Вазъи аморати Бухоро ва зарурати деринаи ислоҳу дигаргунсозии ҳама соҳаҳои иҷтимоии онро дар авохири асри ХIХ устод Садриддин Айнӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, қайд намуда буд, ки то ошноӣ бо асарҳои Аҳмади Дониш мо гумон доштем, маркази оламу пешрафти дунё ин аморати Бухоро аст ва ҳеҷ кишваре дар пешрафту нумӯъ баробар ба он нест ва шиносоӣ бо китобҳои Аҳмади Дониш чашми моро ба ҳақиқати олам ва «ҳақиқати билоди Бухоро» кушод. Бараъло айён мешавад, ки устод Айнӣ дар саргаҳи ин ҷунбишҳо ва хезишҳои ғоявӣ, ки аз онҳо чун «инқилоби фикрӣ» ном бурдааст, Аҳмади Донишро мебинад.
Дар мақолаи мазкур, оид ба сарчашмаҳои бавуҷудоии тундгароии динӣ дар байни ҷавонон ва ҳадафҳои асосии онҳо дар давраи гузариш ба ҷомеаи шаҳрвандӣ, назари коршиносон, зарари ин падидаи номатлуб ба ваҳдат ва истиқлолияти миллӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуда, омилҳои рӯ овардани баъзе аз ҷавонон ба мазҳабҳои ғайриисломӣ, мақсаду мароми терроризм, экстремизм (ифротгароӣ), тундгароии динӣ бо далел ва мисолҳои мушахххас мавриди омӯзиш ва таҳқиқ қарор гирифтааст.
Бо ба имзо расонидани Созишнома оид ба ташкили Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар фазои пасошӯравӣ аз ҷониби роҳбарияти се кишвар (ҶШФР, Украина, Белорус) аз 8 декабри соли 1991 ба дигаргунсозиҳои демократӣ асос гузошта шуд.
Созишнома, ки аз муқаддима ва 14 модда иборат буд, бо моҳияти аслии худ ба таври куллӣ тақдири ИҶШС-ро ҳал намуд.[1]
Тибқи моддаи 2-и ҳамин Созишнома, Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравӣ Сотсиалистӣ ҳамчун субъекти ҳуқуқи байналмилалӣ ва ҳаққонияти геополитикӣ мавҷудияти худро ба итмом расонид.
Худро кунам суҷуде, дунё дуо надорад,
Дар тору пуди ҳастӣ маънӣ садо надорад.
Бо сеҳри худфиребӣ, дил бо нигор додем,
Афсӯсу сад надомат, к-он ҳам вафо надорад.