҳо мадад меҷўяд. Аз ҳама муҳим, фалсафа ба унвони ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносӣ ба мардум худшиносӣ ато мекунад. Худшиносӣ ва махсусан, худшиносии миллӣ мушаххасаест, ки дар ҳамаи давру замон барои инсонҳои зинда аввалиндараҷа буда ва ҳаст. Аз ҳама муҳим, агар илм махсусияти башарӣ ва умумиинсонӣ дошта бошад, фалсафа хусусияти миллӣ дорад. Ба ин маъност, ки фалсафа ба миллиятҳои иронӣ, мисрӣ, юнонӣ, румӣ, чинӣ, ҳиндӣ, тоҷикӣ ва амсоли инҳо иртибот мегирад. Дар зимн, агар соири улум бо шумули илмҳои табиӣ-риёзӣ мутахассис омода намоянд, фалсафа инсонро дар сатҳи шаҳрванди донову огоҳ тарбият мекунад.

  Чаҳорум. Фалсафа, қабл аз ҳама, бо шахсияти файласуф ва ҳарфу сухани фалсафӣ тавъам аст. Файласуф нафарест, ки воқеияти зиндагиро дар мизони ақлу мантиқ баркашида, дар баробари мушкилоти ҳаётӣ, зулму истисмор, беадолатию беинзиботӣ, хурофоту таассуби ҳамагиру вогир қад алам мекунад. Ба ин маъно, муҳаққиқон файласуфро виҷдони огоҳ ва бедори башар номидаанд. Аз ҷумла, файласуфи овозадори ғарбӣ Эдмунд Ҳуссерл гуфта буд: “Файласуфон хидматгузорони башар ҳастанд”. Файласуф ҳамеша фаротар аз авом фикр мекунад ва дар ҳолати рӯ задани бархӯрдҳои иҷтимоию сиёсӣ, мушкилоти маданӣ ва ташаннуҷи хурофоту таассуби динию дунявӣ дар раддаи пеши муборизаҳо қарор мегирад ва дар масири маҳори буҳронҳои маъноӣ, мафҳумӣ ва маънавӣ гомҳои устувор бармедорад. Файласуф дар ҷараёни рӯёрӯйӣ бо таҳдиду хатару мушкилот аз силоҳи донишу мантиқ кор мегирад ва бо ҷасорати мунҳасир ба фард дар майдони муборизоту муқовимоти мафкуравӣ қарор мегирад. Файласуфони номовари асри бистум Бетран Рассел, Карл Ясперс, Жан Пол Сартр, Албер Камю, Габриел Марсел, Симона де Бовуар, Мишел Пол Фуко ва дигарон намунаи барҷастаи шахсиятҳои фалсафианд, ки дар баробари мушкилоти замон ва буҳронҳои сиёсию иҷтимоӣ ва мафкуравию маданӣ қаҳрамонона воистодаанд ва ҷасоратмандона ба башар паёми озодӣ ва масъулияти инсониро расонидаанд. Бузургӣ, ҷуръатмандӣ, масъулият ва фазилати онон ба дараҷае будааст, ки то имрӯз насли нави файласуфону андешамандон ва донишомӯзон дар Рӯзҳои ҷаҳонии фалсафа навор ва сабти садои суханрониҳои ононро гаштаю баргашта тамошо ва гӯш мекунанд. Маҳз фалсафа ва илмҳои фалсафӣ дар сесад соли ахир Аврупо ва Ғарбро ба мароҳили нави таҳаввулоту тараққиёт расонида, инсонро аз сатҳи як мавҷуди биологӣ ба мақоми баланди шаҳрвандӣ боло бурдаанд. Озодӣ, истиқлол, гуфтумон, муколима, мардумсолорӣ, озодандешӣ, либерализм, ҳуманизм ва ба ин монанд мафоҳими мудерн, ки тору пуди давлат ва ҷомеаҳои ғарбиро ташкил медиҳанд, самараи муборизаи зиёда аз сесадсолаи файласуфону равшанфикрони ғарбист.

 Панҷум. Кори фалсафа гуфтумон аст, гуфтумон барои ҳалли мушкилоти башарӣ ва ҷилавгирӣ аз фоҷеаю мусибатҳо, ки бар асари нодонӣ, хурофазадагӣ, бемасъулиятӣ, саҳлангорӣ, худшефтагӣ, беҳувиятӣ, ҷоҳталабӣ, мансабталошӣ ва амсоли инҳо иттифоқ меафтанд. Ҳоло ки ҷаҳон дучори буҳрони амиқи бемаъноӣ шудааст, вуҷуду ҳузури фалсафа, файласуф ва мабоҳиси фалсафӣ асли зарурат аст. Дунёе, ки дучори бемаъноӣ мешавад, дунёи тафаккурзудо ва хирадситез аст. Муҳаққиқони фалсафаи муосир ба ин нукта ишора мекунанд, ки баҳсу мнозироте, ки дар фейсбук ва дигар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳандозӣ мешаванд, ин воқеиятро бозгӯ мекунанд, ки мо бо буҳрони амиқи бемаъноӣ ва тафаккурзудоӣ рӯ ба рӯ шудаем. Ин ки имрӯз бо ҳаракатҳои тундрави динию дунявӣ мувоҷеҳем, натиҷаи ҳамин андешазудоӣ ва тафаккурситезист. Барои як ҳаросафкан ва тундрав ҳама арзишҳо яксонанд ва дунёро дар тарозуи зеҳни худ ва тасоҳуби ҳақиқате, ки худ ва ё муассисонаш ба ӯ додаанд, бармекашад ва арзёбӣ мекунад. Ин аст, ки барои бурунрафт аз халои фикрию зеҳнӣ ва тафаккурӣ ба фалсафа ва пурсишҳои фалсафӣ ниёз дорем. Ҳар қадар ин пурсишҳо зиёд матраҳ гарданд ва зеҳни хоболуди мо, инсонҳоро, ба андешидан ва пурсидан водоранд, ҳамон қадар шароити мусоиди бурунрафт аз мушкилоти фикрию идеологӣ фароҳам меояд. Ба сухани дигар, баҳсҳои фалсафӣ, ки бар мабнои мантиқ тарҳрезӣ мешаванд, озодӣ ва истиқлоли фикрии ҷомеаро таъмин мекунанд. Ба ин маъно, фалсафидан андешидан ва андешидан озод будан аст. 

 Шашум. Навиштан ва таълим додан (пири файласуфон Суқроти ҳаким ва шогирдаш Афлотун тавассути таълим ва гуфтугӯ бо ҷомеа ва бахусус, насли ҷавон дар тамос мешуданд ва дар ташаккули ҳунари пурсишгарӣ ва ҷасоратмандӣ саҳми муносиб мегирифтанд) аз муассиртарин фарояндҳои иваз кардани зеҳну тафаккури башар ва махсусан, насли наврас ба шумор меравад. Тавре ки болотар ишора кардем, башар бо буҳрони маъноӣ ва ҳувиятӣ мувоҷеҳ гардидааст. Буҳрони ҳувиятӣ натиҷаи буҳрони маъноӣ аст. Имрӯз, мутаассифона, баъзе аз арзишҳои ҳуманистӣ дар миёни насли ҷавон камтар маъно доранд. Файласуфон, ки  пурсишгарони воқеиётанд, тавассути пурсишҳо ва баҳсу гуфтумон ҷомеа ва насли ҷавонро ба сӯйи худшиносӣ савқ медиҳанд. Аз ин лиҳоз, пеши роҳи буҳрони маъноӣ, ҳувиятӣ ва омӯзиширо, ки насли ҷавонро ба чолиш кашидааст, фалсафа ва мабоҳиси фалсафӣ гирифта метавонанд. Воқеият ин аст, ки як гурӯҳ технократҳо пешрафтро танҳо дар рушди улуми табиию риёзӣ ва техникӣ имконпазир медонанд ва мақоми фалсафа ва улуми фалсафиро дар рушди фикрию техникӣ нодида мегиранд. Ин аст, ки арзишҳои инсонӣ ҷойро бар арзишҳои дигар, ки дар қолаби фиребои “инноватсия” инсиҷом ёфтаанд, додаанд ва ба ин тартиб, раванди роботишавии ҷомеаро тақвият кардаанд. 

  Ҳафтум. Собиқ директори генералии Созмони ЮНЕСКО Ирина Бокова дар паёме ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии фалсафа гуфта буд, ки нигаришҳои фалсафа дар бархӯрд бо печидагиҳои замони имрӯз ва бардоштани гоме ба сӯйи гуфтугӯҳои созанда барои тадвини роҳкорҳои муассири ҳалли мушкилот зарурианд. Фалсафа беҳтарин роҳ барои рӯшангарӣ ва омӯзиши шаҳрвандон ва абзори мубориза бо ҷаҳлу таассуб мебошад. Бино ба гузориши ЮНЕСКО, фалсафа бояд аз пояи дабистон оғоз шавад, то шаҳрвандонро дар баробари офатҳое назири ҷаҳл, таассуб, эътиқоду итоати кӯркӯрона, ки ҷангу хунрезӣ ва даргириҳои зиёдеро дар пай дошта ва дорад, муқовим созад. Дар шароити феълӣ, ки бархӯрдҳои сиёсию тамаддунӣ ташаннуҷ пайдо мекунанд, таҷлили Рӯзи ҷаҳонии фалсафа саривақтӣ ва зарурати таърихист. Рӯзи ҷаҳонии фалсафа ба унвони рӯзи “танаввуи забонҳо”, ки ҳомили фарҳангҳои гуногун ҳам ҳастанд, дар ба ҳам овардану муттаҳид кардани миллияту халқҳои гуногунун нақши калидӣ дорад. Аз ин ҷост, ки фалсафа дар шароити имрӯзӣ бояд мушкилоти фикрӣ, зеҳнӣ, инсонӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро расидагӣ кунад ва билохира нармиши фарҳангҳоро ба вуҷуд биоварад. Ба таври куллӣ, фалсафа дамидани рӯҳи интиқодӣ ба ҷисму бадани башар, нақди хушунат ва интиқоди тасоҳуби ҳақиқат мебошад.

 Ҳаштум. Файласуфони муосири тоҷик, устодон Аловуддин Баҳоваддинов, Муҳаммад Болтаев, Муҳаммад Осимӣ, Насрин Идибеков, Иброн Шарифов, Султон Наврӯзов, Ғаффор Ашӯров, Аҳмадҷон Муҳаммадхоҷаев, Маҳмадқул Ҳазратқулов, Абдусамад Самиев, Мусо Диноршоев, ки дар қайди ҳаёт нестанд (равонашон шод ва ёдашон гиромӣ бод!), аз ҷумлаи файласуфони миллӣ маҳсуб меёбанд, ки дар рушди фалсафаи миллӣ ҳанӯз дар замони Шӯравӣ нақши асосӣ гузошта буданд. Насли имрӯзи файласуфони тоҷик, устодон Акбар Турсон, Кароматулло Олимов, Муҳаммадалӣ Музаффарӣ, Комил Бекзода, Саъдулло Раҳим ва дигарон, ки дар коргоҳи илмию эҷодӣ масоили муҳимми фалсафиро дунбол мекунанд, дар таҳкими биниши фалсафӣ ва таҳаввули озодандешии миллӣ саҳми муносиб мегузоранд. Бошад, ки фалсафа минҳайси ҷаҳонбинии интиқодӣ ва биниши таҳлилӣ дар миёни табақаҳои гуногуни ҷомеаи тоҷик мутадовил гардад ва роҳро барои рушду таҳаввулоти фикрию иҷтимоӣ ва иқтисодию маданӣ ҳамвор созад. Бигзор, Рӯзи ҷаҳонии фалсафа дар қаламрави ҷумҳурӣ ба унвони Рӯзи хиради миллӣ маҳбубият пайдо намояд ва насли ҷавони мо, бо такя ба хиради Симурғӣ, Ҷамшедӣ, Фаридунӣ ва Хусравонӣ дар бунёди давлат ва ҷомеаи мутмаддини миллию дунявӣ саҳми арзанда гузорад.

             Рӯзи ҷаҳонии фалсафа барои хираддӯстону фарзонагон ва ҳамватанони азизи тоҷик муборак!

Нозим Нурзода 

Хондан 1494 маротиба