JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Сентябри 2020 12:17

Дар кайҳон чӣ миқдор галактика аст?

Муаллиф: Ҳусейн Асоев

  Дар гузаштаи на он қадар дур дар солҳои 1920 астрономи машҳури амрикоb Эдвин Ҳаббл тавонист дарк кунад, ки галактикаи мо, ки коҳкашон ном дорад, дар кайҳон ягона нест. Ҳоло мо медонем, ки дар кайҳон миллионҳо ва миллиардҳо галактика мавҷуд аст ва галактикаи мо дар он галактикаи хурдакак менамояд. Аммо, ҳоло дар кайҳон шумораи аниқи галактикаҳо чанд аст гуфта, ба ин савол ҷавоб меҷӯем.

Аз ибтидо то беохир

  То ибтидои асри ХХ одамон ҳатто донишмандон ва олимон чунин ақида доштанд, ки галактикаи мо Роҳи коҳкашон дар кайҳон ягона аст ва бо ҳамин андозаи кайҳон маҳдуд аст. Хатогии онҳо дар ин бора дар он буд, ки телескопҳои онвақта ба таври мукаммал сохта нашуда буданд ва онҳо қобилияти ҷудокунии хуб надоштанд. Ҳатто бо телескопҳои хубтарини он замон дигар галактикаҳоро ҳамчун туманотҳои хира ва норавшан медиданд. Чунин ҳисобида мешуд, ки ин туманотҳо туманотҳои дохили галактикаи мо буда, аз моддаҳои газӣ иборатанд ва дар онҳо ситораҳо ва сайёраҳо пайдо мешаванд.

  Бо гузашти вақт дар ин бора баҳсҳои илмӣ идома ёфтан гирифтанд. Дар соли 1845 Уилям Парсонс телескопи бузургтарини онвақтаро бо номи «Левиафан» сохт, ки андозааш ба 2 метр баробар буд. Ӯ хост, ки бо истифода аз ин телескоп исбот кунад, ки дар ҳақиқат ин туманнокиҳо аз ситораҳо иборатанд. Бо ин восита вай мафҳуми галактикаро дар астрономия ворид намуд. Ба ин олим муяссар шуд, ки аввалин шуда, галактикаҳои алоҳидаро дар шакли спиралӣ мушоҳида кунад.

  Дар натиҷаи таҳлили мушоҳидаҳо дар байни донишмандон фарзияҳое ба вуҷуд омад, ки дар кайҳон ғайр аз галактикаи мо галактикаҳои бисёре мавҷуданд. Ин фарзияҳоро исбот кардан лозим буд. Бинобар ин аз тамоми дунё ба тарафи галактикаи Андромеда, ки онро туманоти ситорагӣ мепиндоштанд, телескопҳоро рост намуданд.

  Дар соли 1888 Исаак Робертс аввалин шуда ба воситаи телескоп расми галактикаи Андромедаро гирифт. Дар тули солҳои 1900 –1910 расмҳои хеле босифати ин Галактика гирифта шуд. Дар ин галактика ядрои равшани галактикӣ ва гурӯҳи алоҳидаи ситораҳо дида шуд.

  Дар соли 1924 Эдвин Ҳаббл ба воситаи телескопи дақиқтарини он замон галактикаи Андромедаро мушоҳида намуда, масофа то ба онро чен кард (гарчанде, ки қимати масофа аз ченкуниҳои ҳозира тақрибан се маротиба фарқ мекард). Ин масофаи ченкардаи олим чунон зиёд буд, ки ҷойгир будани ин объектро дар дохили Галактикаи мо рад менамуд. Ғайр аз ин астрономҳо дар ин «туманот» миқдори зиёди ситораҳоро мушоҳида намуданд, ки ин хусусияти галактикӣ доштани ин объектро ба таври равшан тасдиқ менамуд. Дар соли 1925 Ҳаббл бо таклифи ҳамкорон натиҷаҳои ба дастовардаашро дар конфронси ҷамъияти астрономии амрикоӣ пешниҳод намуд.

 Баромади ин олим дар конфронс дар таърихи астрономия кашфиёти бузург буда, вожаи галактикаро ба ин илм дохил намуд. Дар кашфи дигар галактикаҳо ба астроном Эдвин Ҳаббл кашфиёти дигараш лағжиши сурхи спектралӣ ёрӣ расонид. Бо истеҳсоли телескопҳои навтарин аз он ҷулма, радиотелескопҳо рӯз аз рӯз миқдори галактикаҳои кашфшуда меафзуд.

 То солҳои 90- уми асри ХХ галактикаҳоро танҳо аз сатҳи Замин мушоҳида ва кашф менамуданд. Азбаски Замин дорои атмосфераи ғафс аст ва нури аз объектҳои аз кайҳон меомадаро фурӯ мебарад, дар натиҷа расми объектҳо дар назари мо каҷ ё нодуруст менамояд, агарчанде, ки телескопҳо бо сифати баландтарин сохта шуда бошанд. Олимон аз ин мушкилӣ баромадан мехостанд. Оқибат ин мушкилӣ ҳалли худашро ёфт ва олимон тавонистанд нахустин бор 24 апрели соли 1990 телескопи кайҳониро бо номи телескопи “Ҳаббл” ба фазои беруни атмосферӣ бароранд.

  Ба туфайли ин телескоп инсоният кайҳонро ба таври дигар шинохт. Ҳангоми нимашаб дар кураи осмон ҷойҳое, ки ба назари инсон холӣ менамуданд, дар паяшон миллиардҳо галактика кашф шуд.

  Телескопи “Ҳаббл” бо дақиқияти зиёд кайҳонро меомӯзад. Ин телескоп тавонист, ки танҳо дар 1/13 000 000 ҳиссаи кайҳони дидашаванда то 10 000 галактикаро кашф намояд. Аз рӯи натиҷаҳои ба дастовардаи телескопи “Ҳаббл” хулоса бароварда шуд, ки дар кайҳон шумораи галактикаҳо тақрибан ба 200 миллиард мерасад.

  Ҳоло ин охири кор нест. Ба воситаи асбоби махсуси бо номи «Ultra Deep Field», ки дар ин телескоп насб шудааст, расмҳо ва ҷузъиётҳои навтарин ба қайд гирифта шуд. Дар ин ҳолат расмгирӣ на дар спектри дидашаванда, балки дар дарозиҳои мавҷи инфрасурх ва рентгенӣ амалӣ шуд. Бо истифода аз ин методи омӯзиш хулосаҳо тамоман дигар шуд. Бинобар ҳолати соли 2014 дар радиуси 14 миллиард соли рӯшноӣ 7 триллиону 375 миллиард галактикаро дидан мумкин аст!

  Ин баҳодиҳӣ ҳам хеле кам аст. Астрономҳо иброз медоранд, ки қариб 90% - объектҳо дар кайҳон аз сабаби фурӯбарии нурашон аз тарафи чанги муҳити байнигалактикӣ ба қайд гирифта намешаванд. Агар чунин бошад, пас бояд дар кайҳон 73 триллион галактика бошад. Ин рақам дар ҳоло дар ҳолати афзудан аст, зеро аз телескопи “Ҳаббл” дида дақиқтар телескопе бо номи телескопи “Ҷемс Уэбб” ба мадори Офтоб бароварда шуд. Ин телескоп дар оянда имкон дорад, ки кашфиётҳои нав ба нав карда, тасаввуроти инсониятро дар бораи кайҳон дигар кунад.

Ҳусейн Асоев,

ходими илмии Институти астрофизикаи АМИТ

Хондан 1984 маротиба