JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 16 Июли 2024 12:46

Устод Хушқадам Холиқов ва дидгоҳи ахлоқии ӯ (аз силсилаи дидгоҳу афкори зиёиёни музофотӣ)

Муаллиф: Дидавар Бекзода

  Ёдоварӣ аз шахсиятҳои варзидаи музофотӣ бо худии худ кору амали хайру савоб аст. Аз тарафи дигар, тариқи муаррифии шоистаи насли бузургсоли ҷомеа, ки дар масири тарбияи ҷомеа гомҳои устувор бардоштаанд, вазифаи мост. Дар ин радиф аз шахсияте ёдовар мешавем, ки умри бобаракати хешро сарфи таълиму тадрис ва тарбияи насли наврасу ҷавони музофотӣ карда, дар ин ҷодаи сангин, вале пурифтихор қадамҳои устувор бардоштааст.

  Устод Хушқадам Холиқов яке аз шахсиятҳои фарҳангии ноҳияи Ванҷ буданд ва ҳамеша бо истифода аз ҳузури намояндагони табақаҳои иҷтимоӣ ва муҳити мадании музофотӣ доир ба муҳимтарин масъалаҳои рӯзгор, аз ҷумла ахлоқ ва тарбия ибрози назар менамуданд. Дар ин матлаби кутоҳ мо кӯшиш мекунем, ки чанд андеша ва дидгоҳи ахлоқии устод Хушқадам Холиқовро, ки мавриди амал қарор додани он назароту  дидгоҳҳо дар шароити феълии ташаннуҷи таассубу хурофот, беҳувиятию худбохтагӣ ва бетафовутию саҳлангории иддае аз гурӯҳҳои иҷтимоӣ ва табақаҳои маданӣ заруранд, ба  хонандагону корбарон пешниҳод созем.

Устод Хушқадам як умр муаллимию омӯзгорӣ карда, бо меҳнати ҳаллолу софдилонаи хеш миёни доираҳои расмию мадании минтақа эҳтироми вежа доштанд. Дар баробари таълиму тадрис, устод Хушқадам ба кори нависандагӣ низ машғул буд ва вақтҳои фориғ аз дарс ва айёми тафреҳӣ андешаву дидгоҳҳояшро дар дафтар сабт менамуд ва интишор медод. Ӯ мактабро ба сифати ниҳоди калидии тарбиятӣ муаррифӣ карда,  аз ҷумла иброз медоранд, ки “мактабу маориф масъуланд, ки манфиатҳои миллиро ба шогирдон пурра фаҳмонанд”. Воқеан, шинохти арзишҳои иҷтимоӣ ва манфиатҳои миллӣ аз мактаб сарчашма мегиранд. Аз ин сабаб вазифаи муаллим аст, ки дар роҳи шиносондани манфиатҳои миллӣ ба шогирдон масъулиятпазир бошад.

Зикр намудан бамаврид аст, ки на ҳама омузгорон метавонанд ҳолат ва вазъияти шогирдонро дарк намоянд. Аз тарафи дигар, шогирдон вобастаи устодони худ ҳастанд. Аз ин сабаб устод Хушқадам Холиқов мефармоянд, ки “омузгор ҳолат, муносибат ва вазъияти ҳаррӯзаи шогирдро бояд комилан дарк намояд”. Илова бар ин, бояд қайд намудан ҷоиз аст, ки китоб дар зиндагии инсон нақши бисёр муҳим дорад ва зиндагии инсонро бидуни китоб тасаввур намудан ғайриимкон аст. Махсусан, хондани китоб барои талабагон ва шогирдон вазифаи аввалиндараҷаи онҳо ба шумор меравад. Аз ин сабаб устод бисёр ҳам моҳирона ба ин масъала таваҷҷуҳ намуда, қайд менамоянд, ки: “талаба он дам бандаи ақлу виҷдон мегардад, ки пайваста китоб бихонад”.

Инсон бе камбудӣ буда наметавонад. Ӯ дорои ҳам хислатҳои мусбӣ ва манфӣ аст. Махсусан, дар соҳаи таълим, ки бисёр ҳам соҳаи нозук мебошад, агар хислати омузгор манфӣ бошад, яқинан таъсири манфии он ба шогирдон мерасад. Аз ин хотир, чи гунае ки устод мегӯянд: “омӯзгор бояд бикӯшад, ки аз худ хислатҳои манфиро дур созад, вагарна таъсири он ба шогирдон мегузарад”.

Албатта, устод бисёр ишораҳои зебое дар навиштаҳои худ менамоянд. Бахусус, ҳангоме ки фарқияти байни талабаи нодон ва доноро нишон медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки: “ талабаи нодон аз нобино камӣ надорад”.

Масъалаи дигаре, ки таваҷҷуҳи устод Хушқадамро ба худ ҷалб намудааст, ин тарси шогирд аз устод мебошад. Воқеан, ин ҳолат аз сари ҳамаи мо инсонҳо ҳангоми талаба буданамон гузаштааст. Аммо устод доир ба ин масъала чӣ назаре доранд? Ӯ қайд мекунад, ки: “аз омӯзгорон набояд тарсид, онҳоро эҳтиром бояд кард”. Устод дуруст қайд намуданд, байни эҳтиром ва тарс фарқияти ҷиддӣ мавҷуд аст. Ба шогирдон тарсиданро не, балки ба устодон эҳтиром гузоштанро тарбия намудан лозим аст.

Дар боби хирад ва дониш

Агар сарвати зери замин тилло, алмос ва нуқра бошанд, сарвати рӯйи замин инсонҳои хирадманд ҳастанд, аз ин лиҳоз устод Хушқадам дуруст қайд мекунанд, ки “инсонҳои хирадманд сарвати рӯйи заминанд”. Бояд гуфт, ки дар зиндагӣ печу тобҳои гуногун вуҷуд доранд. Ба онҳо метавон зарбаҳои ногаҳонии ҳаётро шомил кард. Аммо инсон бояд дар баробари ин мушкилот аксуламале нишон диҳад, ки боиси наҷоти ӯ гардад. Аз ин хотир, яке аз роҳҳое, ки метавонад инсонро аз зарбаҳои ногаҳонии ҳаёт муҳофизат кунад, ин донишу ақл аст. Устод дар ин замина зикр менамоянд, ки “ба зарбаҳои ногаҳонии ҳаёт метавон бо донишу ақл, хираду сабурӣ ва ояндабинӣ посух дод”.

Ҳамеша нодонҳо барои ҳама халал эҷод менамоянд. Устод, ҳамнишинӣ бо нодонро зебо тасвир намуда мефармоянд, ки “аз асал хурдан бо нодон, санг зери дандон хойидан беҳтар аст”. Аз тарафи дигар, бояд иқрор шуд, ки  нақши дониш дар зиндагии инсон басо муҳим аст ва он зиндагии инсонро хубтар ва беҳтар менамояд. Аз ин рӯ, гуфта мешавад, ки “дониш кӯҳи бузургро аз сари роҳ канор мегузорад”. Дар ҷойи дигар устод Хушқадам дар мавриди сарват ва бохирадӣ ибрози ақида намуда, мефармоянд, ки “сарватманд шудани соҳибилму бохирад осон аст, аммо соҳибилму бохирад гаштани сарватманд кори душвор”.

Дар боби падару модар

Ҳар инсон зиндагиро ба таври худ мешиносад ва дарк менамояд. Дар замони пирӣ падару модар барои ҳар инсоне мисли сақфи хона зарур ҳастанд. Аз ин сабаб устод мефармоянд, ки “дар дами пирӣ, танҳо нагузоштани падару модар барои фарзандон шарти аввалини зиндагист”. Албатта, ҳамаи инсон дар зиндагии худ идеале дорад, ки зиндагии ӯро маъно мебахшад. Аммо идеали аксарияти инсонҳо ин модар аст. Чун агар фарзанд дар дами пирӣ ҳам қарор дошта бошад, ҳамеша дар сар фикри модар дорад. Устод низ дар бораи ин ки фарзанд ҳамеша зиндагии худро бидуни модар тасаввур намудан наметавонад, қайд менамоянд, ки “фарзанд як умр муҳтоҷи дуои модар аст”.

Дар бораи модар суханҳои зиёд шунидаам. Таърифҳо ва хизматҳои модарро ҳамеша хондаам. Аммо фикр мекунам, он чи устод дар бораи нақши модар ва азамату бузургии он қоил ҳастанд, беҳтарин сухан аст, ки мегӯянд: “беҳтарин суханҳо дар васфи Модар ногуфта мемонанд”. Бале, мақому манзалати модар чунон бузург аст, ки суханҳои мо ва забони мо дар баробари бузургии он оҷизу нотавон аст.

Дар боби зан ва мард

Устод Хушқадам ҳисси баланди зебоишиносӣ доштанд ва ин ҳис дар навиштаҳояшон ба чашм мерасад. Доир ба зебоии зан ва нақши он, устод чандин маротиба ибрози ақида намудаанд. Барои мисол, ба гуфтаи ӯ, “нури зебоӣ ва табассуми зан дар шаби зулмот ҳам маҳфилро мунаввар месозад”. Дар ҷойи дигар низ доир ба зебоии зан қайд менамоянд, ки: “зан мафтуни зебоист, вале намедонад, ки ҳама мафтуни зебоии ӯ ҳастанд”.

Дар боби инсон ва ахлоқ

Зиндагӣ пур аз пастиву баландиҳост, аммо инсоне, ки дар ин пастиву баландиҳои зиндагӣ худро нигоҳ дошта метавонад, ба зиндагӣ ғолиб меояд. Чуноне ки устод қайд мекунад: “Инсонро аз гирдоби ғаму андуҳ ва руҳафтодагӣ танҳо иродаи қавӣ ва дусти бовафо наҷот дода метавонад”.

Бояд гуфт, ки дурӯягӣ яке аз масъалаҳоест, ки ҳамеша байни одамон мавриди гуфтугӯ ва муҳокима қарор дорад. Устод ин масъаларо хеле нозукона баён намуда, мефармоянд, ки “сухани бузургонро бар забон овардану аз рӯйи он амал накардан, дурӯягист”.

Дар ҷомеа баъзе одамон кӯшиш менамоянд,  ки дар муносибат бо дигарон хоксориро пеша кунанд. Хоксорӣ кори бад нест, аммо ҳарчи андозаи худро дорад ва агар аз андоза гузарад, аллакай моҳияти худро гум мекунад. Ин ҳолатро устод бисёр зебо қайд менамоянд, ки “хоксорӣ ҳам меъёр дорад. Хоксории аз ҳад зиёд арзиши инсонро паст мекунад”. Аз тарафи дигар, устод Хушқадам Холиқов муносибати байни одамонро мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор дода, қайд мекунанд, ки “бадбахтист агар муносибати одамонро танҳо молу зар муайян кунад”. Илова бар ин, некӣ намудан барои ҳар инсон вазифаи асосӣ ба ҳисоб меравад. Аммо на ҳамаи мо метавонем некӣ намоем. Бо сабабҳои гуногун ҳар кас некиро пеша намуда наметавонад. Бояд гуфт, ки танҳо некӣ намудан аз фитрати инсон вобаста аст. Инсони нек фитрати пок дорад. Аз ин сабаб, ба қавли устод, “некӣ ба дину мазҳаб ва миллату нажод рабт надорад”.

Ҳаётро ҳар кас аз дид ва донишу дарки худ мешиносад. Аммо устод ҳаётро “санҷиш, таҷриба, дониш ва ҳикмат” медонад. Дар идома доир ба ҷавонӣ ишора менамоянд, ки як давраи аҷиби зиндагии инсон ҷавонӣ аст ва он бояд ҳамеша бо азамату зебоии худ боқӣ бимонад. Ин аст, ки мегӯяд: “ҷавонӣ эҳтиёҷ ба худнамоӣ надорад”.

Албатта, дар зиндагӣ ҳар шахс бо одамон муносибати гуногун дорад. Яке такя бар дигарон тамоми зиндагиро паси сар менамояд ва дигаре бар имкониятҳо ва қувваи худ такя менамояд. Ва устод Хушқадам бошад ин масъаларо мушаххастар намуда зикр менамояд, ки “домангир аз кас мабош, домани худ сахт бигиру дар ҳама кор такягари хеш бош”.

Устод низ дар баробари марди ҷиддӣ буданашон, майли шухӣ ва ҳазл низ доштанд. Чун дар ҷое бо шухӣ мегуянд, ки “осудагӣ дар кӯҳистон танҳо зимистон муяссар мегардад. Чаро ки аз сербарфӣ на ба ҷое рафта метавонӣ, на ба хонаат меҳмон меояд”.

Дар мавриди инсони комил суханҳои зиёд гуфта шудаанд. Аммо амалан нишон додан лозим аст, ки инсони комил чӣ гуна бояд бошад. Устод Хушқадам ин масъаларо бисёр равшану возеҳ баён намудаанд, ки ҷойи шакку шубҳа нест. Устод қайд менамоянд, ки “инсони комил ҳар соат метавонад инсонгарии худро собит созад”. Бояд гуфт, ки масъалаи дигаре, ки диққати устодро ба худ ҷалб намудааст, масъалаи хушбахтӣ мебошад. Маълум аст, ки  масъалаи хушбахтӣ мавзуи фалсафаи амалӣ, яъне ахлоқ буда, доир ба он дидгоҳҳои гуногун вуҷуд доранд. Аммо яке аз тарафдорони андешае, ки хушбахтиро вобаста аз худи инсон медонад, устод Хушқадам аст. Ӯ мегӯяд, ки “бикӯш, то хушбахт бошӣ, зеро хушбахтӣ дар дасти худи туст”.

Зиндагӣ инсонро ба дараҷе мерасонад, ки гоҳе ноумед мегардад. Аммо инсон ҳанӯз ҳам инсон боқӣ мемонад. Фарқ дар ин аст, ки кадом инсон аз ноумедӣ берун рафта метавонад ё не. Дар ин мавзуъ устод мегӯянд, ки “ноумедӣ нишонаи нобоварист. Умеду бовар ба ояндаи нек нишонаи қавииродагист”.

Масъалаи дигаре, ки бисёр ҳам барои инсонҳо зарур аст, муҳоҷират ва мусофирати инсон аст. Махсусан, ҳангоме ки инсон аз Ватан дур мегардад ва дар ғарибӣ ташнаи дидори рӯйи дӯстон аст. Устод доир ба ин масъала қайд мекунанд, ки “кас берун аз Ватан моҳии дар хушкиафтодаро мемонад”. Зиндагии хуб ва хушбахтиро дар оила пайдо намудан бисёр ҳам мушкил аст. Аммо дар зиндагии оилавӣ дар муқобили ҳамаи душвориҳо, пастиву баландиҳои зиндагӣ бо ҳам будан, ғалаба бар ҳама мушкилот аст. Устод ин масъаларо ба таври худ шарҳ медиҳанд: “дар сурате ҳаёти шоистаю солим насиби зану мард мешавад, ки дар шебу фарози зиндагӣ ба ҳам созиш кунанд”. Устод низ доир ба масъалаи шуҷоат ибрози ақида намуда қайд менамоянд, ки “саркашӣ аз кори нолоиқ нишонаи шуҷоат аст”.

Хулоса, бояд қайд намоем, ки устод Хушқадам Холиқов ин ҷаҳонро тарк намуданду панду ҳикматҳои зиёдеро ба мо ба ёдгор гузоштанд, ки ҳар насле, вобаста ба имконот метавона аз онҳо васеъ истифода бубарад ва шахсияти худро аз нав созад. Дар ҷое ҳакимона мефармояд: “Инсон он даме бештар ба ташвишу изтироб меафтад, ки наздик шудани хазони умри хешро эҳсос кунад”.

Ёдаш ба хайр ва хотираи некаш гиромӣ бод!

 

Дидавар Бекзода

ҷомеашинос

 

 
Хондан 1259 маротиба