JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Буҳрони беҳдоштии ҷаҳонӣ, ки бо номи вируси короноӣ машҳур аст, миёни ҷомеаҳо тасаллут пайдо кардааст, дар чанд моҳи ахир давлат ва кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро дар ҳоли нигаронӣ қарор додааст. Гузашта аз ин, воҳимаю ҳангомаҳое, ки дар заминаи шуюъи вируси короноӣ ва асароти ногувори он аз тариқи расонаҳо, матбуот, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ пароканда шудаанд (ва дар ҳоли пароканишанд), ғолибан рӯҳияи мардум ва аҳолии минтақа ва ҷаҳонро шикастаанд. 

Чоршанбе, 13 Майи 2020 09:40

Охирин лабханд

Муаллиф:

 

 “Рӯи Замин ҳеҷ чиз пойдор нест. Зиндагӣ монанди шарораест,

ки аз истикоки (ба ҳам молиши –О.Х.) чӯб пайдо шуда, замоне

рӯшан мешавад ва ду бора хомӯш мегардад. Вале мо 

намедонем аз куҷо омадаву ба куҷо хохад рафт”. 

Буддо

  

  Дар утоқи бошукӯҳе, ки бо шамъҳои мутааддиду хушбӯ рӯшан ва аз қолиҳои бемонанд  мафруш (густурда – О.Х.) ва баданаи  девор аз порчаҳои абрешумии гаронбаҳо  пӯшида шуда буд, Рӯзбаҳон Бармакӣ, Озодбахт Бармакӣ, Гашвод Бармакӣ - раиси хироҷ, даври ҳам ҷамъ шуда буданд, то роҷеъ ба пешомадҳои дарбори Халифа  машварат бикунанд. Кулоҳи онҳо пӯстии буланд ва хирқаҳои тирма пӯшида буданд. Ҷӯлӯашон (наздашон  -О.Х.) ҷомҳои шароб, мева ва ширинӣ дар зарфҳои гаронбаҳо  чида шуда буд. Ба қадре ҳаракат, либос ва вазъи онҳо бо ҳам ҷӯр меомад, ба қадре ин маҷлис бо ҷалолу шукӯҳ буд, ки ба назар меомад як тика аз зиндагии ашрофии  поймолшудаи давраи Сосониён ду бора ҷон гирифтаву зинда шуда буд.

  Ба аҳли таҳқиқ маълум аст, ки забони адабии тоҷик дар тӯли таърихи инкишофу такомули худ бо гӯйишҳои мардумӣ ё худ лаҳҷаҳо дар баробари заминаҳои фонетикӣ ва морфологиву синтаксисӣ дар заминаи луғавӣ низ муносибати доимӣ доштааст ва ин муносибат ҳамчун яке аз муҳимтарин навъҳои муносибати миёни ин ду гунаи як забон асосан дар шакли доду гирифти воҳидҳои луғавӣ сурат мегирифтааст.

  Баъди таҳияи харитаи пурраи кураи Замин, ки аз ҷониби аврупоиҳо дар асрҳои XV-XVI сурат гирифт, сиёсати геополитикии муосир вориди амал шуд ва дар асри нуздаҳум ба авҷи аълои худ расид. Албатта, пеш аз ин давра низ манфиатҳои давлатҳои қудратманд дар сатҳи фаротар аз қаламрави худ бо ҳам дар бархурд буданд ва дар ин рақобатҳо нишонаҳое аз сиёсатҳои геополитикӣ дида мешуд. Аммо онҳо характери минтақавӣ дошта кулли ҷаҳонро дар бар намегирифтанд. Сиёсати геополитикии муосир бошад кулли ҷаҳонро дар бар гирифта, аз он давра оғоз шуд, ки сиёсатмадорони аврупоӣ ба қавли Ҷон Анню “нигоҳе аз нокуҷо” ба “ҷаҳон дар маҷмуъ” андохтанд.[1] Тасвири пурраи кураи Замин дар рӯйи қоғаз шароитеро барои сиёсатмадорони кишварҳои қудратманд фароҳам овард, ки онҳо метавонистанд худро берун аз он тасаввур карда, нисбати заминҳои берун аз ҳудуди кишвари худ тасмимгирӣ намоянд. Ин тақсимот рақобатҳои сатҳи гуногунро дар худ дошта, минтақаеро обод месохт ва минтақеро ба харобазор табдил медод. Кишварҳо ва миллатҳои суннатгаро ҳамеша бозичаи дасти миллатҳои пӯё ва сахткӯш буданд ва аслан зиён ба манофеи миллии онҳо мерасид ва дар шароити кунунӣ низ вазъият чунин аст. Дар тули таърих махсусан қавмҳои эронинажод бештарин зиёнро аз рақобатҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат дидаанд.

Китобҳо