Асосан вожаи “худкушӣ” дар фарҳангҳои форсие чун Муин, Деҳхудо ва Амид ба сурати “худро ба василае куштан”, “интиҳор” ва “худкушӣ кардан” шарҳ шудааст. Мафҳуми “худкушӣ” дар фарҳанги муосир ба сурати “хотима додани амдӣ (барқасдона) ба зиндагӣ ба майли худ ва ба дасти худ” омада аст. Таърихи дақиқи нахустин мавриди истифода аз вожаи “худкушӣ” мушаххас нест. Вожаномаи англисии Оксфорд нахустин мавриди истифода аз ин вожаро бо василаи Волтер Чарлтон дар соли 1651-и мелодӣ дониста аст. Зоҳиран вожаи худкушӣ нахустин бор дар соли 1737-и мелодӣ тавассути Десфонтайн дар забони фаронсавӣ истифода шудааст. Баъдҳо дар соли 1762-и мелодӣ Академияи Улуми Фаронса ин истилоҳро пазируфта аст. Муҳаққиқ Исломинасаб худкуширо тарҷумаи муносибе барои ин вожа медонад, чаро, ки suicide аз ду вожаи лотинии sui ба маънои худ ва cide ба маънои куштан ташкил шудааст.
Дар байни тамоми гулҳои баҳорӣ гули лола ҳамчун гули «Ороиши саҳро» ва ё «Аруси сол» ба ҳисоб меравад, зеро ки дар фасли баҳор ин гул тамоми дашту даманҳоро махмалпуш намуда, табиатро боз ҳам зебову дилкаш менамояд. Аммо ин гули худрўи табиии зебо нисбатан умри кутоҳе дорад, чунки он на тоқати гармо ва на тоқати сармо дорад. Ин гули «Аруси сол» ҳавои баҳоронаи нарму латиф ва муътадилро дўст медорад ва барои вай бодҳои сахту шамолҳои тунд ва офтоби сўзон душмани ҷон аст. Гули лола гули муҳаббату ишқ ба табиат, гули ваҳдату ягонагӣ байни гиёҳону дигар гулҳои худрўи табиат мебошад ва ў ҳаргиз осебе ба ҳеҷ кадоми онҳо намерасонад.
Эпикуриён-қадимтарин инсонгароёни илмӣ ва озодандеш буданд. Фалсафаи Эпикур ҳам моддӣ (материалистӣ), ҳам лаззатталабона ва ғайридинӣ буд ва аввалин фалсафае аз ин навъ буд, ки ба таври комилан ақлонӣ (ратсионалӣ) падидор гашт.
Аз миёни фалсафаҳои ҷадид дар даврони юнонимаобӣ (юнонпарастӣ), ду мактаби фавқулода муҳим ва таъсигузор буданд, ки иборатанд аз эпикуриён ва равоқиён. Равоқиёнро ба забонҳои урупоӣ стоикҳо мегӯянд. Равоқ айвони пеши хона аст ва ин файласуфҳо дар ин равоқ назди устоди худ фалсафа меомӯхтанд. Онҳо мегуфтанд: Ҷаҳон аз модда ва ақл сохта шуда, ки ин ҳар ду аз ҳақиқате воҳиданд. Хайри асосӣ тақво, парҳезгорӣ ва фазилат аст. Одамӣ бояд мувофиқи ақл ва табиат зиндагӣ кунад.
Дар давра ва мароҳили таърихӣ инсон барои бароварда сохтани ниёзҳои иҷтимоӣ, фикрӣ, сиёсӣ, идеологӣ, ахлоқӣ, иқтисодӣ ва маданӣ ба табиат як навъ даргир шуд ва дар айни замон бо неруҳои табиӣ, ки тағйирнаёбандаанд, созиш кард. Маҳз дар ҷараёни даргирӣ ва созишҳо силсилаи бовару эътиқодоти динию мазҳабӣ шакл гирифтанд, ки ғолибан бар мабнои хурофот устувор буданд.