JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

(бардоштҳо аз Ҷаласаи Шурои олии иқтисодии Авруосиё дар остонаи 10-солагии таъсисёбии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё)

Дар шароити ҷаҳонишавӣ рақобати иқтисодӣ дар бозори ҷаҳонӣ шадидтар мегардад. Кишварҳо кӯшиш мекунад бо ташкил кардани иттиҳодҳои иқтисодии минтақавӣ дар ин бозор ҷойгоҳи хешро мустаҳкам намоянд. Намунаи машҳури чунин иттиҳод Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки тавонист маҳдудиятҳои тиҷоративу сиёсиро бардошта, ҳаракати озоди молу маҳсулот ва қувваи кориро дар дохили худ таъмин кунад. Ин шароит мавқеи кишварҳои аъзори Иттиҳоди Аврупоро дар ҷаҳони муосир на танҳо аз нуқтаи назари иқтисодӣ, балки фарҳангиву сиёсӣ боло бурд. Дар минтақаи мо низ созмони ҳамгироии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё даҳ сол боз вуҷуд дорад, ки ҳадафи асосии он ташкил намудани бозори ягонаи молу маҳсулот, энергетика ва меҳнат мебошад.

Душанбе, 03 Июни 2024 14:42

Илми ватанӣ ва ниёзҳои иҷтимоӣ

Муаллиф:

(чанд андеша дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф)

      Халқият ва миллиятҳое дар таърих муваффақ будаанд, ки ба илм ва донишҳои илмӣ такя намуда, сарнавишти хешро ба дасти худ сохтаанд. Баръакс, миллатҳое, ки ба илму дониши илмӣ эътимод надоштаанд, ҳамеша дар ҳоли хушкандешию фақру дастнигарӣ қарор гирифта, роҳи хурофоту ҷаҳолатро паймуда, охируламр ба вартаи нобудӣ мубтало гардидаанд. Ба ин маъност, ки илм ва дониши илмӣ муайянкунандаи ҳадаф ва ба истилоҳ, ориентатсияи дурусти миллияту халқиятҳо дар тули таърихи инсонӣ будаву ҳаст. Аз тарафи дигар, низоми давлатдории дунявӣ бар мабнои тарзи тафаккури илмӣ ва ҷаҳоншиносии фалсафӣ устувор гардида, халқу миллатҳоро ба сӯйи хушбахтиву саодати зиндагӣ раҳнамун месозад. Мардуми Тоҷикистон, ки ҳадафмандона масири низомманди секулорию дунявиро интихоб карда, тайи муддатзамони зиёда аз сисола ҷодаи дунявиятро мепаймояд, маҳз ба баракати озодию истиқлоли сиёсию фикрию иҷтимоию эҷодӣ муваффақона умр ба сар мебарад.

Панҷшанбе, 23 Майи 2024 13:01

Тоҷикон - шиносномаи миллат  

Муаллиф:

   Ёдовар мешавем, ки дар таърихи 5 декабри соли 2023 дар Кохи Ваҳдати пойтахт бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров Симпозиуми байналмилалии “Бобоҷон Ғафуров - бузургтарин муҳаққиқ ва муаррифгари таърихи халқи точик”, баргузор гардида буд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ асари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна»-ро, шиносномаи миллати тоҷик номиданд.

Санаи 11 май дар Киитобхони миллии Тоҷикистон Симпозиуми байналмилалӣ бо иштироки санъатшиносони кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Қазоқистон ва Эрон таҳти унвони  “Дурнамои рушди мусиқии суннатии халқҳои Шарқи наздик ва Миёна дар шароити ҷаҳонишавӣ” баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи симпозиум Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Раҳмонзода А. ва вазири фарҳанги Тоҷикистон Сатториён М. ширкат ва суханронӣ намуданд. Дар ҷаласаи пленарии симпозиум маърузаи доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияимиллии илмҳзои Тоҷикистон Аслиддин Низомӣ дар мавзӯи “Инъикоси назарияи Дувоздаҳмақом дар осори классикони адабиёти форсу тоҷик ва мусиқишиносии муосир” ироа гардид.

Китобҳо