Миллат дар ҳар марҳилаи таърихӣ ва таҳаввули худ вобаста ба муҳиту шароит ва мушкилоти дохиливу хориҷӣ ба вазъиятҳои хосе дучор мешавад, ки бояд аз онҳо ба хотири рушду пешрафт ва ё ҳадди ақал барои ҳифзи мақом ва бақои хеш роҳи раҳоиро дарёфт кунад. Дарёфти роҳҳои раҳоӣ аз вазъиятҳои мунтазам тағйирёбанда вазифаҳо ва нақшаҳои кори миллатро ташкил мекунанд. Миллате дар ин гирудорҳои беохир муваффақ хоҳад буд, ки муттаҳиду ягона аст ва ба таври хастагинопазир барои ҳифзи манофеи худ дар талош буда, аз маҷмӯи роҳҳои имконпазири ҳалли мушкилот тавоноии дарёфти беҳтарин роҳҳалро дошта бошад.
Фарҳанги ҳар қавму миллат моҳияти ҳамон қавму миллатро дар замону макони мушаххас таъйин мекунад. Кайфият ва чигунагии фарҳанг дар шароити мушаххаси таърихӣ ва ҷуғрофиёи муайян аз бошандагони минтақаи муайян бастагӣ дорад. Муҳимтар аз ин, фарҳанг равиш ва бавуҷудоварандаи низоми муътадили зиндагӣ дар ҷомеа буда, инзиботу инсиҷоми иҷтимоъ бар мабнои муносиботи фарҳангӣ сурат мегирад.
Муқаддима
Аз лиҳози сиёсӣ истилоҳи "амният" муродифи калимаи "давлат" аст ва баръакс.
Аввалин тасаввурот оиди ниёзи одам, ҷамъият ба мавҷудияти муҳимтарин ва гаронтарин ҷузъи системаи сиёсӣ таҳти номи "давлат", зарурати таъмини амнияти худи инсон ва ҷомеаро дар назар дорад. Ба ҳамин хотир, "Давлате, ки амнияти хешро таъмин карда наметавонад, ғайримаҷоз" (Томас Гоббс) эълом гаштааст.
Сактаи дил вақте пайдо мешавад, ки агар рагҳои хунрасон ба таври ногаҳонӣ баста шаванд. Як қисмати мушаки дил, ки аз раги хунрасони дил ( яъне раги иклилӣ –тоҷӣ ё коронарӣ ) хун мегирад, бо баста шудани раг ба далели ташкили лахта дар дохили раг мемирад ва аз байн меравад.