Дар ин ҷустор ба таври фишурда мехоҳем дар бораи таъсири фарҳанги ориёӣ дар ташаккули тамаддуни башарӣ бо ишора ба ҷойгоҳи муҷассамаи Озодӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бипардозем.
Муҷассамаи Озодӣ тандисе аст, ки ҳамакнун дар шаҳри Ню-Йорк бахши Манҳетен чашмнавози миллионҳо ҷаҳонгард аст. Ин тандис сохтаи дасти пайкартароши фаронсавӣ бо номи Фредерик Огуст Бартолди аст ва сохтаи дарунии тандисро Густав Эйфил - муҳандиси фаронсавии Бурҷи Эйфил офаридааст. Ин шоҳкори ҳунарӣ ва самбули озодӣ аз сӯйи давлати Фаронса дар соли 1886 ба шодбоши ҷашни садумин солгарди истиқлоли Амрико аз чанголи Англия, ба давлати Амрико пешкаш гардид.
«Аз рӯзи ироаи Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон марҳилаи нави ободкорӣ ва созандагӣ дар кишвар дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ равнақи тоза пайдо кард. Бояд тазаккур дод, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаи асосии робитаи Сарвари давлат бо мақомоти қонунгузори ҳокимият дар Тоҷикистон мебошад ва дар раванди эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёд мавқеи хоса дорад. Паёми Президент ин ҳуҷҷати сиёсиест, ки мавқеи сарвари давлатро дар самтҳои асосии сиёсати давлатӣ, рушди сохтори конститутсионии Тоҷикистон ва муносибатҳо бо кишварҳои хориҷӣ дар бар гирифта, фаъолияти қонунгузории парлумонро роҳнамоӣ мекунанд» – иброз дошт дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» муовини Директори Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи академик А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Тоҷикистон Рустам ҲАЙДАРОВ.
Хурофотзудоӣ ва такмили фарҳанги ҷомеа дар кишварҳое, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандонаш хурофотӣ ва хирадситезона аст, амре муҳим ва бунёдӣ дар ростои ҷомеасозист. Ин гуна давлатҳо ниёз ба ислоҳоти густурдае доранд, ки он бояд тамоми абъоди ҷомеаро фаро бигирад ва алалхусус, ҷаҳонбинии ирратсионаливу тафаккури эътиқодмеҳвар ва тақдирбовари шаҳрвандонро бо воқеияти кори ҷаҳон созгор намояд, зеро “шарти нахустини мавҷудият ва пойдориву мондагории давлат вижагиҳои сифатии шаҳрвандони он аст” (Аристотель, Политика. –М.: РИПОЛ классик, 2010, С.470).
БАРДОШТ АЗ ПАЁМИ АСОСГУЗОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ–ПЕШВОИ МИЛЛАТ, ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Паёми имсолаи Президент ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат рӯзи 26 декабри соли 2019, яъне дар даврае пешниҳод гардид, ки давлати мо ба марҳалаи дуюми рушд ворид гардида, мардуми шарифи Тоҷикистон ба сӯи ояндаи ободу осуда бо қадамҳои устувор пеш мераванд.