Мақолаи мазкур моҳияти ду мафҳумро, ки воқеан, дар мустаҳкам шудани истиқлолияти миллӣ нақши муҳим мебозанд, тавзеҳ дода, мубрамияти дарки амиқи онҳоро дар шароити кунунии рушди давлати соҳибистиқлоли миллӣ баррасӣ менамояд. Яке аз ин мафҳумҳо «идеяи миллӣ» ва дигаре «ҳувияти миллӣ» мебошад.
Мо бояд аз он огоҳ бошем, ки дар таркиби мафҳуми «ҳувияти миллӣ», ки муталлиқ будани шахсро бар гурӯҳи муайяни иҷтимоии миллат - ҳамчун шакли олии ҷомеаи қавмии умумияти сиёсӣ, забонӣ, иқтисоду фарҳангидошта ва мардуми дорои хусусияти ягонаи равонӣ бударо ифода мекунад, инчунин, ҳисси сипосгузорию ҳимоят аз давлату Ватан, вафодорӣ ва садоқат нисбат ба давлат - ҳамчун макони рушди миллӣ ва воҳиди сиёсии нигоҳдорандаи миллат маҳфуз мебошад.
(Мусоҳибаи ихтисосӣ бо фарҳангшинос д.и.ф., Саъдулло Раҳимов )
Васфи табиат аз ҷумлаи он мавзўҳоест, ки гумон аст ягон адиб дар эҷодиёти худ онро сарфи назар карда бошад. Маҳз манзараҳои мафтункунандаи табиати рангин аст, ки бо сиру асрори ҳайратовари худ илҳоми ҳазорҳо адибонро меорад. Адибони гуногун васфи табиатро гоҳе аз барои он мекунанд, ки манзараи зебоеро боз зеботар баён кунанд, агар гўшаи торикеро тасвир карданӣ бошанд, пас талош мекунанд он ҷо нуре ёбанду онро хотирмон ба қалам диҳанд. Адиби соҳир, ҳангоми тасвири табиат ба ҳамон нуқтаҳое эътибор медиҳад, ки дар бисёр мавридҳо аз назари мо дур ва аз фаҳмишамон дар канор мондаанд. Вобаста ба табъ, завқ ва истеъдоди асарофарии адиб инчунин андозаи меҳре, ки ў ба табиати зинда дорад, ҳар як гўшаи ҷойе, обу дарахту сабзаи маҳале, шукуфтани гулҳои чамане, навои паррандаҳои зебопару хушхони боғе, тобиши муъҷизамонанди фаслҳои сол ва мисли инҳо сурати тоза, ҷолиб ва мафтункунандаро мегирнд. Шоири маъруфи урдузабону форсизабони Ҳинду Покистон Муҳаммад Иқбол (1877-1938) ”Фасли баҳор”, “Қатраи об”, “Шабнам”, “Ҷўйи об”, “Насими субҳ” ва “Бўйи гул” барин як силсила шеърҳо гуфта, бо ин васила фаромўш накардааст, ки бе васфи табиат, бе ёдовар шудан аз ҳусни табиат, бе дарки мақоми табиат дар фаъолияти ҳар як эҷодкор, албатта як навъ костагӣ, як навъ берангӣ намудор мешавад.
Яке аз хусусиятҳои хоси ҷомеаҳои муосири демократӣ – ин дар ҳудудии онҳо самаранок амалӣ шудани худидоракунии маҳаллӣ мебошад. Низоми худидоракунии маҳаллӣ дар кишвари мо дар марҳилаи нави ислоҳот ва тағйирёбӣ қарор дошта, бо як қатор омилҳои хусусияти объективӣ ва субъективӣ дошта бархурд дорад. Дар шуури ҷамъиятӣ фаҳмиш оиди моҳияти худидоракунии маҳаллӣ баъди аз байн рафтани низоми тоталитарии Иттиҳоди Шӯравӣ аз нав ташаккул меёбад. То ин давра ҳатто аксарияти аҳолии маҳал дар бораи аҳамият ва мавҷудияти институти худидоракунии маҳаллӣ тасаввурот надоштанд. Ғайр аз ин, яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро фароҳам овардани имкониятҳои нав барои худамалишавии шаҳрвандии шаҳрвандон ташкил медиҳад. Маҳз чунин худамалишавӣ метавонад дар сатҳи маҳал ҷой дошта бошад. Барои устувор намудани самти мазкур мақомот ва шахсони мансабдори ҳокимияти оммавӣ бояд дар фаъолияташон ба инкишофи сармояи инсонии ҷомеаи маҳаллӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд. Аз ин рӯ, баланд бардоштани самаранокии низоми худидоракунии маҳаллӣ ва фаъол гардонидани шаклҳои иштироки аҳолии маҳал дар ҳал намудани масъалаҳои аҳамияти маҳалли дошта хеле муҳим мебошад.