Ҷашни Сада аз муҳимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷику форси даврони ботон дар қатори ҷашнҳои Меҳргон, Тиргон ва Наврӯз ба шумор меравад. Ин ҷашн яке аз маросимҳои суннатии мардуми форсизабонон ва эронитабори дунё буда, дар оғози шомгоҳ даҳуми баҳман (зо январ) баргузор мегардад, ки ин рӯзро Обонрӯз меноманд. Ҷашни Сада ҷашни ғалабаи нур бар зулмот, некӣ бар бадӣ ва ягонагиву ҳамбастагӣ, муҳаббату садоқати мардум дар мӯқобили бесадоқатию беотифагӣ аст. Мардуми эронитабор, махсусан дар як қатор шаҳрҳои Эрон, аз ҷумла дар Теҳрон, Шероз, Исфаҳон, Ромсар, Аҳвоз, Кирмон, Кошон, Язд, Ҳамадон, Сабзвар, Шабистар, Ҳамадон ва кишварҳои Аврупо (Суис), Амрико (Калифорния), Австралия ва ғайраҳо бо гирд омадани мардум дар як макон аз шаҳр, ё шаҳристону деҳот дар паҳлуи якдигар ҷамъ омада, оташи ниҳоят бузург гирён мекунанд ва ба сурудхониву пойкубӣ шурӯъ менамоянд.
Борҳо мушоҳида кардаам, ки мардуми камбизоат аз афроде, ки соҳиби машинҳои зебои хориҷӣ ҳастанду дар даст телефонҳои қиматбаҳои кисагӣ, дорои "ноутбук"-ҳо, дар тан либосҳои озодаву шинам бо одоби ҳамида сайл мекунанд, рашк мебаранд. Балки онҳоро бад мебинанд. Ин ҳолатро дида, нидои устод Тоҳир Собиров – коргардони шинохтаи “Тоҷикфилм” ба ёдам меояд, ки мегуфтанд: “Мурад камбағалӣ” ...
(бардоштҳо аз мураттаботи доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов зери унвони “Андарзнома”)
Агар хоҳӣ, ки ҳосили 1-сола бигирӣ, гандум кор, агар хоҳӣ, ки ҳосили даҳсола бигирӣ, дарахт биншон, агар хоҳӣ тамоми умр ҳосил бигирӣ, тухми донишро дар дили мардум бикор.
Масали чинӣ
Аз рӯзе, ки инсон шуур пайдо кард, дониши худро сайқал дода, миёни дигар мавҷудоти зинда бартарӣ пайдо намудан гирифт. Ҳар шахсе, ки дониши бештар дошт, дар миёни қавми худ низ тавонотар ва обрӯмандтар буд. Ҳамин тавр, ҳар қавме, ки донишманди бештар дошт, дар миёни қавмҳои дигар тавонотар мегашт. Билохира, дар ҷаҳони имрӯз, ҳар миллате, ки рӯ ба илму маърифат оварда, технологияҳои навинро сари вақт аз худ мекунад, пешрафтатару соҳиби мақоми баландтар ҳаст. Дар ин раванд маҳз донишмандони меҳандӯст ҳастанд, ки тибқи масали чинии дар боло оавардашуда тухми донишро дар миёни мардуми кишвари хеш мекоранд. Ҳадафи чунин пажуҳишгарон хизмат ба меҳан ва ҳифзи бардавоми манфиатҳои миллӣ мебошад, аз ин рӯ, аз ҳар имконе истифода намуда, огоҳию дониши лозимаро пахшу нашр месозанд. Муҳимтар аз ҳама, тарбияи ҷавонон дар руҳияи донишҷӯӣ, меҳанпарастӣ, шуҷоату ҷавонмардӣ ва рафтору гуфтори нек яке аз ҳадафҳои мураттиби китоби тозанашри “Андарзнома”, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Саймумин Ятимов мебошад. Бо таваҷҷуҳ ба вазъи тарбиятию маърифатию ҳувиятӣ, мураттиби нуктасанҷ чунин як китоби муфидеро таҳия намуда, пешкаши оммаи васеи хонандагон гардонидааст.
Халқи тоҷик миллати навбунёд набуда, таърихи чандин ҳазор солаҳоро дорост. Таърихи давлату миллати хешро донистан вазифаи ҳар як шаҳрвани Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ҳар як миллатро аз таъриху забонаш мешиносанд. Бояд мо, ҷавонон вақти пурқимати хешро самаранок истифода истифода бурда, саҳифаи гузаштаи таърихи хешро варақ занем ва аз давлатдории Ҳахоманишинону Сафориён то Сосониёну Сомониён маълумот пайдо намоед. Ба мову шумо маълум аст, ки Исмоили Сомонӣ асосгузори давлати тоҷикон буд. Баъд аз барҳам хурдани давлати Сомониён мушкили чандин соли ҳаёти халқи тоҷик дар давраи шуравӣ боз як вилояти мухтори тоҷикон бо номи Тоҷикистон дар ҳайати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис ёфт.