JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Сентябри 2020 12:03

Шамоли офтобӣ ва таъсири он ба Замин

Муаллиф: Ҳусейн Асоев

  Шамоли офтобӣ ин гази тафсони плазмавӣ ва сели зарраҳои зарядноки ионизатсияшуда буда, аз офтоб бо суръати калон мунтазам партофта мешаванд. Аз ин ҳисоб Офтоб дар ҳар сония ба миқдори 4 – 4,5 млн. тонна массаашро ба фазои байнисайёравӣ пош медиҳад. Дар натиҷаи давр задани Офтоб дар атрофи меҳвараш плазмаи шамоли офтобӣ ба шакли спиралӣ ҳаракат карда, аз он бо суръати каолн дур мешаванд. Суръати шамоли офтобӣ дар наздикиҳои мадори Замин ба 400 – 450 км/c мерасад.

  Дар наздикиҳои мадори Замин дар як метри кубӣ тақрибан 10 млн. зарраи шамоли офтобӣ рост меояд. Вақте, ки фаъолияти Офтоб баланд мешавад, суръати Шамоли офтобӣ ва зичии он меафзояд ва таъсири он ба атмосфераи сайёраҳои Низоми офтобӣ зиёд мешавад. Азбаски Шамоли офтобӣ плазмаи газӣ аст, бинобар ин он бо худ майдони магнитии Офтобро мебарад. Ин майдони магнитӣ ба майдони магнитии сайёраҳо бархӯрда, онҳоро ба ғаллаён меоварад ва миқдори зиёди зарраҳои Шамоли офтобӣ ба атмосфераи онҳо дохил шуда, таркиби онро дигар мекунад. Хушбахтона Замини мо дорои майдони магнитии пурқувват аст, ки он воридшавии сели зарраҳои Шамоли офтобиро ба қабатҳои дохилии атмосфера монеъ мешавад. Муборизаи майдони магнитии Замин бо Шамоли офтоби кафолати зиндагии осудаи моро дар сатҳи Замин таъмин мекунад.

Як руйдоди ҷолиб

  Шамоли офтобӣ ба магнитосфераи Замин таъсир карда, тарафи ба Офтоб нигаронашро фишурда, онро деформатсия мекунад ва ин фишуриш шоридани зарраҳои зараровари Шамоли офтобиро ба атмосфераи Замин монеъ мешавад. Дар натиҷаи фишурдашавӣ хатҳои қуввагии магнитосфераи Замин ба тарафи муқобили Офтоб ёзиш карда, “думи” магнитии Заминро ташкил мекунанд. Дарозии “думи” магнитии Замин ба тарафи муқобили Офтоб то даҳҳо миллион км мерасад.

Чунин ба назар мерасад, ки дар минтақаҳои наздикии қутбҳои магнитӣ зарраҳои зарядноки баландэнергияи Шамоли офтобӣ қад–қади хатҳои қуввагии майдони магнитии Замин ба осонӣ ба қабатҳои болоии атмосфера ворид мешаванд. Ин зарраҳои зарядноки баландэнергия, ки электронҳо ва ядрои атомҳои моддаҳои гуногун мебошанд, дар натиҷаи воридшавиашон ба қабатҳои болоии атмосфера бо атому молекулаҳои он бархӯрда, ҳодисаи диққатҷалбкунандаеро ба вуҷуд меоранд. Ин ҳодисаи ғайриоддӣ ва зебои табииро фарҷи қутбӣ (полярные сияние ) меноманд. Ин ҳодиса дар ҳамаи сайёраҳое, ки онҳо дорои майдони магнитӣ мебошанд, ба амал меояд.

 Нақши афканиши офтоб ба Замин

  Шамоли офтобӣ ягона омили таъсиррасон ба сайёраҳои Низоми офтобӣ ва Замин намебошад. Замин аз Офтоб энергияи гармиро на танҳо дар шакли рӯшноии дидашаванда, балки ба шакли гуногуни мавҷҳои электромагнитӣ мегирад. Энергияи гармии Офтоб ба иқтидори энергетикии Замин нақши муҳим мебозад. Маҳз энергияи гармии Офтоб аст, ки дар Замин шароити хуб барои тараққиёт ва пайдоиши ҳаёт фароҳам омадааст. Ҳарорати сатҳи Замин ва иқлими он, дигаргунии обу ҳаво дар минтақаҳои гуногуни Замин ба афканиши Офтоб вобастагӣ дорад. Нобаробар гарм шудани минтақаҳои хушк, болои уқёнусҳо дар сатҳи Замин боиси пайдо ҷараёнҳои атмосферӣ ба монанди шамолҳои сахт ва тӯҳфонҳо мегардад. Омӯзиши ба вуҷудоии чунин равандҳо дар атмосфера хеле мушкил буда, ҳануз то охир омӯхта нашудаанд. Таъсири фаъолияти Офтоб ба Замин ба тағйирёбии иқлим ва обу ҳаво дар сатҳи он маҳдуд нест. Ғайр аз ин фаъолияти Офтоб метавонад ба организми зиндаи рӯи Замин, аз онҷумла инсон таъсири ногувор расонад. Фаъолияти баланди Офтоб дар сатҳи Замин боиси кӯчиши баъзе аз ҳайвонотҳо ва ҳашаротҳо ба минтақаҳои дигар, тағйирёбии ҳолати психологӣ ва бад шудани вазъи саломатии баъзе инсонҳо мешавад.

 

Ҳусейн Асоев,

ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

Хондан 1368 маротиба