JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 14 Декабри 2018 03:29

Астрономҳои тоҷик кометаи Виртаненро мушоҳида доранд

Муаллиф:

  То имрӯз кометаҳо ҷирмҳои кайҳонии диққатҷалбкунанда ва асроромез мебошанд. Пайдоиши онҳо ба марҳилаи ташаккулёбии Системаи Офтобӣ мансуб буда, тақрибан 4-5 млрд. солро ташкил медихад. Ҳамин тавр онҳо дар дараҷаи ибтидоии таъсиси Системаи Офтобӣ ба вуҷуд омаданд. Бинобар ин, кометаҳо маълумотҳои муҳимро оид ба ҳамон давр ҳифз менамоянд. Моҳи декабри соли 2018 яке аз чунин ҷирмҳо – кометаи 46Р/Виртанен ба Офтоб наздик шуда истодааст ва 12 декабр дар масофаи наздиктарин аз Офтоб гузашт. Ҳатто, комета ба Офтоб ҳар 5.4 сол наздик ояд, ин наздикшавӣ ғайриоддӣ ба ҳисоб меравад.

  Барои он, ки 16 декабр кометаи Виртанен аз Замин ҳам хеле наздик мегузарад. Аз лаҳзаи кашф шудани ӯ моҳи январи соли 1948, комета бори аввал ҳамин хел ба Замин зич наздик мешавад. 16 декабри соли ҷорӣ масофа байни Замину комета ба 11.4 млн. км баробар мешавад, ки ин 30 маротиба аз масофаи байни Замин ва Моҳ зиёд аст ва аз рӯи ченкуниҳои астрономӣ хеле наздик ба ҳисоб меравад. Андозаи ҳастаи комета 1.2 км мебошад. Кометаро бо дурбин дар вақти шабона аллакай дидан мумкин аст. Ба тарафи ҷанубу шарқии осмон нигоҳ кардан лозим аст - комета дар бурҷи Савр, байни ситораи Альдебаран ва маҷмуъи ситоравии Плеядҳо ҷойгир мебошад.

Тарҳи ҷойгиршавии кометаи Виртанен дар харитаи осмонӣ

   Астрономҳои тамоми ҷаҳон мушоҳидаи меҳмони кайҳониро оғоз карданд, хусусан ҳангоми наздикшавии он бо Замин. Ин гуна тадқиқотҳо маълумотҳоро дар бораи моддае, ки аз он ҷирмҳои Системаи Офтобӣ ба вуҷуд омадаанд, таъмин месозад. Астрономҳои Институти астрофизикаи АИ ҶТ ба чорабинии ҷаҳонии мушоҳидавӣ ворид гашта мушоҳидаҳои оптикии кометаи Виртанен дар ду расадхона – Расадхонаи астрономии Ҳисор ва Расадхонаи астрономии байналмиллалии Санглох оғоз карданд. Дар қатори мушоҳидаҳои оптикии мо мониторинги радиоии комета бо ёрии радиотелескопҳои пурқуввати Голдстоун ва Аресибо-и ИМА гузаронида шуда истодаанд. Дар чорабинии мазкур астрономҳои Россия, Словакия, Чин ва дигар кишварҳо ширкат меварзанд. Кометаи Виртанен астрономҳои ҷаҳонро барои тадқиқ муттаҳид карда ва оид ба омӯзиши масъалаҳои пайдоиши Коинот мусоидат менамояд.

Кометаи 46Р/Виртанен, ки дар Расадхонаи астрономии Ҳисори Институти астрофизикаи АИ ҶТ 12 декабри соли 2018 аксбардорӣ шуд. 

 Кометаи 46Р/Виртанен, ки дар Расадхонаи астрономии Санглохи Институти астрофизикаи АИ ҶТ 12 декабри соли 2018 аксбардорӣ шуд. 

 Қоҳирова Г.И., Раҳматуллоева Ф.Ҷ.,

Ҳамроев У.Х., Буриев А.М.

Институти астрофизикаи АИ ҶТ

Хондан 2243 маротиба