JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 Марҳилаи нави рушди забони тоҷикӣ бо номи яке аз поягузорони адабиёти муосири тоҷик, устод Садриддин Айнӣ пайванди ногусастанӣ дорад, зеро устод бо таълифи осори бадеӣ, асарҳои арзишмандии илмӣ, мақолаҳои муҳими публитсистӣ ва фаъолияти ибратомӯзи хеш мероси адабию фарҳангиамонро муаррифӣ намуда, дар баробари ин манфиатҳои миллии халқи тоҷикро ҳимоя намудааст.

  Боиси ифтихор аст, ки расадхонаи байналмилалии астрономии Санглох аз лиҳози диди оптикӣ ва иқлими астрономӣ беҳтарин дар ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин лиҳоз, мушоҳидаҳои астрономӣ, омӯзиш ва таҳкиқи ҷирмҳои хурди Системаи Офтобӣ, аз ҷумла кометаҳо, астероидҳо ва метеорҳо пурра ба роҳ монда шудааст.

 Баъди барқарор кардани расадхонаи Санглох дар соли 2016 ва ворид кардани дастгоҳҳои рақамӣ сифати фаъолияти расадхона беҳтар ва имкониятҳои он васеъ шудааст. Аз ҳамин лиҳоз,  мушоҳидаҳои объектҳои кайҳонӣ мунтазам  идома дорад ва кормандони илмии Институт ҳар вақти муносиб ба онҷо рафта таҳқиқи омӯзиши худро такмил медиҳанд.  Инчунин дар ин равия олимони ҷавон ва аспирантони Институти астрофизикаи АИ ҶТ фаъолона ҷалб карда шудаанд.

Мусоҳиба бо Сахидод Раҳматуллозода оид ба шӯҳрати ҷаҳонии устод Айнӣ

дар АМИТ «Ховар»

АМИТ «Ховар»: Асосгузори адабиёти навини тоҷик, нахустин Қаҳрамони Тоҷикистон устод Садриддин Айнӣ аз нависандагони сатҳи ҷаҳонӣ ҳисобида шудааст. Ба андешаи шумо, бо кадом хусусиятҳо асарҳои пурарзиши устод Айнӣ ганҷинаи тамаддуни ҷаҳониро ғанӣ гардонидаанд?

Душанбе, 09 Апрели 2018 11:13

Айнӣ ва маорифпарварии миллӣ

Муаллиф:

  Масъалаи маорифпарварӣ ва мунавварфикрӣ дар аморати Бухоро, ки маркази тамаддуни тоҷикӣ маҳсуб меёфт, аз ҷумлаи масоили муҳиму мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, илмӣ ва фарҳангӣ буда, дар доираҳои улуми филологӣ ва фалсафӣ солҳост, ки матраҳ шуда, пайваста мавриди пайгирӣ қарор мегирад. Мусаллам аст, ки ҷомеаи аморати Бухоро, ки қисмати зиёди нуфуси онро тоҷикон ташкил медоданд, бар асари ҷаҳлу нодонӣ ва хурофотпазирӣ вазъи буҳрониро аз сар мегузаронид ва фақри фикрию маънавӣ бар баданаҳои иҷтимои сахт тасаллут ёфта, роҳи наҷотро душвор намуда буд.

Китобҳо