JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 16 Марти 2020 06:26

Сарнавишти фарҳанги ориёӣ

Муаллиф: Комил Бекзода ва Дидавар Бекзода

  Муқаддима

  Ҳар фарҳанге дар ҷаҳон сарнавишти хоси худро доштааст. Мо чанд мулоҳизаи мухтасаре доир ба сарнавишти тамаддун ва фарҳанги тоҷикро ба хонандагони арҷманд пешкаш менамоем. Сарчашмаҳои ин баҳс аз маълумоти китобҳои ватанӣ ва хориҷӣ бо забонҳои гуногун аст. Шеваи баргардон нисбат ба дигар навъҳои таълиф дар ин баҳс афзалият хоҳад дошт. Мо аз истилоҳоти печида  ва душвори илмӣ дурӣ меҷӯем ва то ҳадди имкон ба забони возеҳу равшани мардум такя мекунем.   Ангезаи ин иқдом ин буда, ки баъди истиқлоли сиёсии Тоҷикистони азиз мо аз сарчашмаҳои фаровони фарҳанги ҷаҳонӣ, аз ҷумла китобу рисолаҳо ва маводу маълумоти интернетӣ бархӯрдор гардидаем. Таҳиягарони ин навишта бар ин назаранд, ки ин иқдом таҷрибаи аввалини шогирдона аст ва умедворанд, ки таҳлилҳои дақиқи илмӣ ва ихтисосиро аз ҷониби устодони варзидаи фарҳанги тоҷик дар пай хоҳад дошт.

(1)

Равиши таҳқиқ

  Дар ин навишта сухан аз таърих ва сарнавишти тамаддун ва фарҳанги куҳансоле меравад, ки дар раҳгузари замон фарозу нишеби бисёр дида ва саранҷом аз зери хокистари сарди гузашти айём ҳамчунон дурахшон ва тобнок чун рӯзи нахуст падидор гаштааст. Дар ин ҷустуҷӯ чароғи роҳи мо андешаҳои  суханварони ростгуфтор аз худӣ ва бегона буда, ки дар заминаи тамаддун ва фарҳанги ин сарзамин талоше мардона кардаанд. Ва дархӯри тобу тавони хеш таҳқиқе ростин намуда ва онро ба ҷомеаи башарӣ тақдим доштаанд...

(2) 

Таърифи фарҳанг

  Фарҳанг ва тамаддун назму низоми иҷтимоӣ аст, ки бар асари он офариниш ва халлоқияти фарҳангӣ имконпазир мешавад. Ба ақидаи аксари муҳаққиқони ҷаҳон, тамаддун ё маданият (Civilisation) бар созмони иҷтимоӣ ва низоми ахлоқӣ ва фаъолияти фарҳангӣ номгузорӣ мешавад. Ва таровишҳою парвозҳои фикрии башарро ки аз дер боз то кунун барои бузургӣ ва шаҳомати хеш андешида ва сабаби шӯҳрати овозадор шудани миллатҳо гардидааст, фарҳанг  (Cultura) мехонанд.

(3)

Ҷомеа ва тамаддун

  Гурӯҳе аз инсонҳо, ки аз ташкилоти муназзам ва муайяне пайравӣ мекунанд ва дар зери байрақи он ба зиндагии хеш идома медиҳанд, ҷомеа мегӯянд. Ва чун тамаддунро маҷмӯаи муназзаме аз кирдорҳои ёдгирифта ва касбкардаи хоси ҳар ҷомеа низ донистаанд, бинобар ин тамаддун ва ҷомеа ҳамвора ва ҳамеша қарин ва наздики якдигаранд. Гӯё ин ки ҳар яке аз ин падидаҳо, падидае хос маҳсуб мегарданд ва аз ҳам ҷудо ҳастанд. Он чи ин ду унсурро ба ҳам пайванд медиҳад, фард аст, ки аз ҷиҳате, ташкили ҷомеаро медиҳад ва аз дигар сӯй, бо рафтору одоби худ бинои тамаддунро дар ҷомеа бунёд месозад. Бинобар ин ҳар фарде нишондиҳандаи ҷузъе аз тамаддуни хеш аст ва ба танҳоӣ наметавонад муарриф ва нишондиҳандаи ҷилваҳои тамаддуни худ бошад. Вале гурӯҳи афроди муташаккиле, ки ҷомеаеро падид меоваранд, метавонанд муарриф ва нишондиҳандаи тамаддуни худ бошанд. Ва ин нукта низ мушаххас ва муайян аст, ки ниме аз нишонаҳои фарқкунанда ва ихтисосоти ҳар тамаддун дар ҷиҳати хости ҷомеа сайр мекунад. Ҳамчунин хосияти аслии ҳар тамаддун дар ин аст, ки бақо ва осудагии ҷомеаеро, ки ба он муртабит ва вобаста аст, таъмин намояд. Аз ин ҷост, ки ҷомеаҳои башарӣ ба василаҳо ва фанҳои гуногун таҷҳиз ва омода мешаванд, то мардумро дар баробари мушкилоти ҳаёт ёрӣ кунанд. Заруритарин боварҳо ва ҳамдилиҳо иборат аст аз таҳия ва омодасозии хӯрок, ҷойгоҳ, тавлид ва истифодаи маводи хом. Ва ин ҷумла, ки баршумурдем, омилҳое ҳастанд, ки сабаби бақо ва ҳастии моддии ҷомеа мешаванд. Омилҳои сиёсӣ, ахлоқӣ ва ҳунарӣ низ дар мондагорӣ ва ҷовидонагии ҷомеа сахт таъсирбахшанд, чи барои давоми ҷомеа, назму низоми сиёсӣ, агарчи андак бошад, зарурӣ аст ва низ лозим аст, ки қонуне ахлоқӣ аз роҳи мазҳаб ва хонавода барқарор гардад, то дар баробари буҳронҳо ва нигарониҳо ба мардум итминони хотир диҳад ва ҳадафе дар зиндагӣ эҷод намояд. Ва инчунин ҳаёти даргузар, ширин ва дӯстдоштанӣ гардад. Ва низ василаҳое барои таъмин ва густариши тарбият ба кор оғоз кунанд, то фарҳангро аз насле ба насли дигар интиқол диҳад. Ва бар насли тоза низ фарз аст, ки мероси қавм ва суннати ахлоқӣ ва забону фарҳанги пешиниёнро некӯ нигоҳ дорад, хоҳ аз роҳи тақлид, хоҳ аз тариқи таълим ва ё ба шеваи талқин (внушение) фаъолият намояд. Зеро ҳамин меросҳо ҳастанд, ки сабаби густариши тамаддун мегарданд ва болоравандагии ӯро доман мезананд.

  Аз байн рафтани ин омилҳо ва гоҳе аз даст додани яке аз онҳо, мумкин аст, сабаби фано ва нобудии ҷомеа ва тамаддун гардад. Ва аз инҳо гузашта, омилҳое чун омилҳои ҷуғрофиёӣ ва заминшиносӣ низ дар бақо ва фанои ҷомеа таъсиргузор аст: таъсири вазъи обу ҳаво, бемориҳои вогир ва сироятӣ, заминларза ва ҳодисаи оташфишон (кӯҳи оташфишони вулканӣ) низ мумкин аст ҷомеаро ба табоҳӣ ва харобӣ кашида, тамаддунеро ба хок яксон намояд.

(4)

Чигунагии дигаргунӣ ва такомули тамаддунҳо

  Бешак, ибтидоитарин тамаддунҳо пайваста дар ҳоли дигаргунӣ ҳастанд. Ва ин нуктаро кашфиётҳои бостоншиносӣ бо ҳама хурдмиқдории худ таъийд ва тасдиқ мекунад. Унсурҳои тамаддунӣ мумкин аст, гоҳ ба сурати ихтироъ зоҳир гардад. Ва замоне аз тамаддунҳои дигар ба орият гирифта шаванд. Ва дар ҳарду сурат то дар қолаби тамаддун ҷой нашаванд ва ҷомеа онҳоро напазирад, муваффақияте касб нахоҳанд кард. Дар мавриди унсурҳои ихтироъӣ (кашфшуда ва эҷодшуда) ё ориятӣ дар ҳар тамаддун бояд ёдовар шуд, ки он унсурҳо зодаи фикр ва тадбири инсонҳое будааст, ки мутаассифона, ҳеҷ гуна ному нишоне аз онон бар ҷой намонда, ба ҳақиқат ин аносир такмилдиҳандаи тамаддуни кори умумӣ аст. Ва имрӯз ба дурустӣ наметавон ташхис дод ва муайян намуд, ки ҳар қавму миллат дар таҳия ва тадвини онҳо чӣ саҳме доштаанд. Дар мавриди пазириши унсурҳои тамаддунии тоза ва нав бояд гуфт, ки яке аз ихтисосоту хусусиятҳои ҷазбу даромехтани унсурҳои ориятӣ он аст, ки ҷомеа вомгиранда ва қарзгирандаи он унсурро бо ҳамон услубу  кайфияти зоҳирияш мавриди тақлид қарор медиҳад, бе он ки ба моҳияту мафҳуми  ҳақиқии он тамаддуни аслӣ илтифоте кунад. Ва аз ин раҳгузар аст, ки унсури ориятии тозаворид, умуман аз мафҳумҳои аслии худ ба дур мемонад ва аксар дар тамаддуни тозае, ки онро пазируфта, тасдиқ ва исботи дигар меёбад ва саранҷом бо маънавиёти он ҷомеа ҳамрангӣ пайдо мекунад. Ин нукта дар бораи идеологияҳои хоси ҳар ҷомеа низ содиқ аст. Ва бисёре аз муътақидоти ҷомеае, ки ба ҷомеаи дигар мунтақил мешавад, дорои чунин хусусияте аст, ки умуман, аз сурати аслӣ ва ҳақиқии худ дур монда ва ранги тоза ва ҷилвае нав ба худ гирифтааст. Марҳилаи дигаре, ки дар таҳаввули тамаддунҳо дорои аҳамият аст, партофтани унсурҳои кӯҳна  ва қабули унсурҳои тоза ва нав аст. Унсурҳои деринаи тамаддун ба сабаби пайвандҳо ва бастагиҳои  гуногуне, ки бо якдигар ҷузъҳо ва пораҳои тамаддун дорад,  ҳеҷ гоҳ барои ҳамеша аз ҷомеа ронда намешавад. Балки бо тақозои замон ҷойи худро ба унсури тозае бахшида ва худ ба унвони дигаре дар тамаддун боқӣ хоҳад монд. Дар мавриди суннатҳо ва одоб низ чунин аст. Бо ин ки бисёре аз маросим ҷанба ва ҷиҳати хурофотӣ  ба худ гирифта, вале ба номи традитсия ва анъана бар ҷой монда ва дар ҷомеаҳо ҷое барои хеш боз кардааст. Дар дигаргунии тамаддунҳо тундравӣ ва кундравӣ ба сӯйи таъолӣ ва шукуфоӣ низ амри маҳсус ва воқеӣ аст. Илми бостоншиносӣ исбот кардааст, ки бисёре аз тамаддунҳо дер замоне дар ҳоли таваққуф буда ва дар он тағйири ҷиддие рух надодааст. Ва ё ин ки дар фосилаи миёни давраҳои густариш ва тараққии бошитоб як давраи рукуд ва карахтӣ дида шудааст, ки дар он унсурҳои тамаддун камтар дастхуши таҳаввулот ва тағйирот шудаанд.

  Шак нест, ки дар муддати ин давраҳои сукун ва сукут, ҷомеаҳо имкони онро меёфтанд, ки унсурҳои тамаддунии фарсуда ва куҳнаро канор гузорида, дар мавриди баъзе аз унсурҳои ихтироъӣ ва тоза  андаке бияндешанд ва агар онро муносиб бо талаботи зиндагии худ надиданд, аз тамаддун биронанд. Ончи мусаллам аст, ихтироот дар дигаргунии тамаддун ва рушду тараққии он бисёр таъсиргузор аст. Ба тавре ки дар андак муддате доманаи тағйирот ва таҳаввулотро вусъат бахшида, дигаргуниҳои амиқе дар заминаи камоли тамаддун падид меоваранд. Нуктаи сазовори таваҷҷуҳ он аст, ки бар асари кашфиёти бостоншиносӣ исбот гардидааст, ки ҳеҷ тамаддуне мумкин нест дар ҳолати карахтӣ ва сукути комил бияфтад ва аз рушду таҳаввул боз монад. Ба ҳақиқат, тамаддунҳое, ки ба номи бадавӣ (фарҳанги қавмҳои бодиянишин) хонда мешавад, намунаи тамаддунҳоест, ки дар ҷараёни парокандашавӣ ва парешонии худ ба марҳалаи ғоӣ ва ақидатӣ расидаанд. Танҳо дар мавриди усул ва василаҳои фаннӣ-техникӣ аст, ки метавон гуфт баъзе аз тамаддунҳо ба ҳолати бадавӣ боқӣ мондаанд ва чун дар ҳар ҷомеае таҳаввул ва такомули васоили фаннӣ ва техникӣ бастагии том ба тарзи фароҳам овардани озуқа ва манзилгоҳ дорад, бадеҳӣ аст, ки ҳеҷ як аз тоифаҳое, ки аз тариқи шикор ва гирд овардани хӯрок зиндагӣ мекунанд, имконияти онро надоранд, ки сарфиёти сангинеро дар заминаи ташкилоти идорӣ таҳаммул кунанд. Кӯтоҳи сухан он аст, ки дар мавриди таҳаввул ва такомули  тамаддунҳо бо ҳама торикиҳои фаровоне, ки дар ин роҳ вуҷуд дорад, ин нукта бадеҳист, ки шикор ва гирд овардани озуқа дар ҳама ҷойи ҷаҳон муқаддамтар ва пештар бар давраи баровардани хӯрок будааст. Бо ин ҳама, ба мавридҳои гуногуне бармехӯрем, ки кишоварзӣ муқаддам бар шикорварзӣ будааст. Ва аз ин ҷо хулоса мешавад, ки тамаддуни башар бо як тарҳи муайян ва маҳдуд бар роҳе, ки хоси як фард бошад, рӯ ба такомул нарафтааст, балки тамаддунҳои гуногуни гӯшаву канори мухталифи ҷаҳон, дар айни ҳол, ки дар хатти сайрҳои ҷудо аз якдигар сайр карда ва таҳаввул ёфтаанд, ҳама ба таври куллӣ чеҳраи такомул ба худ гирифта ва дар сӯе мушаххас пешрафт намудаанд. Нуктаи дигар он аст, ки бо ин ки умуман, миёни бисёре аз унсурҳои тамаддун робитаи наздик барқарор аст, гаҳгоҳ мушоҳида мешавад, ки дар тамаддунҳои гуногун баъзе унсурҳои тамаддун комилан рушд ва такомул меёбанд. Ва ҳол он ки баъзеи дигар ба ҳамон ҳолати нахустин   ва бадавӣ боқӣ мемонанд. Гӯё яке аз иллатҳо ва сабабҳои ба вуқӯъ омадани ин ҳолат интишори тезутунди баъзе унсурҳои тамаддунӣ аст.

          Дар хотима ёдовар мешавем, ки такомул ва дигаргунии тамаддунҳо дар саросари ҷаҳон ба яке аз ин се тариқ анҷом гирифтааст. Ва гоҳе ҳар се ва яке аз онҳо бо дигаре ҳамроҳ буда  ва сабаби такомул шудаанд.

  1. Тавфиқ ва барори кор дар ёфтани василаҳои тоза барои осонии маишати моддӣ ва ба даст овардани хотири ҷамъ, яъне кашфи олатҳои механикӣ ва асбобу абзорҳои кор ва тараққии илмҳо ва эҷоди шоҳкорҳои ҳунарӣ ва иқтисодӣ.
  2. Ҳифз ва нигаҳдории тамаддуне, ки аз пешиниён ва гузаштагон ба мерос расида, ба василаи дифоъ аз маскани мутамаддинон ва сарзаминҳои обод аз ҳуҷуми ваҳшиён ва ҷилавгирӣ аз ғорату дастбурди ғоратгарон, чи дар сурати воқеъ шудани чунин бархӯрде, заминҳои обод хароб мешавад ва василаҳои ободкунандаи зиндагонӣ барбод меравад ва дар сурати ғалабаи ваҳшиён, агар ҳам тамаддуни қадими сарзамини мағлуб бакуллӣ аз миён наравад, бешак, то муддате, ки дар он дарандахӯиҳо дар ҳамон мартабаи собиқи зиндагонии худ боқӣ ҳастанд, тамаддун аз сайри пешравандаи хеш боз мемонад.
  3. Ҳар сарзамини мутамаддине ба таносуби истеъдод ва завқи сокинон, ҳосилхезии хок, манбаъҳои табиӣ ва вазъи обу ҳавои худ офаранда ва тавлидкунандаи тамаддуне махсус аст, ки бо тамаддуни ноҳияҳои дигар мутафовит мебошад. Агар мардуми гӯшаҳои мухталифи ҷаҳон бо якдигар иртибот ва омезиш надошта бошанд, табиатан аз истифодаи василаҳо, тадбирҳо ва ҳосили фикру завқи дигарон маҳрум мемонанд. Дар сурате, ки агар бар хилофи ин бошад ва бар асари доштани роҳҳои иртибот ва василаҳои интиқоли саҳлу осон бо ҳамсоягон ва қавмҳои дуртар алоқаманд гарданд, ба ҳамон шакл, ки дастранҷу кори худро бо маҳсулоти сохтаи дигарон мубодила мекунанд, василаҳои тамаддунии якдигарро фаро мегиранд. Ва ин табодул худ боиси афзоиш ва тавсеаи доманаи тамаддун мегардад.

 

Таҳия ва таҳқиқи:

Комил Бекзода ва Дидавар Бекзода

Сарчашмаҳои ин мақола:

  1. Вил Дюрант. Таърихи тамаддун: Машриқзамин гаҳвораи тамаддун. Тарҷумонҳо: Аҳмад Ором, Амирҳусайн Ориёнпур, Аскарии Пошоӣ. Теҳрон, Ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ. Ҷилди 1. Теҳрон, 1380-хуршедӣ.
  2. Ҳасан Пирниё, Аббос Иқболи Оштиёнӣ. Таърихи тамаддуни Эрон (Давраи 3 ҷилдӣ). Теҳрон, 1392-хуршедӣ.
  3. Ралф Линтон. Сайри тамаддун. Тарҷумонҳо: Парвизи Марзбон ва Фарҳоди Тоҳирӣ. Теҳрон, 1396-хуршедӣ.

(давом дорад)

  

Хондан 1271 маротиба