JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 19 Ноябри 2020 05:57

Таъсири коронавирус ба ҷараёни муҳоҷират ва роҳҳои минбаъдаи беҳтаргардонии вазъият

Муаллиф: Бобоев Анвар Абдуллоевич

  Ҷаҳони имрӯза ва шаҳрвандони ҳамаи кишварҳои дунё оғоз аз аввали соли 2020 ба касалии сирояткунанда ва зуд паҳншавандаи «коронавирус» дучор гардидаанд, ки вобаста ба он бисёри корхонаю идораҳо бевосита аз шакли моликияташон фаъолияти худро дучанд паст кардаанд, ё ин ки муваққатан қатъ намудаанд. Чунин зуҳуроти ба амал омада шумораи бекоронро боз ҳам зиёд намуд ва он ба сатҳи зиндагии аҳолӣ ва вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад.

  Бонки умумиҷаҳонӣ дар ҳисоботи нашрнамудаи худ аз 22 апрели соли ҷорӣ пешгӯӣ менамояд, ки вобаста ба пандемияи коронавирус ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирон дар таърихи навини инсоният аввалин маротиба дар сатҳи ниҳоят паст қарор дода мешавад. Агар соли 2019 дар ҷаҳон ҳаҷми умумии интиқоли маблағҳои муҳоҷирон ба кишварҳои даромадашон паст ё миёна 554 млрд. долларро ташкил карда бошад, пас имсол он зиёда аз 20% камтар мегардад ва ин албатта ҳаёти одамонро бад намуда сатҳи камбизоатии аҳолиро баланд менамояд. Дар ҳисоботи Бонки умумиҷаҳонӣ инчунин қайд карда шудааст, ки интиқоли маблағҳо ба кишварҳои Осиёи Марказӣ то 28% паст мегардад (манбаъ: rus.ozodi.org/a/30573836.html) ва таъсири манфии садамоти беруна бештар ба давлатҳои Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон расонида мешавад, зеро маҳз аз ин давлатҳо шумораи зиёдтари  муҳоҷирони меҳнатӣ дар қаламрави Россия кор мекунанд.

  Ҳамзамон коршиносон чунин ақида доранд, ки интиқоли маблағҳо аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои мустақил ба Федератсияи Россия дар моҳи марти соли 2020 нисбат ба моҳи январи ҳамин сол то 47% афзоиш ёфтааст. Сабаби асосии зиёд гардидани ҳаҷми интиқоли маблағҳо ба Россия, ин дастгирии муҳоҷирони беруна аз тарафи хешу таборон ва наздиконашон мебошад, ки дар чунин шароити вазнин кӯмаки молиявиро аз ватани аҷдодиашон ба муҳоҷирон расонидаанд.     

  Дар ҳолати имрӯзаи паҳншавии коронавирус дар тамоми дунё  ва  баъд аз гузаштани вақти муайян бо паст шудани ҳаҷми ин намуди вабо,  шиддати муҳоҷирати дохилӣ ва берунӣ  афзоиш меёбад ва аҳолӣ қодир аст бо ҳар гуна воситаҳо, хоҳ дар дохил ва хоҳ дар хориҷи кишвар роҳҳои наҷотбахши пешбурди зиндагиро ҷустуҷӯй намояд. Гарчанде, вобаста ба вабои паҳнгардида бисёри кишварҳои дунё сарҳадҳои давлатии худ ва рафтуомади одамонро тавассути тайёра, қатора ва дигар намудҳои нақлиёт баста бошанд ҳам, ҳангоми ба амал омадани вазъияти душвор ва ночори зиндагӣ аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ ва гуруснагии аҳолӣ, маҳкам кардани сарҳадҳои байнидавлатӣ пеши роҳи одамонро аз убури сарҳад гирифта наметавонад.   

 Бо сабаби  гирифтор шудани ҷаҳон  ба ин гуна вабои асри XXI, дар нимсолаи аввали соли 2020 равандҳои муҳоҷирати байналхалқӣ хеле коҳиш ёфтаанд ва оқибатҳои он барои муҳоҷирон ва аъзои оилаи онҳо ташвишҳои зиёд меоварад. Зеро, дар чунин ҳолати ғайрикорӣ ягона умеди муҳоҷирон ба пасандози оилавиашон нигаронида шудааст ва он то кадом муддат басанда бошад, ҳеҷ кас гуфта наметавонад. Чунки мӯҳлати давомнокии COVID-19 аниқ маълум нест, нигоҳ накарда ба он, ки баъзе  олимон ва коршиносони соҳаи тиб халосиро аз коронавирус дар муддати то се сол пешгӯӣ менамоянд.

  Ба ҳолати 20 июли соли 2020 дар дунё зиёда аз 14 млн. нафар ба касалии сирояткунандаи  COVID-19 дучор гардидаанд ва зиёда аз 600 ҳазор нафари онҳо вафот карданд. Дар кишвари мо ба ҳолати дар боло зикргардида ба ин касалӣ 6786 нафар гирифтор шуда, 56 нафари онҳо аз олам чашм пӯшиданд ва фавти одамон шаҳрвандони ҳамаи давлатҳои ҷаҳонро ба вазъияти андӯҳгинона ва ғуссаи бепоён оварда расонид. Коршиноси Ташкилоти умумиҷаҳонии тиббӣ Клаус Штор бар он ақида аст, ки «пандемия» танҳо дар он вақт ба охир мерасад, агар ҳамаи аҳолии дунё ин касалиро аз сар гузаронанд. Инчунин, ӯ қайд менамояд, ки омадани се мавҷи коронавирус дар назар аст ва барои муолиҷаи пурраи аҳолии дунё мӯҳлати то се сол зарур мебошад.  

  Баъд аз пандемияи коронавирус давлатҳои дунё диққати худро нисбат ба тансиҳатии шаҳрвандони маҳаллӣ ва муҳоҷирони хориҷӣ дучанд зиёд менамоянд. Мумкин аст шаклҳои нави муассисаҳои тиббӣ ба амал оянду аҳолии ҷаҳон бо ҳукуматҳо қарор қабул намоянд, ки суғуртаи тиббии ягона барои ҳамаи миллату халқиятҳо ҷорӣ карда шавад. Инчунин, оқибатҳои вабои асри 21-ро ба инобат гирифта, бозорҳои меҳнати ҷаҳонӣ фаъолияти худро метавонанд бо дарназардошти тағйир додани усули ҷалб ва таъсири ҷараёни муҳоҷирати байналхалқӣ, то андозае дигаргун намоянд.   

 Лекин, тазаккур додан лозим аст, ки инсоният дар таърихи дуру дарози худ  ҳар гуна касалиҳои сирояткунанда ва вабои кушандаро аз сар гузаронидааст ва он албатта дар ҳар давру замон талафоти зиёди инсоният буд. Инчунин, бояд дарк кард, ки ин гуна вазъияти ба амал омада бо касалии коронавирус муваққатӣ мебошад ва мо бояд айни замон дар баробари татбиқ намудани нақшаҳои кӯтоҳмуддат оид ба пешгирии пандемия, ҳамзамон нақшаҳои миёнамӯҳлат ва дарозмуддати  давлатиро  дар самти сиёсати муҳоҷират амалӣ намоем. Зеро, бо гузашти вақти муайян, равандҳои муҳоҷирати аҳолӣ маҷроъи худро барқарор менамоянд ва дар ин ҳолат омодагӣ ва кордонии мақомотҳои дахлдори давлатӣ дар ин самти афзалиятноки кишварамон маълум мегардад.

 Мутобиқи ахбороти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ ба хориҷи мамлакат зиёда аз 300 ҳазор нафар муҳоҷирони меҳнатӣ равона гардидаанд ва ин рақам тасдиқ менамояд, ки ҷараёни муҳоҷирати меҳнатии беруна ба монанди дигар давлатҳои ҷаҳон хеле коҳиш ёфтааст.

 Раванди муҳоҷирати  меҳнатиро ҳаматарафа мавриди омӯзиш қарор дода, Вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Гулру Ҷабборзода рузи 7 июли соли 2020 ба тариқи он-лайн бо роҳбарияти Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия оид ба муҳоҷират гуфтушунид ба амал овард. Дар мулоқоти барпогардида вазир нисбати дастгирии муҳоҷирони меҳнатии кишварамон дар чунин вазъияти душвор вобаста ба касалии сирояткунандаи коронавирус, дароз намудани мӯҳлати будубош ва фаъолияти кории  муҳоҷирон дар қаламрави Россия, аз байн бурдани масъулияти маъмурӣ дар ин муддати пандемия ва оид ба дигар мушкилиҳои ҳалталаб дар ин самт масъалагузорӣ намуданд.    

 Хушҳолона Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия нисбати будубош ва фаъолияти кории муҳоҷирони меҳнатии хориҷӣ ва аз он ҷумла Тоҷикистон иқдоми нек зоҳир намуда, қарор қабул намуданд, ки дар давраи пандемия муҳоҷиронро аз ҳудуди кишварашон хориҷ намекунанд ва илова бар он муҳоҷирони меҳнатии хориҷиро бе ҳуҷҷатҳои иҷозатномадиҳӣ ба кор қабул мекунанд ва чунин амали расмии давлати ба мо дӯсти Россия то 15 сентябри соли 2020 давом хоҳад ёфт. Дар ҳақиқат андӯҳгинӣ ва ғаму ғуссаи якҷояи давлатҳои ҷаҳон баъзе кишварҳоро ба ҳамдигар наздику вафодор менамояд ва камталабии мақомоти расмии Россия нисбати   муҳоҷирон дар ин гуна вазъияти душвор сазовори эҳтироми умум мебошад. 

  Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки муҳоҷират дар ҳамаи давру замон яке аз афзалиятҳои рушди иқтисодию иҷтимоии давлатҳои абадқудрат ба ҳисоб мерафт ва доимо ба ҳисоб меравад. Тоҷикистон низ, дар асоси таҷрибаи хуби ҷаҳонӣ имконият дорад аз иқтидори равандҳои муҳоҷират дар рушди кишвар самаранок истифода барад. Мисоли оддие, ки 56%-и аҳолии кишварамон беҳбудии рузғори ҳаррузаи худро аз ҳисоби муҳоҷирати меҳнатӣ пеш мебаранд ва ин соҳа ба сиёсати давлатӣ оид ба паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон нақши бузург гузоштааст, ба фикри ман шаҳодати афзалиятнокии самти муҳоҷиратро дар рушди мамлакат тасдиқ менамояд.

  Бигузор дар мадди аввал, то ба низом овардани фаъолияти гуногунҷабҳаи ин соҳа, манфиати бевоситаи он дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишварамон якбора натиҷаҳои баланд надиҳад. Лекин, айни замон Тоҷикистон бояд барои баромадан аз ҳолати вазнини иқтисодию иҷтимоӣ ва беҳтар намудани некӯаҳволии мардуми кишвар, ҳамаи имкониятҳоро истифода барад ва яке аз онҳо соҳаи муҳоҷират ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон бояд тазаккур дод, ки ҳарчи тезтар расидан ба нишондиҳандаҳои дилхоҳ дар соҳаи  муҳоҷират ва истифодаи самараноки он дар рушди мамлакат, аз фаъолияту муносибати мақомотҳои дахлдори давлатӣ ба ин соҳаи пуриқтидори ҷомеа вобастагии калон дорад.

  Таҳлили ҷараёни муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа нишон медиҳад, ки тайи солҳои 2014-2019 тамоюли он то 30% паст гардид. Агар то соли 2013 ҳарсола ба муҳоҷирати меҳнатӣ 700 – 800 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон равона мешуда бошанд, пас баъди соли 2014 ин рақам то 500-600 ҳазор нафар паст шудааст. Сабаби асосии паст шудани тамоюли муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷа, ин ҷорӣ кардани муҷозоти иқтисодӣ нисбати Россия аз тарафи ШМА ва Давлатҳои Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки бо ин амал вазъи иқтисодӣ ва фаъолияти корхонаю идораҳои Россия хеле паст гардид ва қисми муайяни шаҳрвандони кишварамон аз бозори меҳнати ин кишвар баромада рафтанд. Ба ғайр аз он, дар ин муддат ба қонунгузории муҳоҷиратии Россия тағйиру иловаҳо ворид гардиданд ва ҳамзамон  системаи автоматикунонидашуда оид ба муйян кардани муҳоҷирони ғайриқонунии хориҷӣ ҷорӣ карда шуд, ки мутобиқи он ҳар сол тақрибан 200-300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишварамон барои риоя накардани қонунгузории ин давлат ба рӯйхати “манъшудагон” шомил мегарданд ва аз ҳамин ҳисоб онҳо ҳуқуқ надоранд аз 3 то 5 сол ба қаламрави Россия ворид гарданд.

  Дар чунин ҳолат ба давлатҳои интиқолдиҳандаи муҳоҷирони меҳнатӣ зарур аст, ки ҳамаи воситаҳоро истифода бурда, муҳоҷирони аз хориҷа рондашударо дар дохили мамлакат ба шуғл фаро гиранд.  Дар Тоҷикистон ҷойҳои нави корӣ таъсис дода мешаванд, вале онҳо ба талаботи “шуғли пурмаҳсул” ҷавобгӯй нестанд, зеро музди меҳнати он ниҳоят паст мебошад ва шаҳрвандони кишварамонро ҷалб карда наметавонад.  Мутобиқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2019, ки бо қарори Ҳукумати мамлакат аз 26 октябри соли 2017, №499 тасдиқ гардид, таъсис додани ҷойҳои корӣ ба чунин тарз дар ҷадвали 3 нишон дода шудааст: соли 2016 – 150938 ҷои корӣ, нимсолаи аввали соли 2017 – 84227, соли 2018 – 161876, соли 2019 – 164951. 

  Ҳамзамон, дар замимаи 1-и Барномаи мазкур шумораи бо кор таъминшудагон оварда шудааст, ки он чунин ифода меёбад: соли 2016 – 39 ҳазор нафар, соли 2017 – 26,6 ҳазор нафар, соли 2018 – 39,3 ҳазор нафар, соли 2019 – 40,1 ҳазор нафар. Шумораи аҳолии қобили меҳнат, ки ба шуғл фаро гирифта нашудаанд, дар ин солҳо чунин рақамҳоро ташкил карданд: соли 2016 – 1518,4 ҳазор нафар, соли 2017 – 1618,9 ҳазор нафар, соли 2018 – 1448, 6 ҳазор нафар, соли 2019 – 1819,3 ҳазор нафар. Яъне, мутаассифона шумораи аҳолии қобили меҳнат, ки дар дохили кишвар ба шуғл фаро гирифта намешаванд, ҳарсола зиёд мегардад ва чунин ҳолат ба раванди  муҳоҷирати меҳнатии беруна шиддат меоварад. 

  Тайи солҳои охир Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон талаботи бозори меҳнати давлатҳои қабулкунандаро ба монанди: Кореяи Ҷанубӣ, Полша, Қатар, Арабистони Саудӣ ва дигарҳоро омӯхтааст ва қисме аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба ин мамлакатҳо барои анҷом додани фаъолияти корӣ сафар мекунанд, гарчанде шумораи онҳо аз миқдори умумии муҳоҷирони меҳнатии кишварамон ниҳоят кам буда, ҳатто 1%-ро ташкил намедиҳад. То ҳоло зиёда аз 95%-и муҳоҷирони меҳнатии  Тоҷикистон ба Россия сафар мекунанд ва бозори меҳнати дигар давлатҳои ҷаҳон  барои қабули шумораи зиёди муҳоҷирони кишварамон омода нестанд.

  Пурсишҳои сотсиологӣ нишон медиҳанд, ки шаҳрвандони  Тоҷикистон хоҳиш доранд бештар дар давлатҳои Иттиҳоди Аврупо кору фаъолият намоянд. Лекин бозори меҳнати ин давлатҳо мутахассисони баландихтисосро талаб менамояд ва қисми зиёди шаҳрвандони мо дар бозори меҳнати давлатҳои Аврупо рақобатпазир шуда наметавонанд.  Ҷиҳати ҳалли масъалаи мазкур бояд базаи моддию техникии муассисаҳои таълими касбии мамлакат дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои кишварамон ба тарзи замонавӣ таҷҳизонида шаванд ва онҳо бо муаллимону устодони истеҳсолӣ таъмин карда шаванд.

  Айни замон дар мамлакат асосан Маркази таълими калонсолони Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба дараҷаи хуб таҷҳизонида шудааст, лекин он имконият надорад, ки ҳамаи шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатиро ба касбомӯзӣ фаро гирад. Зеро, ҳар сол ба бозори меҳнати кишварамон тақрибан 150-180 ҳазор нафар қувваи нави қобили меҳнат аз ҳисоби ҷавонон дохил мегардад ва онҳоро ба раванди касбомӯзӣ бояд фаро гирифт. Аммо  Маркази таълими калонсолон тибқи Барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии   Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад дар як сол танҳо 15-20 ҳазор нафарро ба касбомӯзӣ фаро гирад. Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бошад, дар як сол 80-90 ҳазор ҷавононро ба касбомӯзӣ қабул менамоянд. Акнун дар муқоисаи рақамҳои дар боло овардашуда биёед таҳлил намоем, ки чӣ қадар шаҳрвандони кишварамон  ҳар сол ба раванди касбомӯзӣ фаро гирифта намешаванд ва бо ҳамин сабаб шумораи ҳарсолаи шаҳрвандони бе касбу ҳунар зиёд мегардад, ки ин гуна аҳвол боиси нигаронист.

  Дар ин самт таҷрибаи пешқадами кишвари Филиппинро овардан мумкин аст, ки он аз тарафи бисёр давлатҳо ва коршиносони соҳа ҳамчун намунаи системаи касбомӯзӣ пазируфта шудааст. Дар ин мамлакат ҳар сол ба бозори меҳнат тақрибан 1 млн. нафар шаҳрвандони Филиппин дохил мегарданд ва тавоноии муассисаҳои касбомӯзии он ба таълим фаро гирифтани зиёда аз 1 млн. 300 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Яъне, ҳар сол дар системаи касбомӯзии кишвари Филиппин дар доираи 300 ҳазор нафар шаҳрвандони хориҷӣ таълим мегиранд ва чунин натиҷа хуб баҳодиҳӣ карда мешавад. Дар Филиппин ҳамкориҳои давлатию хусусӣ дар самти касбомӯзӣ ба дараҷаи баланд ба роҳ монда шудааст ва 68%-и муассисаҳои касбомӯзиро бахши хусусӣ ташкил менамояд, ки ин гуна дастгирии давлатиро бисёр коршиносон эътироф менамоянд. Зиёда аз 70%-и шаҳрвандони Филиппин  муассисаҳои касбомӯзии бахши хусусиро барои таълим интихоб менамоянд ва ҳангоми ба анҷом расидани мӯҳлати омӯзиш, ба хатмкунандагон шаҳодатномаи ягонаи давлатӣ аз номи Вазорати меҳнат ва шуғли аҳолӣ супорида мешавад.      

  Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад чунин таҷрибаро истифода барад ва дар вазъияти душвори ба амал омада марбут ба пандемияи коронавирус қисми зиёди шаҳрвандони бекор ва муҳоҷирони меҳнатиро ба омӯзиши касбу ихтисосҳои замонавӣ фаро гирифта, дар дохил ва хориҷи мамлакат бо шуғли пурмаҳсул таъмин намояд. Дар ҳолате, ки ҳаҷми интиқоли маблағҳои муҳоҷирони меҳнатӣ аз хориҷа кам мегардад, бояд дар дохили кишвар чораҳо нисбати ҳавасмандии шаҳрвандон ба рушди соҳибкории хурду миёна ба амал оварда шавад. Дар ин бобат суръат бахшидан ба ислоҳот дар соҳаҳои андоз ва хоҷагии қишлоқ ниҳоят зарур мебошад, зеро ин соҳаҳо метавонанд айни замон бисёр мушкилиҳоро аз байн бардоранду ба шуғли пурмаҳсули шаҳрвандон роҳ кушоянд. Ин вазифаи гузошташудаи давлатӣ мебошад ва ҳамаи ниҳодҳои давлатию ғайридавлатӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани мақсадҳои ба нақша гирифташуда, бояд саъю кӯшиши дучанд ва натиҷабахшро ба анҷом расонанд. 

 

Бобоев Анвар Абдуллоевич

номзади илмҳои иқтисодӣ,

 мудири бахши муҳоҷирати аҳолии Институти иқтисодиёт

 ва демографияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Хондан 1009 маротиба