JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 06 Июли 2020 12:00

Сафедро набояд сиёҳ гуфт: далелҳое аз ин ки ҲНИ ҳеч вақт як тарафи сулҳ набуд

Муаллиф:
  Чанд рӯз пештар мардуми шарифи Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил намуд. Мутаассифона, арҷгузорӣ ба ин дастоварди муқаддаси таърихи муосири миллати тоҷик имрӯз ба баъзе ҳамватанонамон хуш намеояд. Хусусан ба онҳое, ки баъди содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш аз Ватан хоинона фирор кардаанд ва аз ҷавобгарӣ дар назди қонун дар кишварҳои дигар пинҳон шудаанд.
Айни замон дар фазои маҷозӣ, аз ҷумла, дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳсу мунозираҳо дар атрофи мавзуи Ваҳдати миллӣ ва сулҳи тоҷикон, фаъолияти тарафҳои музокирот дар он замон ба таври фаъолона баррасӣ мегардад.
  Вобаста ба ин, ҳамчун ҷомеашинос, мехоҳам андешаҳои худро иброз намоям. Мо ин назари худро танҳо ба хотири муайян намудани мавқеи ҳуқуқӣ ва нақши иштирокчиёни раванди музокироту ба имзо расондани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон ва ошкор намудани ҳақиқати таърихӣ баён мекунем. Зеро роҳбарони Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ва ҳаммаслакони онҳо имрӯз даъвои бемантиқ доранд, ки гӯё онҳо яке аз ҷонибҳои Сулҳи байни тоҷикон бошанд. То чӣ андоза ин даъвои наҳзатиҳо асос дорад? Чаро онҳо далелҳои бебаҳси таърихии марбут ба сулҳи тоҷиконро таҳриф карда, ба дурӯғгӯию сохтакорӣ машғуланд?
  Таҳқиқи санадҳои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон муайян кард, ки дар ин санадҳои таърихӣ собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳамчун ҷониби сулҳ умуман ҳузур надорад ва муаррифӣ нагардидааст. Яъне, дар тамоми раванди музокироти сулҳи тоҷикон мақоми собиқ Ҳизби наҳзатӣ исломӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқӣ муайян нест ва вуҷуд ҳам надошт. Бояд дуруст дарк кард, ки дар ҳамон давр собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ, ки имрӯз дар фазои ҳуқуқии Тоҷикистон дар асоси Ҳалномаи Суди Олии ҶТ мақоми ташкилоти мамнуъ ва террористӣ-экстремистиро дорад, ягон намуд ваколати ҳуқуқӣ барои бурдани музокироти сулҳи тоҷикон надошт.
  Дар тамоми санадҳои ҳукуқӣ оид ба раванди сулҳи тоҷикон ду субъекти ҳуқуқӣ муаррифӣ шуда буданд - аз як ҷониб Ҳукумати Тоҷикистон аз ҷониби дигар Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ). Ин як далели таърихӣ мебошад. А. Нурӣ ҳамчун намояндаи ваколатдори ИНОТ ба ин санади ҳуқуқӣ имзо гузоштаст ва аз лиҳози мақоми ҳуқуқӣ ҳамчун роҳбари ИНОТ муаррифӣ шудааст, на роҳбари собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ.
  Саидхоҷа Акбаров, собиқадори раванди оштии миллӣ, узви зергурӯҳи кории Комиссияи оштии миллӣ дар хотираҳояш хеле бамаврид қайд мекунад, ки“агар масъаларо боз ҳам васеътар кушоем, дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ва дар марҳилаи имзои ҳуҷҷатҳои сулҳ ТТЭ Ҳизби наҳзат ҳатто иштирок надошт. Зеро моҳи феврали соли 1993 дар ҷаласаи умумии роҳбарони мухолифини исломии тоҷик, ки дар шаҳри Тахори кишвари Афғонистон баргузор шуда буд, бо қарори роҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҳизби сиёсӣ расман пароканда эълон карда шуда, ин қарор шахсан аз тарафи С.А.Нурӣ қироат шуда буд. Он вақт барои ба роҳ мондани муборизаи васеъ бо давлати Тоҷикистон ташкилоти тамоман нав – “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон” таъсис гашт. Ин ҳаракат доираҳое чун домуллоҳои анъанавӣ, аҳли тасаввуф, эшонҳою муллоҳои ғайриҳизбӣ, намояндагони қозиёти Тоҷикистон, наҳзатиёни собиқ, баъзе шахсияту зиёиёни муҳоҷир, қумандонҳои саҳроӣ ва ғайраро дар бар гирифта буд. Барои гирифтани маълумоти таърихӣ дар ин масъала боре ба китобҳои худи роҳбарони ҳизби наҳзат чун С.А.Нурӣ, М.Ҳимматзода, хусусан, китобҳои ТТЭ ҲНИ бо номҳои “30-солагии ҲНИТ” ва “40-солагии ҲНИТ” нигаред. Дар онҳо худи роҳбарони ҳизб борҳо таъкид кардаанд, ки соли 1993 “ба хотири ба сафи мубориза шомил шудани доираҳои дигари динӣ” роҳбарияти ҲНИТ ҳизбро расман пароканда намуда, ба ҷойи он нерӯи фарогир - Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистонро ташкил карда буданд.
  Дар қадами баъдӣ, маҳз “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон” дар якҷоягӣ бо ҳизбҳои ғайриисломӣ Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик, яъне ИНОТ-ро ташкил доданд. Яъне, дар таркиби ИНОТ низ ягон вақт ТТЭ Ҳизби наҳзат аъзо набуд. С.А.Нурӣ маҳз ҳамчун намояндаи Ҳаракати исломии Тоҷикистон роҳбари ИНОТ интихоб шуда буд ва дар музокироти сулҳ ҳамчун роҳбари ин иттиҳод иштирок менамуд. Шояд имрӯз шумо ин ҳолатро тактика ё стратегияи ҲНИ номед, аммо воқеият ва ҳақиқати таърихӣ маҳз ҳамин аст, ки ҳизби наҳзат на узви ИНОТ буд, на дар музокироти сулҳ иштирок кардааст ва на ягон санади сулҳро имзо кардааст.... Ягона мавриде, ки дар санадҳои сулҳ ба Ҳизби наҳзати исломӣ ишора мешавад, протоколи масъалаҳои сиёсӣ аст, ки он аз нав иҷозат додан ба ҳизбу ташкилотҳои манъшуда дар соли 1992, аз ҷумла ҲНИТ-ро пешбинӣ мекард.
Аз назари ҳуқуқӣ низ ҲНИ дар солҳои раванди сулҳ умуман вуҷуди ҳуқуқӣ надошт. Зеро фаъолияти он аз охири соли 1992 то сентябри соли 1999 аз тарафи Суди Олии Тоҷикистон расман манъ шуда, ҳизб барҳам дода шуда буд. Танҳо пас аз сентябри соли 1999 ҲНИ дубора ба қайд гирифта шуда, ба таври расмӣ арзи ҳастӣ кард” (манбаъ: http://tguk.tj/index.php/tj/siyosi/1939-izbi-na-zat-yak-tarafi-sul-nest-mu-ammad-oni-nur-farzandi-s-a-nur-nest).
Вобаста ба навиштаҳои боло таъкид кардан зарур аст, ки Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ), ки Ҳукумати Тоҷикистон бо он Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ имзо кардааст, эътилофи нерӯҳои мухолиф ба давлати миллӣ ва дунявии Тоҷикистон буд. Яъне он аз ҳисоби чунин ҳизбҳо ва ҳаракатҳои сиёсии зиддидавлатӣ таъсис ёфта буданд:
- Ҳизби демократии Тоҷикистон,
- Маркази ҳамоҳангсозии нерӯҳои демократии Тоҷикистон
- Созмони “Лаъли Бадахшон”
- Ташкилоти муҳоҷирони тоҷик
- Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон
  Як нуктаро низ бояд таъкид намоям, ки як қисми хурди аъзои ИНОТ аз кору фаъолияти худ таассуф мехӯрданд, чунки бо роҳи хато ва хиёнат рафтани худро баръало ҳис мекарданд.
 Яке аз лидерони ИНОТ Давлат Усмон дар мусоҳибаи худ ба радиои британиягии ВВС таъкид кардааст, ки “дар моҳи феврали соли 1993 мухолифони давлати Тоҷикистон дар шимоли Афғонистон “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон”-ро таъсис доданд.... Зоҳиран аз аввалин рӯзҳои паноҳ бурдан ба Афғонистон даргириҳои сиёсии ин кишвар боъиси навмедии раҳбарони мухолифони исломии давлати Тоҷикистон гашт.....Мо барои пиёда кардани ахлоқи исломӣ ормонҳо ва ҳадафҳое доштем. Вақте дидем, ки мусалмонҳо ё чанд ҳизби исломӣ (дар Афғонистон) барои қудрат бо ҳам рақобат мекунанд, ба ин натиҷа расидем, ки агар бо роҳи низомӣ пеш биравем, тақдири Афғонистон тақдири мо хоҳад шуд” (манбаъ:https://www.bbc.com/tajik/institutional/2012/05/120526_ea_sz_tajik_civil_war2).
  Бояд ҳамчунин ёдовар шавем, ки Давлат Усмон соли 1993 муовини раҳбари “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон” ва фармондеҳи кулли шибҳинизомиёни мухолифи давлат дар манотиқи Рашту Бадахшон, дар шарқи Тоҷикистон таъин шуда буд.
Чӣ хеле ки мебинем, дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон маҳз “Ҳаракати наҳзати исломии Тоҷикистон” ҳамчун ҷузъи таркибии Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик (ИНОТ) иштирок намудааст ва дар он аз собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ёдовар намешаванд. Имрӯз ҳам ин ташкилот вориси ҳуқуқии ИНОТ ба ҳисоб намеравад, чунки ин нукта дар ягон санади ҳуқуқӣ инъикоси худро наёфтааст.
Бинобар ин, ҷомеаи тоҷик, хусусан насли ҷавон бояд мутмаин бошад, ки аз назари амалияи ҳуқуқӣ собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ дар раванди барқарор кардани сулҳ ҳамчун шахси ҳуқуқӣ умуман фаъолият надошт.
Инчунин ба ҳамагон маълум аст, ки фаъолияти Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҲНИ аз охири соли 1992 то сентябри соли 1999 бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар манъ шуда буд. Ин ҳизб дубора соли 1999 ба хотири таъмини сулҳу ваҳдат ба қайд гирифта шуд ва ба фаъолият оғоз намуд.
  Аз ин лиҳоз бори дигар барои нафарони ноогоҳ, хусусан экстремистони дар Ғарб пинҳоншуда, такрор мекунам, ки Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҲНИ ҳеҷ гоҳ иштирокчии ваколатдори Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон набуд, балки танҳо ИНОТ, ки аз чандин гурӯҳҳои сиёсии зиддидавлатӣ ташкил ёфта буд, ҳамчун иштирокчии музокироти сулҳи тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Яъне дар раванди музокироти сулҳи тоҷикон ду субъекти ҳуқуқ - Ҳукумати Тоҷикистон аз як тараф ва ИНОТ аз дигар тараф иштирок доштанд.
  Аз ин рӯ, Ҳукумати Тоҷикистон Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро танҳо бо Иттиҳоди нерӯҳои мухолифин ба имзо расонидааст. Ба ҳамин хотир, ин нукта бори дигар дар Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ таъкид гашт.
  Вобаста ба гуфтаҳои боло, мутмаинем, ки боқимондаҳои Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ ҳуқуқи маънавии аз номи ИНОТ сухан гуфтанро надоранд. Инчунин бояд як падидаи муҳимро ба назар гиранд, ки минбаъд дар Тоҷикистон барои ақидаҳо ва идеологияи зиддимиллии онҳо макону фазои мувофиқ мавҷуд нест. Ман итминони комил дорам, ки чанд сол пас собиқ Ҳизби наҳзати исломӣ умуман арзи вуҷуд нахоҳад кард, чунки ақоиди имрӯзаи онҳо дар ҷомеаи мо, хусусан дар байни насли ҷавон, тарафдор надорад.
  Дар даврони Истиқлоли давлатӣ сатҳи ҳуввияти миллӣ, худшиносии миллии мардуми тоҷик хеле баланд гардида, минбаъд онҳо ягон афкору идеологияи зиддимиллиро қабул нахоҳанд кард. Ваҳдати миллӣ дар зеҳни шаҳрвандони ватандори мо ҳамчун як унсури калидии ҳифзи Истиқлоли сиёсӣ ва кафили рушди давлати миллӣ ва дунявӣ нақши худро бастааст.
Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистонро зарур аст, ки ба хотири сулҳу субот ва таъмини амният дар кишвар ҳушёрию зиракиро аз даст надода, аз нақшаҳои душманони миллат дар симои аъзои гуруҳҳои террористӣ-экстремистӣ огоҳу бохабар бошем. Дар ин раванд мардуми мо, хусусан, ҷавонон бояд ҳамеша дар ёд дошта бошанд, ки Ваҳдати миллии тоҷикон саҳлу осон ба даст наомадааст. Фарзандони асил ва бонангу номуси миллат ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ талоши зиёд карда буданд
  Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд як нуктаи бисёр муҳимро ҳамеша дар хотир дошта бошад, ки шарти муҳимтарини хушбахтии инсон ин зиндагии ором дар Ватани осуда ва ободу зебо мебошад. Агар дар мамлакат сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, сарҷамъии миллат ва ваҳдати миллӣ ҳукмфармо бошад, тамоми нияту ҳадафҳои нек ва нақшаву барномаҳо иҷро мегарданд ва ҳамаи масъалаву мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ батадриҷ бартараф карда мешаванд.
 
 
Муъмин Назар
номзади илмҳои фалсафа,
Директори Институти
фалсафа, сиёсатшиносӣ ва
Хондан 1340 маротиба