JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 06 Июли 2020 12:04

Эмомалӣ Раҳмон - муаллиф ва меъмори мутлақи сулҳи тоҷикон

Муаллиф: Рустам Ҳайдаров

  Дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ зикр гардид, ки “ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки бо гуноҳи азими роҳбарони ҳизби миллаткуш, яъне собиқ ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ва хоҷагони хориҷии онҳо, яъне хоинону душманони миллати тоҷик ва давлати тозаистиқлоли тоҷикон рух дод...Мақсади асосии онҳо дар Тоҷикистон бунёд намудани давлати исломӣ ва зӯран ба сари мардуми мо таҳмил кардани фарҳанги бегона буд... Дар робита ба ин, мехоҳам як нуктаи муҳимро бори дигар хотирнишон намоям. Мо бо ҳизби террористиву экстремистии наҳзат ягон созишнома имзо накардаем. Ҳукумати мамлакат Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст”.

  Албатта, мухолифини миллати тоҷик таҳаммули шунидани чунин ҳақиқатро надоранд. Аз ин хотир, онҳо боз бо усули пешина дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба таҳрифи далелҳои таърихӣ пардохтанд.

  То ҳол Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ наметавонад, ки як ҳақиқати куллро эътроф намояд: Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ягона муаллиф ва меъмори сулҳи тоҷикон ҳаст ва боқӣ мемонад.

  Ба ҳамагон маълум аст, ки ҳар як иқдом аз нақша ва тарҳи лоиҳа оғоз мегардаду муаллифи худро дорад. Тарроҳ ё муаллифи лоиҳаи сулҳи тоҷикон маҳз Эмомалӣ Раҳмон аст, ки нақшаи онро мураттаб сохта, қадам бо қадам онро татбиқ намудааст. Дар суханрониҳои худ баъзе намояндагони гуруҳҳои террористӣ чунин далел пеш меоранд, ки маҳз муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сулҳ ба назди роҳбари Иттиҳоди неруҳои опозитсияи тоҷик А.Нурӣ рафту роҳбари мухолифин ба назди роҳбари давлати Тоҷикистон наомадааст. Дуруст аст. Чунки ташаббуси сулҳофарӣ дар дасти Эмомали Раҳмон буд, чунки тақдири миллат ва давлати мо дар дасти ӯ буд. Пешвои миллат на барои манфиати шахсии худ ба назди А.Нурӣ рафт. Мутмаинам, барои манфиати шахсияш ҳеҷ гоҳ ба назди мухолифаш намерафт ва ҳатто салом ҳам намекард. Ҳеҷ як тоҷики ватандор аз хотир набарорад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба назди онҳое рафт, ки орзуи марги ӯро доштанд. Дил ба кафи даст гирифту ба сафар баромад. Барои таъмин кардани суботу саодати миллаташ рафт. Аммо чаро А.Нурӣ, агар хоҳони сулҳ буд, ягон ташаббусе барои сулҳофарӣ, мисли Эмомалӣ Раҳмон нишон надод? Чаро А.Нурӣ мисли Эмомалӣ Раҳмон ба сангари мухолифонаш барои ҷустуҷӯи сулҳ наомад? Ман то ҳол ягон навор ва ё суханронии роҳбари ИНОТ-ро, ки бо ташаббуси сулҳ баромад карда бошад, надидам. Баръакс, маҳз А.Нурӣ қаламрави Тоҷикистонро “Дор-ул-ҳарб” ва “Дор-ул-куфр” эълон карда буд.

  Эмомалӣ Раҳмон бо санъати баланди дипломатии худ тавонист, ки ризоияти роҳбарияти ИНОТ-ро барои имзои Созишноми истиқрори сулҳ ба даст орад. Сулҳе, ки пеш ҳама барои бақои миллати тоҷик зарур буд. Роҳбари Созмони Милали Муттаҳид Кофи Ананд маҳз Эмомалӣ Раҳмонро меъмори сулҳи тоҷикон номидааст.

  Дар давраи баъд аз низоъ маҳз бо ибтикори муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ - иқтисод, иҷтимоиёт, фарҳанг, маориф, тандурустӣ аз пойдевор эъмор гашт. Рушди иқтисодӣ, сиёсӣ ва фарҳангии Тоҷикистон худ ба худ ба амал наомадааст. Он дар натиҷаи нақшакашӣ ва идоракунии самараноки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба вуқуъ пайваст. Ҳар иншооте, ки санги асоси онро Президенти Тоҷикстон гузошта буд, бо сифати баланд сохтмон шуда, пасон ба фаъолияти босамари худ оғоз намуданд. Имрӯз садҳо иншоот ва корхонаҳои хусусӣ ва давлатиро номбар карде метавонем, ки аз ҷониби роҳбари кишвар ифтитоҳ гардида, босамар фаъолият карда истодаанд. Ҳазорон соҳибкорони ватандӯст бо даъвати Пешвои милллат муҳтарам Эмомали Раҳмон дар Тоҷикистон тиҷорати манфиатовари худро ба роҳ монданд. Ҳамватанони муваффақи мо, ки имрӯз дар кишварҳои хориҷӣ соҳибкор ҳастанд, бо даъвати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри рушди ватанашон ба иқтисодёти Тоҷикистон сармоягузории бузург намуданд, корхонаҳои бузурги саноатӣ бунёд намуданд. Ҳамин гуна корхонаҳои муштараки соҳибкорони хориҷӣ ва ватанӣ дар кишвар ташкил карда шуданд.

  Имрӯз бозорҳои кишвар аз молу маҳсулоти босифати ватанӣ фаровон ҳастанд. Иқтисодиёти Тоҷикистон ба масири рушди бемайлони иқтисодӣ баромада, пай дар пай маҳсулоти худро ба кишварҳои хориҷӣ содирот менамояд. Маҳсулоти баландсифати аграрии ҷумҳурии мо дар бозорҳои Россия, Қазоқистон, Чин ва кишварҳои Аврупо фурӯхта мешаванд. Ин боиси ифтихори ҳар як тоҷик аст. Аммо, мутаассифона, чашми нобинои роҳбарони наҳзатӣ ин дастовардҳои ватани худро дида наметавонад. Онҳо ҳамоно бо лаҳни дурушту гӯшхароши худ, бешармона Ватани худро ҳамчун давлати қафомонда дар шабакаҳои иҷтимоӣ муаррифӣ карда истодаанд.

  Бо ин амали худ онҳо киро паст задан мехоҳанд? Гумон мекунанд, ки агар чунин туҳматҳоро нисбат ба фаъолияти Пешвои миллат ва ҳамватанони замҳматкаши худ намоянд, дар назди хоҷагонашон холҳои зиёди сиесӣ ба даст меоранд?

  Баъд аз истиқрори сулҳ 23 сол сипарӣ гашт. Бубинед, ки имрӯз Тоҷикистон ба як кишвари ободу мутаррақӣ мубаддал гаштааст. Тоҷикон, хушбахтона, дар Ватани худ зиндагонӣ доранд. Албатта, мушкилоти иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дар кишвари мо ҳоло ҳам мавҷуд аст. Аммо бубинед, ҳаёт дар Ватани мо давом дорад, оилаҳои нав барпо шуда истодаанд, кӯдакон таваллуд шуда, ба воя мерасанд. Мактабҳои ҷумҳурӣ саршор аз хонандагони болаёқату ватандӯст ҳастанду макотиби олӣ мутахассис тайёр мекунаду муҳаққиқон бо пешбурди илми ватанӣ машғуланд. Шоир шеър меофараду сарбозу афсарони миллатдуст дар ҳифзи амнияти кишвар ҷон нисор мекунанд. Волидайн барои фарзандони худ тӯю тамошо ташкил карда истодаанд. Мардуми кишвар озодона ба кишварҳои хориҷӣ сафар мекунанду хориҷиён ба тамошои ватани мо омада истодаанд. Зиндагии мардуми тоҷикзамин дар шароити сулҳу субот идома ёфта истодааст. Ин ҳама натиҷаи сулҳу суботе аст, ки муаллиф ва меъмораш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

  Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ аз рузи пайдошавияш ба Тоҷикистон фақат дарди сар ва мусибат овардааст. Чаро роҳбарони ифротии динии тоҷик ин ҳақиқати ҳаётро таҳаммул карда наметавонанд?

  Собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзи таъсисаш мағлуб буд, чунки на барои саодати миллати тоҷик таъсис дода шуд. Онҳо имрӯз фахр мекунанд, ки гӯё бо коммунизм дар Тоҷикистони шӯравӣ мубориза бурданду онро шикаст додаанд. Гитлери немис ҳам бо коммунизм мубориза бурд, чӣ шуд? Коммунизмро ягон кас ғалаба накардааст ва карда ҳам наметавонад. Ҷумҳурии Мардумии Чин бо аҳолии 1,4 миллиард таҳти роҳбари ҳизби коммунист зиндагӣ карда истодаст ва имрӯз пурқудраттарин кишвари дунёст. Пандемияи коронавируси COVID-19 бараъло бартарияти системаи коммунистиро бар капитализм нишон дод. Либерализм ва дигар идеологияҳои дар Амрико ва Аврупо тавлидёфта таҳти фишори коронавирус шикаст хурда, арзишҳои бофтаи демократияи ғарбиро ботил сохтанд. Боз ҳамон коммунистон ғалаба карданд. Як олими амрикоӣ бо исми Френсис Фукуяма пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар китоби худ “Суқути таърих” (“Фарҷоми таърих”) эълон карда буд, ки коммунизм пурра аз байн рафту минбаъд сар то сари ҷаҳон фақат либерализм ва демократияи шакли ғарбӣ арзи вуҷуд мекунад. Хулосабарории ин амрикоӣ мисли хулосабарории наҳзатиҳо ботил баромад.

  Баъзе диндорони мутаассиби наҳзатимаоб имрӯз бо танқиди атеистон, яъне бединон ва коммунистҳо машғуланд. Аммо бо вуҷуди ин тамоми мусулмонони дунё дар ҷойнамози истеҳсоли ҳамон мардуми бедину коммунисти Чин намоз мехонанду дар сар тоқиҳои истеҳсоли Чинро ниҳодаанд. Чаро наҳзатимаобон аз истифодаи моли истеҳсоли бединони Чин ҳазар намекунанд? Давлатҳои исломӣ кадом дору ва ё таҷҳизоти тиббиро истеҳсол карданд? Ҳамин давлати коммунистӣ ва атеистии Чин буд, ки наҳзатимаобонро дар давлатҳои исломӣ дар давраи COVID-19 кумак карду наҷот дод. Чаро давлатҳое, ки аҳолияш пайравони дини ислом ҳастанд, худро қудратманд меҳисобанд, зӯрашон ба як давлати ғайримусулмон, ки Байтулмуқаддасро пойтахти ягонаи худ эълон намуд, намерасад?

  Мусулмунони ҷаҳон, ки қариб аз 1,8 миллиард шуморида мешаванд, дар баробари мардуми атеист ва коммунисти Чин барои наҷоти инсоният дар давраи пандемияи коронавирус чӣ кори муфид анҷом доданд? Чаро онҳо қодир нестанд, баҳри рушду нумӯи иқтисоди ҷаҳон дар паҳлуи атеистони Чин қарор гиранд? Барои ҳамин ба мутаассибони наҳзатимаоби таҳрифкор гуфтаниям, ки пеш аз оне ки дар бораи саҳму ғалабаи худ бар коммунизм андешаҳои бемантиқона мекунед, “як бор ба кӯрпа нигоҳ карда, баъд пой дароз кунед”. Тоҷикистон дар шакли ҷумҳурии шӯравӣ маҳз аз ҷониби коммунистони тоҷик тасъис дода шуд. Дар харитаи ҷуғрофии ҷаҳон номи Тоҷикистон маҳз бо шарофати коммунистон пайдо шуду он воҳиди сиёсӣ гашт.

  Роҳбарони наҳзатӣ имрӯзҳо худро ворисони “босмачиҳо” меҳисобанд. “Босмачиҳо” на барои тоҷикон ё Тоҷикистон меҷангиданд, балки барои эҳёи Аморати Бухоро, ки аз ҷониби ғайритоҷикҳо, яъне манғитҳои туркнасаб идора мешуд. Оё бо ин афкори пантуркистонаи худ роҳбари имрӯзаи паймони ба ном “миллӣ” худаш манқурт нест? Боз дар суханрониҳои беибои худ роҳбарияти имрӯзаи тоҷикро пантуркисту манқурт меномад.

  Агар мусулмонон дар ҷаҳон иттиҳод медоштанду аз пайи наҳзатмаобон ва доишмаобон намерафтанд ва сураҳои Қуръонро ба хости худ маънидод намекарданд, кишварҳои мусулмоннишин дар сафи аввали давлатҳои мутаррақӣ ҷой мегирифтанд. Агар наҳзатиён ва демократмаобон ҷанги тоҷиккушро оғоз намекарданд, Тоҷикистон имрӯз ба лидери Осиёи Марказӣ табдил меёфт. Чаро роҳбарони наҳзатӣ, агар хоҳони истиқлоли миллии Тоҷикзамин буданд, як ҳизби наҳзати миллиро ташкил накарданд? Ҳизби наҳзати исломӣ барои Тоҷикистон чӣ лозим буд? Дар Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон наҳзат ё эҳёи ислом, бидуни таъсису фаъолияти ҳизби наҳзати исломӣ сурат гирифт. Ҳол он ки сатҳи диндорӣ дар тоҷикон назар ба ҳамсоягони мо бамаротиб баланд буду бузургтарин донишмандони улуми исломӣ дар Осиёи Марказӣ, ҳамагон аз Тоҷикистон буданд. Ягон зарурате барои ташкили Ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон набуд. Пас саволе ба миён меояд, ки ҳадафи аслӣ аз таъсиси ТТЭ ҲНИ чӣ буд?

  Ҳадафи ташкили ин ҳизб аз тарафи С. А.Нурӣ ва ҳамасафонаш аз он иборат буд, ки онҳо бо истифода аз ислом ҳокимияти давлатиро дар Тоҷикистон ғасб кардан мехостанд. Онҳо умуман дар бораи эҳёи ислом дар Тоҷикистон фикр ва нақша надоштанд. Рафтор ва амалияи насли гузашта ва имрӯзаи роҳбарони собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ба “исломбизнес” шабеҳият дорад. Ислом барои онҳо воситаи ғасби ҳокимияти давлатӣ ва ба даст овардани сармояи молиявӣ буд, ҳаст ва мемонад. Дар китоби муҳаққиқон Давлат Назриев ва И.Сатторов омадааст, ки “20 марти 1993 дар маркази ҳамоҳангсозии Қундуз, ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, “ҳукумати Тоҷикистон”-ро таъсис дод, ки он бояд бо идораи амалиёти ҳарбӣ ва ҳамоҳангсозии масъалаҳои ҳамкорӣ бо ҳукуматҳои Давлати Исломии Афғонистон ва Покистон дар мубориза бо “кофирон” дар ҳудуди Тоҷикистон машғул мешуд. Ҳайати ин “Ҳукумат” аз инҳо иборат буд:

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - мулло Сайид Абдулло Нурӣ

- сарвазир -Муҳаммадшариф Ҳимматзода (собиқ роҳбари ҲНИ)

- вазири мудофиа - генерали мардумӣ Эшони Қиёмиддин” (Манбаъ: Д.Назриев, И.Саттаров Республика Таджикистан: история независимости (хроника событий). Год 1993-й. Том III. –Душанбе: “Ирфон”, 2006, с.156).

  Чуноне ки мебинем, мақсади асосгузорони собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ на аз эҳёи ислом дар Тоҷикистон, балки аз ғасби ҳокимияти давлатӣ дар кишвари мо иборат буд. Онҳо дар дил танҳо орзуи ба даст овардани курсии роҳбарияти Тоҷикистонро мепарвариданд. Албатта, сарварони собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ аз рӯзи аввали фаъолияташон орзуи ташкили ҳукумати худро доштанд. Агар ин орзуи онҳо амалӣ мешуд, имрӯз Рузи Ваҳдати милллиро таҷлил намекардему озодона дар шаҳру шаҳракҳои кишвар сайру гашт наменамудем. Мо бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем, ки тоҷиконе, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд, барои собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ “кофир” маҳсуб мешуданд. Онҳое ҳам, ки кушта шуданд, ба ҳамин хотир бо дасти наҳзатиҳо кушта шуданд.

  Ҳоло ҳам онҳо ба мисоли такфириҳо, ҳукми шахсоне, ки бо онҳо ҳамфикр нестанд, мебароранду кофир эълон мекунанд. Наҳзатимаобон таҳаммули бисёрандешӣ надоранд. Намехоҳанд дарк кунанд, ки диндорӣ кори шахсӣ асту тоҷик ҳуқуқ дорад мусулмон ва ғайримусулмон, ҳатто атеист бошад. Наҳзатимаобон таҳаммули ин падидаро ҳам надоранд. Сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет аз троллҳои наҳзатмаоб ва тоҷикони ҳувиятгумкарда фаровон асту онҳо тоҷикони ватандорро мунтазам танқиду таҳқир мекунанд. Тоҷики ҳуввиятгумкарда ҳатман ифротгарои динӣ мешавад, чунки ҳуввияти диниаш ба ҳуввияти миллияш мисли вирус ҳуҷум намуда, онро нобуд месозад. Тоҷике, ки ҳуввияти баланди миллӣ дорад, ҳеҷ гоҳ бо роҳи собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳои экстремистони динӣ намеравад.

  Наҳзатимаобон ҳоло танҳо лафзӣ ба ватандорони асили тоҷик, ҳомиёни Истиқлоли Тоҷикистон таҳдид карда истодаанд. Аммо мабодо онҳо бо ёрии сарпарастони хориҷиашон ба сари қудрат оянд, чӣ маҳшаре хоҳанд кард. Имрӯз ҳам баъзан наҳзатимаобон дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар суханронияшон таъкид ҳам мекунанд, ки “ҳоло истед, мо ба сари қудрат омадем, бо шумо ва ақрабои шумо чӣ мекунем”, яъне манзурашон “қатл мекунем” аст. Ман бо онҳо мегӯям, ягон кор карда наметавонед!!! Аз наҳзатимаобон ва доишмаобон тарсидан ин таҳқири виҷдон барои ҳар тоҷики ватандор аст. Ин шумоён, наҳзатимаобон, тарс дореду дар Аврупо паноҳ ёфтаед. Мо дар Ватанамон ҳастем!!! Фикр мекунед, дар Аврупо дар амн ҳастед? Шояд дар амн ҳастед, аммо оё хушбахт ҳастед? Хушбахтии мо, яъне нафароне, ки дар диёрамон қарор дорем - ин дидани рушди ватанамон, ҳар субҳ шунидани суруди миллиамон, шод шудан аз ғалабаи варзишгару олими тоҷик, дидори дӯстон, хешу ақрабо, таваллуди кӯдаконамон, хурсандии тӯйи фарзандонамон ва ҳатто шунидани сухани вопасину бурдани тобути волидайнамон ҳаст. Аммо хушбахти шумо чист? Бигзор масоҳати хонаамон васеъ набошаду ними нон дар дастархонамон бошад... аммо дар ватани худамон бо дили хуррам зиндагӣ дорем. Руҳу диламон кушоду мусаффову ором аст, дар Тоҷикистони азизамон!

  Дар фарҷоми андешаронии худ таъкид кардан мехоҳам, ки Эмомалӣ Раҳмон бо қаҳрамонии худ баҳри саодати Тоҷикистон дар радифи абармардони бузурги ҷаҳонӣ ба мисли Мустафо Камол Отатурк - асосгузори Ҷумҳури Туркия, Маҳатма Ганди - тарроҳи Истиқлоли Ҳиндустон меистад, ки онҳо барои истиқлоли ҳамватанони худ мубориза намуда, ояндани дурахшони ҳаммиллатони худро таъмин карданд. Барои ҳамин ман ба мисли миллионҳо тоҷикон итминон дорам, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меъмори мутлақи сулҳи тоҷикон ва асосгузори аввалин давлати миллии дунявии тоҷикон аст.

 

 

Рустам Ҳайдаров

 доктори илмҳои фалсафа,

 муовини Директори Институти

 фалсафа, сиёсатшиносӣ ва

 ҳуқуқи АМИТ

http://www.imruz.tj/tj/articles/9595/ 

Хондан 3878 маротиба