JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 05 Июли 2024 12:19

Ҳамкориҳои судманди байнидавлатӣ ва сатҳи баланди шарикии стратегӣ

Муаллиф:

(Мулоҳизоти куллӣ дар доираи Пружаи “Роҳи нави дӯстии наслҳо” ва чорабинии табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин)

 Сафари расмии навбатии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Тоҷикистон, ки рӯзҳои 4-6-уми июни соли ҷорӣ ба вуқуъ пайваст, саҳифаҳои наверо дар муносибатҳои дӯстонаи ду кишвар кушода истодааст. Чуноне ки маълум аст, дар ин сафар аз ҷониби раҳбарони ду кишвар биноҳои Парлумон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 5 сол пеш аз худи онҳо санги асос гузошта шуда буданд, кушода мешаванд.  Ҳамзамон бо расидани Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин ба Душанбе, мақолаи ӯ дар рӯзномаи “Народная газета” ба табъ расид (ниг.: Цзиньпин, Си. Китайско-таджикские отношения: во имя прекрасного будущего. //Народная газета, №27 (20464), 5 июля 2024. С.1). Раисҷумҳурии Чин Си Ҷин Пин дар ин мақола аз таърихи ҳамкориҳои ду миллат дар мароҳили гуногуни таърихӣ сухан ба миён оварда, таъкид менамояд, ки дар чанд соли охир ин ҳамкориҳо зиёд тақвият ёфта, то ба сатҳи шарикии стратегӣ расидаанд. Ба таъкиди раисҷумҳури Чин, то ба дараҷаи рекордӣ расидани муомилоти молу маҳсулот миёни ду кишвари ҳамсоя дар соли 2023 ва ба зери 4 миллиард доллари амрикоӣ расидани он аз ҷумлаи муваффақиятҳои муносиботи судманди тарафайн маҳсуб мешавад.

Дар баробари ҳама нишасту чорабиниҳое, ки дар доираи сафари расмии Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин дар сатҳи баландтарин баргузор шуда истодаанд, як чорабинии дигаре дар Кохи Наврӯз доир гардид. Ин чорабинии табодули гуманитарии Тоҷикистону Чин буда, зери унвони “Роҳи нави дӯстии наслҳо” гузаронида шуд. Дар он раҳбарон ва дигар намояндагони ВАО-и ду кишвар ширкат варзида суханронӣ намуданд. Намояндагони Чин аз меҳмондориву муносибати хуби тоҷикон изҳори қаноатмандӣ намуданд. Аз ҷумла, президенти Медиакорпоратсияи Чин (China Media Group) Шэн Хайсюн зимни суханронӣ изҳор дошт, ки фазову муҳити Тоҷикистон ва муносибати хуби тоҷикон онҳоро хеле хушҳол сохтааст ва дар чунин муҳиту фазои дӯстонаву отифии тоҷикона ҳар навъи ҳамкорию табодул сатҳи баланд мегирад. Дигар  баромадкунандагон низ аз ҳамкориҳои зичи ду кишвар дар соҳаи ВАО изҳори қаноатмандӣ карда, барои тақвият ёфтани раванди ҳамкориҳои минбаъда пешниҳодҳо намуданд.

Қисмати дуюми ин чорабинӣ муаррифии оғози бахши мавсими сеюми барномаи “Афоризмҳои дӯстдоштаи Си Ҷинпин (бо забони тоҷикӣ)” буд. Ин як барномаест, ки аз ҷониби Медиакорпоратсияи Чин таҳия шуда, бо забони тоҷикӣ дар ВАО-и расмии Тоҷикистон пахш мешаванд. Он аз видеороликҳои кутоҳе иборат мебошад, ки дар онҳо афоризмҳое, ки раисҷумҳур Си Ҷинпин дар суханрониву навиштаҳои хеш истифода кардааст, оварда мешаванд. Ҳамаи ҳикмату афоризмҳое, ки раисҷумҳур дар матни суханронию суҳбатҳояш иқтибос меоварад,  аз адабиёти классикии Чин, достонҳои қадима ва рисолаҳои таърихиву фалсафии чинӣ гирифта шуда, мавзуъҳоеро дар бар мегиранд, ки имрӯз ҳам аҳамияти зиёд доранд. Аз ҷумла, мавзуъҳои хизмат ба мардум, рушду пешрафти муштарак, ҳифзи муҳити зист, интиқоли мероси фарҳангӣ, танаввуъ ва гуногунии тамаддунҳо ва амсоли инҳо дар ин барнома мариди таваҷҷуҳ қарор мегиранд. Дар лаҳзаи навиштани ин сатрҳо аллакай 6 видеоролик дар доираи барномаи мазкур мунташир карда шуд. Дар яке аз онҳо ин иқтибосро дучор меоем: “Ҷаззобияти шӯрбои болаззат дар маҷмуи маззаҳои гуногун мебошад”, ки худи раисҷумҳур Си Ҷинпин онро дар суханронии худ чунин маънидод мекунад: “Гуногунии тамаддунҳои инсонӣ муҳимтарин нишонаи ҷаҳони мо ва ҳамзамон сарчашмаи рушди инсоният аст. Дар ҷаҳон беш аз 200 мамлакат, беш аз 2500  халқият ва теъдоди зиёди дину мазҳаб вуҷуд доранд. Ҳар яке аз онҳо фарҳангу тамаддуни гуногун офарида, ҷаҳонро гуногунрангу ғанӣ сохтанд”.  Дар ҳақиқат, ҷаҳон ба ҳамон гуногунрангии фарҳангиву забонии худ зебо аст. Ҳар як миллату давлат вазифадор аст, ки фарҳангу тамаддуни хешро нигаҳ дошта, ба наслҳои нав расонад. Ин на танҳо хизмат ба ватану миллати хеш маҳсуб меёбад, балки барои аҳли башар низ як хизмати шоиста аст. Чунки ҳамон зебоиву гуногунрангии ҷаҳонӣ ҳифз мегардад. Бинобар ин, метавон гуфт, ки ин афоризми чинӣ дар ҷаҳони имрӯз низ аз аҳамияти вижа бархурдор мебошад. Махсусан, дар кишвари мо, ки кӯшишҳои ҳифзи фарҳангу суннату одатҳои миллӣ аз ҷониби давлат мавриди баҳсу баррасии дӯсту душман қарор гирифта истодаанд, ба мардум расонидани дурустии ин амал дар шакли афоризмҳои чинӣ аз манфиат холӣ нест. Илова бар ин, мавзуъҳои дигари мубрами рӯз низ дар ин барномаи фарҳангӣ-иттилоотии муштараки ВАО-и Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чин баррасӣ карда мешаванд, ки баъзе онҳоро дар боло зикр кардем.

Қисмати дигари ин ҳамоиш ба ҳамкориҳои иттилоотии Тоҷикистону Чин бахшида шуда буд. Намояндагони ВАО-и ду кишвар аз сатҳи ҳамкориҳои имрӯза изҳори қаноатмандӣ намуда, барои боз ҳам тақвият додани он омодагии хешро изҳор доштанд. Дар ин замина онҳо лоиҳаи нави муштараки ВАО-и Тоҷикистон ва Медиакорпоратсияи Чинро зери унвони “Чинро бо ҳам мебинем” оғоз намуданд. Дар доираи ин лоиҳа миёни ду тараф табодули иттилоотии зиёд, дар шаклҳои гукногун, дар назар дошта шудааст, ки дастовардҳои ҳар ду ҷонибро муаррифӣ менамоянд.

Бахши охири ҳамоишро барномаи ҳунарии ҳунармандони Консерваторияи тоҷик ҳусни анҷом бахшид, ки дар он бо истифода аз созҳои мусиқии тоҷикиву чинӣ оҳангу навозишҳои ҷолибу шуниданӣ, пахш гардид. Махсусан, садои сози мусиқии қадимаи чинӣ дар иҷрои ҷавонбонувони миллӣ, ки дар сафари қаблии раисҷумҳури Чин ҳамсари ӯ ба Консерваторияи миллии Тоҷикистон ҳадя карда буд, ҳозирин ва иштирокчиёни чорабиниро хушнуду болидахотир сохт.

Хулоса, ҳамоиши фарҳангиёну рӯзноманигорони Тоҷикистону Чин дар Кохи Наврӯзи шаҳри Душанбе дар сатҳи хубу хотирмон гузашта, уфуқҳои нави ҳамкории дуҷонибаро дар соҳаи расонаӣ-иттилоотӣ кушод. Ин гуна ҳамкориҳо, воқеан саҳифаи нави дӯстиро дар таърихи муносиботи гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин хоҳанд кушод.

Меҳр Собириён

иқтисодшинос

Хондан 1211 маротиба