Рӯдакишиносӣ то ба имрӯз тавонистааст ба масоили зиёди хираву норавшан ва баҳсталаби замон, рӯзгор ва осори бозмондаи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (858-941) дахл намуда, дар заминаи боэътимодтарин маъхазҳои дастрас иддае аз дастовардҳоро бар манфиати илм пешкаши аҳли таҳқиқ гардонад, то дубора ба онҳо баргаштану баъдинагонро ба каҷфаҳмиҳо кашидан зарурате пеш наояд. Дар ин ҷо масъалаи зодгоҳи устоди шеъру адаби форсизабонон, кӯри модарзод будан ё набудани Одамушшуаро, андешаҳои дарҳамбарҳами аз дарбор ронда шудани шоир, баҳсҳои то ҷойе баъзан бебунёд роҷеъ ба теъдоди абёти осори ӯ, дурустхонии баъзе аз абёти бозмондаи устод аз нусахи қаламӣ ва ғайра дар назар аст. Беҳтар он ки дар ин ҷода пеш аз ба рӯдакишиносӣ рӯй овардан аз он ҳама огоҳӣ дошта бошем ва бо навҷӯйиву навгӯйӣ ба майдон бароем. Дар ғайри он ҳаваскорона ба рӯзгору осори устод муроҷиат намудану масоили ҳалшударо, то дарёфти маъхазҳои тозаву муътамад, дигарбора ба саҳнаи баҳси илмӣ кашидан чӣ маънӣ дорад?
Инсоният дар замони муосир шояд як марҳилаи аз ҳама мураккабу мушаввашкунандаи таърихро бо мушкилиҳои зиёди ба мисли фарқияти калон байни сарватмандон ва камбағалон, муборизаҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат, ҷанги термоядроӣ, ифлосшавии атмосфераи замин, тағйир ёфтани флора ва фауна, гармшавии иқлим, пайдо шудани сўрохиҳо дар пардаи озонӣ, зиёд гардидани баъзе бемориҳои сироятӣ (ВНМО(СПИД), саратон ва ғ.), буҳрони демографӣ (дар кишварҳои қашшоқ зиёдшавӣ ва дар давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта камшавии аҳолӣ), терроризм, ҳуҷуми астероидҳо, нобаробарии иҷтимоӣ ва ғайраҳоро пушти сар намуда истодааст. Бар акси он, илми муосир рўз то рўз кашфиёти нав ба нав рўйи кор оварда, инсониятро аз мушкилиҳои бисёр наҷот дода истода бошад ҳам, аксарияти онҳоро барои ояндагон дучанд намуда, боқӣ гузошта истодаанд. Дар охири қарни гузашта ва аввали садсолаи ҷорӣ мувофиқи ақидаи ҷомеашиносон раванди ҷаҳоншумулӣ ва модернкунонӣ босуръаттар гардидааст. Зеро «…Таърихи инсоният дигар раванди табиӣ–таърихӣ набуда, балки раванди иҷтимоӣ – таърихӣ гардидааст» [9, 290- 292].
Мудирият иборат аз анҷом додани кор ба василаи дигарон аст. Мудирият илм аст ва он аз ҷумлаи улуми иҷтимоӣ буда, дар он масоили марбут ба ҷомеа, мутобиқ ба хусусиёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ахлоқии ҷомеа мавриди мутолиа қарор дода мешавад, ки роҳ ва равиши расидан ба ҳадафҳои идораро ба сурати умум танзим менамояд. Мудирият иборат аз ҳунарест, зеро ҳунар иборат аз маҳорат дар анҷоми корест, ки ба василаи таҷрибаи такрор ва мушоҳида ба даст омада бошад. Пас, дар мудирият ҳам таҷриба, ҳам назария ва рукни саввумии асос низ шомил мегардад, зеро агар шахс дорои таҷриба ва таҳсил бошаду агар эҳсоси анҷом додани кор дар ӯ набошад, мудириятро беҳтар анҷом дода наметавонад.
Қабл аз ин, ки дар мавриди нақш ва аҳаммияти маркетинг ё бозорёбӣ дар тиҷорати байналмилалӣ баҳс сурат гирад, лозим аст то маълумоте чанд атрофии пайдоши ин ришта ва таърифи он ироа гардида, баъд нақш ва и он дар тиҷорати байналмилалӣ тавзеҳот дода шавад.
Ихтисоси ҷадиди маркетинг аввалин бор дар соли 1931 дар донишгоҳи Миното Ийолоти Муттаҳдаи Амрико дар замоне ба вуҷуд омад, ки буҳрони шадиди иқтисодӣ иқтисоди ин кишварро, хусусан дар бахши иқтисоди зироат таҳдид мекард, таҳавуулоти бунёдиро дар тиҷорати ин кишвар ба вуҷуд оварда, ҳадафи он омӯзиш ва равишҳои тозаи бахши фурӯши махсулоти зироатӣ буд. Аммо дар ин чанд соли ахир, ки инкишофи технологияи дар бахшҳои васоили маълумотӣ чун телевизионӣ, мухобиротии моҳвораӣ, компютерӣ ва Интернетӣ ба ҳадди ғайри қобили бовар расидааст, мутолиот дар ин ришта он қадар васеъ гардида, ки акнун аз аксар улуме, ки қарнҳо дар донишгоҳҳои ҷаҳон тадрис мегардад, комилтар шуда ва китобҳои бештаре дар ин замина ба риштаи таҳрир даромадааст ва натиҷаи ин амал пешрафти тиҷорат дар ин чанд даҳаи ахир буда, ки ин мавзӯъ акнун ба хубӣ барои ҳамагон машҳур аст [4-112].